Пӯлод Толис

Дар таърихи инсоният бисёр шахсиятҳое ҳастанд, ки бо кору пайкор ва осори ҷовидонаи худ на танҳо ҳангоми барҳаёт будан, балки баъд аз маргашон низ барои дигарон хизмат мекунанд, намунаи ибрат мешаванд. Одамони бедордил бо эшон чун бо зиндаҳо гуфтугӯ мекунанд, маслиҳат мепурсанд, машварат меороянд. Аммо халқе ки чунин фарзандони фарзонаи худро ба боди фаромӯшӣ медиҳад, ҳаргиз зафар намеёбад, ба рӯзи хуш намерасад. Зеро рӯҳи онҳо низ посбону раҳнамост, чун чароғ роҳи мардумро мунаввар мекунад. Баъзан зиндаҳо аз посдории хотираи озодмардони миллаташон миннат мекунанд, аммо онҳо бехабаранд, ки ин корро барои худу ҳамзамонони худ анҷом медиҳанд. Чунки бузургмардон ба арҷгузории мо эҳтиёҷ надоранд, аммо мо ба онҳо мӯҳтоҷем ва зиёда аз ин дар назди рӯҳи поки эшон як умр қарздорем.
Дирӯз ҳаштодсолагии нависандаи ҷавонмаргамон Пӯлод Толисро ҷашн гирифтем. Дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фарзандон, хешу ақрабо, масъулини Иттифоқи нависандагон ва чанд нафар адибону адабиётшиносон, ки одатан дар чунин маҳфилҳои ёдбуд ширкат меварзанд, ҳузур доштанд. Як сол қабл дар ҳамин толор ҷашни ҳаштодсолагии устод Фазлиддин Муҳаммадиев, ки дӯст ва ҳамсинну ҳамсафи Пӯлод Толис буданд, таҷлил гашта буд. Дар он маҳфил низ қариб, ки ҳамин ҳайат ва хешу наздикони нависанда ширкат карда буданд.
Ин, албатта аламовар аст. Зеро ин ду нафар чеҳраҳои шинохта ва нависандагони забардасти адабиёти муосири мо ба ҳисоб мераванд. Баъд аз мактаби адабии устод Садриддин Айнӣ, ки барои рушди наср поя гузошт ва адибони тавоное чун Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Фотеҳ Ниёзӣ, Пӯлод Толис ва дигаронро ба майдони адабиёт ворид сохт, Пӯлод Толис ва Фазлиддин Муҳаммадиев ба мактаби нави насри тоҷик, яъне насри психологӣ ё андеша, бештар ба тасвир гирифтани ботини қаҳрамон асос гузоштанд. Намунаи беҳтарини чунин наср повести «Тобистон»-и Толис ва романи «Палатаи кунҷакӣ»-и Муҳаммадиев мебошад. Нависандагони баъдинаи мо  асосан аз мактаби эҷодии онҳо  зиёд баҳра бардоштаанд. Бинобар ин, месазад ва бояд ҷашнвораи ин ду нафар нависандагони забардасти мо  дар толори бузурги Иттифоқи нависандагон ва ё ягон театри пойтахт бо иштироки доираи васеъи хонандагону адабиётшиносон, вазирону кабирон таҷлил мегардид. Дигаронро намедонам, аммо ман дар он маҳфил ҳар боре чашмам ба портрети дар девор овезони Толис меафтид, аз шарм намедонистам нигоҳамро ба куҷо гурезонам. Албатта, Толис ба қадршиноси мо мӯҳтоҷ нест, вай аллакай мехи шӯҳраташро дар девори таърих задааст, аммо ҷашни ин гуна адибони чирадаст барои тарбияи насли ҷавон ва ҳатто калонсол муҳим ва фоидаовар мебошад.
