Кафан киса надорад

РАВШАН МАХСУМЗОД

(Ҳикояҳо, повест ва андешаҳо, Душанбе, «Шарқи озод», 2009)
 Пошикаста
Фирӯз Назар ба идораи худ ворид шуда, ҷузвдони дасташро болои миз гузошту тирезаро, ки ба тарафи боғ кушода мешуд, боз намуд. Боғбони мактаб Замон-амак бехи дарахтони себро оҳак мезад. Фирӯз Назар чанд лаҳза ба кори мӯйсафед, ки мисли рассоми чирадаст ба завқ ва диққати тамом бар танаи дарахтон сафедӣ мекашид, зеҳн монда, меандешид, ки мӯйсафед дар тӯли сӣ соли кориаш шояд чандин маротиба бо ин амали худ дарахтонро аз ҳуҷуми кирму ҳашороти дигар ва бемориҳо эмин дошта бошад. Ва баъд гӯё ногаҳон ба ёдаш чизи муҳиме расид, ки  қафо гашт ва гӯшаки телефони болои мизро бардошта, паи ҳам чанд рақам чинд. Дарҳол аз он сӯ ҷавоб доданд.
— Салом алайкум. Ин беморхона? Ба ман духтур Таваккал Нозимов даркор. Ҳа, шумо, нағз ҳастед, духтур? Ман директори мактаб… Фирӯз Назар.
— Шинохтам, муаллим, чӣ хел шумо?
— Ташаккур, духтур, нағз. Бубахшед, аз шумо  як чизро пурсиданӣ будам, — зуд сари мақсад омад Фирӯз Назар. – Пои шикаста дар чанд рӯз сиҳат мешавад?
— Пои шикаста? – чанд лаҳза ба андеша рафт Таваккал Нозимов. – Камаш то як моҳ тӯл мекашад. Вобаста ба синну соли бемор аст.
— Набошад дар олами тиб мӯъҷиза рух додаст, духтур.
— Тинҷист, муаллим, фаҳмотар гап занед.
— Се-чор рӯз пеш писари муаллимаи математикаамон хабар овард, ки пои модараш шикастаасту ба кор омада наметавонад. Ҳатто бо имзои шумо варақаи беморӣ овард. Дилам ба ҳолаш сӯхту баъди саранҷом кардани баъзе корҳои таъҷилиам имрӯз ба хабаргириаш рафтам, ки дар хона нест. Духтарчааш гуфт, ки барои тиҷорат ба шаҳри Бишкек рафтааст. Рости гап, ҳайрон шудам, ки чӣ хел дар ин муддати кӯтоҳ пои шикаста сабзидасту ун пошикаста ба ин сафари дур рафтааст.
— Ҳа-а! – аз афташ, акнун ба умқи кинояҳои директор сарфаҳм рафта, маънидор мад кашид духтур. – Шукрона Комиловнаро мегӯед?
— Бале.
-Дӯстам, зиндагии муаллимон ба худатон мисли рӯз равшан. Чанд рӯз пеш ним соат дар кабинетам нишаста, зорию тавалло кард, ки сафар дораду агар илоҷ бошад, чанд рӯз дар мактаб набудани ӯро қонунӣ гардонам. Бар замми ин дугонаи янгаатон будааст, ӯро низ миёнрав кард. Қоғаз шарм намедорад, гуфта навишта додам. Бечора тӯй доштааст, баъзе камбудиҳоро буд кардан лозим, гуфт. Дилам сӯхт. Урфу одати мардумамон ба худатон маълум. Занатон ӯрус бошад ҳам, худатон фарзанди мусулмон, бояд фаҳмед.
— Қоғаз шарм намедорад, мегӯед? Бисёр ташбеҳи зебо, аммо мавқеаш ноҷо.
— Нафаҳмидам.
— Ба ҳоли бачаҳое, ки ҳар субҳ ба умеди дониш андӯхтан ба мактаб меоянд, дилатон насӯхт?
— Хайр, бачаҳо як ҳафта дарси физика нахонанд, ҳеҷ бало намезанад. То ҳамин вақт аз байни тоҷик ягон математики машҳур набаромадааст, ки акнун барояд.
Ҳарду лаҳзае хомӯш монданд.
— Муаллим, — суханашро идома дод Таваккал Нозимов, — ба сари бачаи намешудагӣ ҳазор муаллимро қатор қаровул монед ҳам, намехонад. Мешудагиаш бошад, бе муаллим ҳам ёд мегирад.
— Шумо, аз афташ, шаш сол дар Донишгоҳи тиббӣ бе муаллим дониш андӯхтаед, ки ин қадар бофаросотед, — киноя зад Фирӯз Назар
— …
— Чӣ хел виҷдонатон бардошт, ки як одами сиҳату саломата бемор баровардед, хиёнати ӯро қонунӣ гардондед. Албатта шумо низ мисли миллионҳо ҳамкасбонатон пеш аз ба ин касби пуршараф оғоз намудан тибқи анъанаи духтурон савганди Гиппократро ёд кардаед. Оё шарматон наомад?
— Э, муаллим, шумо ҳам мардак, бисёр заифнолӣ накунед. Аз пашша фил сохтан чӣ лозим! Аз ду – се рӯз набудани як муаллима осмон омада ба замин начаспидааст-ку! Ё дар набудани ун пошикаста ба системаи маорифу таълим футур рафт? Ба тухми муаллим қаҳт наомадааст, ягон каси дигар ба ҷои ӯ дарс додан мегирад.
— Хайрият, ки рӯзи мардум ба шумо барин духтуру вай барин муаллим намондааст. Аммо гап дар сари ҳақиқат, лафзи ҳалол, дилу нияти пок меравад. Инсона танҳо лафзаш ҳалол, гуфтаанд. Ин бори аввал нест, ки вай ба ҳар баҳона чорбозоргардӣ мекунад. Ёдам ҳаст, соли гузашта низ шумо, чӣ хеле ки худатон мегӯед, дилатон сӯхта, ба ӯ маълумотномаи қалбакӣ дода будед. Ҳарчанд пайхас кардам, чашм пӯшидам. Аммо ҳар кор ҳад дорад, ҷаноб. Агар ҳама мисли шумо ҷинояти якдигарро хокпӯш кардан гиранд, ҷамъият дар дарёи дурӯғ ғарқ мешавад. Наход шумо ҳаминро дарк накунед?
— Оҳиста, муаллим, мо шаш сол дар донишкада саргин начидем. Бисёр надонем ҳам, ба баъзе масъалаҳо сарфаҳм меравем. Ин қадар дӯғу пӯписа накунед, агар сутуни осмон бошед, сар диҳед, ба сарамон фурӯ резад. О, ба чор тангае ки шумо медиҳед, рӯзи муаллими бечора чӣ гуна мегузарад? Охир вай ҳам зинда дорад, мурда дорад, суру сӯг дорад, бачу кач, молу ҳол дорад. Гуфтам-ку шумо, ки худатон хӯи ӯрусӣ гирифтаед, мегӯед кори дунё ҳаминай. Аз урфу одати мардуми худ дур шудаед, муаллим, намедонед расму таомули халқи худатона!
— Ман намедонам?
— Ҳа, шумо. Агар медонистед, пайи як заифро рӯфта, ин қадар майдагапӣ намекардед. Мард шудан лозим, муаллим. Мардон аз паи гапи майда–чуйда намегарданд.
Фирӯз Назар аз қаҳр намедонист чӣ бигӯяд.
— Беҳуда худатонро азият надиҳед, муаллим, — фалсафаашро идома дод Таваккал Нозимов. Гуфтораш торафт оҳанги тамасхур мегирифт. – Кори дунё аз аввал ба ҳамин ранг буд. Кори давлат бе ману шумо ва ҳамон муаллимаи сарсахт низ буд мешавад. Бисёр ғам нахӯред, ки ба ягон касалӣ мепечед. Ин насиҳати ман ба шумо ҳамчун мутахассис, ҳамчун духтур.
Фирӯз Назар аз ин насиҳатхонии духтур оқибат инони сабр аз даст дод:
— Бемазза одам будаӣ ту! Ман гумон мекардам, ки порахӯр бошӣ ҳам…Э садқаи гап шавӣ! – Фирӯз Назар хост ба шаст гӯшаки телефонро ба ҷояш гузорад, аммо аз он тараф овози хирросии духтур ӯро аз раъяш гардонд.
— Ҳой, ту аввал одоби гап заданро ёд гир! Ҳоло дар ин ноҳия касе маро ту нагуфтааст, ки ту гӯӣ.
— Забони дузду ғар дароз, мегуфтанд, рост будааст. Агар ман туро ба суд дода, ҷиноятатро фош карда, дар байни мардум шармсор накунам, номамро мегардонам. Ҳамон мабалғе ки муаллима дар асоси маълумотномаи қалбакии ту мегирад, аз ҷайбат мерӯёнам.
— Аз дастат биёяд, санг кун. Ба суд муроҷиат мекунӣ, ба назди прокурору милиса меравӣ, ба куҷое хоҳӣ, рафтан гир. То имрӯз пишаки маро пишт мегуфтагӣ одам таваллуд нашудааст. Фаҳмидӣ!
— Мебинем.
— Дидан гир. Бо ҳамин дилсӯзиҳои ту хазинаи давлат бой мешавад. Аҳмақ! Ман аз гарданшахиҳои ту хабар доштам, аммо то ин дараҷа майдагап буданатро намедонистам.
— Ман майдагапам ё ту?
— Агар майдагап набошӣ, ду – се рӯз ба кор наомадани як заифро ин қадар овозаю дарвоза карда, гиребони маро мегирӣ? Ҳоло ист, ту ба шонаи ман сар шона накардаӣ, беадаб!
— Ту бесаводу порахӯр адабро аз куҷо медонӣ! Шабу рӯз дар ғами пур кардани рӯдаи ғафсат ҳастӣ, лаънатӣ!
— ӯҳ ноодам…. Ту аввал одоби сухангӯиро ёд гир, одами аз худат калонро ҳурмат кун, баъд дар бораи ҳарому ҳалол гап зан. Ман ҳайрон, чӣ хел мардум ба ту тарбияи фарзандони худро бовар мекунанд. Хайрият, ман писарамро ба мактаби дигар гузаронидам, — аз чи бошад, ки духтур таскин ёфта, овозаш паст шуд, — вагарна намедонам дар назди ту барин устод чӣ ёд мегирифт. Хайрият – э!
— Писарат  ҳам мисли худат як гӯсолаи рихин буд, дар муддати ҳашт сол,  ҳатто алфавитро пурра ёд нагирифт.  Ҳама аз рангу рӯяш безор буданд, мудом бо бесаводию авбошиаш номи мактабро доғдор мекард. Хайрият, ки каме раги инсониаш чунбиду шарм дошта рафт, вагарна ман худам ӯро пеш карданӣ будам.
Ҳамин вақт дари идора боз шуду ду нафар муаллим ворид шуданд. Фирӯз Назар оҳиста ба курсияш нишаста, гӯшаки телефонро гузошт ва то дер даст аз рӯи дилаш гирифта натавонист. Дар як дам муаллимони зиёде ҷамъ омаданд. Занги мактаб садо дод. Талабаҳо аз синфхонаҳо баромаданд, далони мактаб пур аз садо шуд. Дар печ – печи ин садоҳо таппиши қалби Фирӯз Назар, ки баръало ба гӯши худаш мерасиду қафаси синаашро зӯр меовард, пахш гашт. 
 Истироҳат
Духтури бемориҳои қалб Сафар Муқим рӯзи чорум буд, ки дар осоишгоҳ истироҳат мекард. Дар як палатаи наонқадар кушод ду нафар ҷой гирифта буданд. Дина ҳамхонаи ӯро мӯҳлати роҳхаташ ба охир расиду ба хонааш рафт. Алҳол кати вай холӣ буд.
— Ассалому алейкум, — овози касе риштаи хаёли Сафар Муқимро, ки дар кати худ дароз кашида буд, барканд. Вай аз ҷой нимхез шуда, ба қафо нигарист ва дар дами дар марди ношиносеро дар даст борхалтаи наонқадар калон дида, чанд лаҳза ба рӯи вай ба маънии «Ягон хизмат буд?» нигоҳи суолмез дӯхт. Вақте ки мард қадаме пеш монд, Сафар Муқим ба саломи ӯ ҷавоб дод.
Марди тахмин чил-чилу панҷсола ба утоқ ворид шуд.
— Агар хато накарда бошам, хонаи дувоздаҳ аст.
— Бале. Хато накардед.
— Биёед, шинос шавем. Номи ман Исроил.
— Бисёр хуб. Сафар Муқим, — дасти ба сӯяш дарозшудаи мардро гирифт Сафар Муқим.
Мард борхалтаашро назди кати холӣ гузошта, нишаст.
— Ба ман дар ин хона ҷой доданд.
— Бисёр нағз.
— Шароити ин ҷо хуб аст?
— Барои табобат мешавад.
— Ман дар умрам бори аввал ба истироҳатгоҳ омадам. Чанд сол боз меъдаам азоб медиҳад. Духтурон маслиҳат доданд, ки ақалан бист рӯз дар ин ҷо истироҳат карда, аз обаш шикамсерӣ бинӯшам. Мегӯянд, ки барои меъда фоида дорад.
— Дуруст, обаш малҳами ҷон.
— Мо, мардум, бародар якумр кор, зану рӯзгор, гуфта, саломатиамона бой медиҳем.
— Шумо чӣ кораед?
— Муаллими забон ва адабиёт.
— Аз роҳи дур омадед?
— Бале.  Аз Сангоб.
Сафар Муқим шояд хаёлан роҳро то Сангоб пеши назар овардан хост, ки чанд лаҳза ба андеша рафт. Исроил аз ин фосилаи ба миён омада ба тарзи худ рамуз гирифта, афзуд:
— Шумо ягон бор дар тарафҳои мо будед?
— Не, гузорам наафтидааст.
— Дар куҷо кор мекунед?
— Ман духтур, дар пойтахт кор мекунам.
— Оҳо, магар духтурон ҳам касал мешаванд?
— Онҳо ҳам одаманд, тани гарм бедард намешавад. Аммо ман бемор нестам, барои истироҳат омадам. Ҳар сол мураххасиамро дар ягон осоишгоҳ гузаронида, хастагии яксоларо мебарорам. Соли гузашта дар «Зумрад» будам.
— Ба шумо, шаҳриҳо,  ҳаваси кас меояд. Дар баробари кор кардан истироҳат ҳам карда метавонед. Аммо мо, қишлоқиҳо, умри азиза дар байни оғилу каҳдон, хоку лой, гову гӯсфанд  мегузаронем. Шабу рӯз аз паи ташвиши рӯзгор нафаҳмида мемонем, ки саманди умр ба марра расидаасту дигар илоҷи баргаштан нест. Масалан, умри ман ба таки панҷоҳ расиду чи хеле ки гуфтам, ба тамошои ягон шаҳр нарафтам, дар ягон ҷой дам нагирифтам. Баъзан алам мекунад, ки наход танҳо барои меҳнат кардан ба дунё омада бошам.
— Меҳнат кардан ягон ҷойи бадӣ надорад, — гуфт Сафар Муқим, ба оҳанги насиҳат. – Олимон мегӯянд, ки маймун дар натиҷаи меҳнат кардан ба одам табдил ёфтааст.
— Астағфируллоҳ гӯед, ҳамаи моро худованди бузург халқ кардааст. Маймунро низ ӯ маймун офаридааст.
Сафар Муқим, лабонаш моил ба табассум, суханашро идома дод.
— Дар баробари меҳнат истироҳатро низ фаромӯш накардан лозим. Барои чӣ давлат ҳар сол ба мо як моҳ рухсатӣ медиҳад? Барои он ки табъи дил истироҳат карда, нерӯи тӯли як сол дар кор сарф кардаамонро аз нав барқарор кунем. Ман ин гапро ба шумо ҳамчун табиб мегӯям.
— Гапатон дуруст, аммо ташвиши рӯзгор имконият намедиҳад. Чӣ хел фаҳмонам ба шумо, — гуфт Исроил ва аз ҷой хеста, борхалтаашро аз замин бардошта, болои мизи хурдакак, ки дар назди тиреза гузошта шуда буд, монд ва даҳони онро боз намуду аз дарунаш банкаеро гирифта, ба Сафар Муқим рӯй овард.
— Дар инҷо хӯрок медиҳанд?
— Албатта. Баъди ним соат ба ошхона меравем.
— Чӣ медиҳанд?
— Асосан хӯрокҳои парҳезӣ.
— Пеш аз омадан аз бозор ду килло гӯшти гӯсфанд харида, ба янгаам фармудам, бирён карда, дар банка гирифт. Биёед, якҷоя хӯрем.
— Шумо баҳузур, ман ҳозир ошхона меравам.
— Не, бародар,  ин хел намешавад. Ман хӯраму шумо нигоҳ карда шинед? Намешавад.
Исроил банкаи гӯштро болои миз гузошту аз дохили борхалта як фатири равғанин низ баровард.
Ҳарду шикамсерӣ гӯшту нон хӯрданд.
— Агар меъдаатон дард кунад, гӯшти бирён нахӯред, — гуфт Сафар Муқим, аз обдони шишагин ба истакон оби маъдан рехта, — зарар дорад. Умуман чизи бирён ва дерҳазмро ба даҳон нагиред, ба меъдаатон зӯр меорад. Хӯрдани ана ин фатири равғанин низ маслиҳат дода намешавад.
— Гапи бекор, — даст афшонд Исроил. – Дардро, ки худо дод, рӯзе шифояшро низ медиҳад. Дигар ҳама чиз – дорую дармон, муолиҷаю парҳез, — баҳонаю сабаб.
Сафар Муқим дигар ба андешарониҳои муаллим аҳамият надода, дар рӯи кати худ дароз кашид ва аз зери болишташ китоберо гирифта, ба хондан шурӯъ кард.
— Ин чӣ китоб аст? – пурсид Исроил.
— «Доғистони ман» — и Расул Ғамзатов. Хондаед?
— Не, бори аввал мешунавам. Номи муаллифаш тоҷикӣ… Расул номи нағз.
— О, бародар, шумо чӣ хел муаллими забон ва адабиёт, ки чунин як шоири номдора намешиносед.
— Ба худо бори аввал мешунавам. Вай тоҷик аст?
— Қандата зан! Доғистонӣ!
— А, мебахшед, ака, ман муаллими адабиёти тоҷик. Ҳатто дар донишгоҳ ба мо адабиёти доғистона наомӯзонданд.
— Айб аст.
— Ака, росташа гӯям, давраи донишҷӯии мо ба солҳои навад рост омад. Ба худатон маълум, ки он солҳо ҷанг буд, дарси дуруст ҳам нахондем.
— Ба ҳар ҳол ҳамин китобро хон. Бовар бикун, бисёр ҳам китоби нағз. Ман давраи донишҷӯиям хонда будам, дирӯз дар китобхонаи ин ҷо чашмам афтиду бо худ гирифтам, то дубора хонам.
— Дар бораи чӣ навиштааст?
— Аз номаш маълум-ку! Дар бораи ватанаш – Доғистон.
— Ака, ман ба шумо як гап мегӯям, хафа нашавед.
— Хӯш.
— Ҳар кас бояд ватани худаша дӯст дорад, таърихи халқи худаша омӯзад. Умри одамӣ кӯтоҳ аст, ба ҳамааш дасти кас намерасад.
— Ту ин китобро хон, баъд мефаҳмӣ, ки фарзанд бояд ватану миллати худро чӣ хел дӯст дорад.
— Ман бе хондани ҳамин китоб ҳам, медонам, ки ватанро чӣ тавр бояд дӯст дошт, — гуфт Исроил бо заҳрханда ва аз кисааш носхалта бароварда, ба кафи дасти росташ каме нос рехту чобукона онро зери забонаш партофта, илова кард. – Як каф хоки ватана кашида, кайф кунем. Намекашед?
— Не, — гуфт Сафар Муқим рӯй турш карда, — дар умрам ин гандагиро ба даҳон нагирифтам.
— Эҳ, ака, набошад аз як лаззати дунё бебаҳра мондаӣ. Носа кашад гулписар, тоза шавад мағзи сар, гуфтаанд.
— Агар ҳамун мағз набошад, чӣ?
Исроил гӯё луқмаи духтурро нафаҳмид, ки ҳеҷ чиз нагуфт.
Сафар Муқим низ дигар ба ӯ аҳамият надода, ба мутолиа машғул шуд. Исроил баъд аз се-чор дақиқа аз ҷой хеста, ба балкон баромад ва носи даҳонашро ба поён туф карда баргашту аз нав ба тахтаи пушт дароз кашида, гуфт:
— Ака, ман дар ин ҷо кайфу сафо карда, истироҳат дорам, аммо мавсими каҳу ғалла мегузарад. Зимистон бузу гӯсфандон ва як гову хар онаи зорама нишон медиҳанд
— Нафаҳмидам.
— Ҳозир аз балкон дидам, ки як нафар аз сари баландии шафат ду хар хас буд ё коҳро пеш-пеш карда, нишеб шуд. Ман як моҳ пеш аз хона баромада будам. Бист рӯз дар беморхонаи Душанбе хоб кардам. Баъди муолиҷа духтурон маслиҳат доданд, ки дар ҳамин осоишгоҳ бист рӯз дам бигирам. Каме пул доштам, ба акаам, ки дар донишгоҳ дарс мегӯяд, додам, хеле давутоз карда, як роҳхат ёфта дод. То бист рӯз дар колхози мо мавсими дарав ба охир мерасад. То ман баргашта ба хона меравам, ки дар саҳро як дандонков ҳам хас намемонад. Мардум лесида, тоза мекунанд… Ин зимистон рӯзам мезояд.
Исроил шояд як даҳон сухани тасаллибахши Сафар Муқимро интизор буд, ки чанд лаҳза аз рӯи вай чашм наканд. Аммо Сафар Муқим аз китоб чашм набардошт.
— Беҳуда ман гапи ҳамон духтура гирифта ба ин ҷо омадам, — гуфт худ ба худ Исроил. – Бояд рост хона мерафтам. Ҳай дареғ, вақт беҳуда меравад. Ака, ман метавонам пули роҳхатамро баргардонида гирам?
— Намедонам, — гуфт Сафар Муқим, аз болои китоб сар бардошта.
— Хато кардам. Беҳуда ба воҳимаи духтурон бовар кардам.
Исроил аз ҷой хеста, балкон баромад ва баъд аз чанд дақиқа баргашта, рӯи кат дароз кашиду аз Сафар Муқим, ки ҳамоно машғули китобхонӣ буд, чашм наканда, гуфт:
— Дар он ҷо мавсими каҳу дон мегузараду шумо бошед, мегӯед, ки ин китоби нағза гирифта хон. Тавба!
 Ҳамсояҳо
Дина рӯзи дароз борон бориду қарибиҳои  пешин ба барф мубаддал гашт ва тамоми шаб борид. Аммо он заминро сафед накарда, об мешуд ва роҳ гаштанро  дар роҳравҳо  мушкил мегардонд.
Мӯйсафед аз балкони   оинабандии хонааш, ки  тирезаҳои он  ба ҳавлии  начандон  кушод  боз мешуд, ба берун  менигарист. Ҳарчанд мӯйсафед мудом  ришашро  тоза тарошида, шиму костюм пӯшида мегашт, умраш ба ҳаштод дакка мехӯрд. Вай дар ҷанги   дуюми  ҷаҳонӣ  се маротиба  маҷрӯҳ шуда, аз  кӯраи оташу тир гузашта, тани   пурҷароҳаташро  кашолакунон  бо сари баланд ба Ватан  баргаштааст. Баъд аз ҷанг то дирӯз дар донишгоҳ  ба шогирдон сабақ медод.
Мӯйсафед аз қадамзании ҳамсояҳо, ки яке аз бино берун шуда, думболи  кори хеш мерафту дигаре  дар дасташ  борхалта аз кӯча меомад ва аз зери  пояш барфи тар ба ҳар тараф пош мехӯрд, ғашаш омада, зери лаб ғур-ғур кард:
«Пирияш он қадар чизе набудааст, одам ҷавон равад, беҳтар: на азоб мекашаду на хорӣ мебинад. Солҳои ҷанг бо фашистон аз сармои  чилдараҷа миҷҷаамон хам намехӯрд. Аммо ҳозир… аз берун баромада, то дорухона рафтан  метарсам. Эҳ дунё, дунё!»
Дар сараш ҳамин гуна фикрҳою дилаш  андаке хиҷил  мӯйсафед баргашта ба хона  даромаданӣ буд, ки чашмаш ба ҷавони тахмин  шонздаҳ–ҳабдаҳсола афтод, ки дар даст табар ба дарахти  чанор наздик мешуд. Мӯйсафед аз раъяш гашта, боз назди тиреза омад. Ҷавон беибо ба танаи дарахт табар андохт.Зарбаҳояш чандон сахт набуданд ва танаи дарахт каме параха ҷудо мекарду халос. «Кош тезтар мебурид,- пичиррос зад мӯйсафед, аз ҳар  зарбаи табар, гӯё ба тани  худаш расида бошад, ларзида. – Чаро ин ҷавонмарг  намешавад, чаро ӯро худо  намезанад? Худоё, ин чӣ рӯзи сахт аст!»
Мӯйсафед чанд лаҳза дар панҷаи ҳамин гуна  хаёлот  печида, дигар  тоқат  накард ва ба  қаҳр  тирезаро  кушода, гуфт:
— Ҳай илоҳо  дастат шиканад, умри ту низ мисли ҳамин дарахт дар сарсабзӣ бурида шавад!
Ҷавон гӯё ин лаҳзаро  чашмдор буд, ки  аз табарзанӣ истода, гуфт:
— Даҳонатро пӯш, коммунисти беимон! Чанд рӯз боз хап будӣ, боз ба гап даромадӣ, а! Эҳтиёт  шав, ки ин дафъа  хонаатро  оташ мезанам.
Чанд нафар ҳамсояҳои   ҳангомаҷӯй аз  тирезаҳои   худ сар бароварда, гӯш ба қимор  шуданд. Ду-се нафар роҳгузар низ бозистода, ба мӯйсафеду ҷавон чашми   кунҷковона дӯхтанд.
— Мӯйсафед бошӣ, худою расул, гуфта дар  хонаат бишин. Чаро ба ҳар кор кордор  шуда, худатро  беобрӯй мекунӣ, — гуфт ҷавон ва бо зарда ба бехи дарахт табар зад. Табар яқин  ба ягон чашми дарахт расид, ки  лағжида қариб буд, ба соқи пои ҷавон занад.
— Бо арра бур, — гуфт касе аз ошёнаи  сеюм. – Чӯби он сахт аст, азоб мекашӣ.
— Агар табар ба поям мерасид, қабри ту, мӯйсафеди касофата, мекандам, — гуфт ҷавон табарро ба замин гузошта.
— Кошкӣ дасту поят мешикаст…
Мӯйсафед ва ҷавон  тую мангӯии  худро ба охир нарасонда, аз даромадгоҳи  бино марде дар тан ҷомаи   велюр  ва дар сар телпаки  аз пӯсти  сагобӣ берун баромад.
— Ҳа, чӣ гап, писарам? – пурсид вай аз ҷавон.
— Мӯйсафеди  ҳамсоя боз ғур-ғур дорад.
— Чӣ мегӯяд?
— Набур… ҳамон гапҳои кӯҳна… маро  дуои бад мекунад.
Мард ҷангҷӯёна  ба балкон наздик шуд.
— Ҳа, мӯйсафед, боз чӣ дардат гирифт!
— Охир набуред дарахтора. Аввал ба дасти худатон як бех ниҳол шинонед.
— Ҳамин дарахтора  ту шинондӣ?
— Ман худам танҳо нашинондам. Вақте  ин биноро  ба истифода доданд, ҳамроҳи  ҳамсояҳо, ки имрӯз қисми зиёдашон дар қайди ҳаёт нестанду қисми дигар ба дигар маҳаллаҳо кӯчида рафтанд, якҷоя шинондем. Ин гирду атроф қамишзор буд, мо ба чӣ азобҳое ин дарахтонро ба воя расондем, шумо бошед мебуред.
— Мо инро ҳезум карда, намефурӯшем-ку? Барои нон пухтан даркор.
— Нон дар  магазин пур, рафта харед. Давлат қатор–қатор  магазина барои чӣ сохтааст. Бозор низ аз нон лаб-лаб.
— Мӯйсафед, ман мисли ту бенамоз нестам, ки нони магазина хӯрам. Кӣ медонад, онро чӣ хел мепазанд, дасташон ҳалол аст, ҳаром аст… Мо авлод аз хурдӣ нони танӯрӣ хӯрда одат кардаем. Баъд ин ки ту бо кампират як сари қоқ доред. Аммо дар оилаи ман, шукри худо, ҳашт сар хӯранда, бар замми ин ман одами  меҳмондор. Магар онҳоро ба нони  харида сер карда мешавад.
Мӯйсафед аз дастакзаниҳои  мард ба шӯр омада, гуфт:
— Дар тамоми дунё мардуми мусулмон, уламою шайхҳо аз нони магазин хӯрда магар  ягон ҷояшон кам шуд, ё имонашон  суст гашт, ки акнун  ту, нимчамулло, аз он ҳазар мекунӣ?! Ту дилсиёҳи қаллоб ҳарому ҳалолро аз куҷо медонӣ! Магар  дарахти   сарсабзро  буридан  гуноҳ нест? Оё  ҳамон луқмаи  ноне, ки  аз тафси  як ниҳоли сабз пухта мешавад, ҳалол аст? Аз худо  наметарсӣ!
Мард чанд лаҳза аз мӯйсафед, ки шояд аз ғояти  асабӣ шудан берабт даст меафшонд, чашм  наканда, бо истеҳзо гуфт:
— Вақти мурданат, ки наздик омад, худоро ёд мекунӣ, а! Чанд сол пеш  галстуки гарданат  се метр  аз савлатат дар пешат шишта намешуд. Аммо имрӯз худою  расула ёд мекунӣ, одамонро  ақл ёд медиҳӣ. Э қандата зан, мӯйсафед.
— Ба галстукбандии ман кори ту набошад. Хоҳам ҳозир ҳам  мебандам. Аммо ба имони   ман шак набиёр. Рост, мисли ту   намоишкорона ба масҷид намеравам, дар давраҳо  донам-надонам бемаврид аз худою расул гап намезанам, аммо намоз мегузорам, дар роҳи худ ростам, тамоми умр луқмаи  даҳонам ҳалол буд.
— Чӣ, луқмаи даҳони  мо ҳаром аст?! Гапатро хоида зан, мӯйсафед… Агар  ту худоро  шиносӣ, наход барои  чанд дарахт бо як  бандаи мӯъмину мусулмон  даст  ба гиребон шавӣ. О  вай ҳоло бача, аз даҳонаш бӯи  шир меояд. Айбу шарма намедонӣ? Магар муаллим то ҳамин дараҷа бефаҳму беоқибат  мешавад? Ман ҳайрон, ту бо ҳамин  ақли кӯтоҳат чӣ хел фарзанди мардума дарс медиҳӣ?
Мӯйсафед ҳайрон ба мард менигарист.
— Одамгариро фаромӯш накардан даркор, домулло, — каме овозашро паст карда, насиҳатомезона  суханашро идома дод мард. – Хайр, маро эҳтиром накардӣ, чанд сол боз ҳамсоя ҳастем, хотири нону намака наандешидӣ? Магар  ҳамсоядорӣ ҳамин хел мешавад!?
— Ин бори аввал нест, ки писари ту  дарахтҳои ин ҳавлиро мебурад. Умри ману  кампирам ба ҷое расид, имрӯз ҳастем, пагоҳ  мебинӣ, ки нестем. Бачаҳо аз пайи ризқу рӯзӣ  ба чор тараф парешон шуда рафтанд. Аммо ту бо бачаҳоят инҷо зиндагӣ мекунед, шумо аз ин  ҳаво нафас мекашед. Чаро ба ҷони худатон  раҳматон намеояд.
— Бобою бобокалонҳоямон  дар чӯлу дашт бе дарахт нафас кашиданд, намурданд. Табиатро ҳифз кунед, агар дарахт  набошад, одам аз  чангхӯрӣ мемурад… Ҳамааш сафсата, гапи  беҳуда. Мо дар даруни чангу хок  калон шудем. Оби лойро ҳам нӯшидем, як умр меваи ношустаро  хӯрдем, намурдем-ку! То ҳол  буққаро  ба тахтапушташ ба замин мезанам. Думи аспа меканам-э, мӯйсафед!
— Падар чӣ гуна – писар намуна, гуфтаанд, — мӯйсафед  бо надомат сар ҷунбонд. – Фаросати ту ба ҳамин миқдор бошад, аз писарат чӣ гила… Хайр, ихтиёратон, гандагиатонро атола карда хӯред.
— Ба даҳонат нигоҳ карда гап зан, беимон. Эҳтиёт шав, агар хоҳам, туро дар як рӯз раъди маърака мекунам. Одамон бо ман вохӯрдӣ кунанд, тоқиашонро  ҳафт бор  ба ҳаво  мепартоянд. Сӯҳбат  кардан он тараф истад, дар орзуи  як бор доштани  дасти ман ҳастанд.
Ҳамин вақт занаки фаррош, ки ҳар субҳ гирду атрофи биноро  мерӯфт, дар даст  ҷорӯб ба онҳо наздик  шуда, чанд  қоғазпораю дигар майда чӯйдаҳои  гирду атрофро ҷамъ карда, ба  сатили дар дасташ буда андохт. Ҷорӯбаш дар сари  чӯби  якунимметра  сахт карда шуда буд. Вай аввал чанд дақиқа  ба суханҳои   мӯйсафеду мард гӯш андохта, ба асли моҷаро  сарфаҳм рафт ва баъд назди онҳо омад.
— Э додар, якта намонда ҳамаша бибур, — гуфт вай ба ҷавон рӯй оварда. – Ҳамин сол  бо духтарам  аз баргрӯбӣ безор шудем. Ин  мӯйсафед гуфтан мегирад. Агар  як бор ун духтари   мӯйбуридаю  доманкӯтоҳашу кампираш  мисли ману духтарам  субҳи содиқ ҷорӯб кашанд, баъд мефаҳманд кору  гапи дунёро. Якто намонда қир кун!
Пеши чашмони мӯйсафедро пардаи  сиёҳ гирифт ва вақте бори дуюм дилаш сих зад, аз тарси он ки пуштнокӣ наафтад, оҳиста бо ду даст  пештахтаи  тирезаро дошт. Ва дар   ҳамин  ҳолат чанд лаҳза мисли  ҳайкал  ноҷунбон истод. Марду зан ҳамоно  ба ӯ ишора  карда, чизе мегуфтанд, аммо вай ҳеҷ чиз намешунид. Фақат  аз паси пардаи  сиёҳ базӯр  медид, ки лабони онҳо меҷунбанд. Гӯшҳояш ба тамом қулф зада буданд ва беист садо дармедоданд. ӯ ба як азоб, такя  ба пештахтаи тиреза  карда, рост меистод, то дар пеши назари   ҳамсояҳо наафтад. Ҳарчанд оҳиста-оҳиста  ҳушаш мерафт, вай ба алам  аз дил гузаронд, ки «Ҳай дареғ, панҷ сол бо фашистон бардору зан карда, ғолиб омадаму оқибат  аз заҳри   забони ду-се ҳамсояи тирамағз мағлуб шудам».
— Боз бо ҳамсояҳо ҷанг кардӣ! — овози кампираш, ки дар ошхона ҷунбуҷӯл  дошт, баланд шуд. – Охир туро мекушанд онҳо. Чанд бор ба ту гуфтам, ки ба онҳо кордор нашав, бало ба паси чор  дарахти пӯсида. Ману ту якрӯза ё дурӯза умр дорем, меравем.
— Наметавонам, — гуфт бо овози  нимшунавою хирросӣ мӯйсафед. – Чаро… онҳо…ш-ар-м намедоранд?
Кампир аз ин овози  ноошно  алағда шуда, ба балкон баромад. Мӯйсафед  аз тарси он ки  дар пеши назари ҳамсояҳо пуштнокӣ наафтад, сандуқи  синаашро  ба пештахтаи  тиреза ҷафс карда, рост меистод.
Аз ҳавлӣ ҳамоно овози  мард меомад, ки  ба зани фаррош мегуфт:
— Э садқаи одамгарӣ  шавад ин беоқибат. Наход ҳамсоядорӣ ҳамин  хел шавад, а! Аз дасти ин беимон рӯз надорем-э! Садқаи гап шавад, аз корат  намон.
Баъд аз чанд лаҳза аз нав садои табар  баланд шуд: Тақ! Тақ!Тақ!
Ин садоҳоро  мӯйсафед дигар намешунид.  
 Кафан киса надорад
Искандар Умар  аз таъсири сармои сахт  ба худ омад ва чанд лаҳза ба зӯр  ҳушашро ҷамъ оварда, хост бифаҳмад, ки дар  дар куҷо хоб аст. Аммо ин кор ба вай муяссар  нашуд. Сараш мисли хонаи пур аз  занбӯр ғиззас  мезаду гӯшҳояш  беист садо  дармедоданд. Ба болои ин ҳарчанд кӯшид, пилки  чашмҳояш кушода намешуданд. Ҳамин   минвол чанд дақиқа гузашт. Дар ин байн  Искандар  боз як бор  аз ҳуш рафта, аз нав ба  худ омад ва оқибат ба  азоби алим чашм  кушода, худро  дар як хонаи деворҳояш сап- сафед ва дар болои “кат”-и  мармарин хобида дид. Хона он чунон сард буд, ки Искандар таъсири сарморо дар мағз — мағзи  ҷисму ҷонаш эҳсос кард. Тахмин даҳ  қадам дуртар аз худ чорчӯбаи дар ва суроби  ду нафарро дид, аммо аниқ карда натавонист, ки он сиёҳии мард аст ё зан. Дере нагузашта он ду суроб ба вай наздик шуданд.
— Ҳай Искандар, Искандар, — гуфт яке  аз онҳо даст ба кисаи  пиҷаки ӯ андохта. — Охир аз дасти гарангию баднафсиат ҳаром мурдӣ.
— Ҳамсояам мешавад, гуфтӣ, а? — пурсид ҳамроҳи ӯ.
-Ҳа, ҳамсояам.
-Одами бад буд?
-Бад ҳам гап, гӯлу гаранг буд, аммо  нафсаш … Осмон ба замин омада часпад ҳам, бепул як нӯги симро  ба дигараш намепечонд. Имрӯз низ шояд аз баднафсӣ ба ягон сими  хавфнок часпидааст, ки барқ зада, ҷо ба ҷо  пой дароз кардааст.
Искандар Умар  баъд аз чанд лаҳза  гӯшу ҳуш доштан овози  ҳамсояаш Толибро  шинохта, яқин кард, ки вай дар мурдахонаи   бемористон  хоб аст. Зеро Толиб дар ҳамон ҷо  кор мекард.
Пагоҳӣ Искандар мисли ҳаррӯза  назди бозор рафт, ки одатан мардикорон он ҷо  ҷамъ шуда, одами корфарморо  интизор  мешаванд. Дере нагузашта як марди  хушлибоси  қоматбаланд аз мошини  бадвоҳимае  берун  шуда, садо кард:
-Ягон устои барқ аст?
Искандар, ки ҳамин  ҳозир омада буд, аз чунин  барор гирифтани кораш  як қад парида  аз ҷой хесту  борхалта дар даст назди мошин ҳозир шуд.
-Монтаж карда метавонӣ? — пурсид мард.
-Албатта, ака.
-Бишин! — гуфт мард ва дохили мошин  шуда, моторро ба кор андохт.
Онҳо ба гӯшаи   дигари шаҳр рафта, дар назди  як бинои   дуошёнаи  ҳоло  нотамом  истоданд. Мард Искандарро ба ҳавлӣ раҳнамун  шуда, фармуд, ки ба бинои навсохт  хати  барқ оварда, онро пурра монтаж кунад. Вақте ки музди корро гапзанон карданд, бо  супориши  мард як нафар ҷавони  зардина  Искандарро ба таҳхона фароварда лавозимоти  барои монтаж заруриро  нишон  дод. Искандар  баъд аз тағйири  либос кардан банди симро  ба гарданаш ҳамел андохта, болои симчӯб  баромаду хост сими  дар дасташ бударо  ба хати асосӣ пайваст кунад. Аммо як  ҳаракати беҷо сабаб шуду ӯро барқ зад.
Дигар ҳеҷ чизро  ёд надорад. Маълум  мешавад, ки баъд аз барқ задан ӯро мурда  ҳисобида ба мурдахонаи бемористон овардаанд.
-Дуздӣ намекардааст, ба меҳнати ҳалол пул  меёфтааст, — гуфт мард ба Толиб. — Ин  ягон ҷои бадӣ надорад. Ҳозир кӣ бе пул  кор мекунад? Агар ба кӯдаки  ҳамсояат  як пиёла об биёр, гӯӣ дастатро нигоҳ мекунад, то ягон  чиз ваъда надиҳӣ, аз ҷояш намеҷунбад. Айби  замона, сахт аст рӯз гузаронидан.
— Ҳама кор ба эбаш.
— Дар куҷо кор мекард ҳамсояат?
— Ҷои кори аниқ надошт, дар дари ҳар кас  мардикорӣ мекард, — бо оҳанги танофур ҷавоб дод Толиб.
— Магар  худи ту  бепул дастатро  ба оби хунук  мезанӣ? Агар  соҳиби мурда ду-се  танга  диҳад, ҷасадро пуштора  карда то мошин  мебарӣ. Аммо мурдаи бесоҳибро пеш-пеши по мезанӣ.
-Ман мурдабон, мурдакаш не-ку — ба оҳанги   ранҷиш гуфт Толиб. — Баъд… ман  нафаҳмидам, ту чаро ин қадар ба ман часпида, худатро  мусичаи  бегуноҳ гирифтаӣ. Банда чор тангаи  меёфтагиамро  ба зану бачаҳоям мебарам, аммо  ту ба сари  шишаи арақ мезанӣ. Номусулмон! Ин язнаат -ку  нест? — бо кароҳат ба ҷасади   Искандар ишора карда, гуфт Толиб ва  аз ҷайби пиҷаки вай дастрӯймолу калид ва пулҳояшро  берун овард. Баъд  дастрӯймолу  калидро  ба ҷояшон гузошта, пулҳоро шумурд.
— Ту чӣ кор мекунӣ? — пурсид ҳамроҳаш.
— Акнун ба ин бечора  дигар пул чӣ даркор? Ба ғайр аз чанд метр кафанворӣ  ҳеҷ чиз лозим нест ба вай. Кафан бошад, киса надорад, ки пулҳояшро  андозад… Лекин агар кафан киса медошт, одамон ду-се баробар зиёдтар гургию дуздӣ  мекарданд. Хайрият, медонанд, ки ба он дунё  дасти  холӣ мераванд… ин каме дами  нафсашонро  мегирад.
— Ин гапҳоро танҳо  дар китобҳо  менависанд. Аммо дар зиндагӣ… гурганд одамон. На парвои   ун дунё доранду на оташи дӯзах. Серӣ надорад чашми одамизод, ҳарис аст ва оқибат ин  ҳарисӣ ӯро дилкашол ба хок мебарад.
— Мисли ана ин ҷӯраи мо.
— Рости гап, намедонам ин чӣ хел одам буд,  аммо аз чеҳрааш  — ҳарчанд рангаш паридааст,  одами бад наменамояд.
— Ман туро нафаҳмидам.
— Хайр, чӣ кор кунам, ки дурӯғ гуфта наметавонам.
— Дурӯғ  гуфта наметавонӣ?! — гуфт Толиб ва ба нигоҳи ҳайратомези ҳамроҳаш аҳамият  надода, пулҳоро як-як шумурд ва байни онҳо  чанд коғазро  ҷудо карда, ба вай дароз кард.
— Бигир, ба арвоҳи ин гаранг сад грам мезанию дуо мекунӣ.
Мард хомӯш пулро  гирифта ба кисааш  андохт.
— Худатро сӯфӣ метарошию аммо аз пули сабил рӯ намегардонӣ, а?
— Хайр, чӣ кор кунам, бе ин зормонда рӯз  гузаронида намешавад. Маоши мо ба худат  мисли рӯз равшан. Як марди доно  беҳуда  нагуфтааст, ки дунёро ишқ ва гуруснагӣ идора  мекунанд. Ба умқи ин гапҳо  сарфаҳм рафтӣ?
— Ман ба ин хел гапҳо чӣ кор дорам, — гуфт бепарвоёна Толиб. — Лекин… дар бораи гушнагӣ  рост гапат. Гушна бо шер  дармеафтад, мегуфт падари раҳматиам.
— Ба ҳар ҳол  кори хуб нашуд, — гуфт мард, пулҳоро аз кисааш бароварда, — ин ҳам зану  фарзанд доштагист. Биё, нисфашро  баргардонда ба кисааш  андозем. Ким чӣ хел…
— Э гаранг, парво накун. Акнун ташвиши зану  духтари ин  бадбахт  дар гардани ин акаат. Ёд  дорӣ, дар бораи як бева нақл карда будам… зани  ана ҳамин даюс аст вай.
