Ҳар лаҳза ба шакле бути айёр баромад - Мавлоно Балхи
Шарҳи як шеъри Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Банда Мавлоно Ҷалолиддин Балхиро сараввал ба масобаи бузургтарин шоири ориф ва ҳамзамон орифи шоир мешиносам, аммо ин ошноӣ ҳанӯз ибтидои кор аст. Тавре ки шоири шаҳири Олмон Гёте таъкид намудааст: «Бузургон кӯҳанду дунҳимматон сароб». Ҳар қадаре ки ман ба Мавлоно Ҷалолиддин-ин кӯҳи осмонбӯс ва пур аз ганҷи маънӣ наздиктар мешавам, шукӯҳу ҷалол ва салобати ӯ ҳамон қадар маро бештар тасхир менамояд ва ганҷинаҳои бешумори дили ин кӯҳро дида сарҳисобамро гум мекунам. Гумон мекунам, ки агар Худои азза ва ҷалла умри Хизрам ато кунаду танҳо осори Мавлавиро омӯзам, ташнагиям аз дарёи ғазалиёт ва уқёнуси «Маснавӣ»-и ӯ намешиканад.
То ҷое ки зеҳни норасои ман эҳсос ва дарк намуд, шеъри малакутӣ ва сухани қудсиёнаи Мавлавӣ дар баробари табъи худодод ва нотакрораш сараввал аз суханони Худои таборак ва таъоло, яъне Қуръони азимушшаън ва сарчашмаи хушкнашавандае аз қабили аҳодиси набавӣ, истилоҳоти сӯфиёна ва амсоли он об хӯрдааст. Бисёр мехостам, ки доираи андешаҳоям чанд шеъри Мавлавиро фаро гирад, аммо чун гулчини ғазалиёташро боз намудам, ки бо кӯшиши доктор Муҳаммадризо Шафеъии Кадканӣ дар интишороти байналмилалии «Алҳудо» соли 1372-и шамсӣ ба табъ расидааст, болои як шеър сар ба зонуи тафаккур ниҳодам, аз он сарфи назар карда гузаштанро ҷоиз надидам. Баҳри маърифат ва шарҳи ин шеър лозим донистам, ки бисёре аз сарчашмаҳо, аз қабили «Қуръони маҷид» (тарҷумаи Абдулмуҳаммади Оятӣ-Теҳрон-соли 1380-и шамсӣ (2001-и мелодӣ), «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ҷилдҳои 1-2, «Таърихи Табарӣ» (Теҳрон, соли 1380), «Қасас-ул-анбиё», китоби Муртазо Мутаҳҳарӣ «Хадамоти мутақобили ислом ва Ирон» (Душанбе 1999) ва ғайраро ба таври ҷиддӣ варақ занам. Зеро дар ин шеър масъалаҳое матраҳ шудаанд, ки касро ба ҷустуҷӯи маъохиз ва мадорику асноди мӯътамад ҳидоят менамояд.
Ва шеъри Мавлавӣ, ки дар шакли ғазали мустазод эҷод шудааст ин аст:

Ҳар лаҳза ба шакле бути айёр баромад,
Дил бурду ниҳон шуд,
Ҳар дам ба либоси дигар он ёр баромад,
Гаҳ пиру ҷавон шуд.
Гоҳе ба таки тинати салсол фурӯ рафт
Ғаввоси маъонӣ,
Гоҳе ба таки каҳгили фаххор баромад,
З-он пас ба ҷаҳон шуд.
Гаҳ Нӯҳ шуду кард ҷаҳоне ба дуо ғарқ,
Худ рафт ба киштӣ,
Гаҳ гашт Халилу ба дили нор баромад,
Оташ гул аз он шуд.
Юсуф шуду аз Миср фиристод қамисе
Равшангари олам,
Аз дидаи Яъқуб чу анвор баромад,
То дида аён шуд.
Ҳаққо, ки ҳам ӯ буд, ки андар яди байзо
Мекард шубонӣ,
Дар чӯб шуду бар сифати мор баромад,
З-он фахри каён шуд.