Аммо афсӯс, ки ин тавр нашуд. Ҳатто дар маҳфили ёдбуд қайд гардид, ки ин ҷамъомад аввалин иқдомест барои пос доштани хотираи Пӯлод Толис. Дар даврони шӯравӣ низ солгарди ин адиб таҷлил намегардид. Чанд нафар адабиётшиносони шинохта ва адибони маъруфи мо гуфтанд, ки агар ба Толис умр бевафоӣ намекард, ӯ бо асарҳои хонданбоби худ на танҳо дар миқёси Осиёи Марказӣ, балки дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва берун аз он машҳуру маъруф мегашт ва бешубҳа дар қатори ҳамсолаш, Чингиз Айтматови қирғиз, ки имрӯз беҳтарин нависандаи минтақа маҳсуб мешавад, ҷой мегирифт. Зеро Пӯлод Толис повести машҳури худ «Тобистон»-ро, ки ба ӯ шӯҳрат овард, ҳанӯз дар синни бисту нӯҳсолагӣ ба табъ расонд. Воқиан ҳам, ин повест он солҳо дар насри тоҷик падидаи нав буд ва як гардиши куллие ба бор овард, ин шохаи адабиёти моро дар миқёси умумииттифоқ боз беҳтару хубтар шиносонид.
Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун қайд кард. ки вай чанд сол пеш ҳангоми иштирокаш дар як ҳамоиши адабӣ дар шаҳри Красноярски Федератсияи Россия бо муаллифи романи машҳури «Наследник из Калькутты» («Меросхӯр аз Калкутта») Роберт Штилмарк ҳамсӯҳбат шуда буд. Чун нависандаи рус мефаҳмад, ки вай аз Тоҷикистон аст, аз Пӯлод Толис пурсон мешавад ва аз хабари хеле бармаҳал аз дунё рафтани Толис афсӯс мехӯрад, ки ба ин нависандаи шумо умр вафо накардааст, вагарна ӯ беҳтарин адиби минтақа шинохта мешуд. Ба гуфти Штилмарк  вай баъд аз маҳбас, аниқтараш лагерҳои сталинӣ, озод шудан тасодуф аз як дӯкони китобу рӯзномафурӯшии сари роҳ китоби «Тобистон» («Лето») – ро мехарад ва баъд аз мутолиаи он ба муаллифи он меҳр пайдо мекунад.
Шояд мо то ҳол хуб дарк накарда бошем, ки чӣ гуна истеъдодро аз даст додаем, аниқтараш ӯро эҳтиёт накардаем. Зеро риштаи умри Пӯлод Толис хеле бармаҳал, дар синни сию ду ба таври фоҷиавӣ канда шуд. То ҳол дар хусуси марги ӯ тахмину фарзияҳо зиёданд, аммо касе онро мушаххас таҳқиқ накардааст. Баъзеҳо мегӯянд, ки дили ҳассоси ӯ аз беадолатиҳои даврони сталинӣ, таъқиботу шиканҷаҳо, ҳоли зори муҳоҷирони иҷборӣ (нависанда пеш аз маргаш ба он мавзеҳо сафар карда, бо мардум ҳамсӯҳбат шуда будааст) тоб наовард. Бархе дар он ақидаанд, ки ӯро бухлу ҳасуд ва нотавонбинии ҳамқаламони номарду чоплусаш кушт. Ин гурӯҳи ҳуққабоз бо ҳар роҳ ба ӯ халал мерасонидаанд, аз таги нохун чирк мекофтаанд, то аз дасташон омадан ӯро дар назди зимомдорони давр сиёҳ мекардаанд. Онҳое ки солҳои сол бо Пӯлод Толис ҳамкору шинос буданд, алалхусус он нафароне ки  ҳамроҳ дар маҷаллаи  «Шарқи сурх» («Садои шарқ») кор кардаанд, бар он ақидаанд: он бори вазнине ки Толиси ҷавон мардона ба дӯш гирифта буд, оқибат корашро кард. Зеро Пӯлод Толис дар давраи сармуҳарририи маҷалларо ба дӯш доштанаш ба ҷони ҷавони худ ҷабр карда, шабу рӯз ба таҳрири асарҳои ҳамқаламони худ, алалхусус нависандагони ҳатӯлкору беҳунар машғул мешудааст. Вай ҳатто хобу хӯрро фаромӯш карда, меҳнат мекардааст, то дар ин маҷаллаи овозадори адабӣ асарҳои хому суст ба табъ нарасанд. Мисли баъзе муҳаррирони холабеғам ба ном муҳаррир набудааст, чун шамъ худро дар ин маҳфил қатра-қатра адо кардааст. Бар замми ин боз навиштани асарҳои худ. Аз кадом ҳисоб? Аз ҳисоби бедорхобию шабзиндадорӣ, беоромию такодавҳо. Аз ҳад зиёд меҳнат мекардааст ва баъзан худаш низ аз ин қудрати хеш дар ҳайрат мемондааст. Аммо ин ҳама бори вазнин оқибати кор асабро хароб ва саломатиро абгор мекунад.