— Кадом бева?- нафаҳмид мард.
— О, гуфтам-ку як маъшуқа дорам.
— Ҳа-а. Ҳамсояам гуфтӣ, а?  Барои ҳамин ту   имрӯз ин қадар  хурсанд. Э ту бало!
— Худо диҳад, намепурсад, ки бачаи кистӣ. Акнун, ҷӯраи ҷон, мо мисли партизанҳо аз  пинҳонкорӣ  халос шудем. Зинда бод озодӣ!
— Муборак шавад, муборак шавад.
Ҳарчанд чашмони  Искандар пӯшида буду раг намезад, ҳис мекард, ки онҳо якдигарро ба оғӯш  гирифтанд.
“Ана гап дар куҷо, — бо алам аз дил гузаронд Искандар. — Гапи мардум ҷон доштааст. Ун қанчиқ бо ин зоташ паст ишқварзӣ мекардаасту  ман бовар намекардам”.
Ҳарчанд шунидани  суханони таҳқиромези  ҳамсоя чун корд ба устухонаш мехалид, Искандар  наҷунбид. Вай мехост аз даҳони ифлоси  ин худобехабар маълумоти зиёдтар гирад. Толиб  бошад, аз ин бехабар даҳони таърифро фарохтар кушод.
— Ту зани  ин гаранга надидӣ, агар бубинӣ  ҳатман ошиқ мешавӣ. Ҳайфи занак, чанд сол боз дар оғӯши бӯгини  ин ландаҳур умраша  хазон кард… Зан не, парӣ! Он қадар зебо, фаттон, дилкаш… аммо  ҳиллагар. Шайтонро  бе нӯхта дар сутуни  хонааш мебандад. Барои   бо ман вохӯрдан як корҳое  мекунад, як  ҳиллаҳое ба кор мебарад, ки ақли одам  намегирад. Агар нисфи шаб  ҳуштак кашам, аз бағали ин  ландаҳур чӣ хел берун  мешуд, нафаҳмида  мемонд. Тӯба! Агар зан мардро дӯст дорад,  аз бало ҳам наметарсидааст. Воқиан, ман  ба вай занг задам, ҳамин замон расида меояд. Боз дида аз ҳуш наравӣ, — бо табассум  суханашро  хотима дод Толиб.
Тақрибан баъд аз ним соат як зани  қоматбаланди зардина, синаҳояш дамида,  чашмони калон-калони  кабудаш фаттон, мижгонҳои   яқин сурмазадааш  рахшон аз дар даромад.  Баробари ворид шудани  вай долонро бӯи хуши  атр фаро гирифт.
Вақте ки зан ба мурдахона сар халонд, Толиб  дарҳол аз ҷой хеста, ҷониби вай рафт:
— Азизакам, таъзияи маро қабул кун. Бандагӣ,  одам миранда аст, — гуфт вай, дасти занро  дошта. Дар кунҷи лабони зан  як табассуми   ноаён рух намуду дарҳол нопадид гашт. Вай  ба марди дигар нигоҳи озмоишкорона дӯхта,  болои сари шавҳараш омад ва чанд лаҳза  ноҷунбон истод.
— Шинохтӣ? — пурсид Толиб.
Зан ҷавоб надод.
— Рав, аробаро биёр, — гуфт Толиб ба мард.
Вақте ки мард аз дар  берун шуд, Толиб  аз қафо миёни занро  оҳиста оғӯш карда,  дар бехи гӯшаш пичиррос зад:
— Озодӣ муборак!
— Айба намедонӣ, — бо карашма дасти  Толибро  аз миёни худ гирифтан хост зан. — Ба ҳар ҳол одам мурдааст.
— Ой, ой, — миёни занро  сахттар оғӯш кард Толиб. — Ин шумо, ё ягон зани дигар?
— Боз ягон зани дигар ҳам, ин ҷо меомад, чӣ? — гуфт зан ба ноз ва ақиб гашта дастонашро  ба гардани Толиб ҳалқа андохт…
Ҳамин тавр дар долон ғирев бархост. Зан  овози додаршӯяшро шунида, зуд дасташро  аз гардани Толиб   гирифт ва баргашта ба сари ҷасади  ҳамсараш хам шуда, аввал паст-паст ва баъди ба хона ворид шудани  додаршӯяш  бо тамоми қувваташ овоз андохт:
— Вой офтоби тори  сарам, маро ба кӣ  партофта рафтӣ! Вой чароғи  хонадонам, ман акнун ин сари   сахтамро ба кадом санги сиёҳ занам! Сағираҳои туро чӣ хел  саробонӣ кунам, эй вой дод!
Занак ба ҳамин оҳанг  доду войкунон  сарашро ба сандуқи  синаи шавҳараш  гузошт.
— Баландтар — ғурингид ногаҳон  Искандар.
Зан лаҳзае ором шуда, ноаён ба рӯи  шавҳараш  дида дӯхт ва ӯро дар ҳолати   аввала дида “шояд ба назарам намуда бошад”, гӯён  навҳаашро идома дод.
— Бачаҳо дадем ку, гӯянд ман чӣ ҷавоб диҳам, э…
— Ҳозир меояд гӯй, — боз зери лаб пичирос  зад Искандар.
Ин дафъа зан сар бардошта чанд сония  аз рӯи шавҳараш чашм наканд. Искандар  низ тоқат накарда, оҳиста чашмонашро боз намуд ва ба занаш чашмак зад. Зан  қоматашро рост гирифта, хост гиребон дорад, аммо ҳарду гиребони  куртаашро  ба чанг  наоварда мисли  дарахти  решаканшуда  гурсосзанон рӯи фарши кошинкоришуда афтид.
Толиб аз ин зарбаи  ногаҳонӣ лаҳзае худро  гум кард ва баъд чанд қадам монда, сари  занро  аз замин бардошта, рӯи зонувони худ  гузошт.
— Муҳаббат! Муҳаббат! — гуфт вай  ба чакаҳои зан  оҳиста зада. — Об биёред, об! Чаро  мисли ҳайкал рост истодӣ? Рав, ба вай гӯй, ки об биёрад.
Исмоил, ки то ин вақт  чизе нафаҳмида рост  меистод, тозон берун баромад.
— Ҳозир, азизам, ҳозир, каме тоқат  кун. О артисти ҳам  бо эбаш… гузарондӣ…
Искандар каме ба дасти чап гашта, сари  Толибро, ки  бо дастрӯймол  Муҳаббатро шамол медоду дасти дигарашро  ба кати мармарини Искандар  такя дода буд, оҳиста сила кард. Толиб аввал  чизеро пайхас накард. Аммо вақте ки Искандар  ин амали худро дубора  такрор кард, ба ақиб  нигариста, “мурда”-ро зиндаю  дар ҳолати каҷпаҳлӯ  задан дид, сари Муҳаббатро аз даст раҳо  карду ба даҳан зад.
Исмоил ва он мард дар даст дӯлчаи   об пасопеш  ба мурдахона ворид шуданд. Аввал  манзараи рӯи фаршро дида ҳангашон канд. Вақте Искандар аз ҷой нимхез шуд, дӯлча аз дасти  мард афтид ва вай қафо гашта, ба берун давид. Исмоил  бошад, на ёрои гап задан дошт, на ҳаракате кардан метавонист.
Искандар чанд лаҳза ба ҷасади  беҳаракати занаш ва Толиб  нигоҳи гунг дӯхта, гуфт:
-Тавба! Дар ин дили тарсу чӣ хел  ду муҳаббат ғунҷида бошад, а?!
 Духтур ва мулло              
   Кампири Соро ду сол боз дард мекашид. Ҳарчанд дар чандин беморхонаҳо табобат гирифт, аммо духтурон илоҷи муолиҷаашро наёфтанду дард тани ӯро тарк намекард. Гоҳо андаке чеҳрааш кушода мешуд, табъаш болида мегашт ва каму беш ба ғизо майл мекард, аммо боз якбора тафси баданаш ба чил дакка мехӯрду оҳу воҳкунон дар ҷогаҳ дароз мекашид. Духтури маҳалла Заррина Қосимова ҳар ҳафта, агар кораш бисёр бошад, дар ду ҳафта як бор дари ҳавлии кампирро мекӯфту аз ҳолаш хабар мегирифт ва ба гуфти худи кампир як қопча саволҳои нимрусию нимтоҷикӣ дода, як даҳон гапи ӯро чени як варақ дар дафтараш навишта мерафт.
— Ношукрӣ нашавад, аммо аз омадани ҳамин тик-тикак чӣ фоида, — шикоят мекард кампири Соро ба ҳамсояҳо. – Аз вай калонтарҳош решаи дардамро наёфтанду магар ин меёбад? Аз афташ, ин бечораро низ маҷбур мекунанд, дигар чора надорад. Росту дурӯғ варақи сафедро барои фиреби назари калонҳояш сиёҳ мекунад, то ҳамун чор тангаи зормондаро беминнат диҳанд.  Аз омадани ӯ сари мӯй ягон фоида нест. Шукронаашон фарзандон барои тоқии худашонро ба замин назадан духтур ҷеғ мезананд, ба дили ман монанд, чор рӯз худо гӯяму шинам… равонаам, аспам зин задагӣ.
Алалхусус рӯзҳои охир кампир, шояд оқибати худро рушан медид, дигар ба гапи фарзандон, ки мехостанд ӯро аз нав дар беморхона бистарӣ кунанд, мутлақо розӣ намешуд.
— Безор шудам, бачем, — мегуфт вай ба писараш Аҳрор, — дигар на рӯи духтурхонаро дидан метавонаму на тоқати сӯзандоруро дорам. Шарм ба рӯи ту дар баданам ягон ҷойи обод намонд, аз сӯзани духтурҳо ғалбер шудагӣ. Ба ҳолам мон, чанд рӯзе дар насибам бошад, дар назди набераҳоям ором гузаронам, аз рӯю бӯяшон сер шавам.
— Оча, ҳамин гапҳо чӣ даркор, банда ба умед — шайтон ноумед, гуфтаанд. Магар худатон моро чунин сабақ надода будед!
— Дуруст. Аммо, бачем, паймонаат, ки пур шуд, ба рӯзи кӣ ҳам зиндагӣ мекунӣ. Ман ноумед нестам, аммо вақтҳои охир дилам гувоҳӣ медиҳад, ки вақту соаташ расид, нафаси шуми онро баръало ҳис мекунам. Шукр, ҳамаатонро хонадор кардам, ту соҳиби маълумоти олӣ шудӣ. Хайр, апаҳоят, ки заифанд, нахонондам. Худат медонӣ, ки дар авлоди мо аҳён-аҳён духтаронашонро мехононанд. Инистут он тараф истад, агар тарси ҳукумат набошад, мактаб рафтан намемонанд, ки ун бечораҳо ақаллан савод бароранд. Ба ҳар ҳол шукронаашон, баобрӯ бахташонро ёфтанд, аз ҳеҷ чиз камӣ надоранд.
— Агар одам ба дард тан диҳад, он мисли кана ба вай мечаспад. Имрӯз илми тиб хеле пеш рафтааст, дарде нест, ки табобат нашавад.
— Э бачем, як дарде ҳаст, ки ҳеҷ гуна табобат надорад. Агар тамоми табибони рӯи олам ҷамъ шаванд ҳам, илоҷи онро ёфта наметавонанд. Ҳамааш дар дасти худаш аст, хоҳад шифо мебахшад, агар не илоҷ нест, савори аспи чӯбин бояд рафт.
— Канӣ шунавем, чӣ хел дард будааст вай.
— Пирӣ. Агар пеши ин дарда гирифта мешуд, дар рӯи замин одамон намеғунҷиданд, — табассум кард кампир. Аммо дарҳол ҷойи табассуми гирди лабонашро туршӣ гирифт. Шояд ягон ҷояш ба дард омад, ки вай рӯй турш карда, чашмонашро пӯшид.
— Оча, духтура ҷеғ занам, ягон дору медиҳад, ақаллан дардро ҳис намекунед.
— Не, бачем, беҳтараш мулло Камола ҷеғ зан, як раҳ хонад, дардам сабук мешавад.
— Ба дуо хондан дарди шумо сабук намешавад, наход ҳаминро нафаҳмед. Гурдаатон дардманд аст ва онро бо дуо табобат намекунанд. Духтурон мегӯянд, ки хавфи пайдо шудани санг ҳам ҳаст.
— Агар муллои даму нафасаш тоза бошад, санги гурда он тараф истад, санги хороро майда мекунад. Духтурон даҳони бекор ҳар гап гуфтан мегиранд, ҳар шахс бояд аз донистагии худаш намонад.
— Додарҷон, аз ту чӣ меравад, — ба зорӣ даромаданд хоҳарони Аҳрор, ки се рӯз боз аз сари болини модар дур намешуданд. – Рост мегӯяд очам, мулло хонад дардаш сабук мешавад. Ихлосу халос, гуфтаанд.
— Чандин бор хонондем, ягон фоида кард?
— Чӣ хел фоида накард? – аз ҷой нимхез шуд Санавбар. – Ҳафтаи гузашта магар баъди хондани мулло иштиҳошон кушода нашуд?.. Ман ҳозир худам ба мулло одам мефиристам. Ту кордор нашав!
Қарибиҳои пешин мулло Камол омад.
-Ҳай, ҳай, Сорохон, ҳоло ҳам шифо наёфтед? – гуфт вай рӯи кӯрпача чорзону зада.
— Ба гумон шифо ёфтанам, — кӯшиши хестан кард кампири Соро.
— Наҷунбед, наҷунбед, — ӯро аз райъаш гардондан хост мулло Камол. – Болиштро ба тахтапуштатон гузоред, деворҳои сементӣ аҷали беморӣ аст, шамол мекашед.
— Э гӯр ин шамолкашӣ шавад, ин қадар шамол аз куҷо, ки ҳама узви инсон шамол мехӯрдаст. Гӯё духтурҳо гуфтаанд, ки гурдаам шамол хӯрдасту азбаски сари вақт табобат накардаам, аллакай санг пайдо шудааст. Тавба, дар гурдаи инсон санг чӣ кор мекунад!
— Ҳамааш айби оби ифлос. Дар гурдаи кӯҳистониён санг он тараф истад, гарде намеёбед. Чунки онҳо якумр оби мусаффои чашма менӯшанд. Мо бошем, дар ин хонаҳои мисли қуттии гӯгирд, оберо менӯшем, ки аз сад қубур гузашта, ҳазор микроба рӯфта меояд. Офарини гурдаҳои мо, ки он ҳама ғаждиҳоро ҳал мекунад.
Кампири Соро сар ҷунбонда, дар навбати худ илова кард:
— Мо дидагиамона дидем, насибаамона хӯрдем, аммо ба ҷувонҳо дилам месӯзад: Чӣ хел зиндагӣ мекунанд онҳо дар ин замонаи қалбакӣ. Ҳама чиз, ҳатто гулу гиёҳ рӯи офтоба надида месабзад. Магар  бе офтоб гиёҳ мерӯяд? Бовар надорам!
Мулло Камол чойи пиёлаи дар дасташ бударо ҳурт кашида, барои таҳорат кардан берун баромад. Вақте баргашта ба сари болини бемор омад, аллакай дастархонро ғун дошта буданд. Дар хона сукунати тамом соя андохт. Мулло Камол дар назди бемор чорзону зада, акнун нияти хондан дошт, ки духтари хурдии Аҳрор аз берун хабар овард, ки духтур меояд.
Аҳрор зуд аз ҷой хеста, хост берун барояд, аммо ҳамин замон дар кушода шуду духтури маҳаллаи онҳо Заррина Қосимова даромад. Вай тибқи вазифааш гоҳ-гоҳ бе даъват низ аз ҳоли бемор хабар мегирифт.
— Марҳамат, апа, аз боло гузаред, — гуфт Аҳрор, ба курсии назди миз ишора карда.
— Раҳмат. Аҳволи хола чӣ хел? Таб надоранд?
— Шаб каме баланд буд, ҳозир беҳтар.
Заррина Қосимова ба бемор наздик шуда, гуфт:
— Амак, ман метавонам беморро муоина кунам?
Мулло Камол ноилоҷ аз ҷой хест.
— Шумо ба бемор кӣ мешавед? – пурсид духтур.
Мулло ба ин саволи вай ҷавоб надод.
— Ин кас мулло, — гуфт Санавбар, — ҳозир модарамро як раҳ мехонанд.
Духтур ба тарафи Санавбар чашм песонда, ҳарфе нагуфт ва баъд нигоҳашро ба Аҳрор кӯчонида, ба оҳанги ҳайрат пурсид:
— Ты позвал его?1
— Модарам хоҳиш кард, хоҳаронам ҷеғ заданд, — пичиррос зад Аҳрор, шояд аз тарси он ки мулло нафаҳмад.
— Беақл будаӣ, додар, Боз ту муаллим, маълумоти олӣ дорӣ. Мо дар асри чанд зиндагӣ дорем… О мулло ба дарди гурда чӣ дахл дорад!
— Дили модарамро ранҷондан нахостам. Вай бовар дорад, ки бо дуо бисёр дардҳоро аз тани одам баровардан мумкин. Ихлосу халос, гуфтаанд.
— Биё, бас кун, хандаамро наор.
— Баъзе духтурон низ мегӯянд, ки агар инсон бисёр хоҳад, организм бе таъсири дору низ худ бар зидди дард мубориза мекунад, ки ин ба ҷараёни табобат таъсири муҳим дорад.
— Дуруст, аммо…при чём тут мулла?2 Ақла кор фармудан даркор!
— Боақлама гардам, — луқма партофт Санавбар.
— Хап кун, ман аз ту напурсидам, — гуфт духтур бо кароҳат. — Корова.3
— Худат карова.
— Дура.4
— Эй бева, ту чаро милиса барин моро истинтоқ мекунӣ? –  сухани духтурро бурид Санавбар. – Агар зӯри шумо, духтурҳои порахӯр, мерасид, чанд сол боз табобат мекардед. Коратон фақат росту дурӯғ дору навиштану дупула кор накарда пул рӯёнидан. Бобои муллоро ман ҷеғ задам, аммо туро касе фарёд накардааст, каш аробата!
Аҳрор бо як азоб хоҳараш ва духтурро ором кард, вагарна кор то ба мӯйканиву часпочасп мерасид.
Мулло Камол, ки то ин дам хомӯш гуфтугӯи онҳоро гӯш мекард, ба духтур рӯ оварда пурсид:
— Мебахшед, хоҳарам, шумо мусулмон?
— Ҳа, чӣ буд?
-Ҳамту пурсидам, — гуфт мулло Камол, сар то пои духтурро бо нигоҳ лағжида. – Худо шоҳид аст, ин кампири бечора ду-се сол инҷониб дард мекашад. То ҷое ки хабар дорам, дар ин шаҳр беморхонае намонд, ки сар нахалонда бошад. Агар, чи хеле ки шумо мегӯед, табибони ин замон мӯъҷизакор шуда бошанд, чаро ба дарди ӯ шифо набахшиданд.  Боз шумо шарм накарда, дар ҳаққи дигарон суханҳои пасту баланд мегӯед.
— Амак, ман дар ҳаққи шумо умуман гап назадам ва задан ҳам намехоҳам. Ин як. Дуюм, агар дорую дармони духтурон намешуд, кампир кайҳо тамом шуда буд. Ё не? – ба Аҳрор рӯ овард духтур.
— Илоҳо худат пеш аз ин кампир тамом шавӣ, — луқма партофт Санавбар.
Аҳрор дар байни онҳо ҳайрон монда чӣ гуфтанашро намедонист.
— Астағфриллоҳ, — гиребонашро дошт мулло Камол. – Хоҳари ширин, ман кар нестам, ҳозир қариб аз гиребони ин бечора мегирифӣ, ки чаро муллоро ҷеғ задӣ. Рост мегӯям? – ба Аҳрор рӯ овард вай.
— Дуруст мегӯям. Аз дуо хондани шумо ба ин кампири бечора чӣ фоида. Шумо медонед, ки гурдаи инсон дар куҷо ҷойгир шудааст?
— Ман ба гурдаи ин заъиф чӣ кор дорам… Вай ихлос кардааст, рад карда наметавонам.
Мулло асабиёна донаҳои тасбеҳи дар дасташ бударо гардонда, ба Аҳрор гуфт:
— Ман нафаҳмидам, ту маро барои истинтоқ ҷеғ задӣ?
— Ҳаргиз. Вай худаш омад…
— Вазифаи ман ҳамин, — духтур дар назди бемор зону зад, — ҳар ҳафта аз аҳволи беморони минтақаи ба ман вобаста хабар мегирам.
— Хабар гирифтан гиред, ман ягон гап гуфтам?
— Чӣ ҳам мегуфтед?
— Гапи мегуфтагиам бисёр, хоҳарам. Шумо аввал як ба сару танатон нигоҳ кунед. Мегӯед, ки мусулмонед, магар зани мусулмон ҳамин хел либос пӯшада, кӯча мебарояд?
— Ба либоспӯшии ман кори шумо набошад. Чӣ хел форад, пӯшидан мегирам.
— Ҳай, ҳай, айбу шарма донед. То ҷое ки ақлам мегирад, табобати бемор низ покию тозагӣ мехоҳад. Ман ҳайрон, шумо, духтурон, тани нимурён чӣ хел ба сари болини бемор наздик мешавед. Агар надонед, хотиррасон мекунам, ки табибмардум дасти Луқмони ҳакимро мегирад. Эшон, ба андешаи ман, бисёр ҳам одами доною пок, намозхон ва даму нафасашон тоза буд. Аммо шумо…
— Моро чӣ шудааст, — сухани муллоро бурид духтур, — магар ягон ҷоямон каҷ ё дастамон ифлос аст?
Мулло Камол дар ҷавоб сар ҷунбонду ҳарфе нагуфт.
Заррина Қосимова низ дигар ба вай аҳамият надода, аз сумкааш стетоскопро гирифту қафаси синаю тахтапушти беморро муоина кард.
— Доруҳои фармудаамро хӯрдед?
Кампири Соро ба аломати тасдиқ сар ҷунбонд
Духтур бо итоб аз назди бемор хеста, сари миз нишаст ва дар як варақи дафтарчаи кисагиаш тез-тез чизе навишту баъд варақро канда, ба Аҳрор дароз кард.
— Ин доруҳоро харидан лозим, — ба коғаз ишора намуд духтур. – Агар пешгирӣ накунем, аҳволи кампир бад мешавад. Ҳозир ман аз доруи худам як укол мекунам, дард андаке кам мешавад.
— Э духтарҷон, — нолиш кард кампири Соро, — даркор нест уколат, беҳуда пул сарф мешавад.
— Шумо хап шинед, хола. Ба фолбину мулло пул меёбед, аммо барои дору харидан дилатон намешавад. Ман шумо мардума ҳеҷ нафаҳмидам.
— Охир чӣ ҷойи нафаҳмидан дорад… Худат чандин бор табобат кардӣ, ягон зарра фоидаша надидам. Рӯз аз рӯз мадорам хушк шудан дорад.
— Кӯрнамак будаед, хола! Ба иТази ҳамин қадар меҳнатам тӯҳмат мекунед?!
— Не, духтарҷон, ман аз ту ҳазорон бор розӣ, аммо…
— Э монед-э!
-Э бева, ту чаро ба сари кампири бемор ин қадар вағғас дорӣ? – ҷангҷуёна ба духтур наздик шуд Санавбар. – Безорем мо аз табобати ту.
Духтур рафт.
— Тавба! – гиребон дошт мулло Камол. — Аз бандаҳои осиат гардам худо.
— Эътибор надиҳед, даҳони бекор гуфтан мегирад, — муллоро ором кардан мехостанд хоҳарон. – Дарди вай чор танга ёфтан. Бепул кор намекунад. Хонед!
Баъди ду рӯз кампири Соро аз дунё гузашт.
 Хумори барфу ҳаваси гул 
— Наовардӣ? – пурсид кампир, дар дасти писараш коғазхалтаи пур аз меваро дида.
— Не, — нигоҳашро гурезонид писар ва бори дасташро эҳтиёткорона ба ҷевончаи дар назди катбуда такя дод.
— Дина ваъда карда будӣ-ку!
— Оча, ҳозир чилаи тобистон, барфа аз куҷо ёбам? Агар хоҳед, аз яхчоли яхдон як коса ях мебиёрам. Баъд… духтурон мегӯянд, ки чизи хунук ба шумо зарар дорад.
— Э, духтуро чиро медонанд. Дилу ҷигарам алов мегирад, як каф барфи тар мехӯрдам, тафсаш паст мешуд.
— Дилатон як чиз мехоҳад, ки… набошад аз куҷо ёбам.
— О дина гуфтӣ, ки ҷӯраат мошин дорад, ҳамроҳ кӯҳ рафта меоред. Ё вай розӣ нашуд?
— Розӣ шуд, аммо ин кори хандаовар аст. Дар тамузи тобистон сар-сари кӯҳ гашта, барф бикобӣ.
— Ҳай дареғ, наход ту бачаи ҳамун падар бошӣ. Падарат як ҷавонмард буд, ки думи аспи бидавро меканд. Таъриф шавад ҳам, ман низ корамро аз ягон зан намемондам. Дар духтариам ба як ҷаҳидан саркаи пеши рамаро меқапидам. Аммо ту бошӣ, барои модари пират як каф барф пайдо карда наметавонӣ. Аз афташ, ин армон дар дилам мемурам.
Ҷавон аз қоғазхалта як себи суп-сурхи арғувониро берун оварда, гуфт:
— Пӯст канам?
— Лозим нест, — рӯй турш кард кампир ва нигоҳашро аз себи дасти писараш наканда, илова намуд, – аз қум тамъ ҳасту дар ин себҳо нест. Чи хӯрию чи нахӯрӣ, ягон фоида намекунад. Баръакс кулли зарар, даҳони бамаза бемаза мешавад.
— Аз барфи хунук чӣ фоида, — табассум кард писар.
— Барф тафси дила паст мекунад.
— Аз чӣ тафс мекунад дили шумо?
— Э, ту бачем, бепарво, чиро медонӣ. Ман шабҳо хоб надорам, хаёлам ба куҷоҳое намеравад: назди падарат рафта, сӯҳбат мекунам, духтариамро ба ёд меорам, аз паси барраю бузғола давиданамро хоб мебинам.
— Ана аз куҷо ҳаваси барфхӯрӣ пайдо шуда будааст. Ман ҳайрон будам, ки дар ин чиллаи тобистон чаро дили очаи ман барф кашидааст. Давраи наврасию ҷавонӣ гузашт, акнун ба ҷойи барф чойи кабуди гарм нӯшидан лозим.
— Ба ту фақат гап бошад, – норозиёна ғурунгид кампир ва рӯймолчаи пешонабандиашро кушода, аз нав маҳкамтар баст. – Ин дард ҳангоми духтариам ба баданам часпида буд. Эҳ чи қадар рӯзҳо гузашт аз он айём. Як духтараки навниҳол будам, ана ҳозир дар даҳонам ягон дандон намондааст. Гӯр пирӣ шавад, гап дар майнаам намеистад. Дар бораи чӣ мегуфтам?
— Ин дард овони духтариатон часпида буд.
— Ҳа, ҳамин ки бемор мешудам, як каф барф, шӯшаи дар харсангҳо овезон ва ё тобистон як каф оби сарди чашмаро менӯшидам, дарҳол сар медод.
— Дина дар ҷойи кор ба бачаҳо гуфтам, ки дили очаам барф кашидааст, қариб аз ханда рӯдакан шуда буданд.
— Ман тири масхара шудам, а! Шаб ё рӯз мемураму ханда дар гулӯятон дармемонад. Ту ҳам дупои падари раҳматиат. Вай рафт ҷойи ростгӯ, мо мондем дар ин дунёи пур аз дурӯғ, асло ягон хоҳишама ба ҷо намеовард.
— О ҳозир гуфтед, ки шабҳо пеши падарат рафта, сӯҳбат мекунам.
— Сӯҳбат куҷо, гилагузорӣ мекунам. Мегӯм, ки чор рӯз дар дунёи рушан сари як дастархон нишаста, дами беғам назадем. Фақат думи чор бузу гӯсфанда гирифтед, ана оқибаташ!
Сӯҳбати модару писарро ҷавони тахмин бисту ду- бисту панҷсола халалдор сохт. Вай, ҷавон, дар як даст дӯлча ва дар дасти дигараш борхалта ба палата ворид шуда, бо ишораи сар ба модару писар салом доду ба кати ҷавонзан, ки хоб буд, наздик шуд.
— Кай хобаш бурд? – пурсид ҷавон, бо овози нимшунаво аз кампир.
-Хеле шуд.
Ҷавон дар сари болини ҷавонзан каме истоду баъд оҳиста ба китфони вай даст бурд.
Ҷавонзан чашм кушод.
— Хобӣ? – пурсид ҷавон.
— Ғанабам бурдааст, — гуфт ҷавонзан аз ҷой хеста ва дарҳол мӯйҳояшро ба тартиб даровард.
— Хоби бисёр фоида надорад, бештар ҳаракат бикун, — гуфт ҷавон табассумкунон. – Ё маро дур дидӣ?
— Хайр, чӣ кор кунам, одами бемор хоб меравад.
— Хӯрок овардам, хунук нашуда бихӯр.
— Дилам ҳеҷ чиз намекашад, — рӯй турш кард ҷавонзан ва баъд овозашро каме паст карда, пурсид: — Гул наовардӣ?
— Не, фаромӯш кардам.
— Ту доим фаромӯш мекунӣ, баҳонаат ҳамеша тайёр. Чанд рӯз боз таъин мекунам, фақат баҳона мекобӣ. Наход ягон бор ба ёдат нарасида бошам.
— Дафъаи дигар меорам.
— Даркор нест, набиёр! – сахт карда гуфт ҷавонзан.
— Қаҳри ту доим дар нӯки биниат.
— Аз ту дар дарун бошад, шуд.
— Ба ту гул чӣ даркор? Бемор бошӣ, табобат бигир, гул ба ҳеҷ куҷо гурехта намеравад. Тавба, ту зодрӯз надошта бошӣ, ки ман гул бардошта биём.
— Ту, қишлоқиро ҳеҷ тарбия карда нашуд.
— Хайр, шуд, — гуфт ҷавон, бо қираи чашм ба модару писар ишора карда.
— Ту як бор палатаҳои дигара рафта бубин.
— Чиро бинам?
— Гулҳои барои занашон овардаи мардакоро. Ман аз кадом зан камӣ дорам? Чанд рӯз боз аз гул биёр гуфтан забонам мӯ баровард.
— Э шуд, гиребонама сар деҳ. Як даста гул бошад, мебиёрам. Агар ту ранги гула дида, сиҳат шавӣ, пагоҳ як хирман гул мебиёрам.
— Ба ман хирмани ту даркор нест… Се дона меовардӣ бас буд. Наход зан туро зора кунад, ки ба ман гул биёр. Ақли худат намегирад магар!
— Ту як умр ба дигарон тақлид кардӣ.
— Ман ҳаргиз тақлид намекунам, танҳо мехоҳам орзуҳои диламро шиканам. Агар фаросотат нагирад, бори дигар такрор мекунам, ки ба ман гул биёр.
— Бас, палатаро ба сарат набардор, ту танҳо нестӣ.
Ҷавон аз ҷой хеста, сӯи дар рафт.
— Куҷо рафтӣ? – ҳайрон пурсид ҷавонзан.
— Духтур назди ман даро гуфта буд. Ҳозир меоям.
Лаҳзае дар палата хомӯшӣ чодар андохт. Танҳо аз берун канда-канда садои алафдаравии боғбони бемористон меомад.
Кампир чанд лаҳза ба он садо гӯш доду сипас ба ҷавонзан рӯй овард.
— Умри гул кӯтоҳ, духтарам, — гуфт вай насиҳатомез ба ҷавонзан. – Худо гӯй, ки меҳру муҳаббататон кам нашавад.
— Умри барф ҳам он қадар дароз нест, хола, — гуфт ҷавонзан. – Маътали як нигоҳи офтоб аст, дарҳол об мешавад.
— Ба ҳар ҳол барф тафси дила паст мекунад, — лабонаш моил ба табассум гуфт кампир.
— Гул бошад, димоға муаттар месозад, чашмҳоро об медиҳад. Аз бӯи хуши вай рӯҳи кас болида мегардад.
— Рост, — андешамандона тасдиқ кард кампир. – Аммо, духтарҷон, он кирои дилсиёҳӣ намекунад. Ҳоло ҷавон ҳастӣ, аз аввал ба ҷангу ҷанҷол одат накун. Худо хоҳад, гулҳои зиёд мегирӣ, безор ҳам мешавӣ. Барои орзу шикастан вақти зиёд дорӣ… Дили шавҳарата сиёҳ накун. Мардмардум дар назар қавӣ бошанд ҳам, дили нозук доранд. Ҳама ғаму андӯҳ ва дарду ранҷа дарун фурӯ мебаранд, ки ин бисёр хавфнок аст. Мо, занон, ашк мерезему дарди даламона берун мекунам, аммо ба онҳо душвор.
— Ман шуморо нафаҳмидам, хола, — гила кард ҷавонзан. – Ҳамин ҳозир «чаро барф наовардӣ», гуфта қариб писари бечораатона пеш мекардед.
— Эҳ духтарам, маълум, ки ҳоло ба поят хор нахалидааст, ба синну соли ман бирасӣ, баъд мефаҳмӣ. Одам ҳар қадар пир шавад, ба зиндагӣ бештар дил мебастаст. Умр биравад, мисли кӯдак инҷиқ мешавӣ, дилат ҳазор чиз мекашад. Зеро медонӣ, ки имрӯз ё пагоҳ ба марра мерасӣ, мехоҳӣ ҳама орзуҳои дилатро бубинӣ. Аммо ҳайҳот, ин кори ношуданӣ аст. Медонӣ барои чӣ? Барои он ки ин дили сабилмонда бисёр чизҳо мехоҳад. Дили инсон мисли уқёнус беканор аст. Уқёнус, а!
Ҳамин лаҳза ҷавон дар даст ду қуттӣ дору ба палата ворид шуд.
— Хайр, оча, ман меравам, дар мошин як ҳамкорам маро мунтазир, — аз ҷой бархост ҷавон.
— Ҳамкорат? Баъд як сари қадам наомад? – ҳайрон пурсид кампир.
— Вай ҳам ба аёдати хешаш рафт, — дурӯғ гуфт ҷавон.
— Ихтиёрат, — кампир ба гусели фарзандаш аз ҷой хест.
— Шумо заҳмат накашед, оча.
— Ҳеҷ гап не, як ҳавои тоза хӯрда биём.
Кампир баъд аз чанд дақиқа дар даст як даста юнучқа, ки саросар гул карда буд, баргашт, Ва онро ба обгинаи болои миз гузошта, гуфт:
— Раҳматӣ мӯйсафедам дар мулоқоти нахустинамон, ки дар поёни боғамон баргузор гашта буд, як даста гули юнучқа тақдимам карда буд. Гули дидагиам ҳамун, дигар ягон бор гулам наовард. Он вақт шонздаҳсола будам. Шаб фикр кунам, қариб шаст сол гузаштаст. Лекин он замон гули юнучқа бисёр бақадр буд, онро то аввали баҳор барои хӯроки баррачаҳои ширмак нигоҳ медоштанд.
Кампир обгинаро назди ҷавонзан тела дода, афзуд:
— Ҳозир писарамро гусел мекардам, ки боғбон юнучқа медаравид. Як қабзаашро гирифтам. Аз ҷавонӣ гули юнучқаро дӯст медорам.
Ҷавонҳо табассум карда, чизе нагуфтанд.
 Додрас
Додрас Аскар Билол дар тараддуди ба хона рафтан буд, ки ногоҳ дари утоқи кориаш кушода шуду марде ворид гашт.  Вай, мард, дар сар кепи ва дар тан нимтанаи чармӣ дошт. Гарданбандаш ҳамранги туфлияш қирмизӣ буд. Додрас бедилон ба пешвози меҳмони нохонда аз ҷой хеста, вохӯрдӣ кард ва ба нишастан даъват намуд. Мард ба курсии мулоим нишаст, мисли шиносҳои дерин бо додрас ҳолу аҳвол пурсид.
— Ҳаво ҳам кам-кам хунук мешавад, — гуфт мард, яқин баъд аз пурсупос гапро аз куҷо сар карданашро надониста.
— Тирамоҳ, — гуфт додрас, ҳарчанд нигоҳи тези мард ӯро ба ҳазор кӯчаи гумон бурда, торафт дилашро хиҷил мекард, худро бепарво вонамуда. Аммо дар асл вай худро сарзаниш менамуд, ки агар каме барвақт аз идора мебаромад, ин хираро дучор намеомаду ҷонаш халос мехӯрд. «Аз афташ, ин лаънатиҳо маро бебало намемонанд , — аз дил гузаронд додрас. Соати корӣ кайҳо тамом шуд, аммо то ҳол дар инҷо будани маро аз куҷо донистанд? Яқин аз қафоям мепоянд. Хайрият, имрӯз он ҳамроҳи баднамуданш наомадааст»
— Бародар, маро шинохтӣ? – пурсид мард ва лаҳзае ба рӯи додрас нигоҳи озмоиш дӯхта, илова кард: — Ду-се бор ҳамроҳи як рафиқам наздат омада будем.
Додрас ноилоҷ бо аломати тасдиқ сар ҷунбонд.
— Чӣ шуд кори мо?
— Чӣ хизмат буд? – худро ба нодонӣ зад додрас.
— Эъ! О ҳозир шинохтам гуфтию боз мепурсӣ, ки чӣ хизмат буд.
— Ҳар рӯз назди ман сад кас меояд, хоҳиши ҳамаи онҳо дар ёди ман намемонад. Сари ман компютер нест.
— Аҷиб! – гуфт тамасхуромез мард, абрувонашро бо нишони ҳайрат  боло кашида. – Намедонистем, ки мо барои ту кас будаем. Мебахшӣ, ака! Як парвандаро хобондан лозим буд. Илтимос, агар хушатон ояд.
— Нафаҳмидам? – аз оҳанги тамасхуролудаи мард бештар ғашаш омада, гуфт додрас. – Чӣ хел парванда?
— Парвандаи Сангов! Дар гӯшҳоят пахта-ку насахидаӣ?
— Кадом Сангов… Ҳамоне ки пора гирифтааст?
— Пора не, бародар, тӯҳфа гирифтааст.
Додрас лаҳзае чӣ гуфтанашро надониста хомӯш монд ва баъд бо заҳрханда гуфт:
— Дар кишвари мо барои тӯҳфа гирифтан ба ҷавобгарӣ намекашанд.
— Мекашанд, бародар, агар душмандор бошӣ, на танҳо ба ҷавобгарӣ мекашанд, балки говсуд мекунанд.
Додрас аз ғаладони мизаш қуттии сигарета бароварда, якеро даргиронд. Берун аллакай торик шуда буд. Аз тиреза чароғҳои хонаи шафат баръало ба чашм мерасид. Яқин дар идораи суд касе намонда буд. Зеро аз долон ягон сару садое намеомад. Агар касе мебуд, ҳатман сар халонда, тибқи одати деринаи ҳамкорон бо Аскар Билол аз қабили «Ту хона надорӣ» ва ё «Аз афташ, ягон нозанини ваъдагиро интизорӣ, ба янга хабар мекашам» ва ғайраҳо шӯхиҳо мекарданд. «Аҷаб аст хислати одамизод, — меандешид додрас, — баъзан аз оламу одам безор шуда, мехоҳӣ, як гӯшаи хилват бошаду касе сояашро нишон надиҳад. Аммо баъзан, масалан, мисли ҳолати имрӯзаи ман аз садои як рафиқу шинос зор мешавию мехоҳӣ, ки кош ҳамон ҳамкори рӯхунук, ки аз зиёд ба дафтари кориат омаданаш баъзе рӯзҳо аз ҳафт намудаш безор мешавӣ, ақаллан як бор чеҳраи хунукаша аз дар дарун кунад. Чӣ бояд кард? Бо кадом роҳ аз ин лаъин халос шавам? Агар ҳамкурсон маро маътал намекарданд, кайҳо хона мерафтаму ҳоло ҳамроҳи зану фарзандон таоми шом мехӯрдам. Беҳуда онҳоро мунтазир шудам, аздусар наомаданд».
Додрас рӯзи аввалини бо парвандаи Сангов шинос шудан қарор дода буд, ки ин қаллоб бояд ҳатман ҷазо гирад. Зеро ҷинояти вай бо далелҳои шайъӣ собит шуда буд ва аз ин парванда бисёриҳо хабар доштанд.
Мард аз хомӯшии додрас ба таври худ хулоса бардошта, гуфт:
— Бародар, мо мардем, қавл, ки додем, ҳатман аз пасаш мешавем. Агар кор ба хубӣ анҷомад, тибқи ваъда худи ҳамон рӯз як мошини дакаданги хориҷӣ рӯи ҳавлиатро зеб медиҳад. Ман намефаҳмам, ки чаро ту як моҳ боз ин корро кашол медиҳӣ. Медонам, бисёр одами якраву ҳақиқатҷӯй ҳастӣ ва ҳатто ҳамкорон «железный»1 лақабат додаанд, аммо мо ҳам анноӣ нестем, мақсад, ки гузоштем, ба субут мерасонем.
— Охир ин кори ношуданист.
— Хато кардӣ, бародар, аз ман насиҳат, ҳаргиз кори ношуданист, нагӯй. Дар ин дунёи наркушу модапарвар кори намешуданӣ нест.
— Қаллобии Сангов мисли рӯз равшан. ӯро дар сари ҷиноят дастгир кардаанд.
— Гапа нафаҳмидӣ, — гуфт мард ва аз ҷой хеста мушт ба девор кӯфт.
«Маро тарсондан мехоҳад, — аз дил гузаронд додрас. – Гурги болондида менамояд. Лекин ман аз он тарсуҳо нестам»
Ҳарчанд дар дили додрас тарс роҳ меёфт, бо вуҷуди ин худро ба даст гирифта, гуфт:
— Ба фикрам ман ба забони тоҷикӣ рӯшан фаҳмондам, ки ин кор аз дастам намеояд.
— Ман аз ту напурсидам, ки аз дастат меояд ё не? – қариб дод зад мард. – Агар ба хубӣ нафаҳмӣ, каме дағал карда, мегӯям: Ҳамин масъала бояд ба фоидаи мо ҳал шавад. Вагарна аз худат гила бикун. Фаҳмидӣ?
— Нафаҳмидам! Нафаҳмидам! – ҷаста аз ҷой хест додрас. – Агар ин кор аз дастам ояд ҳам, намекунам. Зеро он лаънатӣ ба чашми мардум хок пошида, ба кисаи давлат чашм ало кардааст, моли ҷамъиятиро бо ту барин гургон ба тороҷ додааст. Фаҳмидӣ!
— Ту суп-сурх аҳмақ будаӣ, — гуфт мард ва ором аз ҷой хеста, ба додрас наздик шуду ногаҳон ба шиками ӯ мушт андохт.
Додрас аз ин зарбаи ногаҳонӣ ба худ печида, дар ҷояш нишаст.
— Наҷунб, ки тӯъмаи як тир мешавӣ, — ғурунгид мард, — овоз барорӣ, мекушамат!
Мард баргашта дар ҷои аввалааш нишаст. Дар утоқ хомӯшӣ соя андохт. Танҳо садои канда-кандаи соати деворӣ сукунатро халалдор месохт. Лапари соат бо як маром ба чапу рост ҳаракат карда, якнавохт садо дармедод.
— Хӯ-ӯ-ш! – мад кашид мард, ба додрас нигариста. – Ба чӣ хулоса омадем.
Додрас ҳамоно хомӯш буд.
— Вақте бори аввал шинос шудем, гумон кардам, ки одами баандешаӣ, пастию баландӣ, сардию гармӣ ва ширинию талхии ҳаётро дида, пухта шудаӣ, — гуфт мард ба оҳанги афсӯс. – Аммо маълум шуд, ки хато карда будаам. Бале, бо вуҷуди он ки бисёр одамшиносам, хато рафтам. Шайтон будаӣ ту! Оё медонӣ, ба шайтони лаъин чӣ кор мекунанд? — мард лаҳзае гӯё ҷавоби додрасро мунтазир шуда, боз худ посух дод: — Сангсор! Аммо ин усули ҷазо кайҳо кӯҳна шуд. Бипурс, чаро? Замоне ки шайтонро санг мезаданд, таппончаҷон ихтироъ нашуда буд.
Мард баланд хандид.
— Лекин чуқур андеша кунам, — гапфурӯшиашро ба завқ идома дод вай, — аслан аз дасти ту шайтонӣ ҳам намеояд. Шайтонӣ, аммо шайтони гаранг. Агар гӯл набошӣ, дар ғами тороҷ шудани чанд тонна пахтаи давлат обу адо шуда, ин қадар якравӣ мекунӣ?
Додрас сар бардошт.
