Усмонҷон Ғаффоров - ЯК ТАН БО ЧАНДИН ДОНИШ

Дар арафаи Ғалабаи комили ҷанговарони шӯравӣ бар фашизми ҳитлерӣ, 30 январи соли 1945, дар деҳаи Хистеварз (Қистакӯз) дар хонадони марди зиёӣ ва маърифатпарвар Абдуғаффор Ҳасанов тифле ба ҷаҳон омад, ки фарзанди чаҳоруми хонадон буд ва Усмонҷон номаш ниҳоданд.Падари Усмонҷон қувваи ҳофизаи нотакроре дошту ба саволи ҳар шахси эҳтиёҷманд бо далелу бурҳон ҷавоби саҳеҳу пурра мегардонд. Яке аз фазилатҳои дигари фавқулодааш он буд, ки аслу насаби тамоми ҳамдеҳагонашонро мукаммал медонист. Агар аз ҷавонон касе ному насаби салафу халафашро надонад, пирон маслиҳаташ медоданд, ки назди «Қомуси зиндаи Қистакӯз» биравад.
Нахустин бурд ва хушбахтии рӯзгори Усмонҷон Ғаффоров он буд, ки дар хонадони зиёии асили хистеварзӣ Абдуғаффор Ҳасанов, ки бо гулҳои сари сабади арсаи сиёсат ва илму адаб дӯстиву ҳамнишинӣ дошт, ба ҷаҳон омад ва дар муҳити илму адабпарвари шаҳри бостонии Хуҷанд, ба камол расид. Оре, ҳамин муҳити аъзаму солим ва
Ҳамнишиниҳои оқил кард Афлотун варо,
Хосият ин медиҳад, ҳар кас, ки бо доно нишаст.
Солҳои донишандӯзӣ дар факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1962 - 1967) Усмонҷон Ғаффоровро бо дастаи дигари фозилони айём – олимони маъруфи таъриху ҷомеашинос, академикҳое чун З. Раҷабов, С. Раҷабов, А. Баҳовиддинов, Б. Искандаров, Б. Литвинский дучор оварда, имкони аз эшон сабақи мукаммал омӯхтанашро муҳайё намуд. Ҳамзамон, аз суҳбату машваратҳои донишмандони шуҳравари соҳаи филология, монанди профессорон Ш. Ҳусейнзода, В. Асрорӣ, Д. Тоҷиев, Ҳ. Каримов, С.  Табаров, А. Бухоризода, Т. Неъматзода баҳравар гардида, аз эшон дарси заҳматқариниву фазилатпешагӣ, забондониву адабиётдӯстӣ гирифт ва бо ҳамин васила панди падари азизашро мустаҷоб гардонд, ки борҳо фармуда буд: 
Ба ранҷ андар орӣ танатро, равост,
Ки худ ранҷ бурдан ба дониш сазост.
Ба ранҷ андар аст, эй хирадманд, ганҷ,
Наёбад касе ганҷ, нобурда ранҷ.
Бале, муҳаққиқи номдори соҳаи таъриху тамаддуни диёр, профессор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001 - 2005), вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ (2005 - 2010), вакили Маҷлиси вакилони вилояти Суғд (2000 - 2005), Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии маориф ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи ба номи Бобоҷон Ғафуров, узви чандин созмону шӯрову конуни бонуфузи ҷамъиятиву эҷодӣ, муаррихи варзида ва публисисти писандида, омӯзгори хоксор ва дӯсти вафодор Усмонҷон Ғаффоров то фатҳи қуллаҳои баланди донишу маърифат ва сиёсат беш аз 50 соли умри пурбаракаташро вақфи заҳмати шаборӯзи илмӣ ва харҷи меҳнати ҳадафманду босамари эҷодӣ намудааст.
