ТОҶИКҲОИ ПОКИСТОН: МО ТОҶИКЕМ, НА ПАШТУН!
Тоҷикони муқими дараи Своти Покистон бо ҳадафи ҳимоят аз ҳуқуқи худ ва ба даст овардани ҳаққи дар санадҳои расмӣ тоҷик навиштани миллияташон созмонеро бо номи "Танзими мардуми Свот” ва саҳифаи хосеро дар шабакаи Фейсбук бо номи Ҷунбиши қавми тоҷик таъсис додаанд. Онҳо мегӯянд, ки тоҷиканд, вале дар санадҳо онҳоро барғалат паштун менависанд.
Тоҷикони Покистон, ки як бахши аъзамаш дар дараи Свот ба сар мебаранд, худро свотӣ ё тоҷак (Tajak) меноманд.
Танзими мардуми свот (Свотӣ қавмӣ танзим), ба гуфтаи раҳбараш Нур Ҳабиб Свотӣ, як хадамоти мардуми тоҷики Покистон аст ва талош меварзад, то ҳақиқати таърихиро нисбат ба ин мардум барқарор кунад. Ин танзим аз ҷумла талош дорад, то миллияти онҳо дар асноди расмӣ тоҷак навишта шавад, на паштун. Ҳоло тоҷикҳои Покистон дар санадҳояшон паштун навишта мешаванд.
Нур Ҳабиб Свотӣ ахиран дар як мусоҳиба бо радиои "Осиёи Миёна”-и Кобул гуфт: "Свотиён дар радабандиҳои қавмӣ ва асноду омори расмии Покистон "паштун” сабт мешаванд, ки ситами торихӣ аст ва қобили қабул нест. Тоҷикони Свот торих, одобу ойин, шеваи зиндагии худро доранд ва дар баробари тоҷикони Афғонистону Эрону Узбакистон ва Тоҷикистон худро вориси фарҳанги эронӣ мешуморанд.”
Нур Ҳабиб Свотӣ мегӯяд, ки мутаассифона, аксари тоҷикҳои Покистон забони худро фаромӯш кардаанд ва ба забонҳои пашту ва урду ҳарф мезананд. Танзими мардуми свотӣ як созмони ҷавонони тоҷик бо номи "Рустамдор”-ро ташкил додааст, ки як бахши фаъолияташ ба мардум таълим додани забони тоҷикист. Нур Ҳабиб Свотӣ гуфт, онҳо барои ин омӯзгорони тоҷикро ҷалб мекунанд ва дар сурати зарурат, аз кишварҳои форсизабон низ метавонанд омӯзгоронро даъват кунанд.
Раҳбари танзими тоҷикони Свот шумораи тоҷикҳо ё тоҷакҳо дар ин минтақаро беш аз 800 ҳазор баровард карда, гуфтааст, ки созмонҳои онҳо мехоҳад дар оянда тоҷикони муқими Пешовар ва дигар вилоятҳои Покистонро низ ба ин ҷунбиши худшиносии тоҷикҳои Покистон фаро бигирад. Аммо ӯ афзудааст, ки тоҷикҳои Покистон худро бахше аз мардуми Покистон мешуморанд, кишвари худро дӯст медоранд ва мехоҳанд дар рушди Покистон саҳми худро бигузоранд.
Саҳифаи тоҷикони Покистон дар Фейсбук бо номи "Тоҷак қавмӣ мувмент Покистон” (Ҷунбиши қавми тоҷики Покистон) то имрӯз наздики 3300 пайрав ҷамъ овардааст.
Фаъолони тоҷик дар ин саҳифа хабару гузоришҳо дар бораи тоҷикони Покистон ва аксу видеоҳо аз зиндагии онҳоро нашр мекунанд. Аксари пайравони ин саҳифа тавре аз номҳояшон бармеояд, вожаи тоҷикро дар исми хонаводагии худ ҳифз кардаанд. Маъмури саҳифа ҳам аз ҷумла Калимуллоҳ Сарҳадӣ Тоҷак ном дорад. Надим Хоксор Тоҷак, Абдулсаттор Тоҷак, Атоурраҳмон Тоҷак, Ваҳидуллоҳ Тоҷак, Ҳасан Иқбол Тоҷак – исми боз чанде дигар аз пайравони саҳифаи Тоҷак қавмӣ мувмент Покистон” дар Фейсбук аст.
Ваҳидуллоҳ Тоҷак аз ҷумла хитоб ба тоҷикони ҳамқавмаш дар инҷо навиштааст: "Бародарони азиз! Бо ҳама хушодоб бошед, чунки шумо миллати Тоҷакро намояндагӣ мекунед. Аз ин рӯ, хоҳиш, коре накунед ки миллати Тоҷакро шармсор кунад.”
Dear Brother's !!!!
Be honest with everyone
Becuz your representing Tajak's Nation
So dont be ashame Tajak's Nation plss "" Who agree with me so give answer comments ""
Тоҷикҳои Покистон дар ин саҳифа байни худ бештар ба забони англисӣ суҳбат мекунанд, вале аз бархе шарҳҳое, ки ба гӯиши тоҷикҳои Покистон гузошта шудаанд, дида мешавад, ки забони тоҷикҳои Покистон хеле зебост. Аз ҷумла Yasir Hayat Khan Tajak ном корбаре таассуроташ аз як акси тоҷикҳои Покистонро чунин баён кардааст: "Мa sha allah der behtaren yar zabardast.”
Сомонаи "Ахбор” қаблан дар ду гузориш дар бораи таърихи тоҷикҳои Покистон қисса карда буд. Муҳаққиқи таърихи тоҷикони Покистон Ҳасан Ориф Охундзода ба ин ақида аст, ки тоҷикҳои Свот ворисони "Мамлакати Гибор” – як салтанати қадимаи тоҷикҳост, ки 8 аср қабл, дар соли 1190 дар ҳудуди шимоли Покистон имрӯза ва шарқи Афғонистон таъсис ёфта бо номи "мамлакати габрҳо” ё "мамлакати гибор” маъруф буд. Ин салтанати дар замони худ пешқадамро дар асри 16 дар ҷараёни юриши темуриён ба Ҳинд Заҳириддин Бобур тасарруф кард ва аз байн бурд.
Охундзода менависад, ҳарчанд тоҷикҳои Покистон дар байни паштугҳо ҳазм ё "гум” шуданд, вале таҳқиқоти анҷомшуда ва ҳатто ташхисҳои генетикӣ нишон медиҳанд, ки бархе қабилаҳои пашту, аз ҷумла қабилаҳои саробонӣ ва қабилаи ғалчӣ решаҳои рӯшани тоҷикӣ доранд.
Ҳамин тавр, дар номгузории маконҳои ҷуғрофии Покистон номҳои тоҷикӣ, аз қабили Чорсада, Чоросиёб, хеле зиёд ба чашм мехӯранд. Дар ҳамагӣ 64-километрии Исломобод, пойтахти Покистон ҳатто шаҳре бо номи Тоҷак ҷойгир шудааст.
Нур Ҳабиб Свотӣ, раҳбари Танзими мардуми свот шумори тоҷикҳо ё тоҷакҳо дар сарзамини свот 800 ҳазор баршумурдааст, вале бархе манобеъ ҷамъи тоҷикони муқими Покистонро то ҳадди аз 3 то 4 миллион нафар рақам мезананд. Ин дар ҳолест, ки расман аксарияти кулли тоҷикҳо ё тоҷакҳо дар Покистон дар санадҳои оморӣ ва шиносномаҳояшон паштун навишта шудаанд.
Комментарии
Отправить комментарий