Мегашт даме чанд бар ин рӯи замин ӯ,
Аз баҳри тафарруҷ,
Исо шуду бар гунбади даввор баромад,
Тасбеҳкунон шуд.
Билҷумла ҳам ӯ буд, ки меомаду мерафт,
Ҳар қарн ки дидӣ,
То оқибат он шакл арабвор баромад,
Дорои ҷаҳон шуд.
Мансух чӣ бошад, ки таносух ба ҳақиқат
Он дилбари зебо
Шамшер шуду дар кафи каррор баромад,
Қаттоли замон шуд.
Не, не, ки ҳам ӯ буд, ки мегуфт: «Аналҳақ»
Дар савти илоҳӣ,
Мансур набуд, он ки бар он дор баромад,
Нодон ба гумон шуд.
Румӣ сухани куфр нагуфтасту нагӯяд,
Мункир нашаведаш,
Кофар бувад, он кас, ки ба инкор баромад,
Аз дӯзахиён шуд.
Тавре ки хонандагони арҷманд мушоҳида намуданд, қаҳрамони марказии ин шеър (агар гуфтан ҷоиз бошад) «бути айёр» ва «дилбари зебост», аммо ин дар назари аввал буда, он калимаҳо ба маънои маҷозӣ омадаанд. Агар аз нуқтаи назари орифон ба ин вожаҳо чашм андозем, онҳо тамоман ба маънии дигар корбаст шудаанд, ки ҳадафи шоир дар ҳамин аст. Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» калимаи «бут чунин маънидод шудааст:
1. ҳайкали аз санг, чӯб ё филиз тарошидаи одам ва ё ҳайвон, ки мавриди парастиши бутпарастон мебошад; санам
2. киноя аз нигор, хушрӯ, соҳибҷамол (саҳ. 216).
Аммо дар шарҳи ҳавошии «Девони Ҳофизи Шерозӣ» (соли 1299-и ҳиҷрӣ) чунин омадааст: «Бут-мақсуд ва матлубро гӯянд». Дар дебочаи «Девони Шамсиддини Мағрибӣ» омадааст:

Агар бинӣ дар ин девони ашъор
Хароботу хароботию хаммор,
Буту зуннору тасбеҳу чалипо,
Муғу тарсову габру дайру мино...
Машав зинҳор аз ин гуфтор дар тоб,
Бирав, мақсуд аз он гуфтор дарёб...
Назарро нағз кун, то нағз бинӣ,
Гузар аз пӯст кун, то мағз бинӣ.
Пеш аз он ки маърифати ҳар байтро дар алоҳидагӣ аз назар гузаронем, воҷиб аст, ки ҳадафи аввалиндараҷаи Румиро дарёбем, ки ӯ «бути айёр» ва «дилбари зебо» гуфта киро дар назар дорад? То ҷое ки тибқи корбасти истилоҳоти сӯфия мусаллам гардид, дар ин шеър сухан аз сар то охир дар бораи Пайғамбари ислом Ҳазрати Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу алайҳи ва саллам меравад, ки на танҳо Мавлавӣ, балки шуарои дигар низ бо истилоҳоти сӯфиёна ва орифона шахсияти муборакашонро ба таври мармуз ифода намудаанд. Масалан, Хоҷа Ҳофиз:
Нигори ман, ки ба мактаб нарафту хат нанвишт,
Ба ғамза масъалаомӯзи сад мударрис шуд.
Рӯзе Расули акрам(с)-ро Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ пурсид: «Ё Расулуллоҳ(с) аввал чизе, ки Худои азза ва ҷалла биёфарид, чӣ буд?» Пайғамбар фармуданд: «Аввал чизе, ки биёфарид, Нури ман буд». (Аввала мо халақаллоҳу Нуру Муҳаммадин(с)). Тавре ки дар китоби «Қасас-ул-анбиё» омадааст: «Ҳазрати Одам(а)-ро ҳам Худо бо тасбеҳи «Ло илоҳа иллаллоҳу Муҳаммадун расулуллоҳ» офаридааст».