Усмонҷон Ғаффоров, барҳақ, аз сермаҳсултарин ва заҳматқаринтарин олимони соҳаи таъриху фарҳанги миллатамон ба ҳисоб рафта, то имрӯз доир ба паҳлуҳои гуногуни таъриху тамаддуни ниёконамон ва рӯзгору пайкори ибратомӯзи фарзандони номбардори диёрамон 65 рисолаи илмӣ – оммавӣ, беш аз 160 мақолаи илмӣ - тадқиқотӣ, зиёда аз 700 мақолаи илмӣ - оммавӣ ба табъ расондааст, ки сазовори ҳама гуна таҳсину офаринҳостанд ва ҳидоятномаи мусаннифашонро амалӣ мегардонанд, ки ҳамеша дастури фаъолияти гуногунсамташон будааст:
Дарбадар мегарду мерав кӯ ба кӯ,
Ҷустуҷӯ кун, ҷустуҷӯ кун, ҷустуҷӯ!
Рисолаву куросаҳои бунёдӣ ва хондании профессор Усмонҷон Ғаффоров «Матбуот ва мухбирони коргару деҳқон» (1975), «Қадри нон» (1989), «Равшангари таърих» (дар бораи академик Бобоҷон Ғафуров; 1990), «Таърихнигорони тоҷик» (аз қадим то асри ХХ); 1995), «Фарзанди замон» (дар бораи ходими намоёни давлативу ҷамъиятӣ Я. Азимов; 1997), «Ситораи Шарқ», «Марди накуном», «Алломаи замон» (дар бораи рӯзгори шоиста ва корномаи илмии академик Бобоҷон Ғафуров; 1998), «Нахустин вазирзани тоҷик» (Ҳамро Тоҳирова; 1998), «Нобиғаи айём» (аз рӯзгору осори академик М. Осимӣ, 2000), «Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев» (2001), «Султони диёри сухан» (аз рӯзгору осори Лоиқ Шералӣ; 2001), «Чароғи ирфон» (таърихи таъсис ва ташаккули Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров; 2002), «Анҷумани саодати миллат» (ба муносибати 10 - умин солгарди Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон; 2002), «Назаршо Додхудоев» (2005), «Роҳи Каҳкашони умр» (2007), «Иҷлосияи наҷотбахши миллат» (2007), «Абдулаҳад Қаҳҳоров» (2009), «Хистеварз. Замон ва одамон» (асари муфассали энсиклопедӣ дар бораи зодгоҳи муаллиф; 2009), «Сайдулло Хайруллоев» (2012), «Лоиқ Шералӣ» (2012), «Иҷлосияи тақдирсози миллат» (дар ҳаммуаллифии Ф. Каримзод; 2012), «Карим Абдулов» (2014), «Ахтарони беғуруб» (2014), «Ҳодӣ Кенҷаев» (2014), «Генерал Темурҷон Раҳимбоев» (2014), «Дурдона ва дарё» (оид ба рӯзгору ашъори Шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона; 2014) ва ғайраҳо натиҷаву самараи ҳамин такудаву ҷустуҷӯ ва шитобу бедорхобиҳои донишманди миллатдӯсту ватанпарвар буда, гувоҳ аз фарохаи назару барозои ҳунар, мақоми устувори шаҳрвандӣ ва имони босафои донишмандии ӯ медиҳанд.
Ростиро, чун навиштаҳои ҷолиби Усмонҷон Ғаффоровро варақгардон мекунӣ, хоҳу нохоҳ, саволи зерини Устод Рӯдакӣ сари забон меояд, ки 1150 қабл аз ин ҳайрату тааҷҷубашро нисбат ба донишманде ҳамрангу ҳамсанги мавсуф иброз доштааст:
Тан - т яке, ҷон якеву чандин дониш!?
Ай аҷабо, мардумӣ ту ё дарёӣ?!
Ҳамон лаҳза дармеёбӣ, ки лоди (гили) ҷустуҷӯву эҷоду эродашро ҳатталимкон бар бунлоди (таҳкурсии) маҳками маводу асноди муътамад барниҳода, ҳавсаламандонаву устокорона муҷассамаи дилхоҳу  худсохти таъриху фарҳанги миллати азизамонро пешниҳоди умум гардондааст.