— Бе он пахта давлат камбағал намешавад, — гуфт мард ба заҳрханда. – Кӯҳ ба лесидан кам мешавад магар? Баъд… ту худат кистӣ, ки ғами халқа мехӯрӣ? Аз ман насиҳат: ҳаргиз бо ин гуна майда-чуйдаҳо сарата гаранг накун. Зеро халқ бисёр, мо бошем, башуморем… бояд якдигарро дастгирӣ кунем, пушту паноҳ шавем. Ғами халқа Худо мехӯрад, каму беш ризқаша медиҳад. Ё гапам нодуруст? Мебинам, ки пиҷакат аз бисёр об гирифтан фарсуда шудааст. Кисаҳояш низ ба фикрам холӣ. Ту бошӣ, дар ғами ким-киҳо рангатро зарду дилатро хун карда гаштаӣ. Хуб не ин корат, бародар. Ба ҳаққи зану бачаҳакоят зомин мешавӣ. Ҳозир агар пули калон наёбӣ, занат ба гапат гӯш намедиҳад. Ё гапам нодуруст?
Додрасро аз ин сафсатафурӯшиҳои мард нафраташ аланга зада, гуфт:
— Ту медонӣ, ки халқ аз он пахтаҳои чидааш ба истиснои чанд банд ғӯзапая як тини сиёҳ ҳам нагирифтааст. Аммо ту баринҳо пахтаи чидаи онҳоро ба ҳар роҳ обу лой карда, пулашро ба кисаатон мезанед. Инсоф доред ё не?!
— Инсоф? — бо лабханд такрор кард мард. – Агар мо инсоф намедоштем, магар ман ба ту барин ҳафтафаҳм ин ҷо ҳафту ҳашт карда менишастам.
— Шумо палидед, — гуфт додрас бо нафрат.
— Ана ин гапат тамоман зиёдатӣ буд. Барои ин ҷавоб додан лозим.
Ҳамин вақт оҳиста дарро кушода, зани миёнаумре сар халонд.
— Додаро, бевақт шуд, мо кабинета бишӯем.
— Пагоҳ мешӯӣ, — гуфт мард.
— Додарҷон, пагоҳ хоҳарам маърака дорад, район мерам, — гуфт зан бо оҳанги илтиҷо.
— Хайр, ҳозир, — аз ҷой хест мард, — як дақиқа дарро пӯш, апа.
Дар оҳиста пӯшида шуд.
— Биё, рафтем, — гуфт мард, — моро интизоранд, ман аслан барои бурдани ту омада будам. Дар ҳамон ҷо сӯҳбатамонро давом медиҳем.
Додрас аз ҷой наҷунбид.
— Бихез, фақат бе нағма. Вагарна кор чатоқ мешавад.
Онҳо пасопеш ба кӯча баромаданд. Мошинҳо дар равуо буданд. Одамон низ шитоб доштанд. Шаб чодари худро кайҳо паҳн карда буд.
— Хайр, — гуфт додрас ҷониби истгоҳ гом бардошта.
— Саросема нашав, мошин ҳаст, — гуфт мард, ноаён аз остини пиҷаки додрас кашида.
— Ташаккур, ман ба автобус меравам.
— Мошин ҳаст гуфтам-ку! Наход судя автобус савор шавад. Роҳ гард.
Онҳо каме қадам зада, ба чорроҳа расиданд.
— Ба тарафи чап мегардем, — гуфт мард.
— Куҷо мебарӣ маро?
— Гапа бисёр накун, — гуфт мард сахт карда. – Қаҳрама набиёр, ки баъд пушаймон мешавӣ… Ту натарс, як тори мӯят кам намешавад. Баръакс зиёфат мехӯрӣ, сӯҳбат мекунем.
— Ба ман зиёфат намефорад.
— Чӣ мефорад? Шатта? Беақлӣ накун, фоида надорад.
Каме дуртар аз чорроҳа, дар сари роҳи калон мошини сиёҳранги бадвоҳимае меистод. Мард чанд қадам пеш рафта, дари мошинро боз кард. Дар сари чанбари фармон ҷавони ҳузарби дар тан либоси варзишӣ менишаст. Вақте додрас ва мард дар нишастгоҳи қафо ҷой гирифтанду садои пӯшида шудани дар баромад, ҷавон моторро ба кор андохта, мунтазир истод.
— Рафтем, — амр дод мард.
Мошин як такон хӯрда, ба роҳ даромад ва ба тарафи чап тоб хӯрд.
— Шумо маро куҷо мебаред? Хонаи ман дар самти дигар, — даст ба қуфли дари мошин бурд додрас.
— Хомӯш! Хонаат ба ҳеҷ куҷо намегурезад.
— Нигоҳ доред, — даст ба китфи ронанда гузошт додрас. – Мардум!
Аз зарбаи сахти оринҷи мард дамаш дарун зада, додрас хомӯш монд. Мошин ба шаст кӯчаҳоро қафо гузошта, ба самти ҷануб медавид. Дар назди чароғи раҳнамо одамон кӯчаро убур карданд. Мошин аз нав ба ҳаракат омад.
— Чорроҳаро гузашта, мошинро нигаҳ дор, — гуфт мард ба ронанда.
Вақте мошин истод, мард аз он берун шуда, ҷониби мағозаи шафат рафт.
Додрас оҳиста дарро кушода, аз мошин берун шуд ва рӯ ба гурез ниҳод. Ронанда низ зуд аз мошин фаромада, аз қафои ӯ давид. Додрас хост чорраҳаро миёнбур кунад, аммо ҳамин вақт мошине ки бо суръати баланд меомад, ӯро зада аз пой афтонд. Аниқтараш додрас аз зарбаи сахти мошин ба ҳаво хеста, шаш-ҳафт қадам дуртар дар рӯи раҳ ба даҳан зад.
Мард шояд зарбаи мошин ва доду вои раҳгузаронро шунида, тохта омад ва як ба ҷавон чашм ало карда, гуфт:
— Зуд ба мошин!
Онҳо саросема ба мошин нишаста, аз назарҳо ғоиб шуданд. Чанд нафар раҳгузарон ҳайрон аз қафои онҳо нигаҳ карда монданд.
— Аблаҳ, чашмонат куҷо буд? Чӣ хел вай аз мошин фаромад – пас аз хеле роҳ паймудан ба худ омада, ба сари ронанда дод зад мард.
— Ту як даҳан таъкид накардӣ. Ман аз куҷо медонам, ки ӯро маҷбур савор кардаӣ. Гумонам ба хоҳиши худаш меравад.
— Тую вай бо хоҳиши худат меравӣ, — гуфт ронанда бо истеҳзо. – Дар вақти нишастан доду вояшро нашунидӣ магар. Лаънатӣ, ҳама кора расво кард, акнун ба шеф чӣ мегӯем…
— Садқаи зиёфат шаванд ин мардум, — гуфт ронанда бо кароҳат ва суръати мошинро баланд кард.
Сур ва сӯг
Мурдаро дар байни болохонаи дувоздаҳболора дароз карда буданд. Дару тиреза маҳкам пӯшида буд. Тиреза то нисф аз матои суф пардаи сафед дошт, ки одатан онро дар тирезаи беморхонаҳо истифода мебаранд. Дар хона ба ҷуз ду сандуқу ду даста бор дигар чизе набуд. Бо вуҷуди салқин будани хона дар назди ҷасад як бодбезаки барқӣ беист ба чапу рост тоб хӯрда, шамол медод. Аз таки болишт нӯки корд менамуд.
Дар сари болини мурда зани миёнаумре нишаста, ҳар замон бо ҳошияи қарси сафед оби дидагонашро пок мекарду зери лаб пичиррос мезад:
— Вой шӯрам хушк шавад, духтарҷон, ин сари сахтамро ба кадом гӯри даҳонво занам, ин шармандагиро ба куҷо барам, ки ба чашми мардум нанамояд. Ту дар ин ҷо ҳайрону мо дар берун дойра зада, рақсу бозӣ дорем. Кошкӣ  ман мемурдаму ин рӯзи сиёҳро намедидам. Вой духтаракам!
Ҳамин вақт дар оҳиста кушода шуда, ҷавонзани тахмин бисту панҷ-сӣсола ворид шуд.
— Чӣ кардӣ, оча? – гуфт вай ва оҳи сард кашида, дар бари модар ҷой гирифт.
— Чӣ ҳам мекардам, мурдабонӣ карда нишастам. Ин иснодро куҷо мебарем, духтарам? Падари гӯрсӯхтаат ба гапи ман гӯш надод. Ҳамсояҳо фаҳманд, дар ду дунё рӯмона сиёҳ мекунанд. Магар даҳани ин беваҳоро баста мешавад? Пагоҳ аз бинӣ боло гап занӣ, ба рӯят мекашанд, ки мурдаи духтаратон дар болохона зору ҳайрон мехобиду шумо сина ҷунбонда, арғушт мерафтед.
— Мо арғушт намерем, — гуфт ҷавонзан.
— Ба онҳо чӣ фарқ дорад, ки ту меравӣ ё не. Тӯй — тӯйи мо, мо хурсандӣ дорем-ку!
— Хайр, чӣ кор мекунем?
— Намедонам, духтарҷон, ҳайрон мондам. Ин падари шумо як умр маро сӯзонд, хӯрдагиамро заҳр, пӯшидагиамро кафан кард. Илоҳӣ дар ду дунё рӯз набинад, — ҳасрат кард модар. – Во духтаракам, духтараки номуродам! Чаро сари мара хам карда рафтӣ!
— Чиҳо мегуӣ, оча? Чаро сари мо хам будааст? Шукри худо ягон вақт аз касе пасту забонкутаҳ набудем, гул мехӯрдем, гул мепӯшидем. Ту дар ҳама давраҳои занон бологузар, касе ҳад надорад, ки гапи падарама ду кунад. Мо ҳам дар байни ҳамсолонамон гапамона дар замин намегузоронем.. Хайр, бебарорӣ шуд, кӣ медонад чунин ҳодиса шуданашро. Дили одамизодро фаҳмида нашавад, як сару сад хаёл, гуфтаанд.
— Бояд туйро манъ мекардем.
— Баръакс — манъ мекардем, обрӯямон мерехт.
— Туф кардам ман ба обрӯи тую падарат. Ту аз куҷо медонӣ дарду ғами фарзанда. Нӯҳ моҳ дар  қадат бардошта, чандин шабҳоро дар сари гаҳворааш рӯз кунӣ, як лахт гӯшта бо ҳазор орзую умед, ранчу заҳмат ба сурати як парирух тарбия намоию баъд дар як дам бой диҳӣ. Алам намекунад магар? Э вой!
— Касе меояд, — гуфт ҷавонзан ҳаросон ва ҷаста аз ҷой бархоста, дами дар рафт.
Марде ба хона ворид шуд.
— Ту дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ, Раъно? – пурсид мард аз ҷавонзан ва дарро аз паси худ маҳкам пӯшида, ғазаболуд нигоҳашро ба зан кӯчонд. – Ман ба ту чӣ гуфта будам?
Зан ба саволи шавҳар посух надода, сар хам кард.
— Нагуфта будам, ки то гузаштани маърака қадаматро ба ин хона намон. Ё ту маро дар назди мардум шарманда кардан мехоҳӣ!
— Охир наметавонам, — оби чашмаш шашқатор гуфт зан, — ба дилам ягон хурсандӣ намеғунҷад. Чӣ хел парӣ барин духтарам дар ин ҷо мурда хоб раваду ман дар берун хурсандӣ кунам? Наход ту ҳаминро нафаҳмӣ? Охир ту ҳам падар ҳастӣ, ин духтар аз камари ту рӯидааст.
— Ту мехоҳӣ, ки ман мардумро аз ҳавлиям бароварда пеш кунам! Туро дуруст фаҳмидам? Гӯям, ки мебахшед, ман шуморо ба тӯй даъват карда будам, аммо ҳозир ҳамроҳи ман ашк резед… Ҳамин тавр гӯям? Не, хомтамаъ набош, намегӯям. Ҳар азоб як рӯз тоқат мекунед. Медонам, душвор, аммо дигар илоҷ нест. Мо мардума аз дуру наздик ба тӯй даъват кардем, бигзор хурсандӣ кунанд, як даҳон ошашона бе ғам хӯранд, рақсу бозиашона кунанд, ана баъд ихтиёратон.
— Ту дил надорӣ, доим гапи худата гузаронидан мехоҳӣ. Ҳамун мардум ҳам мӯъмину мусулмонанд, мефаҳманд. Наход дар ҳамин рӯзи мусибат биханданд. Онҳо ҳам одаманд, маргу мурда доранд… Ҳамааш баҳона. Ту агар заррае меҳри падарӣ медоштию дар марги духтарат месӯхтӣ, ин гапҳоро намегуфтӣ.
— Ту сӯзӣ шуд, ман сӯхта ҳисоб.
— Пагоҳ ҳаққу ҳамсояҳо фаҳманд, чӣ мегӯянд. Ин тарафи гапа ҳеҷ фикр мекунӣ! Оё ин корамон мақоли мурдаро монда, тут хӯрданро намемонад?
— Гап тамом! – мисли дами теғ сухани занашро бурид мард. – Ман шаб ба ту ақлкӯтоҳ фаҳмондам, ки кори бенур шуд, аммо чора надорем. Агар тую духтаронат то пагоҳ овозатона мебароред, баъд аз худатон гила кунед. Гапи ман якто. Хун меҷӯшонам ҳамин ҳавлира. Зуд аз паи дегу табақ шавед, меҳмонҳоро пешвоз гиред.Чеҳраатонро кушоед, ки касе чизеро пайхас накунад. Тӯй ҳам аз худамону мурда ҳам. Туф кунем боз ба рӯи худамон меафтад. Гуфтам-ку, ақаллан то бегоҳ тоқат кунед, қудоҳоро гусел кунем, баъд ихтиёратон, Баъд хоҳед худатонро тарту март кунед. Аммо ҳозир бо нолаю шевани беҷо ҳама кора барбод надиҳед, табъи ҳамаро хира накунед, ба оши бо ҳазор орзую ҳавас дам партофтаамон хок напошед.
— Кали баор, — сар бардошт зан.
— Пӯш даҳоната! – абрувонашро чину гиреҳ кард мард. – Ман ба ту баъд ду-се даҳан гап дорам, меҳмонҳоро гусел кунам.
Мард ба қаҳр аз хона берун шуд ва ба қафо нигариста, илова кард:
— Дигар ман сиёҳии ҳеҷ касро дар болохона набинам. Дарро қуфл зада, калидашро ба ман биёред.
Мард аз зинаҳои тахтагин поин шуд.
— Хез, оча, — аз оринҷи зан дошт духтараш. – Ҷаҳли дадама медонӣ, баробар нашав. Биё, ба ҳар азоб тӯйи хоҳарама гузаронем, ана баъд гиряву нолаамонро мекунем.
— Илоҳӣ ба пайи духтарам равад, дадат. Ин гапи куҷо, а, мурдаро ду рӯз дар хона танҳо нигоҳ дорӣ. Арвоҳи вай ду рӯз сарсону ҳайрон мегардад. На як кас дар ҳаққаш дуо мекунад, на касе дар мотамаш оби чашм мерезад. Рӯсиёҳ мешавем оқибат дар байни хешу ҳамсояҳо. Мардум аз пасамон қир-қир механданд. Аммо дадаи ту дар ғами обрӯи худаш. Арвоҳ мезанад моро, духтарам! Дигар рӯзи хушро намебинем, нони беғам намехӯрем. Чӣ рӯзи сиёҳ омад ба сарамон. Дар сари ҷасади ҷигарбандамон овоз баланд карда наметавонем… Ҳозир нафас дар гулӯям печида, дилам торс мекафад. Дигар наметавонам тоқат кардан.
Духтар андешаманд дасти модарро раҳо карда, баргашта нишаст. Вай чанд лаҳза гӯё гуфтаҳои модарашро дар кӯраи андешаи худ мегудохта бошад, хомӯш монд ва оқибат ба ин пешомади бад бовар ҳосил кард магар, ки оҳи бадард кашида гуфт:
 — Ман намефаҳмам, чаро Фотима ин корро кард.
 — Духтаракам аз ор мурд… Аслан қудоҳо бори аввал ӯро хостгорӣ омада буданд. Ман аз падарат рустӣ ба модари домодшаванда гуфтам, ки ба ҳар ҳол ҷавонҳо як назар якдигарро бубинанд, ду даҳан сӯҳбат кунанд. Онҳо ҳам розӣ шуданд ва маслиҳат кардем, ки мулоқот дар хонаи холаат баргузор шавад. Ҳамон рӯз Фотима Зӯҳроро низ ҳамроҳ бурд. Домод дар ҳамон ҷо Зӯҳроро дида, ба вай дил мебандад. Вақте ки қудоҳо бори дуюм омаданд, сад баҳона пеш оварда, Зӯҳроро хостгор шуданд. Аввал падарат хашмгин шуд, мани худозада мобайн даромадам, ки онҳо дар шинохти дугоникҳо, яъне Фотимаю Зӯҳроро иштибоҳ кардаанд.
 — Баъд Фотима чӣ гуфт?
 — Чӣ ҳам мегуфт, бечора духтаракам. Ҳафташ дар мушташ монд.
 — Ман аз ин гапҳо хабар надоштам.
 — Роҳат дур, рӯзгорат вазнин, дар солу моҳ як бор тир барин меоию меравӣ, аз куҷо мефаҳмӣ. Пӯсткандаи гап, мисли ҳамин рӯз падарат гаштаю баргашта таъкид мекард, ки ин гапро аз даҳанатон набароред. Ману Фотима аз тарс ба даҳанамон қуфл зада гаштем. Аммо имрӯз маълум шуд, ки духтарам оқибат ин бори гарони нангро бардошта натавонист.
 — Хоҳарҷонакам, — нолишкунон хам шуда, аз пешонии мурда бӯсид ҷавонзан. – Чаро ин кори бенура кардӣ! Охир вай ба як тори мӯят намеарзад. Во хоҳараки ҳунармандам! Мошини дарздӯзиат дар кунҷи хона ҳайрон монд, — ҳамоно зери лаб нола мекард ҷавонзан. Баъд сар бардошта, ба модараш, ки сукут меварзид, норозиёна гуфт:
— Чаро бохабар нашудед, худашро танҳо гузоштед?
 — Ман аз куҷо медонам, ки қасди худкушӣ дорад. Дина аз хонаи ҳамсоя як қабза ӯсма оварда, дар пештахтаи тиреза паҳн кард, ки пагоҳ ба абрувони Зӯҳро мекашем. Ҳамин пагоҳӣ то саргаҳи кӯчаро об зада, рӯфт. Хурсанд буд, аз чеҳрааш ягон аломати хастагӣ наменамуд.
 — Хона рӯшан мекардааст.
 — Моро дар ғафлат мононд, фиребамон дод, — гуфт модар фиқ-фиқкунон.
 — Аввал кӣ бохабар шуд?
 — Худам. Барои дадат аз сандуқ тоқии нав мегирам, гуфта, ба болохона бароям, хона пури хун.
 — Раги дасташро буридаст…
 — Ҳа. Ба покуи дадат. Ҳар гаҳ усто биёяд, ба ҳамон покуи худаш ришу мӯйлабашро ба тартиб меоваронд, мӯйи сар метарошонд.
 — Зӯҳро хабар дорад?
— Ҳа… Мегуфтанд, ки дугоникҳо дар ун кунҷи дунё бошанд ҳам, дарди якдигарро ҳис мекунанд, рост будаст. Ҳоло ман аз болохона берун нашуда, Зӯҳро давида омад, ки чӣ гап? Мегӯяд, ки худ ба худ раги дасту поям кашида, қариб буд аз ҳуш равам. Баъд якбора Фотима ба ёдаш расидааст. Бовар мекунӣ, хун мекашидааст.
— Кош ба умеди ҳамон самбӯсаҳо нанишаста, барвақт меомадам, — оҳанги пушаймонӣ кард ҷавонзан. – Пазанда дер кард. Ду бор ба хонааш занг задам.
 — Сараша хӯрад самбӯсааш.
 — Таъриф мекунанд, барои дастархони занҳо овардам. Хоҳаршӯю ҳарду абусунам меоянд. Худат нағз медонӣ, онҳо дар масхара кардан устухон надоранд, ба думи ака эрод мегиранд.
 — Акнун чӣ лозим ун самбӯсаҳо. Заҳри баданамон мешавад.
 Раъно чанд дақиқа андешаманд ба модар нигариста, гуфт:
— Аз як ҷиҳат, оча, гапи дадам ҷон дорад. Медонӣ, ки ҳозир чандин хешу табору ҳамсояҳои бахиламон дар тамошои моянд. Агар тӯямон вайрон шавад, онҳо аз хурсандӣ курта-курта гӯшт мегиранд. Ту хаёл мекунӣ, зани амакам ба мо дӯст аст? Хестӣ, ки дар хоб дидаӣ. Як умр гули дастархонамона хӯрда, аз пас ғайбатамон мекунанд. Бовар кун, очаҷон, агар ҳамин маърака вайрон шавад, уно дар дилашон як тӯй барпо мекунанд. Як умр дороии моро чашми дидан надоранд. Бигузор Зӯҳро хушу хурсанд ба хонаи шавҳараш равад, баъд худамон медонем. 
 Касе аз берун садо кард:
 — Раъно!
 Ҷавонзан берун баромад.
 — Э занак, ку очаат? Дар ҳамин болохона тилло гӯр кардаед, ки аз он ҷо намеҷунбед. Ҳозир магар вақти шиштан аст. Занҳо омаданд, каси аз дасташон дастархона мегирифтагӣ ёфт намешавад. Биё, тезтар. Тавба! Ин хел зани бафурҷара бори аввал мебинам.
 — Ҳозир, — гуфт ҷавонзан ва баргашта ба хона даромад. – Оча, биё, рафтем. Дарро қуфл зан, ки касе надарояд.
 — Ту рав, ман аз пасат меоям, — гуфт зан, сар набардошта.
 Раъно рафт.
 Аз байн чанд дақиқа гузашт, аммо аз модар дарак набуд. Дар ин байн қудоҳо низ расида омаданд. Баробари ба ҳавлӣ ворид шудани домод садои сурнаю дойра баланд шуд. Ҷавонҳо ба рақс даромаданд, қисми дигар давра гирифта, қарс мезаданд. Чанд нафар занону духтарон кафи дастонашонро аз орд пур карда, ба сари меҳмонҳо пошиданд. Зане як лаълӣ қандҳои коғазпечро ба сари домод чошид. Кӯдакон  якдигарро телакунон аз байни пойи одамон шириниҳоро чида гирифтанд ва қию чувкунон ҷониби базмгоҳ давиданд. Дар он ҷо чанд нафар мизу курсиҳоро барои шабнишинӣ тайёр мекарданд. Як нафар сарояндае, ки ҳамроҳи ҷӯраҳои домод омада буд, рубобашро ба даст гирифта, суруд оғозид:
Домода овардем-э, арӯс буро пешвозаш…
Ҳавлӣ пур аз рақсу суруд буд, хандаю шӯхӣ буд.
Ҳамсоязанҳо, хешони аз дуру наздик омада, аз дили Раъно бехабар ӯро ҳар замон ба рақс мекашиданд. Аммо вай ҳазор баҳона пеш оварда, худро аз давра берун мекард.
 — Биё, ба ҷойи очат ту ҳамроҳи мо бирақс, — касе духтари дувоздаҳсолаи Раъноро ба рақс даъват кард. Духтарак низ гӯё ҳамин лаҳзаро мунтазир буд, ки зуд ба рақс даромад. Вай маҳин-маҳин мехиромид, чарх мезад. Раъно, ки аз дур давраро назора менамуд, наздик омада, духтарашро ҷеғ зад:
 — Духтарҷон, давида бибиата ҷеғ зан, чаро ҳаял карданд…
 Ҳамин вақт аз айвони болохона нолаю шевани зане ба саҳни ҳавлӣ танин андохт:
  — Во духтараки нозанинам! Маро ба кӣ партофта  рафтӣ! Хонаам сӯхт, марду-у-м!
Ҳама рӯ ба ҷониби болохона оварда, дар дами дар модари мӯйҳояш парешону ду рухсораш хуншорро дида, дар ҳайрат монданд. Дар як дам садои мусиқию овози сароянда, хандаю шӯхии занону рақсҳои мавзуни духтаракон ва ғалоғулии кӯдакон хомӯш гашт.
 Исмат-амак низ лаҳзае чӣ кор карданашро надониста, дар ҷояш ях баст. Баъд якбора ба ҷунбиш омаду ҷониби занаш аз қаъри дил фарёд кашид:
— Мекушам!
                                                                          Фоҷиаи як оила
         То ба роҳ даромадани қатора ду соат вақт буд. Ҳидоят, ки аз тағйир ёфтани ҷадвали ҳаракати он хабар надошт, баъди харидани билет чанд муддат дар майдони назди вокзал ба куҷо рафтанашро надониста, ҳайрон монд. Аз кисааш қуттии сигарета бароварда, якеро оташ дардод ва пайи ҳам чанд дуд гирифта, рӯй турш кард ва пасмондаи сигаретаро ба қуттии ахлотпарто, ки дар назди хараки чӯбин гузошта шуда буд, партофта, ҷониби тарабхона гом бардошт.
Тарабхона дар байни боғи начандон калон, аммо сердолу дарахт ва тозаю хушбоду ҳаво ҷой гирифта буд. Ҳидоят ба тарабхонаи камодам ворид шуда, чанд лаҳза барои худ мизи мувофиқ интихоб кард ва оқибат паси мизи холие, ки дар назди тирезаи барқад гузошта шуда буд,  ҷой гирифта, хӯрок фармуд. Саргарми тановул буд, ки нохост дар рӯ бу рӯяш ҷавонзани тақрибан бисту панҷ-бисту ҳафтсола пайдо шуд ва курсиеро аз таки миз ба тарафи худ кашида, пурсид:
— Ин ҷо холӣ аст? – ва ба Ҳидоят фурсати даҳон кушодан надода, нишаст.
Ҳидоят сар то пойи занро аз назар гузаронид ва баъд нигоҳашро аз рӯи вай канда, ба саҳни тарабхона кӯчонд. Қариб аз нисф зиёди мизҳо холӣ буданд.
Ҷавонзан бо ишораи даст пешхизматро, ки шояд аз бекорӣ дар кунҷи чапи тарабхона машғули рӯзномахонӣ буду баъд аз ворид шудани вай ноаён ӯро назора мекард, назди худ хонд.
Пешхизмат зуд ҳозир шуд ва бо ишораи сар ба саломи ҷавонзан ҷавоб дода, рӯйхати таомҳоро наздаш гузошт ва дигар ҳарфе назада, бозпас рафт.
Ҷавонзан баъд аз бо номгӯйи таъомҳо шинос шудан, пешхизматро ҷеғ зада, барои худ фармоиш дод ва ба Ҳидоят рӯй оварда, гуфт:
— Шумо, албатта, ҳайрон шудед, ки чаро ман ин қадар мизи холиро гузошта, назди шумо омадам. Ҳамин тавр не?
— Не, чаро ҳайрон шавам, – гуфт Ҳидоят нигоҳашро гурезонида. Вай дар воқеъ ин лаҳзаҳо маҳз ҳамин фикрро аз сар гузаронида буд. «Аз афташ, аз сабукпойҳост. Мехоҳад маро ба доми худ дарорад. Хестӣ, ки хобӣ, ман ҳарчанд дар намуд сода намоям ҳам, сад ту барин шикорчиҳоро кӯҳ ба кӯҳу тал ба тал мегардонам»
— Хато кардед, ҷавони нағз, ман аз ун тоифаҳо нестам. Аммо дар ин рӯз наметавонам паси ин миз нанишинам.
Ҳидоятро ҳайраташ бештар афзуда, намедонист чӣ бигӯяд.
— Ҳайрон нашавед, ин сабаб дорад. Ман намехоҳам, ки шумо гумони бад баред.
— Ман ҳеҷ гумони бад набурдам, — худро ором вонамуда гуфт Ҳидоят. – Ин мизи шахсии ман нест. Азбаски се курсии дигар холӣ аст, ҳар касе метавонад ин ҷо бишинад.
— Рост мегӯед?
— Бале.
— Бовар намекунам.
— Чаро?
— Чашмонатон дигар чиз мегӯянд. То ҳол аз онҳо сояи ҳайрат нарафтааст.
Пешхизмат фармудаи ӯ – як шиша майи шампон, як тахтача шоколад ва дар як тақсимча салат оварда, болои миз гузошт.
Ҷавонзан дар як даст чангак, тақсимчаро пеши худ кашида, гуфт:
— Хоҳиш мекунам, даҳони майро кушоед.
Пешхизмат шишаи майро ба даст гирифта, эҳтиёткорона сими тӯрмонанди онро кушод ва баъд оҳиста даҳонашро боз намуда, ба қадаҳ рехт ва шишаро баргашта болои миз гузошт. Майи шампун дар дохили ҷоми булӯрин биҷирос мезад.                                                           
— Ба ин кас ҳам бирез, — гуфт зан, аз болои тақсимча сар набардошта.
— Ман наменӯшам, — дасташро ба нишони эътироз ба даҳони ҷом гузошт Ҳидоят.
— Метарсед? – сар бардошт зан.
— Аз чӣ?
— Аз ҳамроҳи зани бегона нӯшидан.
— Барои ман зан худию бегона надорад, — гуфт Ҳидоят оромона. – Аммо гап сари он ки ман майи шампон наменӯшам. Ин хоси занҳост.
— Дуруст мегӯед! Мардон бештар арақи сафед менӯшанд. Аммо ба ҳар ҳол хоҳиш мекунам, ба хотири ман нӯшед. Шумо гумон накунед, ки ман майзадаам. Худо нишон надиҳад. Ин бори охирин аст, ки ман менӯшам ва намехоҳам, ки танҳо бинӯшам. Тавалло мекунам, суханамро рад накунед.
— Бигузор гуфти шумо шавад, — кафи дасташро аз даҳани ҷом гирифт Ҳидоят.
Вақте ки пешхизмат ба ҷоми Ҳидоят низ май рехт, зан ҷоми худро ба даст гирифта, гуфт:
— Биёед, барои зиндагӣ менӯшем.
Нӯшиданд.
— Бубахшед, шумо чӣ кора? – пурсид ҷавонзан.
— Ман… журналист.
— Оҳо, худо шуморо ба ман расонд. Мехоҳед, ман саргузашти талхи худро бароятон нақл кунам. Агар дар газетатон нависед, як мақолаи пур аз дарду ғам мешавад. Одамон хондани чунин мақолаҳоро дӯст медоранд. Бовар кунед, ман худам низ бо рағбат мехонам. Шумо як чизро ҳис кардед, ки мардум ғампарвар шудаанд. Шояд сабаб он бошад, ки одамони ғамзада дарди худро ба дигарон қиёс карда, каме бошад ҳам, таскин меёбанд, худро тасаллӣ медиҳанд, ки дар панҷаи андӯҳ танҳо нестанд. Хислати одамӣ чунин аст, ҳамеша ҳамдард мехоҳад. Менависед?
— Ку шунавем.
— Маҳз ба назди шумо омада нишастани ман сабаб дорад, — оғоз кард ҷавонзан. – Чӣ хеле гуфтам ман ҳар сол дар ҳамин рӯзу дар ҳамин соат бояд дар паси ҳамин миз бишинам.
Ҳидоят бо аломати савол ба ҷавонзан нигарист.
— Расо шаш сол пеш дар ҳамин рӯз, дар ҳамин вақт ва дар ҳамин тарабхона тӯйи арӯсии ман барпо шуда буд. Ва ман ҳамроҳи домод дар ҳамин ҷое ки имрӯз ин мизро гузоштаанд, аз бахт шоду масрур нишаста, табрикоти ёру дӯстон ва хешу таборро қабул мекардем. Албатта, он вақт дар гӯшаи хаёл ҳам намеовардем, ки ҳамагӣ чанд сол мегузараду мурғи бахт аз дастамон хато мехӯрад. Ҳа, инро ба гӯшаи хотирамон намеовардем ва намехостем ҳам.  Аммо зиндагии зормонда душвор будааст, пур аз хору лахча будааст. Агар лаҷоми онро аз рӯзи аввал маҳкам дошта нагирӣ, ба зудӣ аз дастат раҳо мешудааст.
Ҷавонзан ин гапҳоро гӯё нафас накашида, дар як дам гуфт. Шояд дар умри начандон дарози худ ин суханонро борҳо ба дарду алам такрор карда, азёд намуда буд. Ҳидоят бошад, аз ин руҷӯъ мушаххас чизе нафаҳмида, мунтазир буд, ки вай кай ба сари мақсад меояд. Аммо ҷавонзан сараш хам бафурҷа салат мехӯрд.
— Шавҳаратон дар куҷост? – пурсид Ҳидоят.
— Шавҳарам мурд.
— Чӣ хел? – Ҳидоят зуд аз ин саволи ноҷои худ пушаймон шуд, аммо тир аллакай аз камон ҷаста буд.
— Нашъакаш буд, аз истеъмоли зиёди героин ногаҳон ҷон дод. Дарди сахт аст, нашъамандӣ! Ба душмани ашадиям намехоҳам ин рӯзи сиёҳро. То ҳол манзараи ҷон додани шавҳарамро пеши назар орам, баданамро раъша мегирад. Худоё, чӣ рӯзи сахт аст, чӣ рӯзи сахт аст! — Ҷавонзан аввал ба ҷоми худ, сипас ба Ҳидоят май рехта, зуд нӯшид ва аз тахтачаи шоколад як ҳиссаашро шикаста, ба даҳон андохт ва давом дод. – Бегоҳ буд. Дар ҳавлии калону боҳашамат мо танҳо будем. Хусуру хушдоманам ҳамроҳи ду фарзандонашон ба тӯй рафта буданд. Ману шавҳарам ба тӯй нарафтем. Зеро чанд ҳафта боз шавҳарамро як духтури шинос дар хона табобат мекард. Ба раги дасту пояш ҳар гуна доруҳо чаконда, организми заҳролуди ӯро тоза менамуд. Боз ҳар хел доруҳои гароннарх мехӯронд, ки пас аз он шавҳарам чанд муддат гарангу пакар мехобид. Аммо чун бедор мешуд, аз дард нолиш мекард, ки тамоми буғумҳояш месӯзанд. Се рӯзи аввал ба ҳар азоб тоқат кард, баъд аз мо пинҳонӣ боз ҳамон заҳри қаттолро ёфта, истеъмол кардааст. Оқибат бо маслиҳати духтур хусурам дасту пойи шавҳарамро баста, намегузошт, ки аз ҳавлӣ берун шавад. Агар барои қазои ҳоҷат равад, ҳатман касе ҳамроҳаш мерафт. Ман ҳамеша мисли қаровул дар назди ӯ будам: об медодам, хӯрок мехӯрондам, назорат мекардам, ки доруҳои фармудаи духтурро дар вақташ бихӯрад. Ҳамчунин ҳушашро ба гап мегирифтам, то дигар ёди он шарикони бадфеълу он заҳр накунад. Аммо ин кор бароям мисли кӯҳ кандан душвор буд.
Он бегоҳ мо ҳарду танҳо будем. Ҷаҳонгир вақти говгум аз хоб бедор шуда, хоҳиш кард, ки банди дасту пояшро кушоям.
«Ақаллан поямро кушо» — зора кард вай.
«Чаро?» — пурсидам ман.
«Мехоҳам ба қазои ҳоҷат равам» — асабиёна посух дод Ҷаҳонгир.
«Ман ӯрдакро меорам, дар ҳамин ҷо ҳоҷататро мебарорӣ» — аз ҷой хестанӣ шудам ман.
«Не, ман мехоҳам, берун равам! – дод зад Ҷаҳонгир. – Кушо, мегӯям дасту поямро!»
«Намекушоям. Ту боз ба хонаи ҳамон қанчиқ меравӣ!» — ман низ овозамро баланд кардам.
«Нигинаҷон, — ба зорӣ даромад Ҷаҳонгир, — садқаат шавам, бори охир… кушо».
«Не, беҳуда зора накун, аздусар намекушоям» — гуфтам ман, ба ҳоли забуни вай дилам сӯхтаю оби чашмам шашқатор шуда.
«Агар накушоӣ, мекушам! Қасам ба модарам, мекушам»
«Қасам нахӯр»
«Тамоми устухонҳоям дард мекунанд, дигар тоқат карда наметавонам. Ту хонаи он занро медонӣ, худат рафта камакак биёр, ки дардам кам шавад. Нигинаҷон, ҷони ман, рав».
«Тоқат кун. Духтур гуфт-ку, агар як-ду ҳафта тоқат бикунӣ, ҳамааш мегузарад».
«Очаи духтура… Духтур дарди маро аз куҷо медонад. Вай дар ғами аз падарам се-чор танга кандан… Э вой, мемурам, дигар тоқат карда наметавонам, устухонҳоям мекафанд» — ногаҳон рӯйи хона ба гавваккашӣ даромад Ҷаҳонгир. Вай бо панҷаҳои мисли заъфарон зардаш қолинҳоро чангол мезаду паташонро канда, ба даҳонаш андохтанӣ мешуд. Аз доду войи Ҷаҳонгир писарчаамон Орзуи яксола бедор шуда, ба гиря даромад. Ман зуд дасту пойи ӯро дар гаҳвора кушода, назди Ҷаҳонгир омадам. – Ана, дадаҷон, ман, ки бачаи назам, очаҷонам дасту поямло кушод. Агал сумо хам гапи очама гӯш кунед, дастатона мекусояд» — гуфтам ба забони кӯдакон тақлид карда. Ҷаҳонгир ҳатто сарашро набардошт.
«Бибин, писарчаамон чӣ хел дӯстрӯяк, Чаро ту ғами ӯро намехӯрӣ? Охир, вай ҳам мехоҳад мисли дигарон падари солим дошта бошад, ҳамроҳаш бозӣ кунад, ба сайру гашт равад»
Ҷаҳонгир мисли гӯсфанди бедиле, ки ба барраи худ меҳр надораду аз ӯ дурӣ меҷӯяд, сар бардошта, ба Орзуҷон як назари бефарқ дӯхту «Гум кун ӯро аз назарам» гӯён сарашро сахт-сахт ба девор задан гирифт. Бо як азоб ӯро аз девор дур кардам. Орзу аз тарс чиррос зад. Ман ӯро оғӯш карда, ба хонаи дигар бурдам ва бо як азоб аз нав хобондаму бозгашта назди Ҷаҳонгир омадам.
«Нигинаҷон, чаро ба ман раҳмат намеояд? – гуфт вай чашмони бенурашро, ки гӯё аз косахонаашон баромадан мехостанд, аз рӯям наканда. – Ман аздусар мемурам, биё, маро азоб надеҳ. Охир ту намефаҳмӣ, ки ин дард кадом андоза душвор аст, тоқатфарсост. Худатро ҳам азоб надеҳ. Хонаи ҳамон занро медонӣ-ку! Як гардак биёр, ҷони ман ҳам меорамаду ту ҳам ба хоби роҳат меравӣ. Ҷонам шавӣ…»
«Не, Ҷаҳонгир, ту бояд тоқат кунӣ, ҳамааш мегузарад».
Ҷаҳонгир сарашро ба фарши хона мезаду маро дашном медод ва таҳдид мекард, ки сар мебурад маро. Вақте каме ором шуд, ман гирён ба ӯ наздик шуда, оҳиста сарашро рӯи зонувонам гузошта, гуфтам:
«Мулоқоти нахустинамонро ёд дорӣ, Ҷаҳонгир? Бори аввал ман туро дар хонаи холаам дидам. Дар пеши куртаи остинкӯтаҳат акси актёри ҳинд Амитабх Баччан буд. Ту воқиан ҳам мухлиси ашаддии ӯ будӣ, ба тарзи либоспӯшӣ, рафтору гуфтори ӯ тақлид мекардӣ, мехостӣ ба ӯ монанд бошӣ ва маҳз бо ҳамин орзу ба Донишкадаи санъат дохил шудӣ. Вақте бори аввал бо ҳоҳиши модарат холаам ҳардуи моро дар меҳмонхонааш танҳо гузошта, ба баҳонаи дастархон овардан берун баромад, нигоҳҳои мо ба ҳам бархӯрданд. Чӣ қадар гарм буд нигоҳат, вуҷудамро месӯзонд. Пагоҳ ба кино меравем? – пурсидӣ ту ҳамоно нигоҳатро аз ман наканда. Ҳарчанд мехостам, ки ин нигоҳи гарм ҳаргиз аз рӯям канда нашавад, аз шарм сар ба зер афкандам. Кинои ҳиндӣ, — гуфтӣ ту лабонат ҳамоно моил ба табассум. – Номаш «Ишқ ва зиндагӣ». Баробари шунидани калимаи ишқ гӯё банди дилам ларзид, вуҷудамро дарди ширине фаро гирифт.Баъд аз он рӯз то тӯямон мо қариб рӯздармиён бо ҳам вомехӯрдем. Чӣ шӯхиҳое мекардем, чӣ орзуҳое мепарваридем. Аммо сад афсӯс…»
Ман гирён он рӯзгори ширинро пеши назар меовардаму ба гӯши Ҷаҳонгири дар сари зонуям орамида суруди ҳасрат мехондам. Вай гӯё саропо гӯшу ҳуш гашта буд, раг намезад.
«Ёд дорӣ, он рӯз ҳангоми тамошои филм, дар он толори торик бори аввал ноаён дасти маро доштӣ», — гуфтам ман ва беихтиёр дастони Ҷаҳонгирро мисли он рӯз ба кафи дастонам гирифтам. Аммо дилам таҳ кашид. Зеро дастони ӯ мисли ях хунук буданд. Аз тарс зуд сари ӯро бардошта, ба рӯяш назар афкандаму беихтиёр дод задам.
Вай мурда буд.
Аз он рӯз қариб ду сол гузашт. Ҳамин пагоҳӣ аз хоб бедор шуда, ҳавлиамонро рӯфтаму ногоҳ ба ёдам расид, ки имрӯз рӯзи тӯямон аст. Дилам вайрон шуд, хориам омад. Аз бахти бармаҳал хазон гаштаам, аз оилаи ин қадар тез бар бод рафтаам, аз пешонии шӯру толеъи бадам зор-зор гиристам. Охир, ман ҳамагӣ ду сол оиладорӣ кардаму халос. Аз рӯзҳои аввал он қанчиқ аз куҷое пайдо шуду Ҷаҳонгир ба ӯ дил баст. Гумон дошт, ки вай низ ӯро дӯст медорад. Аз куҷо медонист, ки ун худобехабар ба молу маноли падари вай чашм ало кардааст. Воқиан, оқибат Ҷаҳонгирро ба нашъмандӣ одат кунонида дар муддати ин солҳо падарашро хонасалот кард.  Ҷаҳонгир  аввал он хокаро ба пул мехарид, чун падар дигар ба вай пул намедод, ба навбат дуздида-дуздида ҷиҳози қимматбаҳои хона, зару зевари ману модарашро ба он бева кашонд, ба героин иваз кард. Вақте хабар ёфтем, аллакай дер шуда буд.
Баъд аз марги Ҷаҳонгир ягона тасаллои дили ман писари яккаю ягонаамон Орзуҷони яксола буд. Шабҳо ӯро ба қафаси синаам зер карда, зор-зор мегиристам. Вай он шабону рӯзҳои азодорӣ ягона ҳамдаму ҳамроз ва таскинбахши дили мотамзадаи ман буд. Ҳарчанд гап зада наметавонист, аз нигоҳи беғашаш дарди қалби ғамзадаам андаке таскин меёфт, хотири парешонам ҷамъ мешуд. Шукр мекардам ва Худои бузургро сано мехондам, ки аз Ҷаҳонгир нишоне дорам. Аммо чи хеле дар урфият мегӯянд, бадбахтӣ танҳо намеояд. Баъд аз як соли азодорӣ Орзуи ягонаи ман ба бемории сурхакон мубтало шуд. Намедонам аз тақдири бад буд, ё ғамбеморию бепарвоиам сабаб шуд, рӯз аз рӯз аҳволаш бадтар шудан гирифт. Духтур бурдем, мулло овардем, фоидае накард. Каме рӯ ба беҳбудӣ меовард, аммо боз баданашро доначаҳои сурх фаро мегирифтанд. Хусурам духтурони беҳтаринро овард, аммо онҳо низ дар илоҷи табобат ҳайрон монданд. Бист рӯз пеш Орзуи ягонаи ман баъд аз чандин шабҳои дар табу тоб сӯхтанҳо субҳи содиқ ҷон дод. Ҷисми беҷони ӯро низ мисли падараш дар сари зонувонам дида, худ низ бо зиндагӣ падруд гуфтам. Зеро вай ягона риштаи умед буд, ки маро ба ин ҷаҳон мепайваст. Лаҳзае ки он ришта канда шуд, ман низ аз ин дунёи пурҷафо дасту дил шустам. Зеро дигар ин ҷо дилкашолие надорам, азизонам зери хоканд.
Ҷавонзан, ки то ин дам сараш хам гӯё худ ба худ гап мезад, сар бардошта, ба Ҳидоят нигарист ва бо рӯймолчааш ашки чашмонашро пок карда, гуфт:
— Мегуфтагистед, аҷаб занаки беақле, ба проблемаҳои ту маро чӣ кор?
— Не, ин хел нагӯед.