Ҳамин маъниро шоире ба риштаи назм кашидааст:
Ҳамин маъниро шоире ба риштаи назм кашидааст:
Нури Муҳаммад гар набуд,
Олам набуд, Одам набуд.
Одам туфайли Нурашон,
Мавҷуд шуд ҳарду ҷаҳон.
Барои тақвияти фикрамон байти Соибро низ далел меорем:
Олами хок барӯманд зи болои ту шуд,
Баҳри як сарв диҳанд об хиёбонеро.
Зиёда аз панҷсад сол пеш аз таваллудашон ҳазрати Исо ибни Марям(а) гуфта буданд: «Ё Банӣ Исроил, ҳаройина ман пайғамбари Худоям сӯи шумо тасдиқкунанда он чи пеши ман аст аз Таврот ва башоратдиҳанда ба он пайғамбар, ки меояд аз паси ман, ки исми муборакаш Аҳмад аст» (Қуръон: 61, 6).
Акнун рӯ меорем ба шеъри Мавлавӣ:
Акнун рӯ меорем ба шеъри Мавлавӣ:
Ҳар лаҳза ба шакле бути айёр баромад,
Дил бурду ниҳон шуд,
Ҳар дам ба либоси дигар он ёр баромад,
Гаҳ пиру ҷавон шуд.
Бале, Нури эшон(с) буд, ки қабл аз оғози Оламу Одам дар шаклу либоси гуногун таҷаллӣ кардааст, баъдан дар вуҷуди поки паёмбарони Худо аз Ҳазрати Одам(а) сар карда то Ҳазрати Исо(а) замину осмонро сайр кардааст ва сайру тафарруҷи ин Нур ҷовидонист. Ин Нури муҳаммадӣ дар симои паёмбарони Худо такрор ба такрор ҷилва кардааст:
Гоҳе ба таки тинати салсол фурӯ рафт
Ғаввоси маъонӣ,
Гоҳе ба таки каҳгили фаххор баромад,
З-он пас ба ҷаҳон шуд.
Ин сутур ишора ба он мекунанд, ки воқеан насли одамӣ аз хок сохта шудааст. Худои таборак ва таъоло дар сураи Ҳаҷ, дар ояти 5 чунин хабар медиҳад: «Пас Мо офаридем шуморо аз хок». Вожаи «салсол» ва «каҳгили фаххор» ба маънои гиле меоянд, ки Худо Одамро аз он сириштааст. Мавлоно дар байти фавқуззикр Нури мубораки муҳаммадиро дар қолаби инсони хокӣ инъикос намудааст, ки ҷаҳонеро фаро гирифтааст.
Аммо дар байти дигар ин Нурро дар қолаби паёмбарон Нӯҳ алайҳиссалом ва Иброҳими Халилуллоҳ ба мушоҳида гирифтааст:
Аммо дар байти дигар ин Нурро дар қолаби паёмбарон Нӯҳ алайҳиссалом ва Иброҳими Халилуллоҳ ба мушоҳида гирифтааст:
Гаҳ Нӯҳ шуду кард ҷаҳоне ба дуо ғарқ,
Худ рафт ба киштӣ,
Гаҳ гашт Халилу ба дили нор баромад,
Оташ гул аз он шуд.
Ҳодисаи тӯфони Нӯҳ на танҳо дар кутуби осмонӣ борҳо зикр шудааст, балки илми таърих ҳам воқеияти онро аз боқимондаҳои тахтапораҳои киштӣ натиҷагирӣ ва исбот намудааст. Онҳое, ки ба Худо ва Нӯҳ(а) осӣ шуданд, бо дуои он пайғамбар ва ғазаби Худо ғарқиданд ва ҳатто писари Нӯҳ(а) ҳам аз шумори ғарқидагон будааст. Баъд аз Мавлавӣ ин ҳодиса аз ҷониби шуарои дигар низ талмеҳан ишораҳо шудааст. Масалан, Саъдӣ фармудааст:
Писари Нӯҳ бо бадон биншаст,
Хонадони нубувваташ гум шуд.