 Ҳамчунин эҷодиёти ӯ, ки бо вуҷуди хеле ҷавон рафтанаш бобаракат аст, ҷиддӣ аз нигоҳи адабиётшиносӣ баррасӣ нашудааст. Аз марги Толис қариб ним аср сипарӣ шуд. Дар зарфи ин солҳо чанд насли хонандагон пайдо шуданд. Бовар дорам, ки насли ҷавони имрӯза на танҳо асарҳои ӯро намедонанду нахондаанд, балки ӯро ҳамчун нависанда кам андар кам  мешиносанд ва бисёриҳо шояд номи ӯро ҳамчун нависанда бори аввал мешунаванд. Шояд сабаби дар доираи як гурӯҳи танг таҷлил гаштани ҷашни ӯ дар ҳамин бошад? Умуман  ҷомеаи мо сол ба сол, рӯз ба рӯз аз фарҳанг дур шудан дорад. Ҳатто донишҷӯёни факултаҳои филология ва рӯзноманигорӣ, ки дар тӯли панҷ соли таҳсил асосан ба омӯзиши забон ва адабиёт машғуланд, ба асарҳои санъат тамоман бефарқанд, шавқу ҳавас надоранд.
Воқиан, қариб ҳама қаҳрамонони асосии повесту ҳикояҳои Пӯлод Толис ҷавонону наврасонанд. Масалан, дар повестҳои «Тобистон» (Ҳасан, Карим, Қосим), «Ҷавонӣ» (Зебӣ, Қосимҷон), ҳикояҳои «Ҷавонони завод» (Ҷаббор, Файзулло, Мамадалӣ), «Ёру ҷӯраҳо» (Савсан, Абдулло, Шарофат) ва ғайраҳо. Нависанда бештар ҷавононро дар лаҳзаҳои гуногуни зиндагӣ рӯбарӯ карда, хӯю хислат ва рафторҳои разилонаи инсониро мазаммат ва ахлоқи ҳамидаро тараннум мекунад. Даврони ҷавонии худи нависанда дар солҳои басо буғзрангу мураккаби таърихи кишвари мо рост омадааст: Инқилоб, ҳаракати босмачигарӣ, сиёсати душманкобию таъқибгарӣ ва репресияи сталинӣ, Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Дар баробари ин он айём давраи қаҳрамонию музаффариятҳо, бунёди корхонаю неругоҳҳои бузург, кандани каналҳои азим, роҳу заминкушоиҳо, хулоса, бунёди ҳаёти нави одамони шӯравӣ буд. Ва Пӯлод Толис чун инсони ҳақталош ва нависандаи заррабину боистеъдод дар майдони ин задухӯрд ва пасон бунёдкориҳо инсонҳои воқиан ҳам, асилро чун донаҳо ҷамъ оварда, симоҳои басо муассир меофарид, ҳаромхӯрону ҳасудон ва танбалону хоинонро бо ранги сиёҳ тасвир мекард.
Инсон маҳз дар лаҳзаҳои  душвори зиндагӣ имтиҳон карда мешавад, хоҳу нохоҳ ниқоб аз рӯи вай бардошта мешавад. Маҳз дар лаҳзаҳои ҳассос ва тақдирсоз симои аслии одамон рӯ мезанад, хонашеру майдонғариб будани онҳо собит мегардад. Хонанда пас аз ошно шудан  бо ин гуна лаҳзаҳои муассир, ки нависанда ба риштаи тасвир мекашад (чунин лаҳзаҳо дар асарҳои Толис хеле зиёданд), беихтиёр ба андеша меравад, худро ба ҷойи он қаҳрамонҳо гузошта, қиёс мекунад, хулоса мебарорад, месанҷад. Пӯлод Толис дар бисёр  асарҳояш масъалаи ҷовидонаи санъат – ҳаромхӯрию ҳалолхӯриро ба маънои фарохаш пайгирӣ намуда, ба гӯши хонанда табли бедорию худшиносӣ мезанад. Масалан, дар повести «Тобистон», ки ин ҷо чанд бор зикраш рафт, Ҳасан ном бача, ки ба савдогарӣ машғул буд, бо ҷӯраи ҷониаш Карим (вай дар матбаа ҳуруфчин буд) ҷанг мекунад, ки дар он лаҳзаҳо характери Ҳасан чун инсони комил реша мегирад. Каримҷони коргар Ҳасани савдогарро муфтхӯру ҳаромхӯр гӯён таъна мезанад ва Ҳасан аз қаҳр Каримҷонро зада аз пой меафтонад. Нависанда ин манзараро аз забони Ҳасан чунин ба қалам додааст:
« — Рав… рав, набошад сарата зада мекафонам…
Ман ба дасти Карим нигоҳ карда дидам, ки як қайроқсангро бардошта гирифтааст. Санг, аз афти кор, дар таги девор хобида будааст.