— Ба ҳар ҳол киро мефорад ғаму андӯҳи як зани бегонаро гӯш кардан. Намехостам… аммо чун гуфтед, ки журналистед, барои ҳамин заҳраи диламро кафондам. Заҳри одамро одам мегирад, мегӯянд, ки рост аст. Ана ҳозир ба шумо дарди дил кардаму андаке сабукӣ ёфтам. Шояд ягон вақт ин қиссаи ғамангези маро дар ягон гӯшаи мақолаатон истифода кунед. Ман танҳо аз ин фоҷиа ранҷ намекашам, зиёданд занҳое, ки фарзандонашон ба ин дарди бедаво гирифторанд, шавҳарони наъшакаш доранд. Ман мехоҳам, ки ҳамаи он занҳо дар ягон ташкилот, ё намедонам боз чи, сарҷамъ шаванд, дарду ғами якдигарро шунаванду аз таҷрибаҳои худ маслиҳат диҳанд. Ба ҳар роҳе ки бошад, пеши ин ваборо бояд гирифт.
— Чаро он занро ба милиса насупоридед? Охир нашъаҷаллобӣ ҷинояти вазнин аст-ку! – гуфт Ҳидоят ба оҳанги маслиҳат.
— Шумо гумон доред, ки он зан дар ин шаҳр ягона аст? Садҳо, ҳазорҳоянд онҳо. Ҳама онҳоро медонанд, лекин худро ба нодонӣ мезананд, ҳама онҳоро мебинанд, аммо чашм мепӯшанд. Аммо ин махлуқони одамсурат сарҷамъанд, ҳамеша якдигарро дастгирӣ мекунанд, дар рӯзҳои сахт пушту паноҳ мешаванд. Мо бошем, парокандаем ва онҳо аз ин истифода мекунанд, фарзандони моро ба доми худ меандозанд, маъюбу маслуқ мекунанд. Хулоса, ана ҳамин бетарафӣ оқибат мекушад инсонҳоро. Бовар кунед, сайёраи мо  аз дастаи аслиҳаи ҳастаӣ нобуд намешавад. Не! Инсонҳоро охири кор ана ҳамин гуна дардҳои бедаво мекушад. Зеро инсон рисолати азалии худро аз ёд мебарад, сураташ инсонро мемонаду сираташ шабеҳи саге мешавад, ки алҳол гумрукчиён барои ошкор сохтани нашъаҷаллобон истифода мекунанд.
Ҷавонзан ба  ҷоми худ май рехта нӯшид.
— Боре ҳамроҳи Ҷаҳонгир аз базор бармегаштем. Дар роҳ аҳволи вай бад шуду маро саросема мекард, ки тезтар роҳ гардам. Вақте аз назди хонаи он зан мегузаштем, Ҷаҳонгир мисли гови гуруснае, ки худро ба боғи деворҳояш валангори сари роҳ мезанад, бероҳа шуда, ҷониби дарвоза рафт. Ман аввал ҳайрон мондам, аммо баъд аз қафояш давидам.
Ҳавлӣ воқиан ҳам, боҳашамат буд, боғи калону сарсабз дошт, дар зери дарахтону лаби ҳавзи обаш зулол товусҳо мехиромиданд. Он зани нашъаҷаллоб болои кат нишаста буду Ҷаҳонгир аз поён зӯр зада, ба ӯ чизеро фаҳмондан мехост.
Наздик рафтам.
«Апаҷон, ҳозир оварда медиҳам» — илтичо мекар Ҷаҳонгир.
«Не, не, аввал биёр»
«Охир то хона расидан тоқат надорам. Апаҷон, медонӣ-ку, ман фиреб намедиҳам. Ҳозир аз бозор баргаштем, занак ҳама пулҳоро харҷ кард» — гуфт Ҷаҳонгир ва бо як хез задан худро рӯи кат гирифта, дар пеши пойи он нохалаф ба зону заду бо ду даст аз соқи пойҳояш маҳкам дошта, ҳарисона онро бӯсид.
Зан гӯё танҳо ҳамин лаҳза ҳузури маро пайхас кард, ки гуфт:
«Э гир ин шӯйи ифлосата!»
— Чӣ рӯзи сиёҳе буд, он рӯз, — гуфт ҷавонзан, — ман гирёну нолон аз дасти Ҷаҳонгир дошта, сӯи дарвоза мекашидам, аммо вай ба талвоса аз дастам халос хӯрда, боз пеши он зан ба зону мезад, ки ақаллан як гард диҳад. Он рӯз ба он манзараи мудҳиш нигариста, хориам омад, зор-зор гиря кардам, ба ҳафт пушти он зани ифлос лаънат фиристодам.
«Ман магар шавҳари туро ҷеғ задам? Дар пеши назари худат омада, пеши поям афтид-ку! Безорам аз рангу рӯйи ҳардуятон. Дафъ шавед, аз ҳавлиам!Ту ба ман раҳмат гӯй, ки шавҳари туро кам-кам таъмин карда меистам, вагарна кайҳо устухонҳояш хоку туроб мешуданду ту бе оғӯши гарм мемондӣ»
«Илоҳо хонаат сӯзад, ин рӯз ба сари фарзандонат афтад! Ту беваи ҳаромӣ ӯро ба ин бало одат кунондӣ. Ҳоло ист, агар ман ба орган хабар дода, туро дар байни халқ шарманда накунам, номамро мегардонам. Дар кунҷи турма мепӯсӣ»
«Эҳтиёт шав, пеш аз ман паси панҷара нашинӣ. Ягон кас фалонама хӯрда наметавонад» — гуфт зан миҷҷааш хам нахӯрда.
— Хулоса, вай он рӯз ба ман хеле гапҳои пасту баланд гуфт ва ҳатто таҳдид ҳам кард, ки аз сад ҷонам якеашро намемонад. Оқибат бо амри зан як ҷавони ҳузарб шавҳарамро аз гиребони пиҷакаш гирифта, мисли сагбача аз дарвоза берун кард. Ҳеҷ аз ёдам намеравад, пеш аз дарвозаро пӯшидан лабонаш инҷ ба ман шавҳарамро, ки аз зарби лагати ӯ рӯи хок ғел зада буд, нишон дода, гуфт:
«Дигар ба умеди вай нашав, аз дасташ ягон кор намеояд. Агар шабҳо азоб кашӣ, назди худам биё, тафси дилата паст мекунам»
Дар ҳузури шавҳари ҳалолам ана ҳамин хел гуфт он ифлос. То рӯзи мурданам ин таҳқири ӯро фаромӯш намекунам. Ҳатто баъд аз маргам дар гӯр устухонҳоям ёд карда, торс мекафанд. Чӣ рӯзҳои сахтро надид ин сари сахтам, — гуфт ҷавонзан ва ҷоми дар дасташ бударо бардошта, илова кард. – Саргузашти маро дар рӯзномаатон чоп мекунед?
— …
— Ихтиёратон, метавонед чоп накунед, барои ман дигар фарқ надорад. Ман имрӯз худкушӣ мекунам.
Ҳидоят ҳайрон ба ҷавонзан нигарист.
— Ҳа, худамро аз бинои нӯҳқабата ба поён мепартоям.
— Чаро? — беихтиёр пурсид Ҳидоят.
— Чунки дар маҳбас нишастан намехоҳам.
— Кӣ шуморо шинондан мехоҳад?
— Қонун. Шумо, бародари азиз, ин лаҳзаҳо бо ҷинояткор рӯбарӯ нишаста, сӯҳбат доред. Ман ду соат қабл он зани нашъаҷаллобро  корд зада, куштам ва хонаашро оташ задам. Вақтҳои охир ҳар шаб Ҷаҳонгиру Орзуҷонро хоб медидам. Оқибат аз хоббинии пай дар пай қариб буд девона шавам. Чанд рӯз боз пайт меҷустам, чун соя ноаён аз пасаш мегаштам. Аз рӯзи аввал қарор додам, ки ин зани ифлосро дар рӯзи тӯям, ки вай онро абадӣ барои ман ба мотам табдил дод, бо дастони худам ба ҷаҳаннам мефиристам. Ҳайрон шудед, а! Чӣ хел як занаки паршикаста метавонад одам кушад. Мекушад, агар ҷонашро ба ҳалқаш оранд, ба осонӣ мекушад. Бовар кунед.
Ин пагоҳӣ аз дур дидам, ки духтару домод ва наберагонашро ба куҷое гусел карда, бозпас ба ҳавлӣ даромад. Фурсатро ғанимат ёфта, зуд худро назди дарвозааш гирифтам. Шояд рӯзаш пур шуда будааст, ки дарро набаста буд. Оҳиста ба ҳавлӣ даромада, ба чор ҳаддаш назар андохтам, ҷонзоде наменамуд. Ҳамин вақт аз ҳоҷатхона баромаду маро дида, ҳайрон шуд.
— Чӣ мехоҳӣ? – гуфт аз ҷояш наҷунбида.
Намедонистам чӣ бигӯям. Он қадар ба ҳаяҷон омада будам, ки дастонам ноаён меларзиданд. Вай шояд ҳолати ғайримуқаррарии маро пай бурда, пешомади бадеро ҳис кард, ки телефони дастиашро ба даст гирифт. Намедонам боз ба чи хаёле рафт, ки онро баргашта ба кисаи хилъаташ андохт. Ман ҳама туғёни диламро бо як азоб фурӯ нишонда, хунсардона ба ӯ наздик шуда, салом додам. Дигар ҳеҷ чизро ёд надорам. Хира-хира ёдам меояд, ки аз сумкачаам кордеро, ки маҳз барои ҳамин лаҳза чанд рӯзи охир бо худ мегардондам, ба даст гирифтам… Шояд ин лаҳзаҳо маро ҷустуҷӯ доранд. Дуруст кардам? – пурсид ҷавонзан рост ба чашмони Ҳидоят нигариста.
Ҳидоят чӣ гуфтанашро намедонист.
— Ана дидед! Шумо ҳам бетарафед. Пагоҳ шояд он ҳавлии сӯхтаю ҷасади зани бирёншударо дида, дар рӯзномаатон рафтори маро маҳкум кунед, қотилам хонед… Хайр, ташаккур барои ҳамроҳиатон. Дигар барои ман аҳамияте надорад фикри шумо. Ҳозир аз ин ҷо рост ба боми бинои нӯҳқабата мебарояму худро мепартоям. Тамом! Ҷонам халос мешавад аз ин ранҷу азоб, ғаму ғусса. Аз он ҷо рост ба ин тарабхонае, ки тӯямон баргузор гашта буд, омадам, то лаҳзае нишинаму хаёлан он рӯзи висоламонро бо Ҷаҳонгир ба ёд орам. Бо ин хотира ба гӯр меравам ва дар он дунё Ҷаҳонгирро вохӯрда мегӯям, ки ҳамин ҳозир аз он тарабхона омадам ва он сурудеро, ки ту низ шуниданашро дӯст медоштӣ, табъи дил гӯш кардам. Паноҳи шумо ба худо, — гуфт ҷавонзан як қабза пулро рӯи миз гузошта. – Баъд ба ҷойи ман низ ҳисобӣ кунед, боқимондааш аз худатон.
Ҷавонзан ҳамон тавре ки ногаҳон пайдо шуда буд, зуд ғайб зад. Ҳидоят вақте ба худ омад, саросема бо пешхизмат ҳисобӣ карда, берун баромад. Аз ҷавонзан на пай буд, на ҳайдар.
Рӯз бегоҳ мешуд.
Ҳидоят танҳо ҳамин лаҳза ба ёд овард, ки ба қатора билет дорад. Тозон ба вокзал омад, аммо қатора кайҳо рафта буд.
— Ҷин занад, имрӯз чӣ рӯзе буд, — гуфт вай худ ба худ ва аз вокзал берун шуд. Каме дуртар аз даромадгоҳ милисионере зарфи пур аз донаи офтобпарасти духтаракеро, ки дар хараки зери дарахт нишаста, савдо мекард, аз дасташ кашида гирифту байни гулҳо партофт.
— Ман ба ту чанд бор гуфтам, ки дар ин ҷо савдо кардан манъ аст, — дод зад вай ба сари духтарак.
Духтарак ба дӯғу пӯписаи милисионер аҳамият надода, зуд байни гулҳо даромад ва даст-дасткунон яқин зарфашро мекофт.
Ҳидоят ба назди милисионер рафта, гуфт:
— Сержант, шармат намеояд. Беҳтараш нашъаҷаллобонро дастгир кун.
— Киро дастгир кунам? – нафаҳмид сержант.
— Маро, — гуфт Ҳидоят.
— Девона, — гуфт милисионер ва дигар ба ӯ аҳамият надода, дохили вокзал шуд.
— Кош девона мебудам, — ғурингид Ҳидоят ва ҷониби таксӣ рафт.
 Муҳаббат ва хиёнат
                                                                    (повест)
Мошини боркаши кӯҳна шағалу сангрезаҳои зери чархҳояшро ба ҳар тараф пош додаю чанги роҳро хезонда, ба роҳ даромад. Аз садонишонаки шалақи он дуди ғализе баромада, зуд ба атроф паҳн гашт. Ҷавони болобаланди малламӯй, ки дар тан шими ҷинсу ҷемпери нимдошт дошт, то аз назар ғоиб шудани мошин онро бо нигоҳ гуселонида, чанд лаҳза ба дашти урён, ки то домани талҳои баланду қаторкӯҳҳои паст мепайваст, дида дӯхт. Баъд оҳиста-оҳиста ба лаби ҷӯйи соҳилҳояш симонпӯш, се-чор қадам дуртар аз роҳи мошингард, дар пастӣ ҷорӣ буд, фуромад. Аввал дасту рӯй шуст, гарди чанги роҳро аз почаи шимаш такид, баъд ба навбат пойҳояшро ба лаби об наздиктар бурда,туфлии чанг зер кардаашро шуст. Вай беихтиёр ин корро карду баъд аз қоматашро рост кардан аз ин амали худ хандааш омад. Зеро вай ҳанӯз ба манзил нарасида буд, бояд то ба хона расидан қариб ҳашт километр роҳро ба пайраҳаю бероҳа тай менамуд. Ва алҳол шустани туфлӣ дар ҳован об кӯбиданро мемонд.
Дар сар чунин андешаҳою дар лабаш табассум ҷавон аз лаби ҷӯй дур шуда, рӯи роҳ баромад. Фасли поиз ҳукм меронд. Дашти беканор баъди ғундоштани ҳосили ғаллаю гармиҳои тоқатфарсои тобистони дароз, ки хоси ин минтақа аст, латтаи кӯҳнаро мемонд: саросар тира, дар зери суми чорвою чархи мошинҳо кӯфташуда ва хушку зард. Ҷо-ҷо қитъаҳои замини даравшуда сиёҳӣ мекарданд. Роҳе ки ҷавон бояд мепаймуд, аз байни ҳамин киштзорҳо мегузашт.
Ин ҷавони бисту ҳафтсола Орзу ном дошт. Вай панҷ рӯз қабл аз маҳбас озод шуда буд. Рӯзи нахустин чанд муддат дар кӯчаҳои пойтахт қадам зада, дилаш фишор хӯрд. Зеро вай ҳеҷ гоҳ кӯчаҳои шаҳрро  мисли он рӯз холию бенур надида буд. Тӯли панҷ соли донишҷӯӣ дар Донишгоҳи омӯзгорӣ ҳама кӯчаю пасткӯчаҳои Душанберо гашта буд. Алалхусус аз ин хиёбони марказӣ қариб ҳар рӯз ду-се раҳ поину боло мегузашт. Зебо буд он вақт ин хиёбони нозанин, бӯи гулгаштҳояш маст мекард раҳгузаронро. Хаёлаш он вақт одамон низ дигар буданд: кушодачеҳра, хушмуомила, рӯгарм, либосашон озода. Аммо он рӯз Орзу дар кӯчаҳо қадам зада, онро берӯҳ, одамонро шитобзадаю ҳаросон медид.
«Ба ин мардум чӣ бало асар кардааст… наход кор то ба ҳамин дараҷа бад бошад?» — аз дил гузаронд Орзу. Вай дар маҳбас шунида буд, ки чанд муддат боз пойтахт ноором, мардум аз дуру наздик омада, дар ду майдон хайма зада, ба ҳукумат ҳар гуна шартҳо мегузоранд.
Орзу аз назди коргоҳи дӯзандагӣ ба тарафи рост тоб хӯрда, ҷониби бозори «Баракат» рафт. Вақте аз назди дорухона мегузашт, чашмаш ба зани аврупоинажоде афтод, ки рӯзномаеро паҳн карда, ҳар гуна майда-чайдаи рӯзгорро бафурҷа болои он мегузошт. Орзуро ҳисси кунҷковиаш боло гирифта, дар назди зан таваққуф кард ва ба чанд нусха китобҳои бадеӣ чашми харидорона дӯхта, якеро ба даст гирифт.
 — Михаил Булгаков, — номи муаллифро хонд Орзу.
— Бихар, писарам, — сар бардошт зан, — зарар намебинӣ. Ин китобҳо ҳозир дар фурӯш нест, кайҳо боз чоп накардаанд. Бисёр китоби нағза интихоб кардӣ. Бигир, пушаймон намешавӣ.
 — Нағз бошад, чаро мефурӯшед? – гуфт Орзу аз саҳифаи аввали китоб сар набардошта.
 — Мо мекӯчем, ба Россия меравем, — гуфт зан, — бори вазнин. Баъд ин китобҳо дар он ҷо бисёр, бо нархи арзон ёфтан мумкин. Барои контейнер киро кардан низ пул даркор.
 — Чаро мекӯчед? Ин ҷо магар маъқул нашуд?
 — Чаро мекӯчед, мегӯӣ… Ба қарибӣ дар ин ҷо гӯштиодамхӯрӣ мешавад, — гуфт зан, ба атроф назар давонда. Вай шояд аз мӯи маллаю чашмони кабуд ва сафедрӯии Орзу ӯро ҳаммиллати худ пиндошта, афзуд. – Инҳо ба бародарони ҳамхуни худ раҳм накарда истодаанд, магар ба мо тараҳҳум мекунанд! Хомтамаъ набош, писарам, беҳтараш таёқатро ба рушноӣ зан. Хонаи Горбачев сӯзад, ҳамаро сарсону саргардон кард… Меравам, мегӯяму ҷисму ҷонам месӯзад, ҷигарам об мешавад. Охир дар ин макон шавҳарам хоб аст, гул барин хоҳарам хоб аст. Бе ман қабри онҳо хор мешавад, вайрону валангор мешавад. Рӯҳашон низ ҳар шаб сарсону саргардон гирди хонаам, ки дина хеле арзон ба як марди таҳҷоӣ фурӯхтам, давр мезанаду салиберо дар деворе кашол намебинад. Дар он ҷои нав низ ҷамъ шудани хотири ман ба гумон. Ду моҳ пеш духтару домодам кӯчида рафтанд, ман танҳо мондам. Рафтан намехоҳам, аммо танҳоӣ, нобоварӣ ба оянда ва тарсу ваҳм оромам намегузорад. Метарсам, ки дар ин ҷо мурдаам бесоҳиб мемонад, касе таги хок намекунад. Магар мо панҷоҳ сол қабл ба ҳамин умед омада будем? Не, он вақт диламон пур буд, бо дасту дили гарм дар ин кишвари нозанин реша давонда, фарзанд ба дунё овардем, баъд набераҳо пайдо шуданду дарахти умедамон шоху панҷа зад. Ана оқибаташ! Кош намеомадем, фиребамон доданд… Тақдирро бубин, ки он вақт низ аз ҷанг гурехта будем. Аниқтараш вақте немисҳо шаҳрамонро ба муҳосира гирифтанд, моро ба ақибгох эвакуатсия карданд. Ва ин мардум моро чун хоҳару бародари худ қабул карданд, як бурда нонашонро бо мо диданд. Дар ҷойи кор устоди аввалинам як тоҷикзани самарқандӣ буд. Ҳама нозукиҳои касби бофандагиро ёдам дод. Аммо ҳозир… ин аҳвола бин.
 — Ҳозир ҳам бад нест. Ин як шамолест, мегузараду меравад.
 — Ба гумон аст, ки бе хунрезӣ бигзарад.
 Орзу китобро ба ҷояш гузошта, роҳашро идома дод. Вай роҳи мошингардро миёнбур карда мегузашт, ки аз қафо касе номи ӯро гирифта ҷеғ зад. Орзу ба ақиб нигариста, дар истгоҳ Мухторро дид. Онҳо дар маҳбас якҷо нишаста буданд. Мухтор се моҳ қабл озод шуда буд.
 Орзу аз роҳаш гашт.
— Бародар, чӣ хелӣ? – оғӯш кушод Мухтор.
— Нағз, — ӯро ба канор кашид Орзу, — аз ту пурсам.
— Сад аҳволи ман, чарида гаштем. Кай баромадӣ?
— Ҳамин ҳозир.
— Муборак шавад. Зинда бод озодӣ!
 — Зинда бод.
 — Бачаҳо нағзанд?
— Шиштаанд.
 —  Озодӣ чизи нағз,а! Куҷо хоҳӣ, меравӣ, дилат чизе хоҳад, мекунӣ. На посбон, на началник… Ту ҳозир куҷо меравӣ?
 — Ҳеҷ куҷо, — табассум кард Орзу, — Шаҳра тамошо дорам, аз ҳавои тоза нафас мекашам.
 — Нағз…
 Онҳо ҳамин тариқ аз ҳолу аҳволи якдигар бохабар шуда, қарор доданд, ки дар чойхонаи «Деҳқон» сари як пиёла чой сӯҳбаташонро давом медиҳанд.
 — Бисёр ҳам замони хуб омад, — гуфт Мухтор роҳравон. – Гап байни худамон, дина як дӯкона задем.
 — Ту ҳоло ҳам ҳамун одата тарк накардӣ?
— Хафа мешавам, — изҳори норизоӣ кард Мухтор, — ин одат не, касби ман аст. Касбе, ки ба шир даромадааст, ба ҷон меравад… Хулоса, шаҳр, дӯстам, бедарвоза, касе гапи касеро гӯш намекунад, кӯдак гапи мӯйсафеда намехӯрад. Аз ҳама муҳимаш милисаҳо мисли саг қадр надоранд. Ягон кас гапашона гӯш намекунад. Агар аз бинӣ боло гап зананд, доду вой мебардорӣ, ки ҳуқуқи маро поймол карданд, озодӣ нест, намемонанд, ки меҳнаткаши бечора озод нафас кашад. Як меҳнаткаш акаат, — мушт ба сина кӯфт Мухтор. – Ҳукумат ҳам фалаҷ, коммунистон мисли хоки раҳ қадр надоранд, росту дурӯғ рӯшона мисли куни дег сип-сиёҳ кардем. Пӯсткандаи гап, корди мо болои равған шуд. Кош ҳамин вазъият як-ду сол давом кунад, каме қоматамонро рост карда мегирем. Муллоҳою демократҳо зинда бошанд. Аз бозе, ки митингҳо сар шуданд, як тин сарф намекунам. Ошу нон бепул. Фақат қатори дигарон гапи сухандонҳоро тақвият дода, «Озодӣ! Озодӣ! Истеъфо! Истеъфо!» мегӯему халос. Муҳимаш садо баланд бошад. Гӯза дар ғалоғулӣ задан осон.
— Кадом сухангуйҳоро мегуӣ? — пурсид Орзу
 — Аз куҷо донам. Рӯзи дароз гулӯ даронда, дод мезананд, якдигарро сиёҳ мекунанд. Беақланд ба худо! Ман дар кӯдакиам ба мардуми галстукдор эҳтиром доштам. Азбаски падарам савдогар буд, ёру ҷӯраҳояш низ мисли худаш фақат дар бораи нарху навои бозор, молу пул гап мезаданд. Ман бошам, ба муаллимон, ба баъзе ҳамсояҳоямон, ки дар ким-кадом идораю корхонаҳо кор мекарданд, ба ҳавас менигаристам. Орзу мекардам, мисли онҳо бомаданият шавам, тозаю озода либос пӯшам. Онҳо дар назарам муҷассамаи одаму одамгарӣ буданд. Аммо баъд оҳиста-оҳиста рафтору гуфтори баъзеашонро дида, дилам ях барин сард шуд. Чанде пеш дар майдон он орзуҳоямро ба ёд оварда, хандаам гирифт.
 — Чаро? – пурсид Орзу.
— Дурӯяанд, беандешаанд. Шарм надошта, ба намакдони ҳафтод сол намак хӯрдаашон туф мекунанд, дар пеши муллоҳо мисли рӯбоҳ дум меликонанд, лаб мелесанд, ба нақораи онҳо мерақсанд. Ту худат медонӣ, ман одами дурӯяро чашми дидан надорам. Чунки бисёр хавфноканд чунин ҳашоротҳо, аз қафо мезананд, ғофил мемонӣ.
 — Ҳозир давраи ошкорбаёнӣ, камбудиҳоро гуфтан ягон ҷои бадӣ надорад.
 — Гапат дуруст. Аммо одам бояд як рӯ дошта бошад. То имрӯз суп-сурх коммунист буданд, чӣ хел дар як он демократ мешаванд. Баъзеашон ҳатто ҷомаю тоқӣ пӯшида, дар даст тасбеҳ гирифта, мулло шудаанд. Бе бисмиллоҳ гап намезананд. Гумон мекунанд, ки мардум намефаҳмад… вазифахоҳанд.
 — Охир, онҳо ҳам фарзанди мусулмонанд, имрӯз аз он кардаҳои худ пушаймон шуда, тавба мекардагистанд.
 — Дуруст, тавба кунанд. Аммо туфи як бор ба замин андохтаро чӣ тавр аз нав ба даҳон мегирӣ? Агар пушаймон шуда бошанд, хап шинанд. Дар вақташ, ки созиш карданд, акнун аз худашон қаҳрамон натарошанд. Ин дурӯягист, ман одами дурӯяро аз саг ҳам бад мебинам.
— Ту дар байни онҳо чӣ кор мекунӣ?
 — Ман? Ҷойи мардон – майдон, гуфта гаштам. Чанд рӯз шуд, хона ҳам нарафтам… Лекин, ба худо, замони нағз расид. Дар давраи шӯравӣ як рӯз намемонданд, ки бекор гардӣ. Дарҳол ду милиса паси дарат ҳозир мешуд, ки кор намекунӣ, аз куҷо нони даҳонатро ёфта мехӯрӣ? Мабодо ба дуздӣ машғул бошӣ… Ҳозир касе намепурсад. Ин демократияаш аҷаб моли хубе будааст. Ҳафтод сол коммунистон намемонданд, ки нафаси озод кашем. Аммо ҳозир ҳар кас медонаду дави аспаш. Сухани ба даҳонат омадаро мегӯӣ, ягон кас намепурсад, ки ту чӣ гуфтӣ? Даҳ сол  пеш агар ин гапҳоро ҳатто ба гӯшаи хаёлат меовардӣ, пӯстатро меканданд. Ту тасаввур бикун, имрӯз роҳбарони ҷумҳуриро чӣ гапҳое намегӯянд, чунон масхараашон мекунанд, ки кайф мекунӣ.
— Онҳо ба ту ягон бадӣ карда буданд?
— Кӣ?
— Роҳбарон, коммунистон.
— Албатта. Чор сол паси панҷара шинонданашон магар бадӣ нест?
— Гунаҳкор будӣ, барои ҳамун шинонданд.
— Чӣ хел гуноҳ?
— Дуздӣ магар гуноҳ нест?
— Аз рӯзе ки одамизод дар рӯи замин қадам мезанад, дуздӣ мекунад. Ту медонӣ, ки бобокалони ману туро аз биҳишт барои як дона меваро дуздиданаш пеш карданд.
Орзу табассум кард.
— Ҳа, маълим, мо мисли ту дар ягон мактаби калон нахонда бошем ҳам, бисёр чизҳоро медонем. Агар намедонистем, аз ӯҳдаи дуздӣ намебаромадем. Баъд ту дар маҳбас дидӣ, ки ман дар ин мактаб аввалин набошам ҳам, аз охиринҳо нестам.
Онхо сари роҳ ба бозор даромаданд.
— Ангур мехарем, — гуфт Мухтор, пеш гузашта. – Гӯшт дар бадам задааст. Нони гарми нонвою ангури ҳусайнӣ — роҳати ҷон.
— Мегӯянд, ки ҳайкали Ленина чаппа кардаанд, — гуфт  Орзу роҳравон.
— Ҳа, барвақт, на танҳо чаппа, балки ба рӯяш туф карданд.
— Ту ҳам будӣ?
— Ҳа.
— Кори хуб нашудааст.
— Дилат ба ҳамун кофир месӯзад?
— Ту ҳам мулло шудӣ, мегӯм.
— Хоҳӣ, ки нашавӣ расво, ҳамроҳи ҷамоат бош, гуфтаанд. Мо ҳам масал медонем, — баланд хандид Мухтор.
— Донистанат хуб, албатта.
— Маълим ба ту раҳмам меояд. Хор мешавӣ дар ин замони нав.
— Чаро?
— Мушти зӯр надорӣ.
— Ту чӣ?
— Барои дузд мушти зӯр даркор нест. Вай бояд мисли пианинанавоз ангуштони нозук дошта бошад. Баъд фаромӯш накун, ман авлодан дуздам. Бобоям аспдузди гузаро буд, коммунистҳо босмачӣ гӯён паронданд.
— Ана барои чӣ ту коммунистҳоро бад медидаӣ.
— Албатта, бад мебинам. Бобоямро мекушанду дӯст дорам? Хомтамаъ набошанд.
— Воқиан, ба муаллим мушти зӯр чӣ даркор?
— Барои талабаҳоро ором кардан. Имрӯз бачаҳо ба гапи маълимҳо гӯш намедиҳанд. Зеро фаҳмиданд, ки дигар ба хондан кор буд намешавад. Бояд корчаллон бошӣ, инро ба он зада, пул биёбӣ.
— Номаъқул кардӣ.
— Хайр, хафа нашав, ошно, дунё ҳамин.
— Акнун ба фикрат касе пишаки туро пишт гуфта наметавонад?
— Пишт гуфта ҳам бинад.
— Ба фикрам ту пеш аз тӯй нақора мезанӣ.
— Не, баръакс, вақти нақоразании ман кайҳо расидагӣ.
— Наход?
— Медонам, ту тарафдори коммунистҳо. Онҳо панҷ сол дар институт мағзи сари туро заҳролуд кардаанд.
— Ҳоло аниқ нест, ки мағзи сари кӣ заҳролуд аст, — заҳрханд кард Орзу.
— Дар маҳбас оҳанги гапзаниат дигар буд.
— Яъне чӣ?
— Камгап  будӣ, гапатро хоида мезадӣ.
— Чунки ҳамроз надоштам.
 Онҳо ба чойхона расиданд.
Дар чойхона одам зиёд набуд. Онҳо дар кате, ки аз ҳама канор, зери дарахти пир гузошта шуда буд, ҷой гирифтанд. Каме дуртар  ду нафар сари миз нишаста, сӯҳбаткунон ош  мехӯрданд.
    — Оқибати ин митингбозиҳо ба хайр шавад, — мегуфт марди миёнаумри зиёинамо. – Қариб ду моҳ шуд, мардум хайма зада, дар майдон нишастаанд.
 — Бисёрашон аз ноҳияҳо омадагӣ. Ҳозир айни ҳосилғундорӣ, аммо дар саҳро касе нест, мегӯянд, — сухани ҳамсӯҳбаташро тақвият дод мӯйсафеди нуронӣ, ки дар сар тоқии чоргули оҳараш напарида ва дар тан ҷелаки сафед дошт. – Хайр, ҷавонҳоро бетаҷриба, хунашон дар ҷӯш, баъзе одамонро мансабхоҳ, ниқорталаб гуфтем, аммо мӯйсафедонро чӣ бало задаст. Ба ҷойи дигаронро насиҳат карда, ба ифоқа овардани мардум, худашон пеш аз ҳама дар майдон нишаста, ба оташи баъзе вайронкорҳо ҳезум мепартоянд.
 — Онҳо аз паси муллоҳо омаданд, бечораҳо дигар илоҷ ҳам надоштанд. Ҳозир дар баъзе ноҳияҳо гапи муллоҳои навбаромад гап шудагӣ, агар аз хати кашидаашон бароед, ҳамон замон кофир эълон мекунанд, ҳарду бари рӯятон сип-сиёҳ мешавад.
 — Ҳама муллоҳоро дар як дӯл наандозед.
 — Шумо, аз афташ, аз решаи гап бехабар. Онҳо мехоҳанд, давлати исломӣ барпо кунанд.
 — Аз куҷо медонед?
 — Аз оҳанги гапи баъзеашон рамуз мегирам. Аллакай дар бисёр ноҳияҳои гирду атроф мардум ба маҳалҳо ҷудо шуда, аз якдигар ҳатто масҷидҳояшонро ҷудо карда истодаанд. Ин гапу кора бинед. Агар масҷид хонаи худо бошад, магар онро тақсим карда мешавад.
Мӯйсафед мехост чизе бигӯяд, аммо чашмаш ба Орзу афтид, ки сӯҳбати онҳоро гӯш мекард.
 — Ихтиёрашон, — гуфт мӯйсафед, пиёлаи холиро ба мард дароз намуда,  — коре карда тинҷ шавад, мо тарафдорӣ тинҷӣ.
 Орзу он рӯз ҳамроҳи Мухтор хӯроки пешин хӯрда, озими сафар шуд. Ҳарчанд Мухтор талқин кард, ки чанд рӯз ҳамроҳи ӯ бошад, розӣ нашуда, ба роҳ даромад. Ду рӯз гоҳ пиёдаю гоҳ савора роҳ паймуда, ба маркази ноҳияашон расид ва ҳамин мошини боркаши кӯҳнаро савор шуда, то ин мавзеъ омад. Баъди аз мошин пиёда шуда, худро андаке ба тартиб даровардан, пойи пиёда ҷониби деҳаашон роҳ гирифт. Барои кӯтоҳ кардани роҳ аз пайроҳа бероҳа шуда, тали баландеро хамиду аз сой гузашт ва дар зери харсанги бузурге чашмаш ба марде афтод, ки чорзону зада, сукут меварзид. Каме дуртар аз вай харе сараш хам бо эҳтиёт буттаи хореро мехӯрд. Вақте Орзу ба мард наздик шуд, дар сояи санг ҷасадеро дид, ки рӯяш бо рӯймоли калони шол пӯшонида шуда буд. Аз поҷома ва калӯши пояи ҷасад зан буданаш аниқ буд.
 Орзу салом дод. Мард сар бардошта, бедилон алейк гирифт. Вай марди тахмин шастсолаи чеҳрааш офтобхӯрда, ришаш расидаю дар тан ҷомаи сиёҳи нимдошт ва дар пояш мӯзаи кирзагӣ дошт. Нигоҳаш бефарқ ва чашмонаш яқин аз гиряи зиёд варамида буданд. Орзу хост роҳашро идома диҳад, аммо чашмони гиряолуди мард ӯро алағда кард.
 — Ягон кӯмак лозим нест? – пурсид Орзу.
— Акнун не, — гуфт мард, ба ҷасад рӯ оварда.
 — Чӣ воқиа рӯй дод?
  — Занам… ба беморхонаи ноҳия мебурдам, дар ҳамин ҷо аҳволаш бад шуд…
— Бемор буд?
 — Сари фарзанд рафт.
 Ҳарду лаҳзае хомӯш монданд. Орзу намедонист мардро чӣ хел тасаллӣ диҳад. Хар ҳамоно лабҳояшро эҳтиёткорона аз буттаи хори хушк наканда, онро якта-якта решакан мекард ва кумур-кумур мехӯрд.
 — Шумо аз куҷо? – пурсид Орзу.
 — Аз қишлоқи Теға.
 Орзу лаҳзае роҳи он деҳаи баландкӯҳро пеши назар оварда, гуфт:
 — Ягон мошин набуд?
 — Ду се нафар шиносҳо мошин доштанд, гуреза шуданд.
 — Чӣ шуданд? – нафаҳмид Орзу.
 — Гуреза. Аз афташ, ту аз ин гирду атроф нестӣ.
 — Не, — дурӯғ гуфт Орзу, — ба меҳмонӣ омадам.
 — Ёфтӣ вақти меҳмонӣ омаданата, — лаҳзае аз рӯи Орзу чашм наканд мард. — Ҳозир дар ин вазъият ягон ронанда ба маркази ноҳия рафтан розӣ намешавад. Вазъият ноқулай. Бисёр одамон аз тарси ҷон хонаю дари худро партофта, ба ҳар тараф рафтанд. Ҷон чизи ширин.
 — Дар деҳаатон магар ягон кампир набуд, ки таваллуд кунонад, — гуфт Орзу ба ҷасад ишора карда.- Мардуми мо аз қадимулайём дар хонаҳояшон таваллуд мекунанд.
 — Кампир ҳаст, аммо ду рӯз боз дард кашида, чашмаш рӯшан нашуд. Баъд маслиҳат доданд, ки ҳар азоб ба беморхонаи ноҳия бубарам. Аммо чӣ хеле мебинӣ, дар роҳ рӯзаш пур шуд. Ба ҳамааш ҳамин ҷанги лаънатӣ айбдор! – нохост фиғон бардошт мард. – Хонаашон сӯзад, намемонанд, ки мардум бечорагиаша бубинад.
— Ҳамааш бо хости худованд мешавад, — мардро ором кардан хост Орзу, — мо дар назди фармудаи он зоти бузург оҷизем.
— Э! – норозиёна даст афшонд мард. – Ҳамааш айби худамон. Худованд мегӯяд, ки аз ту ҳаракат, аз ман баракат. Аммо агар ягон ҳаракати ноҷо бикунем, баракатро мисли гӯшҳоямон ҳаргиз намебинем.
— Магар ягон ҳаракати ноҷо карда будед?
 — Агар кор танҳо ба худи ман вобаста мешуд, олам гулистон буд. Аммо ман дар маҷмӯъ фарзанди одамизодро дар назар дорам. Касофати як кас ҳатман ба зану фарзанд, ҳаққу ҳамсоя ва атрофиёнаш мерасад. Охир мо ҳама савори як киштием. Ман як деҳқони хокпош, ба бечорагии худам овораам, ба баду неки касе кор надорам. Аммо одамон имрӯзҳо ба чӣ разилиҳо даст зада истодаанд. Оқибаташ ба хайр шавад. Зеро оташ чун аланга гирифт, тару хушк баробар месӯзад.
— Умуман дар деҳаатон духтур ҳаст?
 — Ду-се нафар мардҳо ҳастанд… аммо занакро чӣ хел ба назди онҳо мебарӣ. Як занак буд, ду ҳафта пеш ба Душанбе рафта, дигар барнагашт.
 — Кори хуб нашудааст, — Орзу аз ҷой бархост, — акнун мурдаро чӣ хел ба деҳа мебаред?
 — Худам ҳам ҳайрон, — оҳ кашид мард. – Магар дар болои хар дароз карда бубарам. Аммо роҳ дур, ноқулай… Ту, додар, ба кадом тараф равонаӣ?
 — То Беоба.
 — Қариб расидаӣ, Беоба дар паси ин тал.
Орзу ба ишораи сар тасдиқ кард.
 — Аз Душанбе омадӣ?
 — Ҳа.
— Чӣ гап дар Душанбе?
 — Тинҷӣ.
— Хока тинҷист… Агар тинҷияш ҳамин бошад… Ҳама ғавғо аз ҳамон ҷо хест.
Орзу аз оҳанги гапи мард як ҷаҳон нафрату надомат ва ҳасрату пушаймониро ҳис карда, ноаён ларзид. Вай, мард, гӯё бо ҳамин як даҳан гап ҳама дарду аламашро ба замин фурӯ рехт. Лаҳзае ба назари Орзу чунин намуд, ки он лаҳза дар сари ҷасади беҷони ҳамсараш андӯҳи вай дар паҳнои ин дашти беканор намеғунҷад.
 — Дар хона се фарзанди ноболиғ дорам, — гуфт мард ба ҳамон оҳанг, — Намедонам акнун аҳволи онҳо чӣ мешавад. Худам, ки ятим калон шудаам, азоби бемодариро дар мағз-мағзи ҷисму ҷонам ҳис кардаам. Рӯзи сахт аст бемодарӣ! Алалхусус дар ин замона намедонӣ, ки фардо туро чӣ интизор аст.
 Мард вазнин аз ҷой хест, рӯймоли болои ҷасадро каме поин кашида, соқи пои занро пӯшонд ва баъд:
 — Биё, додар, — гуфт илтиҷоомез ба Орзу, — кӯмак расон.
 Ва то аз ҷой хестани ҷавон кӯрпаи дар зери ҷасад густурдаро кашида гирифт ва қабати онро боз намуда, саросема ҷасадро печониду бо рӯймоли шол миёнашро маҳкам баст.
 Онҳо дукаса бо эҳтиёт ҷасадро ба зини хар гузошта, мисли шоху щабба бо ресмон маҳкам бастанд ва мард як дасташ ба ҷасад, дар дасти дигараш лаҷоми хар ба қафо гашт.
 — Хайр, додар, — гуфт вай пеш аз ба роҳ даромадан, паноҳат ба худо.
 Орзу то дер аз қафои вай нигоҳ карда, аз чӣ бошад хориаш омад: Мард, хар ва дар сари он як ҷасади зани парпеч, ки дар ҳавои гашти хар алвонҷ мехӯрд.
Орзу аз ин манзараи риққатовар чашм канда, ба роҳ даромад. Пас аз хеле роҳ паймудан тали рӯбарӯро боло шуду нафас рост кард ва тахтасангеро соҳибӣ карда, нишаст. Дар пастӣ роҳи мошингард, ки замоне ҳамеша пур буд, тӯл мекашид. Ҳоло дар роҳ ягон мошин наменамуд. Каме дуртар аз роҳ, дар пошнаи тали начандон баланд, ду дар хонаи сангин ва ғавшоди атрофаш бо хору шабба деворбандишуда ба чашм мерасид. Девори шимолии он ба камари кӯҳ мечаспид.
 Орзуро, баробари дидани ғавшод, сафҳаҳои хотироти на чандон дураш варақгардон шуд.
II
 Он сол тирамоҳ сард омад. Аз оғозаш ҳанӯз муддати зиёд нагузашта, меваҳоро дар шохи дарахтон сармо зад. Мардум бо дили пурхун ба даруни пали сабзию каду, ҷӯяи помидору пиёзи ба сад ранҷ парвардаашон чорвои худро дароварданд, то ки ақаллан ҷонварон аз паяи он баҳра баранд.
 Орзу ҳамон сол донишкадаро хатм карда, ба мактаби деҳаашон муаллим таъин шуд. Вай дар ҳамон мактабе ки худ панҷ сол пеш шогирд буд, акнун ба ҳайси муаллим кор мекард. Дере нагузашта ӯ дар баробари ба шогирдон сабақ омӯзондан, дар мактаб барои худ арӯс низ ёфт. Қиматгул, муаллимаи синфҳои ибтидоӣ, ки ӯ низ ҳамин сол омӯзишгоҳи муаллимтайёркуниро хатм карда буд, ба Орзу писанд афтод. Онҳо аз рӯзи аввал, дар ҷамъомаде, ки ба муносибати оғози соли нави хониш барпо гашт, ба ҳам нигоҳи харидорона дӯхтанд ва ин нигоҳҳо чун риштае ба ҳам гиреҳ хӯрда, қисмати онҳоро ба ҳам пайваст. Дигар ҳар гоҳе ҳарду рӯ ба рӯ меомаданд, худ ба худ сурху сафед мешуданд, ноаён вуҷудашонро ҳиссиёти гарму ҷӯшон фаро мегирифт, лабҳояшон ба табассум моил мешуд. Алалхусус Орзу аз нигоҳи пур аз ишваю хиромиданҳои духтар обу адо мешуд ва ҳар даъфа даҳонаш оби ширин ҷудо мекарду онро ба зӯр фурӯ мебурд.
Ҳамин минвол рӯзҳо мегузаштанд ва як пагоҳӣ гӯё ногаҳон, аммо дар асл ҳарду бо амри дил,  барвақт ба мактаб омаданд. Мактаб хилват буд. Орзу аз ин тасодуф шод гашта, дар муаллимхона зуд сари мақсад омад. Қиматгул низ гӯё ҳамин лаҳзаро нигарон буд, ки муқобилият накард. Орзу аз ғояти ҳаяҷон беист гирди мизи дароз мегашт ва ба гӯши духтар қиссаи ишқ мехонд. Вай ногоҳ дар ҷояш истод ва ба Қиматгул наздик шуда, ӯро ба оғӯш кашиду аз лабонаш сахт бӯсид.
— Айб, — гуфт духтар бо ишва ва ноаён дасти Орзуро аз гардани худ дур андохт. Аммо онро аз дасти худ раҳо накард. Вай ин амалро ончунон нозукона ба ҷо овард, ки маълум набуд, дасти ҷавонро медорад ё тела медиҳад. – Талабагон бинанд, чӣ мегӯянд?
 — Намебинанд, — пичиррос зад Орзу ва ӯро сахт ба оғӯш кашид.