Саги асҳоби Каҳф рӯзе чанд
Паи некон гирифту мардум шуд.
Мисраи Ҳофиз «То туро Нӯҳ аст киштибон, зи тӯфон ғам махӯр» низ ишора ба ҳамин воқеа мебошад.
Аз оёти Қуръонӣ, «Қасас-ул-анбиё» ва «Таърихи Табарӣ»-ю маохизи дигар бармеояд, ки шоҳ Намруди кофар мехост, ки паёмбари Худо Иброҳим алайҳиссаломро, ки Худо ӯро Халили худ хонда буд, дар оташи азиме, ки бо кӯҳи бузург сабқат мекард, сӯзонда нобуд кунад, аммо ӯ ба ҷуз аз Худо аз касе ёрӣ талаб накард ва бо хости Маъбуди барҳақ оташе, ки дар перомуни Халилуллоҳ месӯхт, сард ва афсурда гардида, ба ҷояш гулҳои рангоранг дамиданд ва торе аз мӯи баданаш осеб надид.
Шайх Аттор қабл аз Мавлавӣ ба ин ҳодиса талмеҳан рӯ оварда, гуфта буд:

Он ки лутфи хешро изҳор кард,
Бар Халилаш норро гулзор кард.
Байти дигари шеъри Мавлавӣ:
Юсуф шуду аз Миср фиристод қамисе
Равшангари олам,
Аз дидаи Яъқуб чу анвор баромад,
То дида аён шуд.
Мазмуни сатҳии ин байт талмеҳан ишора ба он мекунад, ки Нури муҳаммадӣ дар қолаби Юсуф алайҳиссалом-шоҳи Миср шуд ва дар шаҳри Канъон, ки падараш Яъқуб алайҳиссалом он ҷо мезист, қаҳтӣ ба амал омад ва бародаронаш бо хоҳиши падар барои овардани ғалла ба Миср рафтанд, зеро захираи ғалла он ҷо зиёд буд ва падари бечора дар муфориқати фарзанди азизаш солиёни зиёд аз фарти гиря кӯр шуда буд. Юсуф дар қатори ғалла ба бародаронаш як пироҳан (ба арабӣ қамис)-и худро ҳам ба падар фиристод. Падар аз он бӯи Юсуф(а)-ро ҳис кард ва пироҳанро дар чашмони худ молид ва аз нав биноӣ ёфт.
Дар «Таърихи Табарӣ» (ҷилди 1, саҳифаи 191) омадааст: «Яҳудо ва бародаронаш чун башорат биёварданд ва пироҳан ба рӯи Яъқуб афканданд, Худои азза ва ҷалла мар Яъқубро биноӣ боздод».
Ба ин ҳодиса дар адабиёти классикӣ талмеҳоти зиёде эҷод шудааст. Ҳанӯз устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар як қитъаи худ чунин фармудааст:

Нигорино, шунидастам, ки гоҳи роҳату меҳнат,
Се пироҳан ба тан будаст Юсуфро ба умр андар.
Яке аз кайд шуд пурхун, дуюм шуд чок аз тӯҳмат,
Сеюм Яъқубро аз бӯш равшан гашт чашми тар.
Баъд аз Рӯдакиву Мавлавӣ низ пироҳани Юсуф ба яке образҳои дурахшони адабиёт табдил ёфтааст, ки мо бо як мисол иктифо мекунем. Сайидои Насафӣ дар асри ХVII пироҳани мавсуфро бе зикри номи Юсуф(а) талмеҳан чунин ишора намудааст:
Хок дар чашмам занад наззора ҳамчун гирдбод,
Эй насими пираҳан, аз домани саҳро биё.
Муфориқати тӯлонии Юсуф ва муқими Миср шудани ӯ дар ғазалиёти Ҳофизи лисонулғайб ҳам борҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст:
Ало, эй Юсуфи мисрӣ, ки кардат салтанат мағрур,
Падарро ёд кун охир, куҷо шуд меҳри фарзандӣ?!