Лаҳзае чӣ кор карданамро надониста рост истодаму баъд гуфтам:
— Охир… охир, ба хона намеравем, Карим? Қатӣ равем, охир…
Аммо Карим аз девор ҷудо шуда, як қадам ба  пеш монду санги дасташро бардошта, бо оҳанге ки гӯё сагро пеш мекарда бошад, такрор кард:
— Рав!
Ман боз лаҳзае дар рӯ ба рӯи Карим беҳаракат рост истодаму баъд сарамро хам карда ақиб гаштам.
— Ҳаромхӯр, — гуфта монд боз аз паси ман Карим.
Ман ҳаракатамро тезондам.
… Карим маро не, ман Каримро зада ғалтонда будам, вале чӣ сабаб, ки аз ин ғалабаи худ нӯги нохун барин ҳам хурсанд набудам, балки баръакс, худро шаттахӯрда, мағлубшуда ҳис мекардам ва мисли хурӯсчӯҷае ки  дар ҷанг мағлуб шуда, ба катакаш мегурезад,  торафт қадамамро тезтар мекардам.
Ман танҳо баъдтар фаҳмидам, ки Карим маро ҳанӯз пеш аз мушт заданам мағлуб карда будааст ва бо яроқе мағлуб карда будааст басо сахттар ва басо дардноктар аз мушту торсакӣ.»
Магар имрӯз ин масъала дар байни ҷавонони мо ба масъалаи ҳалталаб табдил наёфтааст? Бешубҳа. Он имрӯз боз мубрамтар аст. Чунки мардум, алалхусус ҷавонон солҳои охир ба фарқи ҳарому ҳалол намераванд, мақоли «Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад»-ро шиори зиндагии худ қарор додаанд.
Пӯлод Толис ҷавон рафт ва дар ёди ҳамагон ҷавон монд. Ман ӯро то ҳол дар байни ҷавонон мебинам. Ҳарчанд кӯшиш мекунам, аммо Пӯлод Толиси мӯйсафедро тасаввур карда наметавонам. Агарчи имрӯз ҳамсолони ӯ ба синни ҳаштод расида, пиру барҷомондаанд, бо асо базӯр қадам мемонанд, бо айнаки шишаҳояш ғафс бо азоб ҳарфро мебинанду мехонанд, ин кор ба ман муяссар намешавад. Ҳамеша пеши чашмам як ҷавони чеҳрагарму хушлибос, нигоҳаш пур аз меҳр, аммо ҳамеша андешаманд падид меояд. Шояд худи Толис низ ба чунин қарор омад, ки бояд ба пирӣ нарасад, аз давраи ҷавонон берун наравад, то онҳо низ аз ӯ дур нашаванд. Ҳузури худро дар байни ҷавонону наврасон ба манфиати кор донист ва барои эшон то абад маҳфиле орост озода. Худаш шамъ шуд, парвонаҳои асилро гирдаш хонд. Аз Худо илтиҷо мекунам, ки ин маҳфил ҳаргиз сард нашавад, ҷавонони бедордил даври он ҷамъ оянд, мисли ӯ  ҷонфидо, масъулиятшинос, ҳақиқатҷӯю адолатпарвар ва меҳнатдӯсту фидокор бошанд. Омин!
                                                                                                                                                                      Соли 2009

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Тарзи хондани намозҳо (пурра)

Фарзи Ъайни Точики (хар як мусулмон бояд донад!)

Мирзо Турсунзода