 Қиматгул дигар муқобилият накард…
Баъд аз он рӯз онҳо дигар аз ҳама пеш ба мактаб меомаданд. Дигар шармашон намеомад, ба якдигар сахт одат карда буданд. Ин мулоқоти онҳо аз чашми дигарон пинҳон намонд ва дере нагузашта дар деҳа овоза шуд. Падару бародари Қиматгул сахт дар ғазаб шуданд ва чанд рӯз ӯро аз мактаб рафтан боздоштанд. Аммо оқибат бо исрору зории директори мактаб, ки мегуфт талабагони синфи якумро бе муаллим гузоштан гуноҳест нобахшиданӣ, Қиматгул боз ба кор омад. Як рӯз пеш падари вай Орзуро дар роҳи мактаб боздошта, хеле таҳдид кард, ки дигар сиёҳияшро дар назди духтари вай нанамояд.  Бо вуҷуди ин  Орзу бо маслиҳати ҳамкорон ду нафар муаллимони куҳансолу собиқадор ва директори мактабро ба хонаи онҳо хостгор фиристод. Аммо падари духтар аз аввал хостгоронро бо қавоқи гирифта истиқбол намуда, пас аз сари мақсад омадани онҳо ба қавли директори мактаб гапашонро гардонда, ба даҳанашон зад. Хостгорҳо ноумед баргашта, ба Орзу гуфтанд, ки беҳтараш умедашро канад. Орзу аз ноомадии кор сахт ғамгин шуд ва баъд аз машварату маслиҳатҳои пинҳонӣ бо Қиматгул қарор дод, ки ҳарду аз деҳа мегурезанд.
Тибқи ваъда соати яки шаб дар назди мактаб вохӯрданд. Духтар дар даст бастае дошт. Ҳарчанд рӯзона офтоб саховатмандона нур мепошид, дар ин нимашаб заҳри ҳаво хунук буд. Онҳо зуд аз мактаб дур шуда, лаб-лаби сой ҷониби роҳи калони мошингард, ки тақрибан панҷ-шаш километр дуртар, аз канори чапи деҳа мегузашт, равон шуданд. Роҳ паст буд, баланд буд, аз дуру наздик гоҳ-гоҳ садои муқаррарии деҳа, аз қабили ҷакидани саг, ҳангоси хар ба гӯш мерасид. Дигар деҳа сокит буд. Ҷавону духтар аз тарси он ки мабодо касе онҳоро шиносад, то метавонистан бесадо қадам зада, хомӯш роҳ мепаймуданд. Роҳи тареваи деҳ, ки фасли тобистон пурчангу хок ва баҳорон то зону лой мешуд, рафта-рафта кӯр шуд ва ҷавонон тали баландеро поин шуда, роҳро хеле кӯтоҳ карда, ба шоҳроҳ расиданд. Аввал чанд лаҳза дар истгоҳи болояш пӯшида, ки пур аз саргини чорпоён буд, нафас рост карданд. Аз роҳ аҳён-аҳён мошине мегузашт, аммо ронандагони он ба роҳи дур имою ишора кардану даст бардоштанҳои Орзу эътибор надода, заррае суръаташонро паст накарда, роҳи худро идома медоданд.
 Шаб мегузашт.
 — Аз афташ, дар ин нимашаб ягон мошин намегирад моро, — гуфт Орзу, баъд даст бардоштану «ист» гуфтанҳои зиёд дилгир шуда.
Қиматгул, ки то ин дам ба умед дар бари Орзу рост меистод, ҳарфе назада,  баргашта зери истгоҳ даромад.
  — Метарсанд, — гумони худро тақвият дод Орзу. – Дар роҳ гуна-гуна воқиаҳоро шоҳид шуда, тарсон шудаанд. Соли гузашта дар мавзеи Ғӯтак як ронандаи раҳмдил нисфи шаб роҳгузареро бо худ мегирад. Баъд аз ду-се километр роҳ паймудан боз ду нафар пайдо мешаванд ва мусофир мегӯяд, ки онҳо низ ҳамроҳони ӯянд, бетоқатӣ карда пои пиёда то манзил рафтанӣ шуданд… Хулоса, хоҳиш мекунад, ки онҳоро низ гиранд. Вақте ки ронанда мошинро бозмедорад, онҳо якбора ба кабина ҳуҷум оварда, ронандаро берун мекашанд ва чанд корд мезананду ҳама чизи дар бисоташ буда ва се яхдони болои мошинро ба яғмо мебаранд.
— Баъд роҳзанҳоро пайдо карданд? – пурсид духтар.
 — Ҳа, — бори дуюм ба шикор баромаданашон ба дасти коркунони милиса афтоданд. Маълум шуд, ки онҳо чанд моҳ боз дар он гирду атроф ба ғорат машғул будаанд.
 — Чӣ кор мекунем? – яқин аз ин нақли Орзу дилаш хиҷил шуда, норозиёна пурсид Қиматгул. Ана-мана нагуфта шаб мегузарад. Агар падарам хабар ёбад, пӯст меканад маро.
 — Биё, беҳтараш ба авули Фозил-амак меравем. Субҳ мошин бисёр мешавад, барвақт ба ягонтааш нишаста, меравем. Баъд худо подшоҳ. Насиб бошад, баъди панҷ-шаш соат ба Душанбе мерасем. Дар он шаҳри калон дигар касе моро намеёбад. Рост ба хоани як ҳамкурсам меравем, вай дар ягон  кунҷ ҷоямон мекунад…
 Қиматгул розӣ шуд.
 Авули Фозил-амак дар домани кӯҳи Беоб воқеъ гардида буд. Чанд сол пеш роҳ аз деҳа то он ҷо дур буду чарогоҳ кушод, рама бемалол дар ҳамон наздикиҳо чарида мегашт. Аммо сол то сол нуфуси деҳа афзуда, иморатҳои пасту баланд ҷониби доманакӯҳи Беоб даст ёзондан гирифтанд. Бар замми ин ду сол пеш барои кӯтоҳу бехатар кардани роҳи калони мошингард, ки аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошт, чанд шахро тарконда, аз байни кӯҳу кӯтал роҳи васеъ сохтанд. Акнун аз авул то роҳи калон ҳамагӣ дусад-сесад метр масофа буд. Амаки Фозил қариб сӣ сол инҷониб рамаи хоҷагии Беобиёнро бонӣ мекард. Вай писар надошт. Чор духтараш ба навбат шавҳар карда рафтанд. Солҳои охир чӯпону занаш бо як набераашон зиндагӣ мекарданд. Онҳо ҳар баҳор рамаи худро пешандоз карда, ба Кӯҳи боло мебурданд ва то даромадани тирамоҳ дар он баландиҳо, ки оби чашмаҳояш мисли шиша софу роҳати ҷон ва гулу гиёҳаш ҳамеша тару тоза буданд, рама чаронда, баробари фаромадани сардиҳо ба авули худ бармегаштанд ва зимистонро гузаронида мунтазири баҳор мешуданд. Дар авул хоҷагӣ барои онҳо ду дар хонаи беайвон ва як ғавшоди кушод бунёд карда буд.
 Вақте Орзую Қиматгул аз роҳи калон бероҳа шуда, ҷониби авул гаштанд, нахуст саги гӯшу думбуридаи бадҳайбате хабар ёфта, аккосзанон ҷониби онҳо тохт. Баъд ду саги дигар низ аз думболи вай давиданд.
 — Ваҳ! – гуфт Қиматгул ва аз тарс маҳкам аз оринҷи Орзу дошта, ба вай ҷафс шуд.
 — Натарс, — гуфт Орзу ва зуд хам шуду гирду атофашро палмосида, ду-се сангро аз замин бардошт. – Аз ман дур нашав! Ин тарф биё, — Орзу худро болои харсанги азиме, ки то нисф ба замин фурӯ рафта буд, гирифта, ба Қиматгул даст дароз кард.
 Ин дам сагҳо расида омаданд.
 — Тур! Ҳай зор монӣ, кӯри магар! – арбада кард Орзу. Аммо ба андешаи мабодо бештар ҷаҳли сагҳоро орад, ҳарчанд ба санг ба сари онҳо таҳдид мекард, онро сӯяшон наандохт. Ҳарсе саг ба харсанг расида, таққи дар ҷояшон истоданд. Саги аввалӣ ҳар замон майли боло баромадан мекард…
 Дере нагузашта аз хона суробе берун шуда, чанд лаҳза ҷониби харсанг чашм дӯхта истод ва бозгашта ба хона даромад. Баъд аз он сиёҳии дигаре берун омада, сагҳоро ном гирифта ҷеғ зад. Аммо ҷонварҳо ба овоз мутаваҷҷеҳ нашуданд, ҳамоно гирди харсанг давр зада, беист меҷакиданд. Вақте ки сиёҳӣ ба харсанг наздик шуд, Орзу Фозил-амаки таёқ дар дастро дида, оҳи сабук кашид. Сагҳо аз дӯғу пӯписаи соҳиби худ ғур-ғуркунон сар фароварда, канда-канда аккосзанон ҷониби авул рафтанд.
 Фозил-амак ба харсанг наздик шуда пурсид:
 — Кистед шумо?
 — Мо, — забон хоид Орзу. – Мо, Фозил-амак, одамони худӣ… Ман писари Расули оҳангар.
 Орзу аз харсанг поин шуда, ба чӯпон салом дод. Фозил-амак лаҳзае ба чеҳраи ҷавон зеҳн монда, баъд барои салом даст дароз кард…
То кулбаи чӯпонӣ ҳар се хомӯш рафтанд. Танҳо баъд аз дохили кулба шудан, чӯпон дар партави чароғи карасинӣ сар то пои Орзуро бо нигоҳи ҳайрат палмосида, гуфт:
 — Ними шаб дар ин дашт чӣ гум кардед?
 — Лолачинӣ омадем, — хандид Қиматгул. Аммо баъд зуд ноҷо будани хандаашро ҳис кард ё аз нигоҳи тези чӯпон шармаш омада, сар ба зер афканд.
 Фозил-амак, гӯё ин шӯхии ноҷои духтарро нашунид, ба занаш, ки хоболуд аз ташрифи новақти меҳмонон ба ҳазору як гумон мерафт, гуфт:
— Заифа ун хона бар.
 Қиматгул ҳамроҳи холаи Барфимоҳ ба кулбаи дигар гузаштанд.
 — Бубахшед, амак, шуморо нороҳат кардем, — узр хост Орзу.
 — Ин заъиф духтари кист?
 — Духтари Раҷабалӣ.
 — Кадом Раҷабалӣ? Қаровули роҳ?
  — Ҳа.
— Эҳа! – маънидор нидо кард Фозил-амак, — худам ҳам аз йӯрғааш тахмин карда будам. Вай ҳамроҳи ту чӣ кор мекунад?
 — Ман ӯро гирифта гурехтам.
 — То куҷо мегурезӣ? – табассум кард Фозил-амак.
 — Дигар илоҷ надоштам. Хостгор фиристодам, падараш камбағал гуфта, розӣ нашуд… Мо якдигарро дӯст медорем.
 — Маълум, — гуфт Фозил-амак.
 — Ягон мошин наистод. То субҳ ба мо ҷой диҳед, чашми рӯз накафида сари роҳ мебароем. Душанбе меравем.
 — Ҷой, албатта, медиҳам. Аммо кори хуб накардаӣ. Ман феъли Раҷабалию бачаша нағз медонам, сари беанҷоли падарата дар ҷанҷол мемонӣ.
 Ҳарду лаҳзае аз якдигар чашм наканда нишастанд.
 Холаи Барфимоҳ кӯрпача оварда густурд ва ба Орзу нигариста, гуфт:
 — Гӯр чӯпониамон шавад, аз деҳа, ки дурем, туро нашинохтам. Писари Хадича мешавӣ?
 — Ҳа, — тасдиқ кард Орзу.
 — Ман ба очаат хеши наздик. Падаронамон хешигарӣ доранд. Рафту омад, ки намекунем, мисли бегонаем. Беҳуда — меҳр дар чашм, нагуфтаанд. Очат нағзай, падарат сиҳату саломатанд? Аз боло гузар, ман ҳозир як пиёла чой дам мекунам.
 — Не, холаҷон, лозим нест, — гуфт Орзу, — ташвиш накашед. Мо хоб меравем.
— Фақат тезтар, — амр кард ба занаш Фозил-амак.
— Ҳозир, — зан саросема аз кулба берун шуд.
 — Ба падарат дарди сар харидӣ, — Фозил-амак чароғро аз болои мизи кунҷи хона гирифта, болои пештахтаи тиреза гузошт. Акнун партави чароғ байни онҳоро пурра равшан мекард. – Магар ба тухми духтар қаҳт омада буд? Ба куҷои ҳамин ҳавасат рафт? Хафа нашав, аммо аз ин зот зани кироӣ намебарояд. Агар гапи мани мӯйсафеда гирӣ, ҳоло ҳам дер нашудааст, аз қасдат баргард.
Орзу ҳайрон ба чӯпон нигарист.
 — Боз аз гапҳои мани мӯйсафед хафа нашавӣ. Ман аз дӯстиям мегӯям. Беҳуда нагуфтаанд: Дӯст гӯяд табарвор, душман бошад — шакарвор. Ба падарат раҳмам меояд. Вай як одами хаснаозор, ба роҳаш рост, меҳнаткаш. Аммо падари ин духтар беандеша, аз забонаш заҳр мечакад. Дар ягон давра ҳатман заҳраша мечаконад, ягон гапи бӯин гуфта, кайфи падарата мепаронад.
— Мо якдигарро дӯст медорем, ба фикри шумо чӣ бояд мекардем?
 — Дӯст медорем, мегӯӣ… Ҳоло ба як ҷоят мӯрча нагазидаст, бачем. Дӯст доштан кори саҳл нест.
Холаи Барфимоҳ дастархон овард.
— Шояд ту аз гапҳои ман биранҷӣ, — гуфт Фозил-амак, баъд аз дастархонро кушода, рафтани занаш, чойники чойро наздики худ гирифта. Ман ин гапҳоро аз таҷрибаи худам мегӯям. Зеро ман ҳам замоне дар ҳамин синну соли ту, ба қавли худат, ошиқ шудам. Хафа нашав, лекин ин духтари Раҷабалӣ ними ҳусни ӯро надорад, ба як тори мӯяш намерасад. Вай як зан буд, ки аз ҳуснаш рашки сад ҳур меомад. Ман ӯро баъд аз адои хизмати аскарӣ аз Украина ҳамроҳ оварда будам. Миллаташ ӯрус, номаш Галя буд. Дар деҳа хурду калон ӯро Гала ном мебурданд
— Баъд куҷо шуд вай? – пурсид Орзу.
 — Ин қиссаи дароз. Биё, на ба ёд биёраму на сӯзам… Ҳайрон шудӣ, ки ин чӯпон ҳам чатоқ будаст. Қиссаи ишқи мо замоне дар ин гирду атроф афсона шуда буд. Ту он вақт дар гумони падару модарат ҳам набудӣ. Аммо падарат нағз дар хотир дорад. Чунки ман аввалин нафаре будам, ки ба деҳаамон зани ӯрус овардам. Рӯзи нахустини аз хизмат баргаштанамонро то ҳол нағз дар хотир дорам. Гӯё дорбоз омада бошад, хурду калони деҳа ба тамошои ману Галя баромада буданд. Падару модарам он вақт дар қайди ҳаёт набуданд. Акаам аз аввал  Галяро бад дид, рӯзамонро сиёҳ кард, маро ба ҳавлии падариамон роҳ надод. Қариб як сол дар хонаи кампири Зархол, ки танҳо буд, зиндагӣ кардем. Ҳарчанд бисёр одамон акаамро насиҳат карданд, ки кори нашуданӣ шуд, ӯрус ҳам инсон аст, бачаро сарсон накун, розӣ нашуд. Ҳол он ки падарам ҳавлиро ба ман васият карда буд.
 «Худаш танҳо дарояд, марҳамат, салаамро пойандоз мекунам. Аммо то ман зиндаям, пойи қадами ун кофир ба ин ҳавлӣ намерасад. Ман ба ҳафти пушти авлодамон иснод оварданӣ нестам» — мешӯрид акаам ва баракси насиҳати одамон ҳар рӯз ҷангҷӯёна ба сари мо меомад, ба занам таҳдид мекард, ки агар ба ватанаш дафъ нашавад, сар мебурад ӯро. Дар ин байн писардор шудем ва ман гумон доштам, ки акнун қаҳри акаам паст шуда, аз аспи ҷаҳл мефарояду дилаш ба мо гарм мешавад. Аммо ҳайҳот, оташи кинааш баландтар аланга мезад. Он вақт ман ҳамроҳи падарат ва дигар мардон дар колхоз кор мекардем. Айёми дарав буд. Рӯзе баъд аз кор раис гуфт, ки имшаб дар сари хирман хоб равам. Намедонам он рӯз қаровул бемор шудааст ё ягон кори зарураш баромада аз роҳбарон ҷавоб гирифтааст… Акаам низ ин гапро шунид. Вай шаб рост ба назди Галя омада, гуфтааст, ки шавҳаратро дигар интизор нашав, мо имрӯз ӯро дар ҳавлии падарамон бо зани дигар никоҳ кардем. Ҳатто шарм надошта, аз номи ман таъкид кардааст: чор тарафат қибла, куҷое хоҳӣ бирав. Азбаски ман аз шаб наомадани худ Галяро огоҳ накарда будам, занаки бечора то субҳ ба ҳазору як гумон рафта, дари чанд ҳамсояро кӯфта, худашро хӯрдаааст. Ҳамсояҳо низ аз ин хабари ногаҳонӣ чӣ гуфтанашонро надониста, ҳайрон мондаанд. Ҳар кас ҳар хел тахмин мезадааст: агар якеро ба Галя раҳмаш омада ӯро дилдорӣ дода бошад, дигаре ба гумонҳои ӯ равған рехта, гуфтааст, ки аз дасти акаи Фозил ҳар кор омаданаш мумкин. Ун мардак аз ягон кори бад чашм намепӯшад. Бар замми ҳамаи ин акаам субҳи солеҳон аз нав дар ҳавлӣ пайдо шуда, хеле гапҳои пасту баланд зада, дар дасташ корд ба писарчамон ҳавлу хез кардааст. Бародари худам, а! Бовар мекунӣ? Хулоса, занаки бечора то пешин роҳи маро поида, шояд ба ҳақиқат будани гапҳои акаам бовараш омадааст, ки дигар рӯи шуматонро набинам, гуфта, писарчаамон дар бағалаш гирёну нолон аз ҳавлӣ мебарояд. Ман қарибиҳои шом омада, аз воқиа огоҳ шудам ва дар байни ҳавлӣ ҳайрон мондам. Чӣ кор карданамро намедонистам. Ҳарчанд дилам сиёҳӣ мекард, аммо дар як кунҷи он ҳанӯз нури умед фурӯзон буд. Гумонам занам ба хонаи ягон ҳамсоя ё хешу табор паноҳ бурда, ҳамин ҳозир пайдо мешавад.. Аммо ищтибоҳ карда будам, Галя дигар наомад. Баъд аз роҳсозон фаҳмидам, ки вай ҳамон рӯз ба як мошини роҳгузар савор шуда, ҷониби Душанбе рафтааст.
Фозил-амак пиёлаи холиашро аз чой пур карду як ҳурт кашида, ба ҷояш гузошт ва баъд ба Орзу низ чой рехта, пурсид:
 — Ҳозир дар деҳаамон чанд кас зани ғайривилоятӣ  дорад?
 — Ғайривилоятӣ?
 — Ҳа, яъне бегона.
 — Чор-панҷ кас ҳаст.
 — Ана дидӣ, мешудаст-ку! Магар оилаи ҳамуно аз ягон кас камӣ дорад? Ба фикрам, баръакс чор ишкелашон буд, фарзандонашон баадаб, хонаю дарашон обод. Худо ҳамаи моро новобаста ба рангу пӯст, дину оинамон яксон халқ кардааст. Муҳимаш инсон бошем, поку ҳалол зиндагӣ кунем, дилеро наозорем, ҳаққи касеро нахӯрем, дасту диламон пок бошад. Муҳимаш тифоқ бошем, ба якдигар бадию бахилӣ накунем, дасти якдигарро бигирем. Ман ба ҳамин ақли кӯтоҳам мефаҳмам, ки зӯрии давлати шӯроҳо низ дар ҳамин дӯстии халқҳои гуногунзабони он буд. Эҳа, агар мо дӯст намешудему чун ангуштони як мушт намегардидем, магар фашист барин як аждаҳоро то лонааш сур карда, торумор менамудем? Наметавонистем, миёнамон мешикаст. Аммо сад афсӯс, ки баъзе нохалафон ба зери пойдевори ҳамин давлати абарқудрат об монда истодаанд. Мегӯянд, ки дар баъзе республикаҳо мардум ба кӯчаҳо баромада, аз ҳизби коммунист норозигӣ  мекунанд. Хулоса, дар байнамон тухми низоъ мекоранду баъд дар оташи ҷанги мо дастони хунуки худро гарм мекунанд, бар мотами мо мерақсанд, дар сӯги мо қоҳ-қоҳ механданд. Аз рӯи шунидам аллакай дар Душанбе кашталгириҳо оғоз шудааст, ту кӣ будию ман кистамгӯиҳо сар шудааст.
 — Даврони сотсиалистӣ аз байн меравад, бояд ҷамъияти нав созем, — гуфт Орзу.
— Бигзор созанд, лекин мардумро ба ҳам ҷанг андохтан чӣ лозим! Магар вайрон накарда, бунёд карда намешавад? Мешавад. Аммо аз рӯи шунидам бисёриҳо вазифа мехоҳанд. Шиорашон гӯр сӯзаду дег ҷӯшад. Онҳо ватанро ба як почаяки курсии мулоим иваз мекунанд. Агар фарзандони ватан хиёнат кунанд, вой ба ҳоли он сарзамин. Ба хоку хун оғушта мешавад, вайрону валангор мешавад. Худо гӯед, ки фарзандонро дилу нияташон пок бошад, ҳаромро аз ҳалол фарқ карда тавонанд, ору номус дошта бошанд. Ё гапам нодуруст?
 — Дуруст, — тасдиқ кард Орзу.
 — Ту хоб надорӣ, охир? Манаҳам тафсид, хеле лаққидам. Чандин вақт боз ин қадар гап назада будам. Аз қафои рама сар-сари кӯҳу пушта гашта, баъзан худ ба худ саволу ҷавоб мекунам, рафтори баъзе одамонро ба ёд оварда, ҳайрон мемонам, ки чаро худованд вуҷуди мо, инсонҳоро, ин қадар мураккаб, гуногун офаридааст. Як ҳафта пеш коре баромаду ба идораи колхоз рафтам. Хайрият, байторро дар идорааш пайдо карда, барои се-чор гӯсфанди каназада каме дору гирифтам. Аз назди байтор баромадаму дар даҳлез ба партком1  вохӯрдам. Гуфтам, ба пои худ омадам, якбора аъзоҳаққиямро супорам. Аммо вай дар ҷавоб медонӣ чӣ гуфт? Як гӯсфанд хонаам биёред, шумо тамоми умр аз аъзоҳаққӣ озод. Аввал гумон кардам, ки шӯхӣ мекунад, аммо вай ҷиддӣ мегуфтааст. Аз ин хунсардии вай ҳаёти умрам хушк шуд. Ҳеҷ боварам намеомад, зеро ҳамагӣ як-ду сол пеш булбулаки ҳамин мардак дар маҷлисҳои ҳизбӣ чунон мехонд, ки гумон мекардам аз падараш рӯ мегардонаду аз ҳизби коммунистӣ не. Мани нодон баъзан бо ҳавас ба вай нигариста, дар дил мегуфтам: ана меҳру муҳаббату садоқат, агар ҳизб мур гӯяд, миҷҷааш хам нахӯрда, заррае дар чеҳрааш осори тарсу пушаймонӣ рӯ назада, худро ба обу оташ мезанад, зери чархи поезд мепартояд. Аммо дурӯғ будаст муҳаббаташ. Маҳз хиёнати ҳамин гуна одамонро дида, бовар ҳосил кардам, ки марги давлати шӯроҳо наздик аст.
Лаҳзае дар хона хомӯшӣ ба миён омад.
 — Ана  ҳамин хел қиссаҳо, бачем, — хулоса кард Фозил-амак. – Осон нест бехато зиндагӣ кардан, инсонвор ҳаёт ба сар бурдан, ба қадри якдигар расидан. Вафодорӣ бори вазнин аст, ҳар кас тоби бардоштани онро надорад. Имрӯз бисёр одамон бо сари баланд, инсонвор зиндагӣ карданро аз иморатҳои боҳашамат сохтан, гуна-гуна либосҳои хушрӯ пӯшидан, серу пур хӯрдан, мошинҳои бадвоҳима харидан медонанд. Гумон мекунанд, ки чун падару модар онҳоро ба дунё оварданд, бояд хӯранд, нӯшанд, кайфу сафо кунанд, ба ҳар роҳе бошад, зинда монанд, умри дароз бинанд. Мисли ҳайвон фақат дар ғами пур кардани шикамбаашон ҳастанд. Аммо онҳо ҳеҷ гоҳ фикр намекунанд, ки чаро парвардигор маҳз ба инсон ақл додааст. Ақл, ки додааст, ягон мақсад доштагист охир! Он бебасарон аз рисолати азалии инсониашон бехабаранд, ё донанд ҳам, тан гирифтан намехоҳанд. Зеро инсонвор зиндагӣ кардан ниҳоят душвор аст. Магар ба дарди дигарон шарик шудан, дасти фитодаеро гирифтан, охирин бурдаи нонро ҳангоми гуруснагӣ бо дигаре қисмат кардан, ба моли ҷамъият хиёнат накардан, барои ом чизе бунёд намудан кори осон аст? Ҳам осон ва ҳам душвор. Ба одамаш вобаста… Мегуфтагистӣ, ними шаб ба хонааш омада, дар бало мондам, мӯйсафед маралхониро сар кард.
— Не, не, амак, баръакс суханҳои шумо ба мо дарс аст, — гуфт Орзу.
 — Аз сӯхтанама мегӯям, бачем. Рафтори баъзе одамонро дида, гумон мекунам, ки ҳозир талхаам мекафад. Дина байтор омада буд. Ду сар гӯсфанди пеши рамаро ҷудо карда, бурдан хост, ки нагузоштам. Хеле тую ман гуфтем, пасту баланд рафтем. Гӯё барои комиссияе, ки чанд рӯз боз колхозро тафтиш мекард, мебурдаст. Кордор нашав, гуфт, раис хабар дорад, хату чак мекунам, гуфт. Азбаски пеш низ ду-се бор маълумотномаи қалбакӣ дода, чорво бурда буд, тоқатам тоқ шуду ин даъфа ду поямро ба як мӯза андохтам. Хафа шуд, ҳатто таҳдид ҳам кард, ки беҷазо намегузорад, ягон чора мебинад. Ихтиёраш, парво надорам, виҷдонам соф аст. Гуфтам, ки аз дастат ояд, маро хоки раҳ кун. Чӯпонӣ мансаб нест, вагарна он ба ман намерасид… То нафақаам як сол монд, бас мекунам. Бояд се-чор сол пеш ба нафақа мерафтам, аммо ҳамон вақт дар шиносномаам санаи таваллудамро хурд нишон додаанд. Синну сол ҳам ба ҷое расид, дигар кӯҳ ба кӯҳ гаштан душвор.
Фозил-амак ба дастархон наздиктар нишаста, гуфт:
 — Ҳуши туро ҳам ба гап гирифтам. Ба дастархон нигоҳ кун, чой гир, нон шикан.
 Орзу пештар ғеҷид ва нон шикаста:
 — Баъд аз қафояш нарафтед? – гуфт.
— Аз қафои чӣ? – нафаҳмид Фозил-амак.
 — Ҳамон занак… Галя.
 — Ҳама алами дилам аз ҳамин ки чаро нарафтам. Баъди ду моҳи он воқиа аз ватани Галя мактуб омад. Саропо гилаю гиря ва пушаймонӣ буд мактубаш. Вай ҳазорҳо лаънат мехонд ба он рӯзе ки маро дар шаҳрчаи ҳарбиён дида, шинос шуда буд.
 — Ҷавоб нагардондед?
— Навиштам. Буду шуди гапа навиштам Дар мактуби дигараш оҳанги гуфтораш нарм шуда, маро ба онҷо даъват кард. Агар хоҳӣ, ки писарчаамон ятим ба воя нарасад, биё. Ман аллаай кор ёфтам, ту ҳам бе кор намемонӣ. Хоҳӣ, ба институт дохил мешавӣ. Дар он сангистон чӣ кор мекунӣ…
— Чаро нарафтед?
— Намонданд. Он солҳо ба қарибӣ ҷанг хотима ёфта, зиндагӣ душвор буд. Барои ба он дуриҳо рафтан пул ҳам надоштам. Бар замми ин баъд аз рафтани Галя акаам зуд дасту оринҷ бар зада, хешу таборро ҷамъ карду сари маро ҷуфт карданд. Дигар поям баста шуд, фарзандон ба дунё омаданд, юғи зиндагӣ дар гарданам бор гашту ёрои ҷунбидан надоштам. Аммо… Ту намедонӣ, ки ман дар дил чӣ қадар орзуҳо доштам. Мехостам Душанбе рафта, дар Донишкадаи омӯзгорӣ дохил шавам. Аммо ҳамааш барбод рафт. Акаам чанд муддат дигар маро аз деҳа баромадан намемонд, ки мабодо аз қафои ҳамон зани ӯрусам равам. Лекин ман бисёр зеҳни тез доштам, нағз мехондам. Дар хизмати аскарӣ маро барои босаводиам ба ҳизби коммунист номзад қабул карданд. То ҳол аъзои ҳамин ҳизбам, ҳар моҳ аъзоҳаққӣ месупорам. Агар мехондам, ҷойи ман ин ҷо набуд. Ба ҷойи таёқ қалам бояд мегирифтам, ба ҷойи дар ин кӯҳу биёбон хасу сангу хор  кӯфта гаштан дар идораҳои калон ягон курсиро соҳибӣ мекардам. Аммо баъди ҳамон воқиа дилам аз ҳама чиз монд, зиндагӣ ба назарам бемаънӣ шуд ва ноилоҷ сар ба дашту ҳомун задам.
Орзу аз қиссаи ишқи нобарори Фозил-амак хеле мутаассир шуд. Вай ҳарчанд аз хурдӣ чӯпонро мешинохт, аз ин пораи рӯзгораш бехабар буд. Аз рӯзе, ки Орзу худро мешиносад, Фозил-амак ҳамроҳи кампираш молбонӣ мекунанд. Ана номаша гиру гӯшаша каш, гуфтаанд: Холаи Барфимоҳ дар даст як табақ гӯшти бирён аз дар даромад ва табақро болои дастархон гузошта, ҳамон тавре ки бесадо ворид шуда буд, ҳарфе назада, бозпас рафт.
— Аз ин бечора ҳеҷ бадие надидам, — гуфт Фозил-амак, баъд аз дарро аз пушти худ пӯшидани холаи Барфимоҳ, — хубу бад чил сари сол боз хомамона пухта, чиркамона тоза мекунад. Аммо Галя дигар буд… Ту бемалол гир, хунук нашавад. Гӯшта дар гармияш хӯрдан даркор. Ба милки дандонҳо фоида дорад, хунукиашро кашида мегирад, — Орзуро ба хӯрок муроот кард чӯпон. Ва худаш дароз шуда, як қайла гӯшт гирифт ва аз ғилофи дар тасмаи  шимаш овезон корди ялаққосиро берун кашида, гӯштро дар рӯи як бурда нон чор ҳисса кард. Баъд як бурдаи онро ба даҳон андохта, гуфт:
— Ин занак бехабар, ман Галяро тез-тез хоб мебинам. Аммо ягон маротиба ӯро мисли пештара ҷавон намебинам, зани солхӯрдае ба хобам медарояд. Намедонам барои чӣ ӯро ҳамеша сатил ба даст дар байни полез мебинам. Лекин ягон бор ҳамгап намешавем. Доим сӯям нигоҳ мекунаду ҳар қадар садо мекунам, ҷавоб намедиҳад. Хомӯш аст. Маълум ки аз ман сахт ранҷидааст, то ҳол набахшидаст гуноҳамро. Ҳамеша ларзида аз хоб бедор мешавам, сарам мисли санги осиё вазнин. Аз афташ, баъд аз маргам арвоҳам низ сарсону саргардон мегардад. Баъзан худ ба худ мегӯям, ки оҳи ҳамун зан гирифт маро. Дар бағалаш писараки нозанин гирёну нолон баромада рафт. Ҳарчанд ман ӯро ба ҷон баробар дӯст медоштам, оқибат дар ғафлат мондам, акаам кори сиёҳашро кард. Ва мани ношуд барои бахти худ талош накардам, аз қафои зану фарзанди ягонаам нарафтам. Дере нагузашта дар оғӯши гарми зани дигар тан додам ба тақдирам. Ана оқибаташ: қариб чил сари сол боз аз худо зорию тавалло дорам, ки ба мани даҳмарда яктояк писар диҳад, то фардо баъд аз сари ман таёқамро ба замин нагузорад, суде намебахшад.
— Амак, шумо ба мо чӣ маслиҳат медиҳед? – суол кард Орзу, дасти равғанолудаашро пок карда.
 — Маслиҳат? – лаҳзае ба андеша рафт Фозил-амак, —  ин савдои умр аст, маслиҳат додан бисёр мушкил, бачем. Ошиқӣ кори дил аст, ақл бегона мешавад. Медонам, ҳозир ин духтар дар назарат мисли ҳур менамояд. Аммо… ба ин зот бовар надорам. Ҳозир гуфтам, дигар ҳоҷати такрор кардан нест. Чанд сол пеш модари ҳамин духтар дар пеши назари ман барои як гилеми меросӣ акаашро чунон беҳурмат кард, ки хаёлам мардак буза дида, салом дод. Агар ба худат маъқул бошад, ихтиёрат. Шояд вай заифи нағз бошад…
Ҳамин вақт ҳамсари Фозил-амак даромад.
— Ҷогаҳ партоям, бевақт шуд, — гуфт вай маслиҳатомез ба шавҳараш.
 — Хуб. Дастархона ғундор.
Зан норозиёна ба Орзу нигариста, гуфт:
 — Чаро нахӯрдӣ, бачем, наход йигит ҳамин хел хӯрок хӯрад.
— Ҳозир аз гулӯи вай ягон чиз намегузарад, — гуфт Фозил-амак бо лабханд. – Ғун дор.
    III
Ҳанӯз чашми рӯз накафида Фозил-амак Орзуро бедор кард. Онҳо саросема таҳтӯл карда, сари роҳ баромаданд. Равуои мошинҳо оҳиста-оҳиста зиёд мегашт.
 — Ҳозир бояд автобус биёяд, — гуфт Фозил-амак, ба тасмаи роҳи дароз, ки оқибат дар байни талу теппаҳо кӯр мешуд, дида дӯхта. Ҳамеша вақти намози бомдод мегузарад. Мегӯянд, ки…
Фозил-амак суханашро то охир нагуфта, мошини сабукраве дар назди онҳо таққӣ истод.
— Кӣ бошад? – қадаме пеш монд Фозил-амак. Ҳамин вақт дари мошин кушода шуду аз дохили он пасопеш Раҷабалӣ ва писараш Ғайрат берун омаданд. Қиматгул баробари дидани падараш «Вой рӯям сиёҳ!» гӯён дар ҷояш нишаст.
Раҷабалӣ сардакак ба Фозил-амак вохӯрдӣ карда, филҳол ба Орзу дарғалтид.
— Очаи ту гадоро фалон кунам, духтари мардума бесоҳиб дидӣ, а!
Фозил-амак, аз афташ, чунин сурат гирифтани воқиаро чашмдор буд, ки дарҳол мобайн даромада, аз дасти Раҷабалӣ дошт.
— Раҷабалӣ, шайтона ҳай зан, беақлӣ накун!
— Сар диҳед, чӯпон, байн надароед.
— Ҳай-ҳай, сабукӣ накун, ин бачагӣ кардаст.
— Ман очаи ин хел бачаро дар Учқӯрғон нишон медиҳам.
Фозил-амак ба хархашаи Раҷабалию Орзу андармон шуда, нафаҳмида монд, ки чӣ тавр Ғайрат хоҳарашро задаю кашолакунон ба мошин савор кард ва дарро сахт пӯшида, баргашта назди падар омад ва чашми Фозил-амакро хато карда, ба як мушт даҳону бинии Орзуро ғарқоби хун кард.
— То хоҳаратро… номамро мегардонам.
 — Одам набудаӣ, — ба сари Ғайрат бо таҳдид таёқ бардошт Фозил-амак, — ман шумоёнро инсон гуфта, илтимос кардам.
 — Шумо хафа нашавед, чӯпон, — гуфт Раҷабалӣ, яқин аз зарбаи баҳадафи писараш хурсанд шуда. Ман шуморо ҳурмат мекунам. Аммо ин лаъинро то ҷазо надиҳем, намемонем. Ин бо мо бозӣ карданист… То имрӯз авлоди мо гапи ягон каса нахӯрдаст, дар пеши касе сар хам накардаст.
Мошин ба шаст қафо гащта, ҷониби деҳа рафт.
— Биё, рафтем, — гуфт Фозил-амак, ба даҳону бинии хуншори Орзу ба надомат нигариста. – Ба дил нагир, онҳоро ҳам фаҳмидан мумкин.
 Баъди як ҳафта аз суди ноҳия ба номи Орзу даъватнома омад. Ҳарчанд аллакай дар деҳа овоза шуда буд, ки гӯё Раҷабалӣ Орзуро барои зӯран дуздида бурдани духтараш ба суд додааст, ин даъватнома барои ҷавон ғайричашмдошт буд. Вай ба ҳар ҳол гумон дошт, шояд милисионери деҳа, ки ҳамеша чунин ҷанҷолҳои мардумро тафтиш мекард, пурсуҷӯ кунад. Аммо маълум шуд, ки кор ранги дигар гирифтааст, вай бояд пагоҳ соати нӯҳ ба суди ноҳия ҳозир шавад. Ягона тасаллои дили Орзу он буд, ки шукри худо Қиматгул сиҳату саломат аст ва ботил будани ин тӯҳматро зуд собит мекунаду об ба лаби чӯй баробар мешавад. Аз ин рӯ, вай зиёд дар ташвиш ҳам набуд.
То рӯзи суд Орзу ду маротиба бо даъвати муфаттиш ба ҳузури вай рафта, фаҳмид, ки беҳуда ба Қиматгул умед бастааст. Бинобар гуфти муфаттиш маҳз Қиматгул ӯро ба маҳкама кашидааст. Вай, Қиматгул, дар аризаи худ навиштааст, ки гӯё Орзу ӯро бо фиребу таҳдид аз хона бароварда, мехост зӯран ба Душанбе барад. Ҳатто дар роҳ чанд маротиба хост ба номусаш таҷовуз кунад.
— Дурӯғ! Тӯҳмат! – дод зад Орзу, вақте ки муфаттиш порчаеро аз аризаи Қиматгул хонда дод.
 — Ҳусни хати Раҷабалиеваро мешиносӣ? Аз рӯи шунидам шумо дар як мактаб кор мекунед.
 — Бале, мешиносам.
 — Ҳамин ҳусни хати вай аст? – аризаро ба Орзу дароз кард муфаттиш.
— Ҳа, — ҳайрон ҷавоб дод Орзу.
— Пас, рост будаст баёноти вай.
 — Не, ин ҷо ғалате рафтааст. Аз афташ, ӯро падару бародараш маҷбур кардаанд, ки чунин баёнот диҳад.
— Ҳеҷ кас ӯро маҷбур накард… Вай танҳо, дар ҳузури ман, ин баёнотро навишт.
 Орзу дигар чӣ гуфтанашро надониста, хомӯш монд.
— Медонӣ, барои ин ҷиноят туро чӣ интизор аст? – пурсид муфаттиш.
 — …
 — Маҳбас! Ин ниҳоят ҷинояти вазнин. Ба як рафтори ноҷо ҳаётатро сӯхтӣ, ошно.
— Охир ин дурӯғ аст, тӯҳмати маҳз. Наход шумо тӯҳматро аз ҳақиқат фарқ карда натавонед. Агар вай намехост, чӣ тавр ман ӯро нисфи шаб аз хонаашон мебаровардам… Баъд Фозил-амак шоҳид аст.
 — Фозил-амакатро низ ҷеғ мезанем.
 — Пурсед. Ҳамааш мисли рӯз равшан мешавад.
    — Намедонам, ошно. Равшан мешавад, ё торик, суд ҳал мекунад…
Суд камодам буд. Асосан дар зол наздикони Қиматгул менишастанд. Ба ғайр аз онҳо падари Орзу ва Фозил-амаку кампираш, ки ҳамчун шоҳид даъват шуда буданд, ҳузур доштанд.
Аввал Раҷабалӣ даъво пеш овард, ки Орзу духтари ӯро бо фиребу найранг аз хона рабудааст. Вақте додрас аз Қиматгул дар ин хусус савол дод, вай сар ба зер афканда, даъвои падарашро тасдиқ намуд.
 Орзуро гӯё барқ зада бошад, ҷаста аз ҷой хест:
 — Қиматгул!
— Хомӯш! Рафиқ судшаванда, хомӯширо риоя кунед, ҳоло мо ба шумо сухан надодем. Шинед ба ҷоятон, — амр дод додрас.
Баъд Фозил-амакро ҳамчун шоҳиди ягона даъват карданд. Ҳарчанд вай бисёр асабӣ менамуд, худро ба даст гирифта, асли воқиаро баён намуд. Додрас ва боз чанд нафари дигар ба ӯ саволҳои ҷузъӣ дода, посухҳои мушаххас гирифтанд. Сипас ба Фозил-амак иҷозат дода шуд, ки рафта ба ҷойи худ нишинад. Аммо чӯпон аз ҷой наҷунбида, ба Раҷабалӣ рӯ оварда, гуфт:
 — Раҷабалӣ, аз худо тарс, ҳаёти инсон бозича нест, ба бачаи бегуноҳ тӯҳмат назан. Ман худ шоҳид будам, ин банда гуноҳе надорад. Духтарат ба ихтиёри худ аз қафои вай меомад. Худо шоҳид, ки ин бача ба духтарат ҳатто даст нарасонидааст.
 — Шумо аз куҷо медонед?
 — Ҳамон шаб онҳо дар хонаи ман буданд.
 — Дар роҳ чӣ? Шумо ҳамроҳи онҳо будед?
 — Ҳай, ҳай, бадбахт! Ба рӯи худат туф мекунӣ, а! Бо кадом забон домани духтари покизаю ҳалолатро доғдор кардан мехоҳӣ. Фардо дар он дунё чӣ ҷавоб медиҳӣ?
— Инҳо гап як кардаанд, — ба додрас муроҷиат кард Раҷабалӣ. – Аҷаб нест ба ин чӯпони бесавод пора ҳам ваъда карда бошанд.  
 — Ба даҳонат нигоҳ карда гап зан, берӯ! Ҳамаро ба ченаки худат қиёс макун.
 — Ба ман чӣ шудааст, куҷоям аз кӣ кам? — дод зад Раҷабалӣ. – Ҷояш ояд ба ту барин чиркинҳо сари як дастархон намешинам.
 — Рафиқон, мағал накунед, — бо қалам мизро тиқ-тиқ кӯфт додрас. – Шоҳид, рафта ба ҷоятон шинед. Ин ҷо бозор нест…
 — Аз мурда кафан металабӣ, — Фозил-амак ба додрас аҳамият надода, овозашро аз нав баланд кард. – Дар даҳанат як ҳуштак ба ягон шофир рӯз намедиҳӣ. Баҳудаю беҳуда нигоҳ дошта, то ягон чиз канда нагирӣ, дилат ором намегирад. Ман намедонам, чашми орган дар куҷост, ки ба ту барин ҳаромгулӯ чунин як вазифаи масъулро бовар кардаанд.
— Вазифаам ҳамин, қоидаи роҳро бояд риоя кунанд.
— Дуруст, вазифаат, аммо ту ба ин вазифа туф кардаӣ. Магар вазифаи ту барои кисаи худат пул ситондан аст?
 Раҷабалӣ даст афшонду рафта дар ҷояш нишаст.
 — Чаро дамат дарун зад? Ёд дорӣ, соли гузашта як мошин арақи бе ҳуҷҷатро дошта, як бандча пул пора гирифтӣ. Вақте ки мошин рафт, аз тарси он ки ягон каси ба қавли худат худобехабар ба сардорат хабар накашад, он пулро ба ман, ки дар ҳамон наздикиҳо рама мечарондам, амонат додӣ. Баъд аз тамом шудани рӯзи кориат аз дастам гирифта, сӯи хонаат думата хода кардӣ. Ё фаромӯш кардӣ?
 — Тӯҳмат! — гуфт Раҷабалӣ бепарвоёна.
 — Не, тӯҳмат нест, ин ҳаромхӯрии туро ҳама медонанд. Ҳа, медонанд, ки бачаҳот бо нони ҳаром калон шуданд. Шояд аз ҳамин сабаб ақлашон кӯтоҳ, дилашон кӯр аст. На ҳурмати аз худашон калона медонанд, на ба хурдсолон шафқат доранд.