Ба байти дигари Мавлоно Румӣ таваҷҷӯҳ менамоем:
Ҳаққо, ки ҳам ӯ буд, ки андар яди байзо
Мекард шубонӣ,
Дар чӯб шуду бар сифати мор баромад,
З-он фахри каён шуд.
Таҷаллии ин Нури муборак дар симои паёмбари Худо-Мӯсо Калимуллоҳ ин ҷо зикр шудааст. Мӯъҷизаҳои он пайғамбар дар яди байзояш (дасти сафеди дурахшонаш) ва асояш (ки ба мори бузург, яъне аждаҳо табдил меёфт) зоҳир гардидааст. Агар ба сураи «Аъроф»-и Қуръони маҷид назар андозем, ҳадафи Мавлавӣ низ рӯшан аён мегардад:
Ояти 104: Мӯсо гуфт: «Эй Фиръавн, Ман паёмбаре аз ҷониби Парвардигори оламиёнам.
Ояти 105: Шоиста аст, ки дар бораи Худо ҷуз ба ростӣ сухан нагӯям. Ман ҳамроҳ бо мӯъҷизае аз ҷониби Парвардигоратон омадаам. Банӣ-Исроилро бо ман бифирист».
Ояти 106: Гуфт: «Агар рост мегӯӣ ва мӯъҷизае ба ҳамроҳ дорӣ, онро биёвар».
Ояти 107: Асояшро андохт, аждаҳое ростин шуд.
Ояти 108: Ва дасташро берун овард, дар назари онон, ки медиданд, сафеду дурахшон шуд.
Нури муҳаммадӣ пайваста дар рӯи замин дар сайру тафарруҷ будааст ва боз дар симои Исо алайҳиссалом зоҳир гаштааст:
Ояти 104: Мӯсо гуфт: «Эй Фиръавн, Ман паёмбаре аз ҷониби Парвардигори оламиёнам.
Ояти 105: Шоиста аст, ки дар бораи Худо ҷуз ба ростӣ сухан нагӯям. Ман ҳамроҳ бо мӯъҷизае аз ҷониби Парвардигоратон омадаам. Банӣ-Исроилро бо ман бифирист».
Ояти 106: Гуфт: «Агар рост мегӯӣ ва мӯъҷизае ба ҳамроҳ дорӣ, онро биёвар».
Ояти 107: Асояшро андохт, аждаҳое ростин шуд.
Ояти 108: Ва дасташро берун овард, дар назари онон, ки медиданд, сафеду дурахшон шуд.
Нури муҳаммадӣ пайваста дар рӯи замин дар сайру тафарруҷ будааст ва боз дар симои Исо алайҳиссалом зоҳир гаштааст:
Мегашт даме чанд бар ин рӯи замин ӯ,
Аз баҳри тафарруҷ,
Исо шуду бар гунбади даввор баромад,
Тасбеҳкунон шуд.
Ногуфта намонад, ки ҳамоно тасбеҳи ин Нури муборак тасбеҳи ҳазрати Одам алайҳиссалом буд, ки зикраш дар боло рафт. Дар мисраи дуюми ин байт масъалаи ба гунбади даввор, яъне бар фалак рафтани Исо(а) матраҳ гардидааст. Мавлавӣ ҳодисаи ба фалак рафтани Исоро қабл аз ҳама аз Қуръони азимушшаън илҳом гирифта зикр намудааст. Чунончи дар сураи «Нисо», дар оятҳои 157-158 омадааст: «Ва ба яқин ӯро (яъне Исоро-Р.Ҳ.) накуштаанд, балки Худо ӯро ба сӯи худ бардошт», (иқтибос аз «Таърихи Табарӣ», саҳифаи 436).
Ҳамин мавзӯъ дар байти дигари Мавлоно Ҷалолиддин низ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст:
Ҳамин мавзӯъ дар байти дигари Мавлоно Ҷалолиддин низ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст:
Исии Марям ба фалак рафту фурӯ монд хараш,
Ман ба замин мондаму шуд ҷониби боло дили ман.
