ЧАРО МАРДУМ АЗ ҲАМ ДУР ВА БЕГОНА МЕШАВАНД?

Мо пештар мегуфтем, ки ҳамсоя ба ҳамсоя аз бародарашон наздиктар аст, имрӯз дида мешавад, ки ин хислати шарқӣ ва намунавии мо аз байн рафтааст, ҳатто дар бархе минтақа анъана гардидааст, ки ҳеҷ касро ба каси дигар коре нест. Дарсолҳои охир одамони дӯст бо якдигар ба бегона  табдил ёфтаанд
Сакина Аҳмад
Зарари иҷтимоӣ

Дар ҷомеаи мо тоҷикҳо ба чӣ чизҳои зарари иҷтимоӣ гуфта мешавад?!
Дар фарҳанги мо зӯроварӣ, қаллобии ноболиғон, зиёд гардидани омори фоҳишаҳо дар хиёбонҳо, қатли соҳибкорон ва сарватмандон, худкушии занон ва духтарон, пойбонад гардидани ҷавонон ба вобои аср маводи мухаддир, шаробхурӣ, руй ба муҳоҷирати корӣ овардани ҷавонон, пошхурдани оилаҳо ба тариқи талоқ ва дигар омилҳо мебошанд.
Зарари иҷтимоӣ рафтори ғайриоддӣ вайронкунандааст, ки бар асоси меъёрҳои фарҳангӣ муайян мешавад. Зарари иҷтимоие, ки ба ҳар як амали инфиродӣ ё коллективӣ расмӣ ва ғайрирасмӣ гуфта мешавад, дар доираи принсипҳои ахлоқӣ ва қоидаҳои умумии ҷомеавӣ қарор намегиранд ва аз ин рӯ ин афрод аз ҷомеа дилсар мегарданду худро ба чунин амалҳо ором карданӣ мешаванд.
Аз нигоҳи бархе аз ҷомеашиносон сабабҳои асосӣ ин мушкилиҳо набудани ҷойи кор гуфта шудааст. Оё ин ҳақиқат дорад? Фард дар чӣ вазъияте ва ё мушкилот мумкин аст, қарор гирад ки даст ба чунин амали ғайри инсонӣ мезанад?
Ба ҳамагон маълум аст, ки нобаробарии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, камбизоатӣ эсоси ноамнӣ, ҳасад ноадолатӣ дар қарорҳои зинаи севуми ҳокимият яъне судияҳо, ки бо қарорҳои ҷангали инсонҳоро ба бартарин шеваҳо равони зиндон мекунанд, фасодзада будани мақомотҳои қудратӣ, таблиғи сарватмандон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва рӯзномаву маҷҷалаҳо, набудани манзили зист ва ҳамчунин ба ягон дин пойбанд набудан ва ғайра инсонро ба ин корҳои водор мекунад.
Дар айни ҳол, ҷаҳон рӯз ба рӯз дар ҳоли вусъат ва густариш аст, ки доираи талаботҳо ва ниезҳои инсони ҳам баробари он дигаргун мегардад. Аксуламали шахсони воқеӣ ба воқеаҳои фардӣ ва шахсӣ аллакай фарқ дорад ва шояд акнун ҳатто муҳим нест, ки дар куҷо мемирад.
Мо пештар мегуфтем, ки ҳамсоя ба ҳамсоя аз бародарашон наздиктар аст, имрӯз дида мешавад, ки ин хислати шарқӣ ва намунавии мо аз байн рафтааст, ҳатто дар бархе минтақа анъана гардидааст, ки ҳеҷ касро ба каси дигар коре нест.
Аз рӯйи нишондодҳо ва тадқиқоти муҳаққиқон муайян гардидааст, ки дар солҳои охир одамони дӯст бо якдигар ба бегона табдил ёфтаанд?!
Ҳоло то ин ҳад ки одамон бо якдигар ба бегона табдил ёфтанд, ки ҳатто хешовандон ба ҷони ҳамдигар афтоданд, ки метавонем Мавҷигул Ҳалимоваи 36-соларо пеши назар биворамем. Ин зан, ки молики чанд нуқтаи фурӯши меваи хушк ва донагиҳо дар бозори "Фаровон” ва «Ҳоҷӣ Шариф»-и шаҳри Бохтари вилояти Хатлон буд, шаби 6-уми январи соли равон дар яке аз кӯчаи шаҳри Қӯрғонтеппа бо зарби корд кушта шуд. Мақомоти қудратии Хатлон гуфтанд, ки ба гумони ғолиб Ҷамшед Ҳалимов – писарамаки 40-солаи Мавҷигул – ба ин амал даст зада ҳоло дар боздошт қарор дорад.
Ё намунаи дигар қатли зану шавҳари соҳибкор Мақсудҷон Муҳаммадҷонов ва Ибодат Неъматуллоева, моликони дӯкони матоъфурӯшӣ дар бозори "Панҷшанбе”-и Хуҷанд шаби 17 ба 18-уми октябри соли гузашта дар хонаашон аз тарафи як гуруҳи ҷиноӣ кушта шуда буданд.
Омили дигар ин худкушӣ аст, ки инсонҳо фикр мекунанд, ки даст ба худкушӣ задан роҳи ҳал ва кори дуруст аст, ки мушкилоти инфиродӣ аст, аммо чун шахс дар ҷомеа зиндагӣ мекунад ва таъсири интерактивӣ байни онҳост, он ҳамчун яке душвортарин аз зарари иҷтимоӣ ҳисобида мешавад. иттиҳодияи иҷтимоӣ заиф шуда, муносибати байни гурӯҳҳо коҳиш меёбад.
Бо дарназардошти шумораи умумии тафтишҳое, ки то ҳол анҷом дода шудаанд, сабаб ва ҳавасмандкунии худкушӣ дар Тоҷикистон метавонад ба таври зайл нишон дода шавад: 
Фарқиятҳои оилавӣ ва ҳолатҳои номатлуби оила, набудани муҳаббат байни ҳамдигар, гирифтор будан ба бемории рӯҳӣ, камбизоатӣ ва бекорӣ, равонаи зиндон кардани нафарони пуловар дар хонавода ба солҳои тӯлонӣ, шароити номусоиди иқтисодӣ.
Дунёи бемаънӣ ва эстетика дар ҷавонон аз ин мисолҳо кам надорем. Солҳои ахир чанд ҳодисаи пурсарусадои ғорат ва куштори сокинони "пулдор” дар баъзе аз гӯшаҳои Тоҷикистон рух дода, омилони он дастгир ва муҷозот шудаанд.
Чӣ бояд кард?! Дар ҷомеа тренингҳои омӯзишии аз тариқи таълими тарбият ва ҳақ талаби иҷтимоӣ ва мубориза ба нобаробариҳои дар ҷомеа ва амнияти иҷтимоӣ бе тараф набудан дар мушкилоти мардум ва фард роҳнамоии ҷавонон барои шинохти арзишҳо ва адолатхоҳи аз ин меъёрҳост ки таъкид карда мешавад.
Аз забони шоир хулосаи матлаб:
Гар бар сари нафси худ амири мардӣ,
Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ.
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.

аз сомонаи www.akhbor.com (11/02/2018)

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Тарзи хондани намозҳо (пурра)

Фарзи Ъайни Точики (хар як мусулмон бояд донад!)

Мирзо Турсунзода