Додрас бо як азоб онҳоро аз тӯю мангӯӣ боздошта, танаффус эълон кард.
 Орзуро се сол аз озодӣ маҳрум карданд.
IV
Орзу ноҷунбон аз баландӣ авулро тамошо мекард. Дар бадали ин се сол он қариб тағйир наёфта буд: ҳамон ду дар хонаи сангини беайвон, ғавшоди атрофаш бо шоху шабба иҳоташуда, зарфи бузурги фулуззӣ барои об, ки дар назди кулба аз барфу борон ранг бохта буд…
«Чаро касе наменамояд, рама куҷост? Ё то ҳол Фозил-амак аз Кӯҳи боло барнагаштааст? Не, бояд баргашта бошад, то ин вақт дар хунукистон чӣ кор мекунад. Дар он қуллаҳо шояд кайҳо барф борида бошад…»
Орзу ҳамин тавр пеши худ ҳазору як тахмин зада, вазнин аз ҷой хесту оҳиста-оҳиста талро поин шуда, ҷониби авул рафт. Дар роҳ алалэҳтиёт чӯби хушкеро аз замин бардошт, то аз ҳамлаи сагон худро ҳифз кунад. Аммо ҳар қадар ба кулба наздик мешуд, хотираш мушавваш мегашт: на аз саг дарак буду на аз соҳибонаш. Рӯи суфаи фатаротшуда ду бидони обкашӣ меистод. Ресмони ба гӯшаи он гузаронидашуда ҷо-ҷо тар буд. «Аз афташ, ҳозир аз чашма об овардаанд, — андешид Орзу, ки нигоҳаш харро меҷуст. Аммо дар ҳеҷ куҷо хар наменамуд. Дари ғавшод кушода буд. Орзу, то аз вуҷуди худ дарак диҳад, чанд бор амдан гулӯ афшонд.
Дере нагузашта дари кулба оҳиста кушода шуда, ҳамсари Фозил-амак берун омад. Вай чанд лаҳза ҳаросон ба ҷавон нигоҳ карда истод.
 — Ассалому алейкум, хола, — қадаме пеш монд Орзу.
Зан ҳамоно аз вай чашм намеканд.
— Маро шинохтед? Ман писари Хадича.
 — Ҳа, — гуфт зан, ҳамоно Орзуро синчакунон ва баъд, аз афташ, воқиан ҳам шинохт, ки нӯки дасташро аз даруни остинҳои кушодаш бароварда, барои вохӯрдӣ дарозкунон ба пурсупос даромад:
 — Нағз ҳастӣ… Аз бандигӣ кай озод шудӣ? Очата обу адо кардӣ. Илоҳо хонаи Раҷабалӣ сӯзад, дар як хона мураду сад хона бӯ гирад.
 — Фозил-амак наменамоянд, — гуфт Орзу, ба гирду атроф чашм давонда.
— Фозил-амаката бой додем, — гуфт зан, малул шуда. – Як моҳ пеш писари Раҷабалии худозада дар ҳамин ҷо паронд. Илоҳо, ҷавонмарг шавад, хун қай карда, мурад!
 — Наход! Барои чӣ?
— Дупула гапа баҳона карда, паронд оқипадар.
    Орзуро аз ин хабари ногаҳонӣ забонаш гиреҳ баста, дилаш ларзид.
— Биё, хона даро… Кай омадӣ?
— Ҳозир.
— Очат чанд бор омад. Дар мотами амакат навҳа мекарду, дар ғами ту низ месӯхт. Мегуфту мегирист, аламҳои дилашро дар замини ҳаво рақам мезад. Абгор кардӣ падару модарата. Кош ун қанчиқ ба як қатра ашки очат арзад, ба як зарра нигоҳи маъюси падарат сазовор бошад. Фаҳмидӣ, ки шавҳар кард. Чашми худо ҳам кӯр будаст. Астағфируллоҳ! Ба ун зот ҳарому ҳаттокӣ мефорад; боз бахт мебинанд, давр меронанд, шӯҳошон нозашона мебардорад… Думи туро гирифта гурехтани духтари Раҷабалӣ дурӯғ шуд. Гӯё ҳеҷ воқиае нашуда бошад, дар давраҳо болонишин, ба ягон кас гап намедиҳад.
Холаи Барфимоҳ ба ҳамин оҳанг дарди дил карда, дари кулбаро кушода, Орзуро ба хона ҳидоят намуд. Вақте ки Орзу аз қафои зан вориди кулба гашт, якбора дилаш вайрон шуд. Хаёлан ба ҳамон ҷое ки се сол қабл ҳамроҳи Фозил-амак то як поси шаб дар сари дастархон сӯҳбат карда буданд, дида дӯхта, ноаён дилаш ба сӯзиш омад. Ба ёд овард, ки чӣ тавр он шаб Фозил-амакро якбора гиреҳи дилаш кушода шуда, гоҳо чеҳраи пурожангаш мисли гул шукуфтаю гоҳо ожангҳои ҷабинаш чуқуртар рафта, ишқи нахустину охиринашро ба ёд меовард. Аз орзуҳои барбод рафтааш, ишқи муаллимиро дар дил гӯронданаш, ҷабри бародару шӯрии пешониаш ба алам ҳарф мезад. Аз ноадолатиҳои замона, ҳарому ҳалолро фарқ накардани баъзе ҳамдеҳагон, рисолати инсониро аз ёд бурдани бархе одамон дилаш хун мешуд. Аз ин бобат гуна-гуна мисолҳо оварда, гоҳо аз сергапию насиҳатгӯияш узр пурсида, мехост ба Орзу роҳ нишон диҳад, чашмашро ба баду некӣ зиндагӣ кушояд, то вай, Орзу, дар хаму печи ҳаёт мабодо пешпо хӯрад, раҳгум занад. Баъд мурофиаи суд, ҷаҳду ҷадали Фозил-амаки ҳақталошро пеши назар оварда, ба алами зиёд андешид, ки кӯр будааст чашми адолат, наркушу модапарвар будааст фалаки каҷрафтор.
Холаи Барфимоҳ гӯё хаёли Орзуро мехонда бошад, кӯрпача партофта, нолишкунон гуфт:
— Нест Фозил-амакат, қариб як моҳ боз дар хоки хунук хоб аст.
— Чӣ хел шуд? — пурсид Орзу.
— Аввал бишин, — гуфт холаи Барфимоҳ, — як оят хон ба арвоҳи амакат.
Орзу зуд нишаст ва бо овози баланд сураеро аз Қуръони шариф қироат намуд.
— Аз роҳи дур омадӣ, ман як пиёла чой монам, — аз ҷой хест холаи Барфимоҳ.
— Ташвиш накашед, хола, — ӯро аз раъяш гардондан хост Орзу. — Ман ҳамроҳи ронанда дар роҳ хӯрок хӯрдам, — дурӯғ гуфт вай.
— Хӯрда бошӣ, ҳеҷ гап не. Ҳозир аз чашма об овардам. Як пиёла чой ҳеҷ каса накуштааст. Баъд аз марги амакат авул дар назарам ҳуввас мезанад. Дирӯз раис омада рамаро бурд. Ман даррав чароғи авули амакатро накушам гуфта, шиштаам. Чилашона диҳем, ба деҳа бармегардам.
Холаи Барфимоҳ чойники дар болои бухории чӯянӣ бударо аз об пур карда, примуси дар кунҷи хона, болои қуттӣ гузошташударо даргиронд ва чойникро рӯи он гузошта, даргиронд ва баргашта назди Орзу омада нишаст.
— Ку гап занед, чӣ воқиа рӯй дод?
— Замона нотинҷ, бачем, пишаки баъзеҳоро баландтар пишт гуфта намешавад, дар бало мемонӣ. Намедонам хабар дорӣ ё не, корди дузду шӯрапушт дар равған ғӯтидагӣ… Шаб дар хона хоб будем, ки ду кучук девонавор худашонро ба чор тараф заданд. Амакат аз ин давутози ҷонварҳо алағда шуда, акнун чакманашонро сари китф гирифта буданд, ки нохост канда-канда садои тир баромад ва баробари он як мингоси кучукҳо баромаду ба ҳамин хомӯш шуд. Амакат саросема «Ё Баҳовуддин, чӣ бало сар зад!» — гӯён раҳораҳ чакманро пӯшида, берун баромаданд. Ман саросема набераамон Сӯҳробро, ки бехабар ғарқи хоб буд, бедор карда, хостам берунро хабар гирам. Ҳамин вақт касе дар паси дар сахт-сахт пой кӯфту дар кушода шуд. Аввал амакат баъд ду нафар яроқдор ворид шуданд. Якеашро шинохтам — писари Раҷабалӣ Ғайрат буд. Ҳамроҳашро бори аввал медидам, аз ин гирду атроф набуд. Амакат асабиёна таёқи дасташонро ба кунҷи хона ҳаво дода, гуфтанд:
«Сагҳоро чаро парондӣ? Ман акнун бе саг чӣ кор мекунам?!
«Асабӣ нашав, дигар ба ту саг даркор намешавад, — гуфт Ғайрат, даҳонашро инҷ карда ва дар ҳамин ҳолат барои вохӯрдӣ ба ман даст дароз кард. — Чӣ хелӣ, холашка?»
Аз даҳонаш бӯи бади арақ меомад. Онҳо, аз афташ, дар берун аз кадом хусус гапзанон карда буданд, ки «Ана ҳамин хел гап, чӯпон, — гуфт Ғайрат, ҳарисона ҷиҳози хонаро аз назар гузаронда. Вақте чашмаш дар кунҷи хона ба ҷогаҳи Сӯҳроб афтид, норозиёна ғурингид:  «Мо шаба шабу рӯза рӯз нагуфта, бо душман меҷангему набераи ту дар ҷогаҳи гармакак кайф карда хоб рафтааст».
«Маълум, ки чӣ хел меҷангед» — заҳрханда карданд амакат.
«Ҳоло ҳеҷ чиз маълум нест, баъд мебинӣ ҷангиданмона. Ҳозир гапа бисёр накуну кора буд кун, тезтар!».
«Ақли ту, падарқусур, дар ҷояш? Ин асп аз падари ман мерос намондааст, соҳиб дорад вай».
«Соҳибаш кӣ?» — пурсид Ғайрат нописандона.
«Давлат».
«Э, мӯсафеди бемағз, ҳозир барои ту баринҳо ман давлат! — гуфт Ғайрат мушт ба синааш зада. — Гапа бисёр накун, ки сарам вайрон мешавад».
Вай чанд лаҳза бо кароҳат аз амакат чашм наканда, баъд нигоҳи хуморолудашро ба рӯи ман кӯчонд:
«Ҳа, бойбича, чаро мисли сутуни масҷид шах шудед. Қайла-пайла нест-мӣ? Ё моро садқаи гӯшт кунад? Ку, тез, скорости шашум… баъди панҷ дақиқа як табақ гӯшт ҳозир шавад».
«Аз ҳадат нагузар, бача! — ғуриданд амакат. — Ин аз модарат ду мучал калон, гапатро хоида зан».
«Меҳмона ҳурмат намекунанд… ин мардум тамоман аз худ рафтаанд, ақлашона хӯрдаанд. Агар каме суст бимонӣ, даррав ба гарданат савор шуда мегиранд» — ба ҳамраҳаш рӯ овард Ғайрат.
«Ман туро ба меҳмонӣ даъват накардам».
«Хайр, шуд, мӯсафед, гӯштат саратро хӯрад. Афсӯс, ки вақт танг, набошад ҳардуятонро ба бузбозӣ меандохтам. Ҳозир аспро зин зада, берун барор».
 — Хуласси гап, он шаб аспи таърифии амакатро бурданд онҳо. Ҳарчанд амакат истодагарӣ карданд, натиҷа надод. Баъд аз ин воқиа боре чанд нафар яроқбадастон аз номи Ғайрат омада, гӯсфанд бурданд. Ҳар даъфа амакат бо онҳо тую ман мекарданд, аммо оқибати кор онҳо гапи худро мегузаронданд. Боре ба идораи совхоз рафта, арз карданд, то пеши ин гургиҳо гирифта шавад. Аммо баъди бозгашт хун гиристанд, ки мамлакат бесоҳиб мондааст, ба решаи низому тартиб футур рафтааст. Зеро он рӯз директор арзашонро то охир гӯш накарда, гуфтааст, ки аз дастам ҳеҷ кор намеояд, худатон сарҳисобатонро ёбед…
 «Аз афташ, раис ҳам, дар табақи онҳо ош мехӯрад, — гуфтанд амакат, бо алам ба зонуяшон зада. — Дареғи раисҳои пешин, як нигоҳашон бас буд, ки ғайратҳо эзорашонро тар мекарданд. Аммо ҳозир… сад дареғ».
Аз байн тақрибан ду ҳафта гузашт. Як бегоҳ боз онҳо пайдо шуданд. Ин дафъа чор кас омаданд. Вақте ки мошини боркаш дар назди қӯра истоду аз кабинаи он Ғайрат берун шуд, авзои амакат якбора тағйир ёфта, зери лаб пичиррос заданд:
«Аз ҳад гузаронд ин зоташ паст».
Ғайрат ҳамагӣ ду-се қадам монду бо ишораи даст амакатро ҷеғ зад.
«Чӣ мегӯӣ? — гуфтанд он кас асабиёна аз дами дар. — Ту ба набераи ман баробар, чор-панҷ қадам монӣ, ягон ҷоят кам мешавад магар?
«Вақт нест, биҷунб тезтар! – гуфт яке аз онҳо ва чор-панҷ қадам пеш омада, афзуд. — Аз ҷонат сер шудӣ магар!
«Нарас, — амр кард Ғайрат аз қафо, — бо ӯ ман худам чақ-чақ мекунам».
Амакат ҳамоно аз ҷой наҷунбида, рост меистоданд. Ғайрат мисли паҳлавонон қаноташро боз намуда, калон-калон қадам монда, ба он кас наздик шуд ва бо овози нимшунаво гуфт:
«Дар пеши бегонаҳо намерасам, ин дафъа беҳурматиатро бахшидам. Лекин асабҳои ман оҳанин нест. Ҳозир бе ягон ғидӣ-ғидӣ гӯсфандҳоро ба мошин бор мекунонӣ ва мо меравем».
 «Кадом гӯсфандҳоро… ту аз афт маззахӯрак шудӣ, а!»
 «Овозата каш, ифлос!»
 «Чӣ гуфтӣ? Ман ифлосам? Чӯпон бошам ҳам, ҳамроҳи тую падарат дар як табақ ош намехӯрам. Чаро гӯй? Чунки луқмаи даҳони шумо ҳаром аст».
Ғайрат шояд аз тарси он ки мабодо ҳамроҳонаш садои чӯпонро шунида бошанд, як ба қафо нигаристу ба амакат ҷафс шуда, ноаён ба шикамашон як мушт зада, гуфт:
«Ба худо, мепаронамат».
«Паррон! — овоз баланд карданд амакат. — Шаҳр магар бедарвоза аст, ки ту дар рӯзи равшан одам мекуштаӣ!»
«Э гаранг, дарвозаи шаҳр кайҳо шикастагӣ. Ту хобӣ ё бедор? Зуд бош, ман ба ҳар чӯпон-чӯлоқ ҳафту ҳашт карда намешинам».
Амакат шояд акнун ҷиддӣ будани қарори он нобакоронро бештар ҳис намуданд, ки каме овозашонро паст карда, гуфтанд:
 «Дар ин музофот магар дигар рама нест?»
«Ба ман гӯсфандҳои ту маъқул».
«Ин моли ман нест, аз они давлат».
«Барои ман фарқ надорад: ҳозир дар назарам на ту, на давлатат мисли пашша наменамоед. Баъд… ман тӯй дорам, зани ҷавонтар гирифтаниам. Медонам, ки ҳатман тӯёна мебарӣ. Азбаски мӯйсафед ҳастӣ, туро ташвиш надода, худам мошин киро карда омадам. Ду гов ҳаст, ту чор-панҷ гӯсфанд диҳӣ кифоя. Худат медонӣ, мо тӯйи андак-мундак намекунем. Нисфи район мебиёяд.».
«Ҳай дареғ, замона чаппа шуд, а!»
«Ҳа, чапаш кардем, акнун навбати мо омад. Дар сари суд масхарабозиҳоятро ёд дорӣ? Тарафи он муаллими рихинро гирифта, ба рӯи падарам давидӣ, шарму ҳаёро надониста, дар ҳаққи як инсони мӯътабар, ки қариб сӣ сол боз дар орган ҷон мекоҳонад, чӣ гапҳо гуфтӣ, тӯҳмат задӣ. Таҳқир кардӣ, ифлос, падари бузургворамро, мефаҳмӣ!»
«Ман ҳаққи гапа гуфтам».
«Хайр, баъд чӣ шуд? Ҳозир ун миҷморуқ дар кунҷи маҳбас юндӣ хӯрда гаштаст. Ҳисобу китоби ман ба ун очағар дигар. Рӯз шумурда гаштаам, ки кай аз он ҷо мебарояд. Дар пеши чашмаш хоҳарашро зин зада, савор мешавам. Авлоди мо то имрӯз бадии ягон касро фурӯ набурдааст. Мо ҳамеша гапи одамонро гардонда, ба даҳонашон зада омадаем».
— Ҳоло ман ба он лаънатӣ юндихӯриро нишон медиҳам, — гуфт Орзу ба алам.
Об аз сар гузашт. Ҳозир на давлат, на милиса пеши онҳоро гирифта наметавонад. Ба онҳо худо бас наояд, бандаҳояш дасткӯтаҳанд. Хулоса, он рӯз амакат бо Ғайрат хеле пасту баланд рафтанд. Ман чанд бор байн даромада, рости гап, ун ифлосро сад маротиба садқаю банда шудам, ки ягон балоро нахезонад. Аммо ҳар даъфа амакат таъкид мекарданд, ки кордор нашавам, мо аз ягон кас муттаҳам нестем. Оқибат Ғайрат ба ғазаб омада, ба одамонаш фармон дод, ки бандед дасту пои ӯро. Он лаганбардорон низ зуд ба по шуда, амакатро ба замин пахш карданд. Ғайрат маро, ки аз остини нимтанааш дошта, ӯро ба ибо кардан мехондам, тела дода, гуфт:
«Аз худаш гузашт, сазои сараш».
«Майлаш, ҳаромзода, — гарданашонро ба як азоб ба қафо тоб дода, гуфтанд амакат. — Ту кардию ман мондам. Ту, гадобача ҳам, одам шудӣ!»
«Даҳонатро пӯш! – дод зад Ғайрат, — вагарна сию ду дандони кирминатро ба ҳалқат мефиристам».
«Алам кард?! Гадо буд бобоят, сарқутхӯр буд. Ягон ҳунар, ки надошт, рӯзаш ба гадоӣ мегузашт. Инро ҳама мардум медонанд. Падарат ҳам аз гадо бадтар. Мисли эмизаки тифлон доим дар даҳонаш як ҳуштак мошин мепояд. Агар илоҷаша ёбад, ҳамун бечораҳоро мисли ҷӯгӣ тала мекунад. Устухони тую хоҳаронат, ки ба нони ҳаром сахт шудааст, аз шумо некӣ намебарояд. Чунки мағзатон палағда аст».
Ғайрат як ба ҳамроҳони худ, ки ҳамоно китфони худро ба мошин такя дода, гуфтугӯи моро гӯш мекарданд, назар давонда, ба қаҳр аз ҷайбаш таппонча бароварду рост ба пешонии амакат тир кушод. Баробари садои тир ман аз ҳуш рафтам, дигар чизеро ёд надорам. Намедонам мардумро кӣ хабар кард, як вақт чашм кушода, хонаро пур аз марду зан дидам. Нахустин калимае, ки ба забон овардам, номи мардакам буд. Ҳама гирён буданд, кампире аз байн навҳа кашида, гуфт:
«Шӯри пешониат хушк шавад, Барфимоҳ! Куштанд соябони сарата!»
 — Ана ҳамин хел рӯзҳои сахта аз сар гузаронидем, — хулоса кард холаи Барфимоҳ оҳ кашида.
Орзу аз ин нақли саропо дарду андӯҳи занак гаранг шуда, намедонист чӣ тавр ӯро тасаллӣ диҳад. Забонаш ба комаш часпида, ноаён вуҷудаш меларзид. Вай ҳеҷ гоҳ ба гӯшаи хаёл ҳам оварда наметавонист, ки ба сари Фозил-амак барин инсони баобрӯю ҳақталош ва меҳнатӣ касе мушт бардорад. Маълум мешавад, ки будаанд чунин зотҳо. На танҳо мушт, балки ба сараш камон кашидаанд, мижаашон хам нахӯрда, сӯяш тир андохтаанд. Ҳарчанд Орзу то ба ин ҷо расидан дар роҳ гуна-гуна қиссаҳои пурфоҷиаро шунида, баъзан рафтори ноҷавонмардонаи баъзе ҷавонони сарҳуйро бо чашми сараш дида бошад ҳам, фоҷиаро ба ин ваҳшоният чашмдор набуд. Аммо акнун тӯфони бадбахтиро дар мағз-мағзи ҷисму ҷонаш ҳис карда, ба баданаш рашъа давид.
— Ҳм, — маънидор мад кашид Орзу, — кори бенур шудааст.
 — Бенур ҳам гап, — ба зӯр ба по шуд холаи Барфимоҳ ва чанд лаҳза аз Орзу чашм наканда гуфт:
 — Як пиёла чой гир.
 — Не, хола, — рад кард Орзу, — вақти чойхӯрӣ надорам.
 — Ту, бачем, ба ҳар ҳол эҳтиёт шав. Беҳтараш каме сабр кун, торикӣ фарояд. Гуфтам-ку, замона нотинҷ. Он худобехабар мисли саги дайду мегардад. Таки пояш як мошини кори калон мегӯянд, баҳудаю беҳуда ҳар рӯз даҳ бор чангу хоки кӯчаҳоро ба ҳаво хезонда, деҳаро давр мезанад. Аз дасти вай ягон духтари қадрас аз хона берун шуда наметавонад. Чашми гушнааш ба ягон чеҳраи зебо афтад, зуд аз паяш мешавад. Аллакай хонаи чандин бандаи мӯъмина сӯхт ун худобехабар. Духтур дар ёдат ҳаст?
 — Кадом духтур?
 — Салимуф.
— Ҳа.
 — Як рӯз дар назди бозори ноҳия зани ҳамун бадбахтро зӯран ба мошинаш нишонда, дар ними раҳ ба номӯсаш таҷовуз кардааст. Мардаки бечора аз дарду алам ва шарм шабона сарашро гирифта, баромада рафт. То ҳол касе намедонад, ки дар куҷост, чӣ аҳвол дорад?
 Ана ҳамин хел гапу корҳо, — ба чеҳраи ғамгини Орзу, ки аз шунидани ин бедоргариҳо торафт гиреҳ мебаст, нигариста, таъкид кард холаи Барфимоҳ. — Баъзан дилам душманӣ мекунад, худ ба худ даргирифта, меандешам, ки наход Худованди дар ҳама ҷо ҳозиру нозир ин беадолатию ноҳақиҳоро дидаю дониста, ором шинад, гунаҳкоронро ҷазо надиҳад. Зеро ба ду чашми сарам дида, ба тамоми ҳастиям ҳис мекунам, ки агар ба вай зӯри Худо нарасад, аз дасти бандагонаш ҳеҷ кор намеояд.
— Мерасад, — гуфт Орзу. — Ҳоло дар дунё ягон аъмоли бад беҷазо намондааст. Имрӯз не, фардо ҳатман ҷавобашро медиҳад.
— Ту чанд сол боз набудӣ, намедонӣ, ки дар ин муддат одамон чӣ хел тағйир ёфтаанд. Дар байни чанд рӯз баъзеҳо мисли бӯқоламун ранги худро борҳо иваз карданд. Ба онҳо сар ба сар шудан душвор. Чунки ноҷавонмардонанд, Худою расулро аз ёд баровардаанд. Аз ягон гандагӣ рӯ наметобанд.
Орзу, гӯшаш ба суханҳои холаи Барфимоҳ меандешид, ки марги фоҷиавии шавҳар ин зани замоне камгапро низ ба гап даровардааст. Албатта, дарди вай сахт аст. Вақте ки марги муфоҷои шахси аз ҳама наздикатро ба чашми худ мебинӣ, дучанд алам мекунад.
— Худо раҳмат кунад, амакам инсони хуб буданд, дилу нияташон пок буд, — гуфт Орзу.
— Ба одами нағз рӯз нест, мегуфтанд модарам. Дар дами пирӣ ба ин гап бовар кардам. Рост мегӯӣ, мисли кӯдак бегуноҳ буданд. Дар зиндагиашон танҳо як хато карда, то охири умр сӯхтанд. Ҳамон зани ӯрусашона дар назар дорам… Чил сари сол бо ман дар як болин сар монда бошанд ҳам, ба ёди ҳамун занак ба хоб мерафтанд. Ҳатто дар хобашон номашро гирифта, гап мезаданд. Ҳамеша ғам меҳӯрданд, азоби виҷдон мекашиданд, ки ягона писарашон бе падар дар куҷоҳо сарсон шудагист.
Орзу аз ин дардҳои холаи Барфимоҳ бештар дилаш вайрон шуда, вазнин аз ҷой бархост.
Торикӣ фуромад.
Салобати кӯҳу харсангҳо ва талҳои атроф аз будашон бузургтар ба чашм мехӯрданд. Дар роҳи калон ягон мошин наменамуд. Аз дур чароғи хонаҳои канори деҳ, ки аз байни талҳо менамуданд, паи ҳам фурӯзон мешуданд. Орзу аз пайроҳае, ки аз равуои зиёди чорпоён пайсипарида буд, қадам зада, рӯ ба деҳа мерафт. Осмон соф, аммо заҳри ҳаво хунук буд. Тез набошад ҳам, шамоли сард мевазид.
«Ана-мана нагуфта зимистон ҳам медарояд, — ба худ меандешид Орзу, — шояд ҷангу ҷидол низ хотима ёбад. Ба кӣ мефорад, дар ҳавои сард ҷойи гармашро беҷо кунад».
Аммо вай хато карда буд. Ҷанг торафт домани хунини худро васеъ паҳн карда, аз як ноҳия ба ноҳияи дигар мепечид, бештар одамонро парпеч намуда, ба майдон меандохт. Аллакай бисёр одамон аз тарси ҷон хонаю дари худро партофта, аз дарё гузашта буданд. Дар хоки давлати ҳамсоя аввалин қабри гурезаҳои тоҷик пайдо мешуданд. Дар ватан бародар аз гиребони бародар гирифта, хуни якдигарро дар хоки ватан мерехтанд. Аз ин бетартибиҳо бисёр одамони дилу нияташон нопок ва ҳарис мақоли «Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад»-ро шиори зиндагӣ намуда, аз паи ғорату қасос шуданд. Барои онҳо ягон чизи муқаддас вуҷуд надошт, ҳамаро зери по кашида, мехостанд ба тамом ба боди фаромӯшӣ диҳанд…
Рӯзи сеюм буд, ки Орзу дар хонаашон паноҳ мебурд. Аз омадани ӯ касеро огоҳ накарданд. Зеро метарсиданд, Раҷабалию писараш то ҳол ба вай дандон тез карда мегаштанд. Чандин бор ба падараш таҳдид карда буданд. Зеро ҳанӯз он воқиа аз ёдашон нарафта буд. Ҳарчанд ин ҳолат Орзуро зиёд азият медод, ночор тоқат мекард. Дигар илоҷ ҳам надошт. Вай дигар дар хусуси Қиматгул фикр намекард, ӯро дар қалби худ гӯронда буд. Аммо вақте ки Қиматгул дар суд иқрор шуд, ки Орзу ӯро ба зӯрӣ бо худ бурдан мехост, ҳанӯз ҷавон аз вай дилсард нашуда буд. Меандешид, ки дилдодааш аз тарси падар, аз таҳдиди бародар ноилоҷ монда, дурӯғ мегӯяд. Кунҷи дилаш равшан буд, бовар дошт, ки Қиматгул ӯро дӯст медорад, интизор мешавад. Аммо вақте аввал аз холаи Барфимоҳу баъд аз модараш дар бораи дағ-дағаҳои Қиматгул қиссаҳо шунид, дар як лаҳза аз вай дилсард шуд.
 — Аз дами духтари Раҷабалӣ санги осиё гардон мешавад, — гуфт модараш бо нафрат. — Ҳозир бо мир шавла намехӯрад. Ба як лаганбардори акааш зан шуд. Мегӯянд, ки зани дуюм аст. Аммо ун мардака хар карда, савор шудагӣ. Шин гӯяд, мешинад, мур гӯяд, ҷо ба ҷо мемурад. Ту бошӣ, барои ҳамун сабукпой қариб ҳаётатро сӯхта будӣ. Дар номи Худоҷон мурам, хайрият, ки ба ту нарасид, вагарна ба авлодамон иснод меовард, туро ҳам сарсону саргардон мекард. Як умр хар барин барои онҳо кор мекардӣ. Аз ун зот домана бурида гаштан даркор, бачем.
Орзу ду рӯз инҷониб сӯҳбати падарашро интизор буд. Медонист, ки падар ҳатман бояд гапашро гӯяд. Аз нигоҳҳояш рамуз мегирифт ва ин оҳанги гуфтугӯро тахмин мезад. Зеро падари вай аз қабили он мардоне набуд, ки чунин сабукфикрии писарро ба зудӣ фаромӯш кунад. Ниҳоят он соат фаро расид. Онҳо, падару писар, танҳо буданд.
— Хафа нестӣ, ки ягон бор ба хабаргириат нарафтам, — гуфт падар.
— Не, дада… маро бубахшед, кӯтаҳӣ аз ман гузашт, ба гапи шумо гӯш накардам, — сар хам кард писар.
— Мебахшам, албатта, дигар илоҷ надорам. Аммо… Раҷабалию бачааш маро беҳурмат карданд, чанд бор дӯконамро ҳақорат доданд. Ту намедонӣ, ки дӯкон чӣ қадар барои оҳангар муқаддас аст. Зеро ҳама баракати кори мо, ризқу рӯзиамон аз пушти ҳамин дӯкон аст. Агар дӯконро хорӣ кунӣ, ҳатман уболаш мезанад. То ҳол дар давраҳое, ки онҳо бошанд, намешинам. Кӯшиш мекунам то рӯ ба рӯ наоем.
— Ман қасдамро мегирам аз онҳо, — сар бардошт Орзу, — камтар тоқат кунед.
 — Зӯрат мерасад? Вай ҳамеша бо яроқ мегардад.
 — Мерасад. Вақте корд ба устухон расид, зӯр ҳам мерасад. Ман се сол дар он ҷо забони ин тоифа мардумро омӯхтам. Акнун медонам, чӣ хел муомила кардан даркор. Муҳимаш паст наомадан, ба бадӣ бо бадӣ ҷавоб додан…
Падар гӯё ин тасмими писарро пазируфт, ки хомӯшӣ ихтиёр кард, пешгирӣ нанамуд. Дар байн хомӯшии гарон соя андохт. Орзу асабиёна гӯшаи дастархонро қату ҳамвор мекард.
 — Ман ҳамаашро медонам, дада, — яхи хомӯширо шикаст писар. — Дина шаб назди хоҳарам даромадани ӯро дидам.
— Се рӯз боз аҳвол ҳамин. Дина як муллобачаро оварда, никоҳ кардааст.
— Наргис чӣ мегӯяд?
— Аз хона намебарояд, ҳамгап нашудам. Модарат мегӯяд, ки қасди худкушӣ дорад. Мо ба ту дурӯғ гуфтем, ки вай дар хонаи холаат.
— Медонам.
— Дина модарат ҳарчанд талқин кард, назди ту набаромад. Ман рӯи ифлосамро ба акаам нишон намедиҳам, гуфтааст. Метарсам, ки ба ҷонаш қасд накунад… Ту, бачем, сари бедарди моро дар боло мондӣ. Духтари Раҷабалӣ имрӯз давру даврон меронад, хоҳари ту ҳар шаб сад бор мурда, зинда мешавад.
 — Бас, дада! Ҳамин шаб чорааша мебинам.
                                         ***
    Шаб аз нисф мегузашт. Орзу дар хонаи тангу торик, ки аслан вазифаи анборро адо мекард, мунтазир менишаст. Пайваста ба димоғаш бӯи сабзию пиёзи пӯсида, чаккаи турушшуда ва пӯсти ошдодашуда меомад. Дар баробари ин бӯйҳои нохуш бӯи себ димоғи Орзуро муаттар месохт. Аз дохили сандуқи кандакорӣ муше беист давида, ҳар замон садо дармедод, чизеро мехоид.
Ним соат қабл чароғӣ хонаи гӯшагардон хомӯш карда шуд. Орзу дудила менишаст, ки Ғайрат шаб ин ҷо мемонад ё меравад? Агар бимонад, кай хоби сахташ мебарад? Вай аллакай табарчаро тайёр карда буд. Мехост ноаён ба гӯшагардон даромада, фарқи сари Ғайратро чӯт кунаду ба як зарба сарашро ду кафонад ва ҳам худу хоҳараш ва авлодашонро аз ин шармандагӣ якумр бираҳонад. Вай аз оқибати кор намеандешид, оташи кину адоват ончунон вуҷудашро месӯзонд, ки хаёлаш ҳамин ҳозир сӯхта хокистар мешавад. Ҳама ранҷу азобҳои дар маҳбас кашидааш, сари хаму дили озурдаи падараш, ҳақирию дилшикастагӣ ва номӯси поймолшудаи хоҳараш, хиёнати Қиматгулу бо дасту пои баста дар пешониаш тири сӯзон хӯрда, ба хоку хун оғӯшта гаштани Фозил-амакро як-як пеши назар оварда, хунаш меҷӯшид, дилаш пурхун мешуд.
 Аз тирезачаи хурдакак бодиққат ба ҳавлӣ гӯш андохт. Ҳама ҷо сокит буд. Пойи луч оҳиста аз дар баромад. Ду-се қадам монда, ногаҳон дар назди тирезаи шафат суроби падарашро дид, ки ноҷунбон рост истода буд. Аниқ кардан душвор буд, ки вай ба берун менигарад, ё сукут меварзад. Орзу чида-чида қадам монда, ба гӯшагардон наздик шуд ва чанд лаҳза дар қафои дари он гӯё ях баст. Баъд беовоз дарро тела дода, дар партави моҳи аз тиреза намудор манзараеро дида, ҳангаш канд: Ғайрат, дар бехи гарданаш корди то дастааш фурӯрафта ва дасти хунолудаш ба бӯстоғаи дар расам-нарасам ба даҳон мехобид. Дасташ ба пеш гӯё мехост аз домани қотили худ бидорад, то аз дар берун наравад.
Орзу чароғро даргиронд.
Ғайрат, аз афташ, пас аз корд хӯрдан дар талвосаи ҷон кандан рӯи фарш хеле тапида, мисли мори захмин ба худ печида буд, ки дасту рӯй ва қолини зери пояш ҷо-ҷо аз хун доғи сиёҳ дошт. Наргис дар кунҷи хона ғунча шуда, фиқ-фиқ гиря мекард.
Орзу ба ҷасади оғӯштаи хун дида дӯхта, намедонист чӣ кор кунад. Он ҳама нафрат, кинаю адовате, ки ҳамин ҳозир, то ба остонаи гӯшагардон қадам гузоштан нисбат ба ин ҷасади алҳол беҷон дошт, якбора дар дилаш гум шуд. Намедонист аз марги рақибаш шодӣ кунад ё бигиряд. Мебоист хурсанд шавад. Чунки Ғайрат на танҳо ба сари хонадони онҳо, балки дар тӯли чанд моҳи охир ба мардуми гирду атроф бисёр ноҳаққиҳоро раво дида буд. Одамизод дар назараш мисли пашша наменамуд, миқдори хоки раҳ қадр надошт. Агар касе гапашро ду кунад ва ё андаке сӯяш нигоҳи каҷ афканад, зери мушту лагат мегирифт, хорӣ медод. Ҳатто агар ронандае беихтиёр аз мошини ӯ сабқат бигирад, дар бало мемонд. Зеро Ғайрат инро нисбат ба зоти худ густохӣ ва гуноҳ меҳисобид. Ана оқибаташ! Охир Худо зад ӯро. Ба он ҳама шӯру шар ва виқору ҷавлонзаниҳо оқибат аз дасти як муштипар ҳаром мурд. Дар дами дар оғуштаи хун хоб аст, касе на манаҳашро мебандад, на дар маргаш овоз баланд мекунад.
Орзу бори аввал дар майнаи худ манзараи маргу зиндагиро равшан тасаввур карда, оқибати кор лоилоҷии инсонро дар назди марг ба чашми худ дид. «Куҷо шуд он ҳама сагдилиат, — хаёлан ба ҷасад муроҷиат кард Орзу. — Аз нигоҳат мардум метарсиданд, номатро шунаванд меларзиданд».
Ин дам се рӯз боз аз хона берун набаромадани худаш ёд омаду аз нав раги кинааш бедор шуд.
«Гумон доштӣ, ҳаргиз намемирӣ?! Мемирӣ! Ку қудрате, ки акнун як они воҳид зиндаат кунаду ҳаром мурданатро ба чашми сарат бубинӣ».
Наргис ҳамоно гиря мекард.
— Гиря накун, — гуфт Орзу ва берун баромад.
Падар, сараш хам, дар зеррави айвон менишаст. Орзу низ омада дар бари вай ҷой гирифт. Муддате ҳарду гӯё амали такбири таҳримаро ба ҷо оварда бошанд, хомӯш нишастанд.
 — Субҳ надамида ҷасадро саришта кардан даркор, — гуфт падар, ҳамоно сар набардошта.
 — Бурда ба дарё мепартоям.
— Хавфнок. Ягон кас дар роҳ бинад, дар бало мемонем. Авлодамонро нест мекунанд. Беҳтараш дар оғил гӯрон.
 — Оғил?
— Ҳа. Азбаски инсони бад буд, бигузор ба гандагӣ ғӯта занад. Бӯ гирад ҳам, аз бӯи саргини мол  фарқ кардан душвор. Баъд бо баҳонаи оғили нав сохтан инашро вайрон карда, ба замин ҳамвор мекунем. Худоё, тавба, — вазнин аз ҷой хест падар, — гуноҳи мо, бандагони муҷриматро, биомурз.
Орзу танҳо монд.
Шаб аз нисф гузашта буд. Орзу аз  киса қуттии сигарета бароварда якеро дардод ва ҳарисона паи ҳам чуқур-чуқур дуд гирифта, суханони падарашро, ки ҳамин ҳозир ба забон оварда, аз ҷой хест, такрор кард: «Худоё, тавба, гуноҳи мо, бандагони муҷриматро, биомӯрз… Гуноҳ» — такрор кард Орзу худ ба худ ва лаҳзае мисли одаме ки тамъи чизи ба даҳон гирифтаашро месанҷида бошад, ба садои дардодаи худ мутаваҷҷеҳ шуд. — Мардумозореро куштан гуноҳ аст ё савоб? Агар гуноҳ бошад, пас чӣ тавр бояд зиндагӣ кард: Бо сари хам, чашми кӯр, гӯши кар? Ин магар зиндагӣ аст?»
Вай аз ин суолҳои беохири худ, ки чанд рӯз боз ӯро ором намегузошт, бадтар асабӣ шуда, паи ҳам дуд медод ва он аз даҳону биниаш гӯё фағона мезад.
«Худоё, — ба боло рӯ овард Орзу, — агар мо барои имтиҳон халқ шудаем, пас баҳоямон аллакай маълум. Ту бубин, ки ба чӣ корҳо машғулем, ба якдигар чӣ бадиҳоро раво мебинем. Сар то по гуноҳем. Магар фардо ту моро дар ҳамин либос қабул мекарда бошӣ?… Худоё, худовандо, чӣ бояд кард?
Осмон соф, ситоразор буд. Моҳи пурра сайри азалии худро дар вусъатободи нилгун идома медод. Гӯё як лаҳза ҳам аз замини пургунаҳ чашм намеканд, наззора мекард онро. Орзу, хаёлаш парешону дилаш пур аз дард, аз рухи моҳ чашм кандан наметавонист. Як лаҳза ба назари ҷавон чунин намуд, ки моҳи тобон аз он баландӣ сӯи вай писханд мезанад.
Вассофи мардони майдон
                                                                      (Андешаҳо)

Соҳиби дили гарм
  Ҳар гоҳе ки инсон ба бадӣ, зӯроварӣ, хиёнату разолат рӯбарӯ меояд, лаҳзае ба чашмони ҳариси ин гуна хислатҳои пасти инсонӣ нигоҳ мекунад ва алалхусус дар муқобили онҳо лоилоҷ мондани худро дар мағз-мағзи ҷисму ҷонаш дарк намуда, хориаш меояд, танҳо ҳамон вақт аз меҳру муҳаббати инсонӣ ёд меорад. Зеро хилқати инсон чунин аст: то ба чашми худ набинаду дар вуҷуди хеш эҳсос накунад, бовараш намеояд. Ва вобаста ба ҳамин вазифаи эҷодкор, аз ҷумла нависанда ба воситаи асарҳои баландмазмуни худ тарбия намудани инсон, яъне ба меҳру муҳаббати бепоён нисбат ба ҳамдигар, накӯкорӣ, хайрхоҳӣ, дардошноӣ талқин намудани номаш фарзанди одам аст. Чунки бе меҳру муҳаббати ҳамдигарӣ зиндагӣ тор, ҳаёт бемаъно мешавад ва инсон рӯзе ҳатман ба вартаи ҳалокат мерасад. Аз ин рӯ бузургтарин санъаткорони дунё дар тӯли умри худ кӯшидаанд, ки бо асарҳои бамағзи хеш заррае бошад ҳам, меҳру муҳаббатро дар байни одамон афзоянд. Устоди насри ҷаҳонӣ Лев Толстой маънии зиндагии инсонро дар афзудани меҳр дар байни якдигарӣ дониста, менависад: «Ба хислати бади инсон нафрат бикун, аммо инсонро дӯст дор»
Хулоса, ин бори гаронро танҳо ҳамон нависандае метавонад ба дӯш гирад, ки соҳиби дили гарм бошад, ба инсон ва умуман ҳама мавҷуди зинда, табиат меҳри беандоза дошта бошад, ҳатто ба хору хаси он дилаш сӯзад.
Нависандаи тавонои мо шодравон Фазлиддин Муҳаммадиев аз қабили ҳамин гуна нависандагони дардошно буд. Эҷодиёти вай аз ҳикояҳои хурд то қиссаҳои марғубу романи воқиан ҳам хонданиаш «Палатаи кунҷакӣ» саршор аз меҳру муҳаббат, одаму одамгарӣ ва ишқу вафоянд. Асарҳои ӯ дар маҷмӯъ як симфонияи одамгариро мемонанд. Ман бо Фазлиддин Муҳаммадиев шинос набудам, мутаассифона ягон бор дар сӯҳбаташ нанишастаам ва шоҳиди ягон амали ғайриодиаш, ки бо дарёдилиаш бисёр рафиқонашро дар ҳайрат мегузоштааст, низ набудам. Ҳарчанд тӯли чор-панҷ соли охири дар ҳаёт будани вай ман аллакай донишҷӯи донишгоҳ будам ва ҳатто чанд бор азм кардам, ки наздаш биравам ва ягон китобашро бурда, соядаст бигирам. Аммо ҷуръат накардам. Зеро он замон нависанда барои мо инсони бениҳоят бузург ва гӯё дастнорас буд. Бо адибон вохӯрдан ҳатто барои мо, донишҷӯёни факултаи забон ва адабиёт, як имтиҳонеро мемонд. Мо ҷуръат намекардем, ки ба дафтари кории адиби тавоное мисли Фазлиддин Муҳаммадиев равем ва ё дар кӯча дида, ба ӯ даст дода вохӯрдӣ кунем ва зиёда аз ин шинос шавем. Мегуфтем ҳоло барвақт аст, вақташ нарасидааст, лоиқ нестем барои бо ин гуна бузургон сӯҳбат кардан. Ва имрӯз баъди гузаштани чандин солҳо барои он беҷуръатиам худро сарзаниш мекунам. Аммо аз сӯҳбати ҳамқаламони Фазлиддин Муҳаммадиев, ки бо ӯ зиёд ҳамнишину ҳамсафар ва ҳамкор буданд, донистам, ки устод Муҳаммадиев дар баробари нависандаи воқеан ҳам боистеъдод будан ниҳоят инсони хоксор, накӯкору баинсоф, соҳиби дили бузург ва ба ҳама гуна виқору бузургманишӣ барин хӯи бади инсонӣ оштинопазир будааст. Дар тӯли умри на он қадар дарози худ ба бисёр одамони барояш ношинос низ некиҳо карда, ғами беваю бечораҳоро хӯрда, дар ин роҳ бисёр ранҷҳо низ кашидааст. Дар баробари ин навиштаҳои вай то имрӯз ба одамон ёрирасон аст, қаҳрамонҳои асарҳояш мисли худаш барои инсонҳои дигар зистаанд. Қаҳрамони романи «Палатаи кунҷакӣ» Иброҳимҷон дар оғози асар ба хоҳиши духтур Зардодхон, ки мехоҳад барои кори илмии худ таърихи бемории ӯро заркорона таҳқиқ кунад, мутлақо розӣ намешавад. «Эҳтимол, ин тадқиқгари рӯҳи одамизод хоҳад, ки дар ягон китоби тоза сурати Иброҳимҷони маъюс бо ранги парида, чашмони нуррафта, гардани каҷ акс ёбад ва ба зери он бо ҳарфҳои ғафси сиёҳ чунин навишта шуда бошад!