Аз бисёр ривоят ва қиссаҳои анбиё бармеояд, ки Исо алайҳиссалом то осмони чаҳорум рафтааст. Осмони чаҳорум манзумаи Хуршед аст. Мӯҷиби дар он ҷо қарор гирифтани ӯ сӯзане будааст, ки дар бари домани муборакаш саҳван мондааст ва ҳамин моли сифлаи дунявӣ садди суъуди ӯ ба осмонҳои дигар гаштааст. Барои рӯшанӣ андохтан ба ин қазия ду талмеҳи Сайидои Насафиро аз назар гузаронидан ба баҳси мо марбут аст. Байти аввал:
То қиёмат нест Исоро ҷудоӣ з-офтоб,
Сӯҳбати дерошноён дер барҳам мехӯрад.
Байти дигар:
Ҳамин як сӯзани беришта хоре гашт Исоро,
Балое бадтар аз ҳамроҳи ноқобил намебошад.
Мусаллам аст, ки падару модари Ҳазрати Муҳаммад(с) араб буданд. Шоире ин нуктаро чунин ба риштаи тасвир кашидааст:
Муҳаммади арабӣ, к-обрӯи ҳарду сарост,
Касе, ки хоки дараш нест, хок бар сари ӯ.
Ва оқибат Нури муҳаммадӣ дар вуҷуди мубораки Расули акрам(с) 20 апрели соли 571 (мутобиқ ба соли мелодӣ) таҷаллӣ ёфт ва ҷаҳонеро фаро гирифт:
Билҷумла ҳам ӯ буд, ки меомаду мерафт,
Ҳар қарн ки дидӣ,
То оқибат он шакл арабвор баромад,
Дорои ҷаҳон шуд.
Байти минбаъда байти фавқуззикрро чунин тақвият медиҳад:
Мансух чӣ бошад, ки таносух ба ҳақиқат
Он дилбари зебо
Шамшер шуду дар кафи каррор баромад,
Қаттоли замон шуд.
Бо мақсади рӯшанӣ андохтан ба ин байт сараввал лозим медонем, ки калимаҳои «мансух» ва «каррор»-ро, ки нисбатан номаъмуланд, шарҳ диҳем. Ин калимаҳо дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» чунин шарҳ дода шудаанд:
Мансух-нест кардашуда, барҳам додашуда, аз эътибор соқитшуда.
Таносух- 1. якдигарро насх кардан, нест кардан;
2. ба ақидаи хурофӣ-рафтани рӯҳ аз як қолиб ва даромадани он ба қолиби дигар, кӯчидани рӯҳҳо (тибқи эътиқоди ҳиндувон).
Каррор- 1. гаштаву баргашта ҳуҷумкунанда.
2. яке аз лақабҳои Алӣ(р)-домоди Муҳаммад(с).
Шоир ин ҳолати сайру тафарруҷи Нури муҳаммадиро на мансух меҳисобаду на таносух, балки онро ҳақиқате арзёбӣ мекунад, ки ба сифати шамшери ғазавот дар роҳи ризоии Аллоҳ алайҳи куффор ҷангида буд ва дини мубини Исломро густаришу муслиминро нусрат дод.
Ба байти дигар таваҷҷӯҳ менамоем:
Мансух-нест кардашуда, барҳам додашуда, аз эътибор соқитшуда.
Таносух- 1. якдигарро насх кардан, нест кардан;
2. ба ақидаи хурофӣ-рафтани рӯҳ аз як қолиб ва даромадани он ба қолиби дигар, кӯчидани рӯҳҳо (тибқи эътиқоди ҳиндувон).
Каррор- 1. гаштаву баргашта ҳуҷумкунанда.
2. яке аз лақабҳои Алӣ(р)-домоди Муҳаммад(с).
Шоир ин ҳолати сайру тафарруҷи Нури муҳаммадиро на мансух меҳисобаду на таносух, балки онро ҳақиқате арзёбӣ мекунад, ки ба сифати шамшери ғазавот дар роҳи ризоии Аллоҳ алайҳи куффор ҷангида буд ва дини мубини Исломро густаришу муслиминро нусрат дод.