Дар ҳақиқат, «таърих то вақте ки аз ҷониби мардум дарк нагардад, мурда аст; таърих ҳамон вақт зинда мегардад, ки ба инъикоси ҳолати рӯҳӣ табдил ёбад; ин дигар на таърих, балки замони ҳозира мешавад» (Эмомалӣ Раҳмон). Хушбахтона, Усмонҷон Ғаффоров аз табори муаррихони варзидаи мост, ки таърихро ба забон дароварда, мардумро барои дарки гузаштазамон ва бардошти сабақҳои ибратомӯзи он ҳидоят мефармояд. «Ӯ дар ҳама ҳолат, дар ҳама ҷой бо нияту андешаи таҳқиқ, иншои сарнавишти шахсият ва бад  - ин васила кӯшиши ибрози воқеияти замон ва ҳақиқати хулқу атвор, каҷфаҳмиву буҳтон дар подоши хидмат, талошу пайкори фарзандони фарзонаи миллат, фидоиёни илму парчамбардорони ормонҳои мардум нафас мегираду мезияд. Иродаи эшон дар пешбурди пешаи худ мудом устувор, зеҳнаш гирову қавӣ, килкаш тару коргар аст; ошиқи заҳмату ҷустуҷӯст; барои иншои очерку рисолаҳои илмӣ - адабӣ даст рӯйи зону гузошта, бо андешаҳои азиятовари масъалаҳои дардноки таърих, муборизаи шахсиятҳои таъриху миллатсоз дар замонаҳои мудҳишу хунрез, зиёда аз ин, навиштани зиндагиномаи пандомӯзи абармардони илму адабу сиёсат… видоъ нагуфта, баръакс, миёнро маҳкамтар баста, густараи фаъолияти илмиву адабияшро дар ин самт вусъати бештаре бахшидааст. Ин ҳама шаҳодат аз он медиҳад, ки Усмонҷон Ғаффоров ба майдони таҳқиқу пажӯҳиш ва тадқиқу офариниш аз роҳи ҳавову ҳавас иқдом барнадошта, балки бо кӯлбори ғании афкору андеша ва раҳтӯшаи лозими ҷасорату худфарсоӣ ворид омадааст» (Абдулҳамиди Самад).
Бар ин ҳама қариби 50 сол саргарми фаъолияти омӯзгорӣ ва ҷамъиятӣ будан, дар беш аз 250 конфронсу симпозиуми гуногунсатҳи илмӣ ширкату суханронӣ кардан ва шогирдони зиёдеро ба воя расондани устод Усмонҷон Ғаффоровро илова кунем, симои шаҳрвандиву эҷодияш мукаммалтар аёну баён ва саҳми азимаш дар эҳёгариву равшансозии таъриху тамаддун, таҳкими ваҳдату тафохури миллӣ ва  болобурди савияи худшиносиву маданиятнокии халқамон муҷаллотар хоҳад гардид.
Ниҳоят, андешаҳоямонро бо фармудаи зерини пири андешамандони Ховарзамин Мирзо Абдулқодири Бедил ҳусни хотима бахшида, ба эшон дар ҷодаи тасхири кохи муаззами илму донишу адаб ва дарёфти зинаҳои баланди ишқу алоқаи рӯҳониву маънавӣ тавфиқу барори номутаноҳӣ таманно мекунем:
Ишқ ҳар ҷо ҷодаи шавқи расо паймудааст,
Сӯхтан сарманзили мақсадхиромон будааст!
Нест ҷуз парвона маҳрамнашъаи ин анҷуман,
Шамъ бар ҳар кас дари кошонааш накшудааст!