 «Бемор И. О. аз клиникаи духтур А. Зардодхон.
Намунаи патологияи эҳсос»… Лекин табибони арҷманд маъзур медоранд, Иброҳимҷон вазифаи каламуши таҷрибавиро ба зимма гирифта наметавонад. Барои ин хидмат ягон зоти соддатарро ёфтан лозим меояд».
Ҳамин тавр эҳсосоти қаҳрамони худро ба қалам медиҳад нависанда. Аммо Иброҳимҷон бо гузашти рӯзҳо аз сӯҳбатҳои ҳампалатаю ҳамқисматони худ ба мисли инсони ҳассосу покзамир Носир Аббос, Ивон-амаки ҳақталошу дар майдони ҷанг ҷонбозиҳокарда, Каримҷон-акои шоҳномахон ва ниҳоят маҳбубаи ба ҷон баробараш Хиромони нозанин ба хулосае меояд, ки на, ба хотири инсонҳо, пешрафти илми тиб, ки ба муолиҷаи фарзанди одамизод машғул аст, бояд хоҳиши духтурро ҳатман иҷро кунад. Зиёда аз ин вай ба духтур меҳр мебандад, ӯро дӯст медорад ва ҳатто дар охир аз вай барои пичингҳои ноҷояш узр мехоҳад, ки нависанда онро чунин ба қалам додааст: «… аз ман наранҷида бошед, шуд. Акнун ба саволи шумо ман ҷавоб медиҳам. Садто савол диҳед, духтур».
Фазлиддин Муҳаммадиев чун эҷодкори асил ин мавзӯъ, яъне ба хотири инсонҳои дигар зистанро, ки воқеан ҳам олитарин мартабаи одамизод ва беҳтарин хислати ҳамидаи инсонист, аз як ҳикоя ба ҳикояи дигар ва қиссаю романҳояш пайгирӣ намуда, мавриди таҳқиқ қарор додааст. Мо намунаи беҳтарини онро дар ҳикояи «Роҳ» (барои духтараки мусофир бо ҳамкасбаш даст ба гиребон шудани ронанда), ба ҷои дар рӯзҳои мудҳиши ҷанг ба бевазанҳои бекасукӯй додаи чаҳор болори хонаи Абдувоҳид-амак як хиёбони пур аз сафедорро ба ӯ бахшидани Нодири бемор («Хиёбони Нодир»), қиссаи ҳунари волои худро ба гӯр бурдани Усто Оқили дасташ гул («Рӯзи дафни Усто Оқил») мебинем. Воқиан нависанда дар симои Усто Оқил собит сохтааст, ки агар инсон танҳо дар ғами хеш бошаду умри ғаниматро барои худу наздиконаш сарф кунад, оқибаташ вой аст. Вақте саркор  баъд аз ба хок супоридани Усто Оқил ба издиҳом ҳамон саволи анъанавӣ, яъне «фалонӣ чӣ хел одам буд?» — ро медиҳад, ҳеҷ кас мисли одат «раҳматӣ одами хуб буд» намегӯяд. Зеро Усто Оқили ҳунарманд шогирд надошт, ҳунари худро барои пасояндагон ёд надод, мерос нагузошт.
  Вақте кас асарҳои устод Муҳаммадиевро мехонад, дилаш ба зиндагӣ гарм, меҳраш ба одамон зиёд ва имонаш ба тантанаи адолат комил мешавад. Агар шахс аз ноҷӯриҳои зиндагӣ ва ноадолатиҳои замона рӯҳафтодаю ноумед шуда бошад ҳам, пас аз мутолиаи ин ё он асари ӯ лаҳзае ба андеша меравад, ҳама баду некро ба тарозуи адлу инсоф гузошта, мегӯяд: «Не, ҳамааш мегузарад, ҳақ ба ҳақдор мерасад» Хонандаи закӣ лаҳзае худро дар бари мӯйсафедони рӯзгордидаю ҳақталош ба мисли Зиё-бобо («Одамони кӯҳна»), Абдувоҳид-амак («Хиёбони Нодир»), акаи Баракаи дилу нияташ ҳамеша пок («Шоҳии япон»), Аҳмадбеки хоксору паҳлавон («Даъво»), Мунавваршоҳи дилаш саршор аз ишқ («Сози Мунаввар») мебинад ва овозаш баланду забонаш гӯётар, умедаш ба фардо қавитар ва билохира дилаш аз рафтору кирдори чунин инсонҳои поктинат аз меҳру муҳаббати гарми инсонӣ саршор мегардад. Вай бовар ҳосил мекунад, ки зиндагӣ танҳо аз одамони бад иборат нест, маҳз амсоли ҳамин қаҳрамонҳо одамони нек зиёданд, ба зиндагӣ нуру ҷило мебахшанд, худ месӯзанду роҳи дигаронро ба сӯи фардо равшан ва синаи хешро бар зидди ҳама гуна бадиҳо сипар мекунанд. Азбаски устод Муҳаммадиев нисбат ба ҳама гуна разилию пастӣ, ҳаромхӯрию чоплусӣ мубориз буд, дар симои қаҳрамонони асарҳояш ба худ ҳамсафарони содиқ ва дӯстони вафодору нотарсро пайдо карда буд. Худаш дар сафи пеш онҳоро ба мубориза даъват мекард. Воқеан ҳам нотарс буд устод! Ва шояд узви фаъоли ҳизби коммунист буданаш маҳз аз ҳамин чиз сарчашма мегирад. ӯ ба гуфти нависандаи боистеъдоди рус Василий Шукшин коммунизмро бе одамони нек тасаввур намекард, ба чунин коммунизм бовар надошт ва билохира намехост чунин коммунизмро.
То ҳол дар баъзе баҳсу сӯҳбатҳо шоҳиди он мешавем, ки баъзе нафарони сабукмағз навиштаҳои устод Муҳаммадиевро нодида мегиранд. Ба андешаи пучи онҳо гӯё навиштаҳои вай имрӯз қурби худро гум карда бошанд, ба дарди хонанда намехӯрда бошанд. Бархе ҷамъияти бозоргониро васф карда, ӯро ҳамчун вассофи ҷамъияти сотсиалистӣ барои хонандаи имрӯза бегона медонанд. Чӣ нотавонбину кӯрдиланд онҳо! Ман ҳар гоҳе ки шоҳиди чунин гуфтугӯҳо мешавам, беихтиёр порчаеро аз романи «Палатаи кунҷакӣ», яъне сӯҳбати фачу пур аз манмании як ходими намоёни санъат, ки аз зиёфат баромада, дар назди меҳмонхонаи «Душанбе» ва майдони ба номи Айнӣ сари Иброҳимҷонро гич мекунад, ба ёд меорам: «Нигоҳи ҳасратомези Иброҳимҷон ба ҳайкали устод Айнӣ дӯхта шуд. ӯ дар дил орзу мекард, ки кош устод ба ногоҳ зинда мегардид, солорона қадам монда, ба назди онҳо мерасид ва даст бар китфи ин мардак гузошта, латифаи обдоре дар боби лаққиҳо мегуфту манаҳи ӯро мебаст». Банда низ вақте шоҳиди чунин сӯҳбатҳои бепоя ва ғаразнок мешавам, орзу мекунам, ки кош устод Фазлиддин Муҳаммадиев як бор зинда шуда, ба зери манаҳи баъзе «мунаққидон»-и худ як мушти обдоре фароранд, то дигар маҷоли даҳони ифлоси худро кушодан надошта бошад.
 Масалан, Фазлиддин Муҳаммадиев дар «Нориниёнем мо» ном очерки худ дӯстии халқҳои шӯравиро васф карда, менависад: «Равнақи дӯстии миллатҳо ба ҷое расидааст, ки мардуми заҳматкашро коре ба он нест, ки фалон наҳр аз кадом республика меояду ба кадомаш меравад, хоки тоҷикон куҷосту оби ӯзбекон кадом. Дар ӯротеппа, Конибодом, Панҷакент, Шаҳритуз ва Регари мо, ки бо республикаи ӯзбекистон ҳамҳудуданд, баъзе оилаҳо ҳавлию боғи худро дар ҷое бино кардаанд, ки як қисми он дар хоки Тоҷикистон бошад, қисми дигараш дар ӯзбекистон аст. Дар яке аз ин гуна оилаҳо боре меҳмон шудам… Дар мобайни боғи калон рӯи ҷӯйбори ҳамеша сероб суфаи баланди тахтагӣ бардоштаанд. Аҳли оила ҳар пагоҳу бегоҳ он ҷо ҷамъ омада, наҳорӣ ва таоми шом мехӯранд. Агар назди онҳо нишаста, хатти марзи ду республикаро хаёлан тасаввур кунед, мебинед, ки пиёларо дар Тоҷикистон аз чой пур мекунанду дар ӯзбекистон менӯшанд. Ё духтараш  дар ӯзбекистон атса занад, додараки ӯ аз Тоҷикистон «Пир шав!» гӯён нидо медиҳад»
Оё имрӯз дар ҳоле ки марзҳо минакорӣ шудаанду рафтуомади шаҳрвандони ду кишвари ҳамсоя танҳо бо гирифтани раводид ба амал меояд, ин гуна дӯстие, ки нависанда васф кардааст, орзуи мардумони ҳарду кишвар нест?
Устод Фазлиддин Муҳамадиев як қадам аз замони худ пештар қадам мезад. Ҳарчанд дар назари аввал чунин ба назар мерасад, ки Муҳаммадиев ба идеологияи замон пайрав буд, аммо агар ба чашми таҳқиқ бингарем, вай ба чаҳорчӯбаи ягон идеология намеғунҷид ва ба ягон «изм» кор надошт. ӯ мехост тавассути асарҳои худ инсони поксиришт, ҳалолхӯру ҳалолкор ва дилу нияташ покро тараннум кунад. Барои ӯ муҳим набуд, ки ин гуна инсон дар кадом ҷамъият ва дар кадом макон зиндагӣ мекунад. Ба ақидаи банда агар ин нависандаи тавонои мо имрӯз дар қайди ҳаёт мебуд, ҳамон инсони покизарӯзгорро ба ҳамон рангу ба ҳамон оҳанг воқеъбинона васф мекарду бар зидди ноадолатиҳо ҳатман сангар мегирифт. Зеро вай рисолати нависандагии худро танҳо дар ҳамин медиду халос.
Ҷои баҳс нест, ки Фазлиддин Муҳаммадиев соҳибмактаб аст ва қариб ҳама нависандагони имрӯз баркамоли мо Саттор Турсун, Абдулҳамид Самад, Сорбон, ӯрун Кӯҳзод, Ҷонибек Акобиров ва дигарон аз мактаби эҷодии ӯ зиёд баҳра бардоштаанд. Вай дар баробари ин бо хӯю хислати озода ва ҷавонмардию хайрҳоҳии нотакрораш ба бисёр адибони мо дарси одаму одамгарӣ омӯзондааст. Зеро вай воқеан ҳам инсони олӣ ва нависандаи баистеъдод буд, нависандае, ки дарди дигаронро аз дарди худаш бештар ба дил наздик мегирифт, ҳис мекард ва ба ғаму шодии одамон бетафовут набуд. Рисолати нависанда воқиан ҳам ҳамин аст: бо дарди дигарон зистан, барои давои он ранҷ кашидан. Зеро вай инсонро бо ҳама хислатҳои баду некаш дӯст медошт, ба қудрату мағлубнопазирии вай эътимод мепарварид, ба пирӯзии адолат дар ҳама ҳолат бовар дошт. Сарнавиштро бубинед, ки вай дар рӯзгори хеш низ дар ин роҳ содиқ будани худро собит сохт. Он шаби наҳс бар зидди гурӯҳи авбошон нотарсона сангар гирифта, то охир муқобилият нишон дод. Ҳарчанд аз зарби ҷароҳатҳои он шаб бардоштааш оқибат ин ҷаҳонро падруд гуфт, дар амал исбот кард, ки вай на танҳо дар асарҳояш, балки дар ҳаёти воқеӣ низ бо ин гуна зотҳои касиф созиш нахоҳад кард, нотарсона мубориза хоҳад бурд. Зеро вай мисли ҳамтои амрикоии худ Эрнест Хемингуэй, ки «Инсон барои мағлуб шудан офарида нашудааст. Инсонро нест кардан мумкин, аммо ӯро мағлуб кардан амрест муҳол» гуфта буд, ба бузургии инсон бовар дошт.
                            Соли 2008
Ҷигарполудаҳоро дил барафрӯхт
Нимаи дуюми солҳои пурошӯбу ноором, душманкобиву пурфитнаи сиюми қарни гузашта. Дар яке аз рӯзҳои ин айёми кулфатбор муаллими забон ва адабиёти мактаби ба номи Пушкини шаҳри Самарқанд пас аз оғози дарс ба хонандагон фармуд, ки китоби дарсиашонро боз намуда, ба рӯи сурати нависанда Садриддин Айнӣ, ки дар яке аз саҳифаҳои он ҷой дода шуда буд, хатти бутлон бикашанд. Мактаббачаҳо зуд супориши муаллимро иҷро карданд. Танҳо як писарбачаи чеҳрагарми чашмони зебояш хаёлманд аз иҷрои фармудаи муаллими худ саркашӣ намуда, рӯирост эътироз кард: нисбати нависандае, ки таърихи халқи худро ҳаққонӣ ба қалам додааст, чунин беҳурматӣ кардан камоли беақливу носипосист. Садриддин Айнӣ душмани халқи худ нест ва он мақолаи дар рӯзномаи “Ленин йӯлӣ” дарҷ гардида, ки романи “Ғуломон”-и нависандаро ҳамчун асари зиддихалқӣ ва ба идеологияи коммунистӣ бегонаву зиёновар ба қалам додааст, тӯҳмати маҳзест нисбат ба нависандаи бедордил.
Муаллим писарбачаро барои ин густохиву нофармонбардориаш аз синфхона пеш кард. Пасон директору завуч ва дигар муаллимони мактаб низ ин рафтори ношоистаи шогирди худро маҳкум карданд. Аммо писарбача аз фикри худ нагашт. Вай он рӯзҳо бо дили решу чашмони ашкбор медид, ки чи тавр зимомдорони давр ва одамони кӯрдил китоби “Ғуломон”-и устод Айниро ба фойтунҳо бор карда, дар майдони Регистон, ки тӯли мавҷудияти худ шоҳиди садҳо чунин рафторҳои ваҳшиёна будааст, ба коми оташ меандохтанд. Писарбача он рӯзҳои наҳс бо алам меандешид, ки кош мӯъҷизавор бузург шавад, то бар зидди ин кирдори паст муқобилият кунад, аз гиребони он зиётарошоне, ки аз гулхани китобҳои сӯхта даст гарм карда, ин манзараи нанговарро тамошо мекарданд ва аз рӯи чоп омадани чунин як асари “зиёновар” ангушти ҳайрат мегазиданд, бигирад. Аммо дасташ кӯтаҳӣ мекард, зӯраш намерасид. Маҳз ҳамон лаҳзаҳо писарбача дар дил аҳд кард, ки бояд нағз хонад ва фардо соҳибкасб гашта, бо чароғи нуру маърифат дунёи ҷоҳилону камхирадонро рӯшанӣ бахшад, ҳамчун як фарди зиёии замони худ машъалбардори илму фарҳанг гардад…
Воқиан ҳам, ӯ ба савганди худ содиқ монд. Он писарбача ҳоло аъзои фахрии Ассотсиатсияи гастроэнтерологҳои Маҷористон ва Булғория, аъзо — корреспонденти Ассотсиатсияи интернистҳои Лаҳистону Чин, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Павловский, директори фахрии Институти илмӣ-тадқиқотии гастроэнтерологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Ҳамид Ҳусейнович Мансуров мебошад.
Ман бори аввал бо академик Ҳамид Мансуров дар кабинети кориаш вохӯрдам. То ин вақт ӯро ғоибона мешинохтам (дар ҷумҳурӣ кӣ ӯро намешиносад!), дар борааш бисёр шунидаву хонда будам. Ҳамагон номи ӯро бо фахр, меҳр ва иззату икром ба забон оварда, дар бораи хоксориаш, фидокориаш, маърифатнокиву одамшиносиаш ва ҳунари табибиаш ҳикояҳои аҷиб мекарданд. Медонистам, ки ӯ дар синни ҳафтсолагӣ аввал аз падар ва баъд аз модари меҳрубонаш ҷудо гашта, дар тарбияи устод Садриддин Айнӣ ва ҳамсари ӯ, ки холаи Ҳамид Мансуров буд, ба воя расидааст. Айёми донишҷӯияш аввал дар омӯзишгоҳ ва сипас дар Донишкадаи тиббии Самарқанд ва даврони унвонҷӯияш дар Академияи тиббии шаҳри Маскав ба солҳои вазнини Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва баъдиҷангӣ рост омадааст.
Маро ба ӯ ҳамчун бемор муаррифӣ карданд. Вақте вориди утоқи кориаш шудам, Ҳамид Ҳусейнович дар тан хилъати сафед паси мизи кориаш нишаста буд. Аз ҷой хеста, пешвозам омада, вохӯрдӣ кард ва ба курсиҳои қатори дар зери миз гузошташуда ишора намуда, ҷойи нишаст нишон дод, сипас чун шиноси дерина аҳволпурсӣ кард. Ман дар ин вақт утоқи кории ӯро, ки як телевизор, ду мизи корӣ ва ҷевонҳои пур аз китобу маҷаллаҳои илмӣ дошт, аз назар гузарондам. Дар девор акси рангаи худи Ҳамид Мансуров андаруни чорчӯбаи зебое овезон буд.
— Ин маҷаллаҳоро аз солҳои шастум инҷониб ҷамъ мекунам, — гуфт Ҳамид Ҳусейнович. -Дар даврони шӯравӣ робитаҳои илмӣ бо мамлакатҳои хориҷа хеле хуб ба роҳ монда шуда буд ва дастрас намудани маҷаллаҳои илмӣ, алалхусус дар соҳаи гастроэнтерология, осон буд. Мо на танҳо маҷаллаҳои дар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба табъ мерасида, балки кишварҳои Аврупоро низ мегирифтем. Аммо баъди пош хӯрдани давлати абадқудрати шӯравӣ робитаҳо гусаста шуданд, ки ин маро хеле азият медод. Мисли моҳии аз об берун афтода азоб мекашидам. Зеро чанд муддат мо, олимони тоҷик, аз навигариҳои илми тиб, ки солҳои охир рӯзафзун меафзояд, бебаҳра будем. Аммо хушбахтона дар ҷумҳурӣ компутар ва шабакаи Интернет пайдо шуду ҳама мушкили моро осон кард.
Вақте вай ин суханҳоро мегуфт, чашмонаш аз шодӣ медурахшиданд. Боварам намеомад, ки ин суханро марди қариб ҳаштодсола мегӯяд. Ба пириаш нигоҳ накарда, то ба ин дараҷа муштоқи илмандӯзӣ будани ин марди фозил маро ба ваҷд меовард.
Ҳар як инсони комил дар баробари шинохтани ақли худ ҷидду ҷаҳд мекунад, ки то соҳиби касбу коре шуда, дар ин дунёи гузарон нақши дастони худро гузорад,  бо меҳнати ҳалол дар китоби  зиндагии  хеш саҳифаи  наве кушояд, то ояндагон аз он баҳра бардошта, ӯро ба некӣ ёд кунанд. Ва инсонҳое, ки аз ӯҳдаи ин кор мебароянд, метавонанд худро хушбахт ҳисобанд. Зеро хушбахтии инсон танҳо хизмат ба мардум аст. Академик Ҳамид Мансуров аз қабили ҳамин гуна одамони хушбахт аст. ӯ ҳанӯз айёми таҳсил дар Маскав пеши худ мақсад гузошта буд, ки ба ҳар роҳу воситае бошад, бояд дар Тоҷикистон Институти илмӣ- тадқиқотии гастроэнтерологияи дорои бемористон, ки барои мардуми мо ниҳоят зарур аст, ташкил кунад. Ва баъд аз ба Тоҷикистон баргаштан вай пайгирона барои амалӣ намудани ин орзуи деринаи худ амал мекард. Ба бахти ӯ дере нагузашта Шӯрои вазирони ҷумҳурӣ барои дар назди Академияи илмҳо таъсис додани Институти илмӣ-тадқиқотӣ  қарор қабул кард, ки ин табъи дили Ҳамид Ҳусейнович буд. Аммо дар таркиби институти номбурда бемористон пешбинӣ нашуда буд. Маҳз бо кӯшишу такудави Ҳамид Мансуров ва хайрхоҳиву дилсӯзии Котиби якуми Кумитаи марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон Турсун ӯлҷабоев ва раиси Шӯрои вазирони ҷумҳурӣ Назаршо Додхудоев дар институти мазкур (соли 1965 он ба Институти гастроэнтерология табдил ёфт) бемористон низ ба фаъолият шурӯъ карда, он соҳиби бинои ҷудогона гашт.
Ҳамид Мансуров аз рӯзи ташкилёбии институти номбурда роҳбарии онро ба дӯши худ гирифта, тӯли зиёда аз чил сол онро сарварӣ намуд. Алҳол ӯ директори фахрии ин даргоҳи илмиву табобатӣ мебошад. Тӯли ин солҳо таҳти роҳбарии вай як қатор корҳои илмӣ-тадқиқотӣ гузаронида шуда, ҳазорҳо беморони мубталои касалии ҷигару рӯда, меъда, ғадуди зери меъда ва ғайраҳо шифо ёфтанд. Шӯҳрати институти мазкур дар тамоми ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ паҳн гашта, он ба як муассисаи бонуфузи илмиву тадқиқотӣ ва табобатӣ табдил ёфт. Ҳамид Мансуров дар баробари ба тарбияи олимони ҷавон ва табобати беморон машғул шудан пайваста тадқиқоти илмӣ мебурд. Бар асари заҳматҳои зиёдаш ӯ чанд сол пеш як намуди бемории навро вобаста ба ҷигар кашф намуда, роҳҳои табобати онро низ нишон дод. Алҳол он бемории Мирочник — Мансуров номида мешавад.
Зиёӣ! Ин мафҳуми ба назар оддӣ дар худ як ҷаҳон маънӣ дорад ва ба дӯши нафароне, ки худро зиёӣ меҳисобанд, масъулияти гароне бор мекунад. На ҳар кас тавони бардоштани ин бори гаронро дорад. Аммо дар замони мо мафҳуми зиёӣ қариб, ки асолати худро гум кардааст. Зеро мо ҳар нафареро, ки мактаби олиро хатм намуда, соҳиби диплом мешавад, зиёӣ меномему садҳо зиёиёни воқеиро, ки диплом надоранд, эътироф намекунем.
Олими шинохтаи рус академик Дмитрий Лихачев дар бораи “зиёӣ кист?” андеша ронда, менависад: “…Агар ҳама донишҳои андӯхтаву маълумотҳои гирифтаи инсонеро кӯр кунед, аз ин бештар ӯро аз хотира бенасиб гардонеду ба ҳамаи ин нигоҳ накарда вай фаросати дарки арзишҳои маънавӣ, ишқи донишомӯзӣ, шавқу завқ ба таърих, санъат, эҳтиром ба фарҳанги гузаштагон, хислатҳои  ҳамидаи инсонӣ, дарки масъулият дар ҳалли масъалаҳои ахлоқӣ, эҳтиром ба забони модариро гум накунад, пас вай зиёии ҳақиқӣ аст…”
Нависандаи номии гурҷӣ Нодар Думбадзе менависад: “Ба фикрам бобои ман, ки дар бораи мафҳуми “зиёӣ” таассуроте надошту аммо агар кӯдаке ба хонааш ояд, аз ҷой хеста, меҳмонро рост истода пешвоз мегирифт, зиёии ҳақиқӣ буд.”
Ман дар тӯли шиносии худ бо академик Ҳамид Мансуров хислатҳои аҷиби ӯро дарк карда, ба хулосае омадам, ки ӯ намунаи беҳтарини зиёии мо ба шумор меравад. Ҳам дар гуфтору рафтор ва ҳам дар муносибат ба атрофиён, шогирдон ва беморон ва ҳам ҳангоми баёни нуқтаи назари худ нисбат ба масъалаҳои гуногуни илмиву иҷтимоиву фарҳангӣ ва ғайраҳо дар симои ӯ нишонаҳои олии зиёӣ зоҳир меёбад.
Боре ҳини як сӯҳбатамон ҳамин андешаҳои худро нисбати “зиёӣ кист?” ба Ҳамид Ҳусейнович баён доштам.
— Дар ҳақиқат мафҳуми “зиёӣ” хеле фарох аст, — гуфт вай, — ва баҳс низ дар атрофи  “киро зиёӣ гуфтан мумкин?” хеле доманадор мебошад. Ин на танҳо хоси миллати мо, балки дигар халқу миллатҳи кӯҳанбунёд низ ҳаст. Ба андешаи ман шавқи илмомӯзӣ, тарбияи фарзанди солеҳ низ нишонаҳои зиёӣ будан аст.  Зиёӣ бояд нисбати дарду ғами дигарон ҳаргиз бетараф набошад, кӯшиш кунад, ки ҳарчи аз дасташ меояд, барои сабук кардани мушкилии дигарон сарф намояд… Аммо бадбахтона дар баробари дигар шудани сохти ҷамъиятӣ одамон низ  тағйир ёфтаанд, нисбати якдигар бефарқанд, дар ҳолатҳои душвори зиндагӣ дасти якдигарро намегиранд. Масалан, пас аз барҳам хӯрдани  Иттиҳоди Шӯравӣ табобати беморон, ки қаблан ройгон аз ҷониби давлат маблағгузорӣ мешуд, хеле душвор гардид. Нархи доруворӣ рӯз аз рӯз боло меравад ва мардуми мо, ки қисми зиёдашон  маошу нафақаи ночиз мегиранд, наметавонанд барои табобати худ он доруҳои гаронбаҳоро бихаранд. Баъзан … 
Ҳамид  Ҳусейнович фикрашро то охир нагуфта дари утоқи ӯро боз намуда, тахмин ҷавони биступанҷ — сисолае беҷуръатона сар халонд.
Ҳамид Ҳусейнович ба ман “бубахшед” гӯён ба он ҷавон рӯй оварда:
— Биёед, — гуфт.
Ҷавон ҳамоно беҷуръатона ворид шуд.
— Чӣ шуд?
— Ман наметавонам дар беморхона хоб кунам.
— Барои чӣ?
Ҷавон сар ба зер афканда “пул надорам” гуфт.
— Ҳм… — Ҳамид Ҳусейнович аз ҷой хест ва назди ҷавон рафта, бо овози паст гуфт:
— Ман як хатча навишта медиҳам, бурда диҳед, шуморо бояд қабул кунанд. Сипас ба сари мизи худ баргашта, қоғазеро гирифту тез-тез чизе навишта, ба ҷавон дароз кард — Бурда ба қабулгоҳ  диҳед.
— Ин ҷавонро бояд табобат кунем, — гуфт Ҳамид Ҳусейнович, пас аз дарро пӯшидани ҷавон. -Чанд сол пеш зардпарвин шуда, бинобар пурра табобат нагирифтан, ҷигараш иллатӣ шудааст. Мардуми мо то аз пой наафтанд, ба духтур муроҷиат намекунанд. Баъди кор аз кор гузаштан назди мо меоянд…
— Дар бораи пулакӣ шудани табобат чӣ ақида доред? — суол кардам ман.
— Мефаҳмам, ки дар замони иқтисоди бозоргонӣ бепул табобат кардани беморон душвор аст. Аммо давлат бояд ба қадри ҳол соҳаи тандурустиро кӯмак расонад. Зеро, чи тавре гуфтам, қисми зиёди мардуми мо камбизоатанд ва барои пардохти ҳаққи табобат маблағ надоранд.
Ҳамид  Ҳусейнович чанд лаҳза ба андеша рафта афзуд.
— Дигаронро намедонам, аммо барои ман дидан ва таҳаммул кардани ин манзараҳои дилрешкунанда ниҳоят мушкил аст. Масалан, дар як палата ду нафар хобанд. Яке доро аст ва ҳар доруе, ки табибон мефармоянд, ба гаронии нархаш нигоҳ накарда, зуд пайдо мекунанд. Аммо нафари дигар, ки дасташ кӯтоҳ аст, малулу ҳайрон мемонад ва чашми имдодталабонаашро аз табибон намеканад. Дар ин ҳолатҳо ман агар ягон доруи арзону таъсираш кам бошад ҳам пайдо карда, ба онҳо медиҳам ва дилбардориашон мекунам, ки аз таъсири ин дору низ шифо меёбанд. Охир, дигар чорае нест. Дили беморро бардоштан ҳам, яке аз роҳҳои муҳими табобат аст.
Оре! Дасти уфтодаеро гирифтан, дилеро  шод намудан, ба дарди касе марҳам шудан, ғамшарики дигарон будан аз беҳтарин фазилатҳои инсонист. Инсоне, ки дорои чунин хислатҳост, бешак азизи дилу дидаҳо мегардад. Академик Ҳамид Мансуров, ки имрӯзҳо ба синни мубораки ҳаштод қадам мениҳад, чунин инсон аст. ӯ умри дарозу бобаракти худро сарфи илми тиб ва табобати мардум кардааст ва маҳз ба ҳамин роҳ ба дилу дидаи мардум ҷой гирифтааст.
Ҳангоми хайрухуш Ҳамид Мансуров ба портрети рангаи ӯ, ки андаруни чорчӯбаи зебое дар девори утоқи кориаш кашол аст, зеҳн монданамро пайхас карда, гуфт:
— Ҳайрон шудед, ки чаро дар утоқи кориам портрети худамро гузоштаам?
— Не, чаро?- гуфтам ман.
— Як беморро табобат карда будам. Ҳунари суратгирӣ доштааст. Ҳамин суратамро ба худам тӯҳфа карда, хоҳиш намуд, ки ҳатман дар утоқи кориам гузорам, агар не хафа мешавад. Суханаш нашиканад гуфта, ноилоҷ дар танаи девор кашол кардам. Нағз, а! Боҳунарона.
— Бале. Бисёр ҳам зебо, -тасдиқ кардам ман.
                                                                                                                               Соли 2005
Чашмае ба номи Ҳошим
Ҳошим Гадо. Ин ном бо нақшҳои ҷовидонаи дар саҳнаи киною театр офаридаи соҳибаш барои хурду бузурги Тоҷикистон ва берун аз он низ шиносу қарин аст. Қомати болою бозуи рустамона ва овози базарбаи ӯро аз дуриҳо ҳама мешиносанду ба ваҷд меоянд. Зеро ӯ шахсиятест нотакрор. Оид ба хизматҳои ин марди ҳунар дар рушди санъати тоҷик дар саҳифаҳои матбуот ва оинаи нилгуну радио хеле гуфтаанду навиштаанд. Носирон дар борааш китобҳо таълиф намудаанду чандин шоирон ба васфаш шеърҳо бахшидаанд.
Ҳошим Гадоро ҳар кас ба тарзи худ мешиносад, ба ҳунари нотакрораш, хӯю хислати хосааш гуногун баҳо медиҳанд. Аммо ҳеҷ кас, ҳеҷ як санъатшиносу мунаққиди соҳаи театр ва олиму донишманд мисли нақшҳои дар саҳна офаридааш ӯро воқеъбинона, мӯшикофона ва беғаразона ба мо шинос карда наметавонад. Буду шуд ва дороиву нодории  Ҳошим Гадо дар саҳна аст. Ва ман борҳо итминон ҳосил кардаам, ки худи устод Ҳошим Гадо низ зиндагии хешро берун аз саҳна тасаввур карда наметавонад. Аз ин ҷост, ки вақте оид ба ҳунари ӯ, ҷонбозиҳояш дар саҳна гап мезананд, ба ваҷд меояд, мисли кӯдак шодӣ мекунад, вале агар дар бораи гирифтумонаш, рафтору гуфтораш берун аз саҳна ҳар чизе бигӯянд, писханде мезанаду дунболи кори хеш меравад…
Ёд дорам, аввали солҳои ҳаштодум, ман як бачаи деҳотӣ, бори аввал ба пойтахт омада, баҳри амалӣ намудани орзуи чандинсолаам ба Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ даромадам. Рости гап, он рӯз спектакли медидаам бароям он қадар муҳим набуд: мехостам театрро бубинам. Хушбахтона, он рӯз беҳтарин намоишномаи театри тоҷик (ин, албатта, фикри ман!), яъне «Эдип» намоиш дода шуд. Ва банда бори аввал актёрро ҳангоми ҳунарнамоӣ дар театр дидам; ду –се қадам дуртар аз худ. Вай, марди азимҷуссаву қавипайкар, дар тан либоси сафед аз роҳрави толори пуродам ҷониби саҳна, аз торикӣ ҷониби рӯшноӣ мерафт. Ин ҳунарпеша Ҳошим Гадо буд, ки бо вуҷудаш, ҳайбати шеронааш аҳли толорро сеҳру ҷоду ва нафасро дар гулӯяшон ях кунонида буд. Дар фазои театр танҳо садои марғуладори Эдип, ки аз тақдири баду ноҷӯриҳои замона ва хиёнати ҳамзамонон ба дод омадааст, танинандоз мегашт. Шояд маҳз ҳамон сеҳри ҳунарнамоии нотакрори Ҳошим Гадо буд, ки ман як умр ошиқи театр шудам ва то имрӯз нисбат ба ин даргоҳи ҳунар сахт дилбастагӣ дорам, саҳнаи театрро муқаддастарин ҷой медонам.
Воқиан ҳам, «Эдип»-и Ҳошим Гадо насли мо, ҷавонони солҳои ҳаштодуми қарни гузаштаро, аз нав театррав кард. Қариб ҳама ҳамдарсонам ин спектаклро тамошо кардаанд. Вақте дар донишгоҳ аз фанни адабиёти хориҷа имтиҳон месупоридем, ба суоли муаллим – асари кадом адибони хориҷаро хондаед? – пеш аз ҳама мегуфтем: «Эдип»-и Сафоклро. Муаллим пас аз чанд саволу ҷавоб дар бораи ин асар мегуфт:
— Медонам, шумо ин асарро нахондаед, танҳо спектакли «Эдип» — ро тамошо кардаеду халос.
Дарҳақиқат «Эдип» Ҳошим Гадоро на танҳо ба тамошогарони тоҷик, балки барои мардумони ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва берун аз он ошною қарин гардонд. Бе муболиға ҳунари ӯро берун аз Тоҷикистон эътироф мекунанд ва мепарастанд.
Чанд сол қабл се нафар рӯзноманигорони қирғиз меҳмони ҳафтаномаи «Чархи гардун» шуданд. Вақте ки гуселашон мекардем, дар даромадгоҳи бинои Маҷмааи рӯзномаю маҷаллаҳо «Шарқи озод» бо устод Ҳошим Гадо рӯ ба рӯ омадем. Вай дар даст ҳамон портфели фарсудааш мисли одат куҷое шитоб дошт. Рӯзноманигорони қирғиз аз дидори ин ҳунарманди тоҷик хеле шод гашта, ҳикоя карданд, ки дар ватани онҳо ҳаводорони ҳунари волои Ҳошим-ака (айнан ҳамин хел ном гирифтанд) хеле зиёданд. Он рӯз устод Ҳошим Гадо бо хоҳиши меҳмонон барои хотира бо онҳо якҷоя сурат гирифт.
— Медонед, чӣ? – гуфтанд бародарони қирғиз ба Ҳошим Гадои аз мо дуршудаистода нигариста, — дар чашмони Ҳошим-ака дарду андӯҳи миллати тоҷик ниҳон аст.
Ман бовар дорам, ки на танҳо дар Қирғизистони бародарӣ, балки дар бисёр кишварҳои дигар низ ташнаи дидор ва ҳунари волои ин актёри заҳматкаши моянд. Ҳоло барои тақвияти ин фикр овардани андешаи устодони ҳунар, намояндагони миллатҳои дигарро дар хусуси ҳунари Ҳошим Гадо ба маврид медонам.
Актёри номии рус, Ҳунарпешаи халқии СССР Кирил Лавров аз ҳунарнамоии Ҳошим Гадо ба ваҷд омада, дар як мусоҳибааш мегӯяд:
— Дар бораи фоҷиазадаҳои машҳури ҷаҳон бисёр шунидаам ва хондаам. Аммо имрӯз, пас аз тамошои «Эдип» дар саҳнаи тоҷик фоҷиазадаи бузургеро дидам, ки Ҳошим Гадо дар он хилқат буд. Ҳоло бисёр касон мегӯянд, ки театр тамошобинро гум кардааст, театр мемурад. Театри мо намемирад, агар ҳунарманде чун Ҳошим Гадо зинда аст.
Адиби бошқирд Мустай Карим менависад:
— Ман асари худ «Шаби гирифтани моҳ» — ро аз саҳнаҳои бисёр театрҳо тамошо кардаам. Аммо образи Девона, ки Ҳошим Гадо офаридааст, аз беҳтаринҳост.
— Ман дар бисёр театрҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар МХАТ Михаил Чеховро, дар Театри Хурди Маскав Остужевро, ҳамчунин актёрони машҳурро дар Инглистон бо шавқ тамошо кардаам. Вале ҳеҷ гоҳ чун имрӯза, ки аз тамошои «Эдип» ба ваҷд омадам, мутаассир нагашта будам. Ман чун санъаткор дар назди маҳорати Ҳошим Гадоев сар фуруд меорам, — гуфтааст Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Соро Эшонтӯраеваи ӯзбек.
Боре дар омади гап ҳамин фикрро ба Ҳошим Гадо арз кардам. Вай дар ҷавоб андаке сукут варзида, гуфт:
 — Дар Озарбойҷон чашмае ҳаст бо номи Ҳошим-булоқ, яъне Чашмаи Ҳошим. Намедонам ҳозир бошад ё не?
— Албатта ҳаст, — гуфтам ман. – Шояд он чашма даҳҳо чашмаҳои дигар таваллуд карда бошад. Зеро чашмаҳо чашмаҳои дигар мезоянд. Ин суханҳоро бадоҳатан гуфтам ва баъд андеша кардам, ки дарҳақиқат даҳҳо актёрони озарӣ яқин аз маҳорати ин устоди ҳунар зиёда баҳра бардоштаанд ва имрӯз бо ҳунари худ саҳнаи театру кинои ин ҷумҳурии бародариро обод мекунанд, дилҳои ташнаи ҳунари волоро шодоб мегардонанд. Бовар дорам, ба ин фикр бисёриҳо розӣ мешаванд.
— Он чашмаро ба хотири дар як филми истеҳсоли синамогарони Озарбойҷон барзаговеро дар ҷанги тан ба тан мағлуб карда, тахтапушташро хок хӯрониданам, ба номи ман гузошта буданд. – Инак чанд сол аст, ки озариҳо барои иҷрои ягон нақш дар филмҳояшон даъватам намекунанд, — гуфт вай хастаҳолона. – Аз ин сабаб мегӯям, ки мабодо он чашма хушкида бошад.
— Шояд пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ синамогарони озарӣ низ мисли ҳамтоёни тоҷики худ ҳоли табоҳ дошта бошанд, — ба таври худ тасаллӣ додам устодро. – Кӣ медонад, дар як сол як филм ба навор мегиранд ё не?
— Намедонам, — даст афшонд ӯ.
Воқиан ҳам, чашмаи хурӯшони истеъдоди нотакрори Ҳошим Гадо маҷрои нав меҷӯяд, дилаш саҳнаи бузург мехоҳад. Мехоҳад дар он парвози баланд саҳнаи тоҷикро зери қаноти худ бигирад, театру кинои моро тавассути ҳунари волои худ барои ҷаҳониён муаррифӣ кунад. Чун бо Ҳамлету Эдипаш дили ҷаҳониёнро тасхиру шайдо кард, мехоҳад Спартакро рӯи саҳна биёрад.
Оре, имрӯз орзуи ягонаи устод Ҳошим Гадо рӯи саҳна овардани намоишномаи «Спартак» аст. Аммо ҳар нафари каму беш аз санъати театрӣ бохабар хуб медонад, ки ин кори саҳл нест. Неруи тавоно, истеъдоди фавқулодда, заҳмати сангин ва маблағи зиёд мехоҳад ин кор. Зиёда аз ин ҷасорати бузург металабад ин ташаббус. Бузургтарин коргардону ҳунармандони ҷаҳонӣ барои ба дӯш гирифтани ин бори гарон ҷуръат намекунанд. Зеро медонанд, миёншикан аст ин бор. Алалхусус дар шароити имрӯзаи ҷумҳурии мо ин кор басо дандоншикан аст. Аммо Ҳошим Гадо бовар дорад, ки китфони баҳодуронаи вай қудрати бардоштани ин бори гаронро доранд. Ва маҳз боварӣ ба худ ба ӯ илҳом бахшидааст, ки чандин сол боз барои пиёда кардани ин орзуи чандинсолаи худ ҷаҳду талош дорад: барои дарёфти маблағи калон, ки бе он амалӣ намудани ин кор имкон надорад, даҳҳо дарҳои пӯшидаро чангол мезанад ва гоҳо аз дасткӯтаҳияш ба дод омада, ба мушт мекӯбад. Маҳз ба хотири «Спартак» аз иҷрои бисёр нақшҳои хурду бузург ва коргардонии намоишномаҳое, ки ба ӯ пешниҳод мекунанд, рӯй метобад. Аз афташ, агар ӯ баъд аз ин рӯи саҳна ояд, маҳз дар нақши ин марди бузург меояд.
— Агар ҳамин орзуям ҷомаи амал пӯшад, мурам беормон меравам, — мегӯяд ба дард Ҳошим Гадо. – Дигар ягон орзу надорам.
Ба фикрам ин ҳамчунин орзуи ҳама инсонҳои фарҳангдӯсту бедордил низ ҳаст, ки чунин як намоишномаи ҷолиб арзи ҳастӣ бикунад. Пас, биёед, ҳамагон дасти устод Ҳошим Гадоро бигирем, то ин орзуи чандинсолаи дилаш ҷомаи амал пӯшад ва мову шумо аз дидани ин намоишномаи таърихӣ лаззат барем ва дар китоби санъати миллии мо як саҳифаи дурахшон сабт шавад.
                                                                            Соли 2005
 Марди раҳи инсоншиносӣ
Ҳар як инсон аз рӯзе ки ақли худро шинохта ба сарфаҳми баду нек, сиёҳу сафед ва ҳарому ҳалол меравад, бо тақозои зиндагӣ аз паи омӯхтани хӯю хислати наздикону атрофиён ва оҳиста — оҳиста, чени ақлу заковати худ, дунёи ботини номаш фарзанди инсон мешавад. Зеро ҳам барору нобарор ва ҳам ғаму шодӣ ва ҳам зафару мағлубияти инсонҳо дар ҷодаи ҳаёт ба фитрати ҳамдигар зич алоқаманданд, мисли як занҷир ҳалқа ба ҳалқа пайванданд. Аз ин сабаб инсонро шинохтан ва дарди дили ӯро дарк намудан, сарфаҳм рафтан кори басо мушкил ва ҳамзамон ниҳоят муҳим аст. Ҳар кас аз ӯҳдаи ин кори сангин намебарояд. Зеро омӯхтани тинати Инсон — офаридаи басо мураккаби Худованд — ақли тез, сирати пок, дилу нияти соф, дидаи ҳақбин ва ҷаҳонбинии фарох мехоҳад. Чун инсонҳо ҳама якранг нестанд ва ақлу заковати онҳо низ дар як сатҳ нест, ин вазифаи басо масъулиятноку муҳим, яъне инсоншиносӣ аз азал ба дӯши аҳли адабиёту санъат вогузошта шудааст. Дар ҳама давру замонҳо шоиру нависандагон, ҳунармандону оҳангсозон дунёи ботини инсонро мавриди таҳлилу тадқиқ қарор дода, асарҳои ҷовидонӣ офаридаанд, ки он аз насл ба насл фарзанди одамиро дар ҷодаи инсоншиносӣ раҳнамун мешавад. Одамон пас аз мутолиаи асарҳои эҷодкорон (албатта, асарҳои асил) дар бораи муносибати худ ба атрофиён ба андеша мераванд, ба бисёр чизҳое ки қаблан дарк намекарданду аҳамият намедоданд, таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд. Аз ин сабаб нависандагонро муҳандиси рӯҳи инсон меноманду заҳмати эшонро сангин маънидод мекунанд, ки ин ҳақ асту рост. Антон Чехов пайроҳаи қаламкашро пур аз мех ташбеҳ дода буд.