Ба байти дигар таваҷҷӯҳ менамоем:
Не, не, ки ҳам ӯ буд, ки мегуфт: «Аналҳақ»
Дар савти илоҳӣ,
Мансур набуд, он ки бар он дор баромад,
Нодон ба гумон шуд.
Ин байт талмеҳест ба қиссаи Мансури Ҳаллоҷ, ки баъд аз ба ҳақ расидан, ба ибораи аҳли тасаввуф дар водии Фақру Фано ҷуръати онро пайдо намуд, ки «Аналҳақ»-гӯяд, ки маънояш «Ман ҳақиқат ҳастам, ман Худо ҳастам» мебошад. Аммо як зумра рӯҳониёни иртиҷоъпараст иғво ангехта соли 922 дар шаҳри Бағдод ӯро ба дор овехтанд. Ба ин воқеа бисёре аз шуаро талмеҳан ишора кардаанд. Масалан, Хоҷа Ҳофиз байте дорад:
Кашад нақши «Аналҳақ» бар замин хун,
Чу Мансур ар кашӣ бар дорам имшаб.
Ҳолати бехудӣ, ваҷду ҳол ва кашфи ҳақиқати Ҳусайн ибни Мансури Ҳаллоҷро, ки ба гуфтани ин сухани ҷасурона водор намуда буд, дар рубоии шоири дигаре чунин инъикос ёфтааст:
Мансури Ҳалоҷ он наҳанги дарё,
К-аз пунбаи тан донаи ҷон кард ҷудо.
Рӯзе ки «Аналҳақ» ба забон меовард,
Мансур куҷо буд? Худо буд, Худо!
Дар он ҳолат Мансур Худоро дар худ медид, яъне ба ҳақ расида буд, аммо ин ҳолати ӯро иғвогарони нодон (ба ифодаи Мавлавӣ) нафаҳмида буданд ва аз даркаш ҳам оҷизӣ мекашиданд. Мавлавӣ таҷаллии Нури муҳаммадиро дар он ҳолат ҳам ба тоқи нисён намегузорад, яъне сайру тафарруҷ ва таҷаллии ин Нури муборак қабл аз бинои олам буда ва абадулабад боқӣ хоҳад монд. Вай дар ҳар шаклу сурат ҷилва хоҳад кард, ки ин ба иродаи Худои мутаол вобастагӣ дорад.
Мақтаи шеър:
Мақтаи шеър:
Румӣ сухани куфр нагуфтасту нагӯяд,
Мункир нашаведаш,
Кофар бувад, он кас, ки ба инкор баромад,
Аз дӯзахиён шуд.
Хулоса, шеъре, ки мавриди баррасии мо буд, саршори санъати талмеҳ ва киноя буда, шоир муваффақ шудааст, ки пайдоиш ва сайру тафарруҷи Нури муҳаммадиро басо ихчам ва дақиқ ба қалам диҳад.