Фарҳоди КАРИМЗОД,
Асрори РАҲМОНФАР

Осор

  • Матбуот ва мухбирони коргару деҳқон. — Душанбе: Ирфон, 1975. — 96 с.,
  • Қадри нон. — Душанбе: Маориф, 1989. — 36 с.,
  • Равшангари таърих. — Душанбе: Ирфон, 1990. — 202 с.,
  • Марди зарифу шариф. — Хуҷанд, 1996. — 116 с.,
  • Бобоҷон Ғафуров — фарзанди фарзонаи миллат. — Хуҷанд, 1996. — 56 с.,
  • Муқаддасоти Тоҷикистон. — Хуҷанд, 1997. — 28 с.,
  • Фидоии илму маърифат. — Хуҷанд, 1997. — 202 с,
  • Фарзанди замон. Хуҷанд, 1997. — 156 с.,
  • Заводи консерви Қистакӯз — ифтихори деҳа. — Хуҷанд, 1997. — 32 с.,
  • Ҳамдами халқ. — Хуҷанд, 1997. — 56 с.,
  • Ҷони одам" — Хуҷанд, 1998. — 126 с.,
  • Ситораи Шарқ" — Хуҷанд, 1998. — 42 с. (ба забони англисӣ),
  • Алломаи замон. — Хуҷанд, Вароруд, 1998. — 400 с.,
  • Нахуствазирзани тоҷик. — Хуҷанд, 1998. — 48 с.,
  • Турсун Ӯлҷабоев. — Душанбе: Шарқи Озод, 1999. — 304 с.,
  • Дар роҳи ҳаҷ. — Хуҷанд, 2000. −124 с.,
  • Нобиғаи айём. — Хуҷанд, 2000. — 374 с.,
  • Академик Қорӣ Ниёзии Хуҷандӣ. Хуҷанд: Варорӯд, 2000. — 48 с.,
  • Саидхоҷа Урунхоҷаев. — Хуҷанд: Варорӯд, 2001. — 300 с.,
  • Султони диёри сухан. — Хуҷанд, 2001. — 304 с.,
  • Чароғи ирфон. Хуҷанд, 2002. — 500 с.,
  • Шарбати Қистакӯз. — Хуҷанд, 2002. — 60 с.,
  • Анҷумани саодати миллат. — Хуҷанд, 2002. — 314 с.,
  • Асосгузори саратоншиносии тоҷик. Хуҷанд, 2002. — 400 с.,
  • Миллат аз афрод меёбад мақом. — Душанбе: Адиб, 2004. — 185 с.,
  • Назаршо Додхудоев. — Душанбе: Адиб, 2005. — 255 с.,
  • Фурӯғи ҳиндшиносии тоҷик. — Хуҷанд: Ношир, 2006. — 400 с.,
  • Падарам — тоҷи сарам. — Душанбе: Адиб, 2006. — 230 с.,
  • Ду шохаи пурбор. — Душанбе: Адиб, 2006. — 320 с.,
  • Роҳи каҳкашони умр. — Хуҷанд: Нури маърифат, 2007. — 84 с.,
  • Шаҳбози осмони сухан. — Душанбе, Адиб, 2007. — 840 с.,
  • Иҷлосияи наҷотбахши миллат. — Хуҷанд: Нашриёти давлатии ба номи Р. Ҷалил, 2007. — 258 с.,
  • Абдулаҳад Қаҳҳоров. — Душанбе: Адиб, 2009. — 368 с.,
  • Хистеварз: Замон ва одамон. — Хуҷанд: Ношир, 2009. — 704 с.,
  • Раҳбар (Аз силсилаи «Ҳаёти одамони наҷиб») — Хуҷанд: Хуросон, 2010. — 160 с.,
  • Кишваршиноси асили Хистеварз (Аз силсилаи «Ҳаёти одамони наҷиб»)" — Хуҷанд: Ношир, 2011. — 552 с.,
  • Сайдулло Хайруллоев (зиндагинома). — Душанбе: Адиб, 2012. — 448 с.,
  • Иҷлосияи муждарасони наҷот. — Хуҷанд: Ношир, 2012. — 392 с.,
  • Иҷлосияи тақдирсози миллат. — Душанбе: Адиб, 2012. — 288 с.,
  • Лоиқ Шералӣ. — Душанбе: Адиб, 2012. — 513 с.,
  • Карим Абдулов. — Хуҷанд: Ношир, 2014. — 432 с.,
  • Ахтарони беғуруб. — Хуҷанд: Ношир, 2014. — 428 с.,
  • Дурдона ва дарё (Бахшида ба 50-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандӣ) — Хуҷанд: Ношир, 2014. −164 с.),
  • Генерал Темурҷон Раҳимбоев. — Хуҷанд: Ношир, 2014. −148 с.,
  • Ҳодӣ Кенҷаев (Аз силсилаи «Ҳаёти одамони наҷиб»). — Хуҷанд: Ношир, 2014. — 336 с.,
  • Сотим Улуғзода (Аз силсилаи «Ҳаёти одамони наҷиб»). — Душанбе: Адиб, 2014. — 384 с.

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Тарзи хондани намозҳо (пурра)

Фарзи Ъайни Точики (хар як мусулмон бояд донад!)

Мирзо Турсунзода