Адиби муъруфи мо Саттор Турсун аз қабили он нависандагони дардошноест, ки инак тӯли қариб чил сол инҷониб дар ин роҳи басо пуршебу фароз бурдборона заҳмат мекашад.
Нахустин чизе ки ман аз навиштаҳои Саттор Турсун хонда будам, ҳикояи «Соҳиби кӯлоҳ» буд. (Баъд аз як мусоҳибаи нависанда фаҳмидам, ки он нахустин ҳикояи ӯ будааст). Он вақт ҳамагӣ даҳ — дувоздаҳсола будам ва дар бораи ҳунари нависандагӣ ва таззодҳои зиндагӣ тасаввурот надоштам. Аммо ҳангоми мутолиаи ин ҳикояи ҳаҷман хурд макону манзараҳои аз овони тифлӣ ба ман шинос, ки нависанда онҳоро бо номи аслиашон оварда, хеле устокорона тасвир карда буд, симои одамоне, ки дар тӯю маърака ва кӯчаву паскӯчаҳои деҳа қариб, ки ҳар рӯз медидам, пеши чашмам ҷилвагар мешуданд. Ман худ ба худ аз ин тасвиркориҳо ба ваҷд меомадам ва аз он ки нависанда раиси шикампарастро мазаммат карда, шабона аз мошин фуроварда, дар дашти бекарон танҳо мегузорад, хурсандӣ мекардам. Ҳамчунин хурсандии ман аз он беш меафзуд, ки нависанда рафтори ҳамдеҳагони ҳавобаланду мағрури маро дар китоб оварда, шармандаашон кардааст. Он вақт Саттор Турсун дар хаёли ман як муҷассамаи ҳақиқату адолатро мемонд, ки гӯё дар байни деҳаи мо гузашта буданд.
Баъдҳо, дар баробари ба воя расидан ва бо асарҳои гуногуни ӯ шинос шудан, дигар он муҷассамаро дар байни деҳаамон намедидам. Зеро акнун ӯ дар тасаввури ман барои аз қувваи бадӣ ғолиб омадани натанҳо мардуми деҳаи мо, балки кулли мардуми олам кӯмак мекард. Он муҷассамаи хаёлии ман марди роҳ гашта буд ва ҳар куҷое мерафтам ӯро дар сари роҳ медидам: Гоҳо дар майдони ҳарбу зарби Инқилоби Октябр («Се рӯзи як баҳор») гоҳо дар набардҳои Ҷанги бузурги ватанӣ ва ҳаёти пурмашаққати ақибгоҳ («Сукути қуллаҳо», «Нигина», «Хоҷамаст») ва гоҳо дар хиёбонҳои шаҳру пайроҳаҳои деҳоти дурдасти кӯҳистон («Хотира», «Падар», «Камони Рустам», «Аз субҳ то шом», «Барф ҳам мегузарад», «Мӯйсафедон») медидам ӯро. Хулоса, Саттор Турсун ба адабиёт бо дили гарм ва нияти нек ворид шуда, то имрӯз ба гуфти нависандаи дӯстдоштааш, устоди насри ҷаҳонӣ Эрнест Хемингуэй амал мекунад, ки гуфта буд: «Вазифаи нависанда гапи ҳақро гуфтан аст. Садоқати ӯ ба ҳақиқат бояд ончунон зиёд бошад, ки воқиаҳои дар асоси таҷрибаи зиндагии худ бофтаи ӯ ҳақиқати ҳаётро аз ҳама гуна бозгуфтани фактҳо воқеъбинона тасвир кунад». ӯ аз нахустин ҳикояҳои шогирдонааш то романҳои худ ин вазифаи басо душвору масъулиятнок ва ҳамзамон муқаддасро пайгирона иҷро мекунад, қаҳрамонҳои худро барои дарки паҳлуҳои гуногуни ҳақиқат дар пайроҳаҳои тангу яккагузари ҳаёт рӯ ба рӯ карда, саҳнаҳои басо муассир ва гоҳо мисли ҳавлии тӯйдор пур аз шодиву сурури зиндагиро рӯи коғаз меорад, ки ҳар як хонандаро ба андеша кардан водор менамояд.
Агар ба дунёи ботини қаҳрамонони асарҳои нависанда назар андозем, онро пуртуғён ва пурихтилоф  мебинем. Зеро онҳо — қувваи хайру шарр — ҳамеша дар набарданд ва дар бисёр маврид хислати одамношиносии худро маломат мекунанд. Масалан, дар нахустин повести  нависанда «Сукути қуллаҳо», ки ба мавзӯи ҷанг, меҳнати пурмашаққати занону мӯйсафедон ва маъюбон дар ақибгоҳ ва хиёнат бахшида шудааст. Қаҳрамонҳои асосии повест ду ҷӯраи ҷонӣ — Содиқ ва Акбар — яке ҷавони баору номус, меҳнатдӯсту ҳақпараст ва дигаре худпарасту бетараф ва тарсу аст. Содиқ, ки пеш аз ҷанг низ раисии колхозро ба ӯҳда дошт ва як гуноҳи Акбарро (бо айби ӯ як нафарро дар дашт сармо мезанад) бахшида буд, баъди ярадор шудан,  ба рухсатӣ омада, дигар ба фронт барнагаштани Акбарро шунида, аз паи ислоҳи хатои худ мешавад ва оқибат ӯро дар байни кӯҳу камар пайдо карда, ба қатл мерасонад.
Содиқ ҳам дар хиёнати Акбар ва ҳам ҳангоми гурезагии ӯ фавтидани зани боиффати ӯ Холбибӣ, ки замоне Акрам — бобои дурандеш ва одамшиносро ба ҳолу ҷонаш намонда, ҳамроҳ ӯ Холбибиро барои Акбар хостгорӣ карда буд, худро гунаҳкор медонад. «Содиқ ресмони бофтаашро, ки қади тозиёна меомад, дар даст бозӣ доронда, фикр мекард.
Фикр мекард, ки чаро ӯ дар зиндагӣ фиреб хӯрд. Барои чӣ дар муддати ин қадар солҳо кӣ будани Акбарро фаҳмида натавонист? Барои чӣ вай аз аскарӣ гурехт?…»
Ҳамин тариқ Саттор Турсун дар дигар асарҳои худ низ қаҳрамонҳояшро бо хиёнат, бевафоӣ, разилӣ, худписандӣ ва амсоли ин хислатҳои пасти инсонӣ рӯ ба рӯ карда, бори дигар аз забони онҳо ба хонанда гӯшзад мекунад, ки тилъати инсонро шинохтан басо кори душвор аст. Аммо қаҳрамонҳои мусбати ӯ дар рафти муборизаҳо пухта мешаванд ва барои тантанаи ҳақиқату адолат ҷон ба каф гирифта, талош мекунанд. Нависанда онҳоро ба мавҷҳои зиндагӣ даромехта ба мубориза даъват мекунад, барои ислоҳи хатои хеш ба майдон меандозад. Ва ин ҷо гуфтан ба маврид аст, ки ин хислати қаҳрамонҳо аз хислати шахсии нависанда сарчашма мегиранд. Воқиан ҳам ростгӯю ҳақиқатҷӯ аст нависандаи маъруфи мо. Агарчи дар ин роҳ ранҷҳои бешумор, азобҳои рӯҳӣ кашидааст, зиёда озор дидааст, ба маҳрумиятҳо дучор омадааст, ҳеҷ гоҳ аз сухани ҳақ рӯй нагардонда, фикру андешаҳои худро, агарчи ба бисёриҳо хуш намеояд, рӯирост ва бепарда мегӯяд. Онҳое ки Саттор Турсунро аз наздик мешиносанд, ҳамроҳаш кор кардаанд ва ё боре ҳамсафар шудаанд, аз гуфтугӯи қаҳрамонңои асараш овози гулдурросӣ ва рӯҳи шикастнопазири нависандаро мешунаванд ва эҳсос мекунанд.
Ёд дорам, аввали солҳои ҳаштодум мо, се нафар донишҷӯёни донишгоҳро, барои таҷрибаомӯзӣ ба идораи ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» фиристоданд. Мо, бачаҳои деҳотӣ, он вақт бори аввал дар долони Хонаи адибон шоиру нависандагони машҳурро дида, аз ҳаяҷон намедонистем чӣ кор кунем.
Рӯзе дар утоқи кории идора менишастем, ки Саттор Турсун ворид шуд. Мудири шӯъбаи санъат Адаш Истад ману ҳамсабақам Сабоҳатро ба нависанда муаррифӣ карда, гуфт, ки як ҳафта боз дар шӯъбаи онҳо  ба таҷрибаомӯзӣ машғулем.
— Эҳа, — гуфт Саттор Турсун бо овози мурғуладораш. -Инҳо чӣ хел журналист, ки як ҳафта боз на овозашонро мешунавему на худашонро мебинем.
Ва баъд фарох табассум карда, ба мо рӯ овард.
— Агар журналисти ҳақиқӣ шуданӣ бошед, худро ба обу оташ занед. Барои ёфтани як факти муҳим лозим ояд мушт ба гиребон шавед. Ягон роҳбари ҳаромгулӯ аз тарси фош шудани сирраш аз дар пеш кунад, тирезаро шикаста дароед. Натарсед!
Вақте ки ман муколамаҳои тезу тунди қаҳрамонҳои Саттор Турсунро, аз қабили:
— Номард! Модом ки дар зиндагиат ба ин қадар беинсофӣ роҳ медодӣ, танҳо ба ҷони бародари ман не, балки дигаронро ҳам мор барин заҳр мезадӣ, акнун, ҳангоме дар лаби ин ҷар лаҳзаи мурданат расидааст, ҳеҷ набошад, асп барин рост истода бимур! Наход дар дами вопасин ҳам мард нашавӣ?! — мехонам, беихтиёр симои нависанда, беинсофию ҳаромкориҳоро дида ба шӯр омаданаш, пеши назарам пайдо мешавад. Ҳақталош аст нависандаи баистеъдоди мо!
Мутафаккири бузурги рус Вассарион Белинский ҳанӯз дар асари ХIХ навишта буд: «Замони мо танҳо дар назди он суханваре ба зону мезанад, ки зиндагӣ худ беҳтарин тафсиргари эҷодиёти ӯ ва эҷодиёти вай — беҳтарини тавҷеҳи ҳаёти ӯст»
Саттор Турсун воқиан ҳам набзи замонро (чи гузашта ва чи муосир) хеле хуб эҳсос мекунад ва аз ин ҷост, ки ба воқиаву рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ устокорона ва воқеъбинона баҳо медиҳад. Ин, албатта, кори осон нест. Барои ин дидаи ҳақбин, ҷаҳонбинии фарох, қобилияти таҳлилгарӣ ва дониши амиқ лозим аст. Барои мисол ба нахустин романи нависанда «Се рӯзи як баҳор», ки дар даврони шӯравӣ, айёме ки ҳама гуна фикру ақидаҳои ба идеологияи коммунистӣ бегона сахт саркӯб карда мешуд, таълиф шуда буд, рӯ меорем. Аввал бояд бигӯем, ки гузаштаи на он қадар дур собит сохт, ки Саттор Турсун дар ин романи худ зимни ба воқиаҳои Инқилоби Октябр ва ҷанги гражданӣ баҳо додан ҳақ будааст.
Нависанда дар «Се рӯзи як баҳор» муборизаи синфиро ончунон устокорона ва воқеъбинона тасвир кардааст, ки хонанда ҷонибҳои муқобили ҳам сангар гирифта — фидоии роҳи инқилоб Анвар ва сардори дастаи босмачиён Усмон Азизро як хел дӯст медорад, аз тақдири онҳо дилаш месӯзад. Оё дигар хел шуданаш мумкин буд? Албатта, не! Зеро ин ду нафар, фарзандони як миллат, аз ин беш ҳамсояву хеш, ҳар яке дар мавкеи худ ҳаққанд. Яке мехоҳад ҳаёти нав бисозад, дигаре баръакс пуштибони замони худ аст, хонаю дари худ, дину мазҳаби худро дифоъ мекунад. (Албатта, дар байни босмачиён нафарони дузду шӯрапушт ва нияташон нопок низ кам набуданд, ки он хоси ҳама ҷангҳост. Аммо гап дар сари Усмон Азиз аст). Нависанда чун довари ҳақгӯй рафтору гуфтори ин ду нафарро чи дар даврони осоиштаи пеш аз инқилобӣ ва чи дар кӯраи задухӯрди ҷанги гражданӣ мӯшикофона тасвир карда, хулосаҳои ғолиб баровардааст. Бисёр мунаққидон ва ҳамқаламони нависанда ҳангоми муҳокимаи  роман ва хонандагон пас аз интишор ёфтани он мегуфтаанд, ки Саттор Турсун душмани халқ — босмачиро сафед кардааст, яъне аз он қаҳрамони мусбат сохтааст. Аммо агар дақиқ назар андозем нависанда чун падар ба муноқишаи фарзандонаш муносибат кардааст. Зеро дили падар ба ҳама фарзандонаш месӯзад. Онҳо барояш баробар азизанд. Саттор Турсун нағз медонад, ки дар ягон ҷанги шаҳрвандӣ ғолибу мағлуб, сиёҳу сафед нест ва оқибати ин задухӯрдҳо танҳо пушаймонист ва… об агар сад пора гардад, боз бо ҳам ошност. Аз ин сабаб дар поёни роман Усмон Азизи рӯҳан бақувват дами охирин, вақте аз дасти аскарони сурх тир мехӯрад, бо сад афсӯс, аз афташ ман ангушти зиёдатии панҷаи қисмат будаам, гӯён аз хонаи зин ба рӯи сабзаҳои навруста сарозер меафтад. Қаҳрамони ҳикояи «Лаб — лаби ҷар» низ  баъди ба қатл расондани Абдулаҳади хиёнаткор, ки боиси  марги бародари ҳамхуни ӯ шудааст, аз алам ашк мерезад, ки ин манзараро нависанда хеле муассир ба қалам додааст:
«Ҷавон нишаст. Автоматро оҳиста дар бараш монд. Сипас ба хирмани хуршеди тобону вусъатободи баланд гӯё бефарқ як назар афканда, сар ба кафи дастонаш гирифт. Ва талх гирист. Шояд ба ёди падараш, ба хотири бародараш, мумкин аст ба ҳоли худаш, ё эҳтимол — кӣ медонад? — умуман ба марги номаш фарзанди одамизод…»
Дар омади гап бояд бигӯем, ки дар хусуси ҷанги шаҳрвандии мо, ки бадбахтона дар оғози солҳои навадуми қарни гузашта сар зад, адибон то ҳол сухани худро нагуфтаанд. Аммо Саттор Турсун дар ин мавзӯъ якчанд ҳикояҳои бамағз таълиф намуд, ки онҳо дар китоби охирини ӯ «Санг дар бағал ба тӯфон» ба ҳам омадаанд. Ба ман алалхусус ҳикояи калонҳаҷми «Лаб — лаби ҷар», ки зикраш дар боло рафт, хеле писанд омад. Тарзи масъалагузорӣ ва забони шевои ин ҳикоя басо ҷолиб аст. Албатта, Саттор Турсун дар бораи ҷанги шаҳрвандӣ ягон асари ҳаҷман калон ва хонданӣ менависад. Аммо дар ҳамин ҳикоя низ ӯ тавонистааст заркорона сабабҳои он даргириҳоро аз қабили дурӯягӣ, бетарафӣ, мансабталошӣ, тарсӯӣ, фанатизми динӣ, аз фурсат истифода карда ба тоз омадани гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва ғайраҳоро дар рафтору гуфтор ва андешаҳои қаҳрамонҳо бозгӯ кунад.
Саттор Турсун дар баробари нависандаи фавқулодда баистеъдод будан, публитсисти чирадаст низ ҳаст. Ба андешаи банда асарҳои публитсистӣ на камтар аз повесту роман ба хонанда барои дарки ҳақиқат кӯмак мекунанд. Имрӯз дар байни адибони мо кам нафароне пайдо мешаванд, ки мисли Саттор Турсун муносибати худро ҳам ба масъалаҳои адабиёт ва ҳам рӯйдодҳои сиёсиву масоили иҷтимоӣ нотарсона, бамағзу маънӣ ва воқеъбинона рӯи коғаз оварда, пешкаши аҳли ҷомеа кунад. Ба назар чунин мерасад, ки азбаски Саттор Турсун нисбати худ хеле сахтгир аст, дар интишори асарҳои худ ҳаргиз саросема намешавад, мехоҳад муносибати худро ба рӯйдодҳои муҳим ва масъалаҳои ҳалталаб саривақт дар эссеву мақола ва сӯҳбатҳои худ бо журналистон баён дорад. Асарҳои публитсистии ӯ, ки қисми зиёдашон дар маҷаллаву рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ ба нашр расида, ба воситаи радиову телевизион садо додаанд, асосан дар ду китоби ӯ «Дарахти ҳазорсола» ва «Санг дар бағал ба тӯфон» ба ҳам омадаанд. Кас пас аз мутолиаи онҳо ба дунёи рангину ҷаҳонбинии васеъ, дониши бавусъату назари ҳақбинонаи нависанда қоил нашуда наметавонад. Навиштаҳои ӯ оддитарин хонандаро бетараф намегузорад, ба андеша водор месозад, каму беш муносибаташро ба зиндагӣ, инсон, муҳити зист ва ғайраҳо дигаргун месозад.
Нависандаи рус Юрий Бондарев мегӯяд, ки «Аз тақдир бахту комёбӣ маталабу хоҳиш кун, ки барои бартараф кардани душвориҳо кувватат диҳад». Саттор Турсун низ ҳаргиз аз доду надоди тақдир наменолад ва ҳарчанд то зарур наояд, баҳудаву беҳуда дар бораи адабиёт, алалхусус навиштаҳои худ ва нақшаҳои эҷодиаш ҳарф намезанад, баъзан нимшӯхиву нимҷиддӣ мегӯяд:
Агар умр бевафоӣ накунад, агар саломатӣ бошад…
Мо имрӯз адиби маъруфи худ Саттор Турсунро, ки ба синни мубораки шаст қадам гузошт, табрику муборакбод намуда, барояш умри дарозу саломатии бардавом мехоҳем ва имони комил дорем, ки агар ин ҳарду бевафоӣ накунанд, ӯ боз бо асарҳои бамағзи худ дарёи суханро шодоб хоҳад кард.
                                                                     Соли 2006
Вассофи мардони майдон
Инсон ба хотира зинда аст. Маҳз хотира аст, ки наслҳоро ба наслҳо мепайвандад, баду неки одамонро дар тарозуи адолату инсоф баркашида, баъд аз сипарӣ шудани солҳо кору пайкори инсонҳои воқиан ҳам заҳматкашу ҷонфидоро дар замини бекарони худ абадуддаҳр сабт мекунад. Аммо чӣ душвор аст номи худро дар гӯшаи хотироти одамон сабт кунонидан. Барои ин мебояд аз худ гузашт, барои инсонҳои дигар бояд зист. Вагарна нақши гузошта аз хотири одамон зуд зудуда мешавад. Хушбахт касе, ки дар тӯли мӯҳлати барояш дар рӯи замин ҷудошуда аз худ хотираи нек гузорад. Мегӯянд, ки китоби нағз, китобе ки ба дарди мардум мехӯраду дар ҳар як ҳарфу ҳиҷои он набзи инсонҳо шунида мешавад, мисли фарзанд давоми умри муаллифаш аст. Аммо агар бар замми асари хуб навиштан нависанда ба хӯю хислати ҳамида, ҷавонмардию мавридшиносӣ ва тарбияи шогирдон дар марзи дили инсонҳо тухми некӣ, одаму одамгарӣ бикорад, нуран алонур мешавад.
Ҳар боре ки дар ҳамин бора меандешам, симои нависандаи маҳбуби мо Мутеулло Наҷмиддинов пеши назарам меояд. Мутеулло Наҷмиддинови ҳақгӯю ҳақшинос, ки ман хушбахтона дар оғози фаъолияти рӯзноманигориам дар маҷаллаи «Тоҷикистон» чанд муддат бо ӯ ҳамкору ҳамнишин будам, аз сӯҳбатҳои бамағзу маънии эшон на танҳо хуб навиштан ва ҳунари нависандагӣ, балки дарси одаму одамгарӣ ва хештаншиносӣ гирифтаам.
Бардошти нахустинам аз ҳамнишинӣ бо ин нависандаи шинохта, ки он вақт синнаш ба ҳафтод мерасид, хоксорӣ, ҳақгӯӣ ва содагию фурӯтаниаш буд. Ман, ки табиатан шармгинам, рӯзҳои аввал барои бе ҳеҷ сабаб ба утоқи кории устод даромадан истиҳола мекардам. Аммо он кас шояд ҳамин хислати маро пай бурданд, ки бо мани навҷавону навкор мисли рафиқи ҳамсолашон муносибат мекарданд. Банда низ ба эшон зуд унс гирифтам, сӯҳбаташонро ғанимат медонистам, аз хотираҳояшон дар бораи устодони адабиёти навинамон, аз ҷумла Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода ва Фазлиддин Муҳаммадиев ба ваҷд меомадам. Мутеулло Наҷмиддинов алалхусус аз ҷавонмардию ҳақталошии Фазлиддин Муҳаммадиев бо эҳтироми хосса ёдовар мешуданд. Боре аз ин устоди насри муосир ёд карда, гуфтанд:
— Рӯзе Фазлиддин ҳамроҳи як шиносамон ба хонаам омад. Ҳини сӯҳбат он шиносамон аблаҳона ба эҷодиёти устод Айнӣ эрод гирифт. Авзои Фазлиддин якбора беҷо шуда, хост пеши даҳани ӯро гирад. Аммо он рафиқ сар намефуровард. Ман дар авҷи баҳси онҳо барои чои гарм овардан чойникро гирифта берун баромадам. Баргашта омадам, ки Фазлиддин ҳамон мардакро ба замин хобонда, мушткорӣ дорад.
Вақте Мутеулло Наҷмиддинов ин воқиаро ба як эҳсосоти баланд нақл мекард, чашмонаш аз шодӣ медурахшиданд. Имрӯз, бо гузашти чандин солҳо амиқтар дарк кардам, ки ӯ аз ҳаёти ибратангезу рӯзгори рангин ва хӯю хислати наҷиби устодони адабиётамон ба мо ҷавонон қисса карда, ба ин восита моро сабақ медод, насиҳат мекард, ки бемеҳр набошем, ба қадри одаму одамгарӣ, меҳнати дигарон, ба қадри сухан бирасем. Вақте ба даст қалам мегирем, ҷони гапро гӯем, одамонро танҳо ба дӯстию рафоқат, некию накӯкорӣ ва бунёдкориву созандагӣ ҳидоят намоем. Воқиан, Мутеулло Наҷмиддинов худ вассофи бунёдкорӣ буд. Зеро ӯ нағз медонист, ки рисолати азалии инсон бунёдкорӣ аст. ӯ ба гуфти нависандаи машҳури франсуз Гюстав Флобер «Инсоният бояд барои анҷоми кори нек маҷбур карда шавад» амал намуда, аз оғози эҷодиёташ то дами охир ба гӯши одамон табли бедорӣ мезад, ки танҳо меҳнат инсонро шарафманд мекунад. Китобҳои повесту ҳикоя ва очеркҳои ӯ аз қабили «Дарё маҷрои нав меҷӯяд», «Ширмоҳ», «Пайроҳаи шинос», «Одамон ва соҳилҳо», «Одамони замини барӯманд» таҷассумгари созандагию ободкориянд. Дар ҳар авроқи ин китобҳо мо симои гарми инсонҳои меҳнатқарину баору номӯс ва дилу нияташон покро мебинем, ки нависандаи маҳбуби мо тӯли фаъолияти рӯзноманигорию нависандагияш қадам ба қадам хоки кишварамонро тай зада, онҳоро чун донаҳо аз замин чида, кору пайкорашонро рӯи саҳифа кӯчондааст.
Имрӯз дар матбуоти даврӣ дар бораи ҷонфидоиҳои офарандагони нозу неъмат, яъне Бобои Деҳқон кам менависанд. Агар баъзан мақолаҳо чоп шаванд ҳам, аён аст, ки муаллиф ҳини таълифи он гармии дили деҳқонро эҳсос накардааст, ба замини рӯзирасон пайванде надорад. Мо вақтҳои охир бештар ба тарғибу таърифи корчаллонҳо машғулем, барои зиндагии серу пурамон аз онҳо миннатдор мешавем. Деҳқонро фаромӯш кардаем, ӯро ба бозорҳои шаҳр роҳ намедиҳем. Аммо вақте кас очерку ҳикояҳои Мутеулло Наҷмиддиновро дар бораи фотеҳони водии Вахш, даштҳои Ашти Калону Дилварзин ва Мирзочӯл мехонад, аён мебинад, ки то кадом андоза нависанда ба замин, ба марди деҳқон меҳру муҳаббат дорад, бо ӯ қарин аст. Мутеулло Наҷмиддинов  дар як навиштаи худ эҳтирому ихлоси худро нисбат ба офарандагони нозу неъмат, мардони майдони пахтаю ғалла ва боғот чунин ба қалам додаст: «Дар заминҳои навкорам пахта, ғалла мерӯёниданд, боғҳои нави мева, ангур ва ғайра бунёд мекарданд. Ва ман чанд муддат ба он ҷойҳои ба ном Ашти Калон сафар мекардам. Он қубурҳою насосҳоеро, ки аз дарёи Сир об кашида, дар каналҳои худшор ҷорӣ мекарданд, дидаю мушоҳида намуда, ба қудрати дасти одами меҳнаткаш, заковату ақлу хиради олимони ихтироъкор аҳсантҳо мегуфтам. Ва чанд бор чунон воқеъ шуд, ки аз тайёра фуромада, вориди шаҳри Хуҷанд нашуда, рост ба манзилҳои навбунёди Ашт, назди бародарони навёфтаи худ равон мешудам»
Оре, чунин сатрҳои пур аз меҳру садоқатро танҳо қаламкаше метавонад бинависад, ки ҳақшинос аст, ба қадри заҳмати дигарон расида метавонад, зиёда аз ин ба замини ризқу рӯзирасон пайванд аст, ба марди деҳқон эътимод мепарварад. Аз сӯҳбатҳои Мутеулло Наҷмиддинов бармеомад, ки  вай барои он ҳама нозу неъматҳои рӯи дастархонаш худро дар назди марди деҳқон қарздор медонист ва бо дили гарм ӯро васф мекард.
Ҷанги шаҳрвандие, ки мардуми мо аз сар гузаронд, дар ҳақиқат Мутеулло Наҷмиддиновро хеле озурда карда буд. Вай, ки чи хеле қаблан зикр кардем, ҳар ваҷаб хоки Тоҷикистонро қадам зада, бо мардумони минтақаҳои гуногуни он чун бародари ҷонӣ унс гирифта буд, ба хирадпарварии онҳо эътимод дошт, он ҳама даҳшатҳоро дидаю шунида, гоҳо гиребон дошта, тавба мекард, ки ба ин мардуми озода чӣ шуд, ки ба сари якдигар теғ кашиданд. Аммо баъзан аз зӯри дард ба шӯр омада, мехост бо фарёди худ гӯши фалакро кар кунад: «Дар интиҳои асри бист дар байни мо зотҳое пайдо шуданд, ки аз даҳони кампири пажмурдаи фартут як луқма нонашро рабуда, ба даҳони худ мезананд. Ман пурсиданӣ ҳастам, ки оё онҳо ҳам одаманд? Барои ҷамъ кардани сарвату соҳиб шудан ба мансаб яроқ ба кор мебаранд, оё онҳо ҳам инсонанд?» — гӯён баъзан чун шер наъра мекашид нависандаи адолатпарвари мо.
Мавзӯҳое, ки Мутеулло Наҷмиддинов ҳанӯз солҳои шастуму ҳафтодуми қарни гузашта дар асарҳои худ мавриди таҳқиқ қарор дода буд, то ҳол мубраманд, аҳамияти худро гум накардаанд.
— Агар ман метавонистам, ҳамун одами ҳезуми дарахти зардолу харидаро якҷоя бо буридагӣ мешинондам.
— Дарахтро ман бурида мефурӯшаму харидор чӣ айб дорад?
— Айбаш ҳамин ки ҳезуми дарахти меваро мехарад. Намегӯяд, ки имрӯз ҳезуми дарахти меваро сӯзад, фардо худаш меваро ду карат қимат харида мехӯрад. Ҳезумхар ҳаминро намефаҳмад. Барои ҳамин бефаҳмиаш ҳезумхарро ҷазо медодам.
Ин порчае, ки аз қиссаи «Пайроҳаи шинос» — и нависанда овардем, магар имрӯз низ вирди забони ҳамагон нест.
Оре, воқиан ҳам, устод Мутеулло Наҷмиддинов ҳақшинос ва ҳақталош буд. Ман дар маҷлисҳои идора медидам, ки вай  чи тавр аз баъзе ноадолатиҳо мисли шер меғуррид ва гапашро натарсидаю рӯи хотир надида мегуфт.  Ҷояш ояд, барои дифои адлу адолат тайёр буд даст ба гиребон шавад. Аммо дар баробари ин дили содаю бе кина ва мисли ҳама эҷодкорон ҳассос дошт. Ҳеҷ аз ёдам намеравад, боре ба утоқи кориаш  даромадам, ки машғули навиштан аст. Чашмам ба қалами зебои дар дасташ буда афтоду гуфтам, ки ман низ чунин қаламе доштаму дирӯз гум кардам. Устод қаламро болои қоғаз гузошта, пурсид:
— Ин аз они ту нест охир?
Ман аз сухани ноҷои худ пушаймон шуда, гуфтам, ки «не»
Аз ин гуфтугӯи мо чанд рӯз гузашт ва ман, рости гап, онро фаромӯш кардам. Рӯзе Мутеулло Наҷмиддинов пурсиданд, ки оё қалами гумкардаамро ёфтам?  Посух додам, ки бале, дар байни коғазҳои ғаладони мизам будааст. Устод як табассуми малеҳи ба худаш хос карда, гуфт:
— Хайрят-э! Ман чанд рӯз боз хобу хӯрро гум кардам.
Мутеулло Наҷмиддинов дар баробари қиссаю ҳикояҳои марғуб навиштан алалхусус дар рушди жанри очерк ҳиссаи арзанда дорад. Дар байни адибони мо кам нафароне пайдо мешаванд, ки мисли ӯ аз рӯзгори пахтакорону боғпарварон, сохтмончиёну бинокорон, нафткашону геологҳо ин қадар очеркҳои хонданӣ навишта бошанд. Дар омади гап бояд бигӯям, ки мутаассифона солҳои охир ин жанри барои адабиёт ва матбуот ниҳоят муҳим қариб аз байн рафтааст. Агар мо таърихи аз худ намудани заминҳои асрҳо боз бекорхобидаю шӯразори кишварамонро навиштан хоҳем, очеркҳои Мутеулло Наҷмиддинов метавонанд барои ноил шудан ба ин кор хизмати арзанда кунанд. Зеро онҳо чун шоҳиди зинда мардонагию ҷасорати бисёр халқу миллатҳои сокини Тоҷикистонро тӯли қариб чор даҳсола бо факту рақамҳои мӯътамад дар мехи таърих овехтаанд.
Бори охирин Мутеулло Наҷмиддиновро дар Маҷмӯаи рӯзномаю маҷаллаҳо — «Шарқи озод» дидам. Ҳолу аҳвол пурсидам, дар ҷавоб кӯтоҳакак «касал» гуфт. Ҳар ду сӯҳбаткунон аз бинои «Шарқи озод» берун шудем. Ман ӯро гусел кардам. Устод сараш андаке хам аз баландие, ки ҷониби роҳи калони мошингард мебурд, оҳиста-оҳиста поин шуд. То ҳол ҳар гоҳе ки ин баландиро поин мешавам, чеҳраи гандумгин ва ҷуссаи босалобати Мутеулло Наҷмиддинов пеши назарам меояд. Гӯё вай мисли панҷ сол қабл ин баландиро мехамида бошад.
Мутеулло Наҷмиддинов дар анҷоми мақолаи калонҳаҷми худ таҳти унвони «Одамият мадюн намонда зистан» дар ёдбуди шоири шаҳири мо Мирзо Турсунзода навиштааст: «Ҷавонмардӣ чунон аст, ки фикри охират бикунӣ ва монанди ин мардони накӯном зиста, беқарз биравӣ!»
Ин суханонро мо метавонем дар ҳаққи худи Мутеулло Наҷмиддинов низ, бигӯем. Зеро агар қарзи инсонӣ поку ҳалол зистан, ба ғами дигарон шарик будан, дасти фитодаеро гирифтан, дили озурдаеро шод кардан, нисбат ба одамон меҳр парваридан, дар хизмати халқу ватан будан бошад, пас нависандаи маҳбуби мо Мутеулло Наҷмиддинов воқиан ҳам инсони заҳматкаш ва шариф буд ва мо имрӯз дар назди рӯҳи поки ӯ зиёда қарздорем.
 Ду лаб пур зи ханда рафт
Ҳаҷвнигори шинохтаи мо шодравон Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро, ки дирӯз панҷоҳсолагиашро таҷлил намудем, аз овони хурдӣ мешиносам. Мо дар як деҳа ба дунё омада, дар як мактаб таҳсил кардаем. Вақте ки ман дар синфҳои поёнӣ мехондам, Аҳмадшоҳ мактаби миёнаро хатм намуда, ба факултаи забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда буд. Пайваста дар рӯзномаю маҷаллаҳо мақолаву ҳикояҳояш ба табъ мерасиданд. Муаллимонамон ӯро барои мо ҳамчун намунаи ибрат нишон дода, аз комёбиҳояш меболиданд. Дар ҳақиқат Аҳмадшоҳ ба боварии онҳо сазовор гашт, вай аз Дарбанд ном деҳаи хурдакаки кӯҳистони мо воқеъ дар ноҳияи Бойсун аввалин нафарест, ки ҳамчун нависанда ном баровард.
Дар байни ҳамдеҳагон, он нафароне ки каму беш ба қаламу коғаз сари кор доштанд, алалхусус муаллимони забон ва адабиёти се мактаби деҳаамон Аҳмадшоҳ нахустин нафаре буд, ки оид ба таърих, ҳаёти мардум, урфу одат ва фолклори деҳаамон дар нашрияҳои ҷумҳуриявӣ мақолаҳо менавишт. Вақте нахустин ҳикояҳои ҳаҷвии Аҳмадшоҳ дар рӯзномаҳо ба табъ расиданд, ҳамдеҳагон хонда, дар ҳайрат монданд, ки чӣ хел Аҳмадшоҳи ҷиддӣ ин қадар чизҳои хандаовар менависад. Албатта, ин ҳайрати онҳо ҷон дошт. Зеро ҳамдеҳагон Аҳмадшоҳро як бачаяки зардинаи камгапу дар рафтору гуфтор ниҳоят ҷиддӣ мешинохтанд.
Боре ман ҳангоми як мусоҳибаи худ бо Аҳмадшоҳ дар ҳамин хусус савол додам. Вай бо тамкини ба худаш хос чанд лаҳза ба андеша рафта, гуфт:
— Ба маълумоти шумо мерасонам, ки асарҳои ҳаҷвӣ низ ба қалам навишта мешаванд, на бо забон. Вале иқрор мешавам, ки ман дамдузд будам, на камгап.
— Оё камгапию дамдуздӣ як чиз нестанд? – савол додам ман.
— Ҳарчанд ин калимаҳо шабоҳати маъноӣ доранд, «камгапӣ» сифат аст, «дамдуздӣ» — иллат.
Баъдҳо ҳар боре ки бо китобҳои нави Аҳмадшоҳ шинос мешудам, бароям мусаллам мегашт, ки ин «иллат» — и нависанда барои адабиёт, алалхусус ҷодаи ҳаҷвнигорӣ, чӣ хидмати босазое карда будааст.
Ман ҳангоми мактабхон буданам баъзан Аҳмадшоҳро, ки ҳангоми мураххасиаш ба зодгоҳ меомад, дар кӯчаҳои пур аз чангу хок, лаби дарёи обаш ҳамеша мусаффои деҳа, тӯю маъракаҳои ҳамдеҳагон вомехӯрдам. Вай дар давраҳо кам гап мезаду бештар гӯш мекард ва аз баъзе ҳаҷву зарофат ва саргузаштҳои ғалатии ҳамдеҳагони дилу нияташон соф, соддаю ҳалолхӯр аз таҳти дил мезавқид. Баъдҳо ба ҳамон саргузаштҳо ҷомаи бадеӣ пӯшонида, бо бисёр ҷузъиёти ибратбахшу пандомези аз нигоҳи аввал дар чашми одамони оддӣ ноаён, ба мардум пешкаш менамуд.
Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳ ҳам дар зиндагӣ ва ҳам дар эҷодиёташ ба қавли Эрнест Хемингуэй фоҷиа будани оқибати зиндагии инсонро, ки новобаста ба мо ҳал мекунанд, хуб дарк карда буд ва ба ҳама гуна рӯйдодҳои он бо чашми ханда менигарист. Боре як нафар шиносаш, ки нависандаро чандин муддат боз надида будааст, ӯро дар кӯча дида, хеле гарм, дилсӯзона ва ҳатто андаке ба оҳанги раҳмхӯрӣ аҳволпурсӣ карда, гаштаю баргашта аз саломатиаш пурсон мешуд, барои муолҷаи бемориаш маслиҳатҳо медод ва афсӯс мехӯрд, ки нависанда бармаҳал ба чунин бемории вазнин гирифтор шуд. Аҳмадшоҳ ба ҷои он ки дилсӯзиҳои рафиқашро қабул карда, тавре дар ин гуна мавридҳо одами бемор худро ғамгин вонамуд мекунад, ё ба риққат меояд, баръакс чунин ҳикоят кард:
— Тарзи роҳгардии ман ба ҳамаатон маълум. (Аҳмадшоҳ баъди ба бемории сактаи майна гирифтор шудан ҳамеша лангон-лангон роҳ мегашт). Дина ҳамроҳи як нафар аз ошхона баромадему вай хайру хушкунон ҷониби хонааш рафт Ман низ ба нияти ба автобус савор шуда, ба манзили худ расидан ҷониби истгоҳ мерафтам, ки як нафар милитсионер аз қафоям омада, маро боздошту ҳуҷҷат пурсид. Вақте шаҳодатномаамро нишон додам, гуфт, ки шумо мастед, дар ҷойи ҷамъиятӣ калавида мегардед… Хулоса, бояд ба шӯъбаи милитсия биравем. Ҳарчанд фаҳмондам, ки ман беморам, роҳгардиам ҳамин тавр аст, бовар накард. Аз ҳама аҷибаш он рафиқам, ки воқиан ҳам нӯшида буд, бист қадам дуртар аз мо бепарвоёна дар роҳрав калавида мерафт, — нақлашро бо ханда анҷом дод Аҳмадшоҳ.
— Баъд охири кор чӣ шуд? – пурсидем мо.
— Дидам, ки ҳеҷ бовар намекунад, ба дасташ ду-се сомонӣ қапонда, халос шудам. Андаке хурсанд ҳам шудам. Охир аз беморӣ дида,  ҳолати мастӣ ба ҳар ҳол беҳтар аст, — дарун-дарун хандид Аҳмадшоҳ. – Магар аз ин беҳтар комедияи бепул мешавад? 
Нависандаи бузурги рус Максим Горкий гуфтааст: «Хандаи беғаш тану ҷонро солим мегардонад». Фикри дуруст. Аммо дилеро шод кардан, нафареро хандондан басо кори душвор аст. Заҳмати сангин ва истеъдоди фавқулодда мехоҳад ин кор! Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳ тамоми умри бобаракати худро сарфи ҳамин пешаи душвор, яъне ҳаҷвнигорӣ намуд. Китобҳои ӯ «Гап байни худамон», «Каҷ дору марез», «Холаи Маҳтоб», «Дарро задам, девор кафид», «Дасти ману домани шумо» ва ғайраҳо бешак асарҳои хуби ҳаҷвии адабиёти муосири тоҷик маҳсуб мешаванд.
Аҳмадшоҳ, ки табиатан одами нармгуфтору бекина ва шикастанафасу беозор буд, гӯё аз ошкоро гуфтани айбу нуқсони одамон истиҳола мекард ва онро бо як зарофати ба худаш хос мӯъҷаз, пардапӯшона ва нишонрас мегуфт.
Вақте ки ба бемории сактаи дил мубтало гашта, дар беморхона бистарӣ буд, ба аёдаташ рафтам. Ҳангоми сӯҳбат аз бемор шуданаш афсӯс хӯрда, гуфтам, ки наход шумо, одами зиндадилу зарофатгӯй ва шӯхтабиат сактаи майна шуда бошед. Мегӯянд, ки одам бештар аз зиқӣ ба ин беморӣ гирифтор мешавад.
— Мо, ҳаҷвнигорон, барои он ки бо як ҳаҷвияи хуб дигаронро хандонем, худамон аз зиқӣ сактаи дил мешавем, — гуфт вай ва баъд базӯр табассум карда, илова намуд:
— Ба худтаърифкунӣ устухон надорам, а!
Боре пас аз чоп шудани китоби нави Аҳмадшоҳ ба деҳа рафтам. Чанд нафар ҳамдеҳагон, ки аллакай ин китобро хонда, ҳаҷв шудани баъзе рафтори худро шинохта буданд, изҳори озурдагӣ ва аз нависанда хеле гила карданд. Пас аз бозгаштам Аҳмадшоҳ тибқи одат аз навигариҳои деҳа пурсон шуд. Гуфтам, ки баъзе ҳамдеҳагон дар ҳаҷвияҳоятон симои худро шинохта, аз шумо ранҷидаанд.
Аҳмадшоҳ чанд лаҳза сукут карда, пурсид:
— Дигарон чӣ мегӯянд?
— Ҳама розианд. Мегӯянд, ки ҷони гапро гуфтааст, қандаша занад.
— Муҳимаш дигарон хурсанд бошанд. Он чанд нафар фардо рӯзи қиёмат аз кардаҳои худ ҳатман иқрор мешаванд, — табассуми фарох кард вай. – Пас беҳуда заҳмат намекашидаем. — Баъд дарҳол риштаи сӯҳбатро ба дигар тараф тофта, аз рӯзгори муаллимон, одамони зарофатгӯйи деҳа, ки ҳеҷ гоҳ аз сӯҳбати онҳо серӣ надошт ва аз эшон илҳом мегирифту бештарашон қаҳрамони ҳикояҳояш буданд, пурсон шуд.
Дар ҳақиқат, Аҳмадшоҳ аз ноҷавонмардӣ ва хислатҳои пасти одамон ба танг меомад, дилхун мешуд. Агар аз ин хусус гап равад, тоқаташ тоқ гашта, даст меафшонду ба ҳазлу шӯхӣ мепардохт ва аз ҳаёти одамони накӯкору зиндадил ягон саргузашти дилхушкунанда нақл карда, худ ба худ завқ мебурд, хотири ҳозиринро  болида медошт. Гӯё ба ин рафтори худ гуфтан мехост, ки ҳарчи ҳам бошад, дар дунё аз касифон дида, одамони накӯкору беозор зиёдтаранд.
Аҳмадшоҳ дили софу дардошно ва дидаи ҳақбин дошт. Аз комёбии ҳамқаламон кӯдаквор шодӣ мекард, ба адибони ҷавон то аз дасташ омадан кӯмак намуда, маслиҳатҳо медод. Агар ягон асари бамағз ва ё дар рӯзномаю маҷаллаҳо шеъру ҳикояи хубро хонад, он қадар ба завқ омада, хушҳол мешуд, ки гӯё он моли худаш бошад. Нахустин ҳикояҳои маро ӯ хонда, фикрҳояшро мегуфт. То ҳол он дастнависҳоямро дар бойгониям нигоҳ медорам. Агар дар ягон ҳикоя ба ибора ё ташбеҳи хуб дучор омада бошад, дар ҳошияи варақ навиштааст: «Нағз!», «Офарин!»…
Ҳар бор ҳангоми сафар ба зодгоҳ ҳатман ба қабристони деҳа меравам ва дар баробари зиёрати қабри хешу наздикон  мазори Аҳмадшоҳро низ зиёрат мекунам. Дар байни гӯрҳои наву кӯҳна, дар болои баъзеашон сангҳои бузургҳаҷму майдаи мармарину хоро қабри хоксоронаи ин ҳаҷвнигори чирадастамонро ёфта, ба арвоҳи покаш дуо мекунам ва ба андеша меравам. Лаҳзае ба назарам чунин мерасад, ки аз хасу хори болои қабраш низ бӯи ханда мехезад ва беихтиёр ин мисраҳои шоир ёдам меояд:
Ёд дорӣ, ки вақти зодани ту,
Ҳама хандон буданду ту гирён.
Ончунон зӣ, ки вақти рафтани ту
Ҳама гирён шаванду ту хандон.
Ана ҳамин хел инсони равшанзамир ва нависандаи чирадаст буд Аҳмадшоҳи Маҳмадшоҳ. Рӯҳаш шод ва хонаи охираташ обод бод!
Соли 2004

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Тарзи хондани намозҳо (пурра)

Фарзи Ъайни Точики (хар як мусулмон бояд донад!)

Мирзо Турсунзода