Равшани Ҳамроҳ
Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент
4. 04. 2007
هر دم به لباس دگر آن يار بر آمد -- گه پير و جوان شد
ہر لحظہ وہ بتِ عیار ایک نئی ہی شکل میں ظاہر ہوتا ہے --- دل چھینتا ہے اور غائب ہو جاتا ہے۔
ہر دم وہ یار دوسروں کے لباس میں ظاہر ہوتا ہے -
- کبھی بوڑھے کے روپ میں اور کبھی جوان کے۔
خود کوزہ و خود کوزہ گر و خود گلِ کوزہ --- خود رندِ سبو کش
خود بر سرِ آں کوزہ خریدار برآمد --- بشکست رواں شد
وہ خود ہی کوزہ ہے، خود ہی کوزہ بنانے والا اور خود ہی کوزہ کی مٹی -- اور خود ہی کوزے سے پینے والا۔
اور خود ہی اس کوزے کے خریدار کے طور پر ظاہر ہوتا ہے --- اور اس کیلیے اس کوزے کو توڑنا بھی جائز ہے۔
ني ني كه همو بود كه مي آمد و مي رفت --- هر قرن كه ديدي
تا عاقبت آن شكل عرب وار برآمد -- داراي جهان شد
وہی تھا جو ہرزمانے میں آتا رہا اور چاتا رہا - ہر زمانے نے دیکھا
لیکن بلآخر وہ ایک عرب (ص) کی شکل میں ظاہر ہوا -- اور وہی (ص) جہان کے بادشاہ ہیں۔
ني ني كه همو بود كه مي گفت انا الحق --- در صوت الهي
منصور نبود آن كه بر آن دار برآمد --- نادان به گمان شد
وہی تھا کہ جس نے کہا کہ میں ہی حق ہوں -- خدا کی آواز میں
وہ منصور نہیں تھا جو سولی پر ظاہر ہوا -- نادان اور نہ جاننے والوں کو یہی لگتا ہے کہ وہ منصور تھا۔
رومي سخن كفر نگفته است و نگويد --- منكر نشويدش
كافر بود آن كس كه به انكار برآمد --- از دوزخيان شد
رومی نے کبھی کفر کی بات نہیں کی اور نہ وہ کرتا ہے -- وہ منکر نہیں ہے
کافر تو وہ ہے جس نے انکار کیا تھا یعنی شیطان --- اور وہی دوزخیوں میں سے ہے
مولانا جلال الدین رومی
Poetry of Maulana Rumi Balkhi in Farsi and Urdu
(бо форси ва урду)
ھر لحظه به شكلي بت عيار بر آمد -- دل برد و نهان شدهر دم به لباس دگر آن يار بر آمد -- گه پير و جوان شد
ہر لحظہ وہ بتِ عیار ایک نئی ہی شکل میں ظاہر ہوتا ہے --- دل چھینتا ہے اور غائب ہو جاتا ہے۔
ہر دم وہ یار دوسروں کے لباس میں ظاہر ہوتا ہے -
- کبھی بوڑھے کے روپ میں اور کبھی جوان کے۔
خود کوزہ و خود کوزہ گر و خود گلِ کوزہ --- خود رندِ سبو کش
خود بر سرِ آں کوزہ خریدار برآمد --- بشکست رواں شد
وہ خود ہی کوزہ ہے، خود ہی کوزہ بنانے والا اور خود ہی کوزہ کی مٹی -- اور خود ہی کوزے سے پینے والا۔
اور خود ہی اس کوزے کے خریدار کے طور پر ظاہر ہوتا ہے --- اور اس کیلیے اس کوزے کو توڑنا بھی جائز ہے۔
ني ني كه همو بود كه مي آمد و مي رفت --- هر قرن كه ديدي
تا عاقبت آن شكل عرب وار برآمد -- داراي جهان شد
وہی تھا جو ہرزمانے میں آتا رہا اور چاتا رہا - ہر زمانے نے دیکھا
لیکن بلآخر وہ ایک عرب (ص) کی شکل میں ظاہر ہوا -- اور وہی (ص) جہان کے بادشاہ ہیں۔
ني ني كه همو بود كه مي گفت انا الحق --- در صوت الهي
منصور نبود آن كه بر آن دار برآمد --- نادان به گمان شد
وہی تھا کہ جس نے کہا کہ میں ہی حق ہوں -- خدا کی آواز میں
وہ منصور نہیں تھا جو سولی پر ظاہر ہوا -- نادان اور نہ جاننے والوں کو یہی لگتا ہے کہ وہ منصور تھا۔
رومي سخن كفر نگفته است و نگويد --- منكر نشويدش
كافر بود آن كس كه به انكار برآمد --- از دوزخيان شد
رومی نے کبھی کفر کی بات نہیں کی اور نہ وہ کرتا ہے -- وہ منکر نہیں ہے
کافر تو وہ ہے جس نے انکار کیا تھا یعنی شیطان --- اور وہی دوزخیوں میں سے ہے
مولانا جلال الدین رومی
Комментарии
Отправить комментарий