Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро - Хофиз

ШАРҲИ ҒАЗАЛИ ХОҶА 
ҲОФИЗИ ШЕРОЗ
ӣ
Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро,
Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро.
Турки Шероз – киноя аз маҳбуби ҳақиқӣ, яъне Худои таоло.
Холи ҳинду – холи сиёҳ. Мурод аз он та
ҷаллии зотӣ, ки нури зотро сияҳ тасаввур намудаанд.
Байт:
Сиёҳӣ чун бубинӣ, айни зот аст,
Дар 
ӯ чоҳе пур аз оби ҳаёт аст.
Самарқанду Бухоро – ду шаҳри маъруф, ки хубрӯёни он ҷо ба ҳусну ҷамол машҳур ва мурод аз он кавнайн ва дилу ҷону дину имон аст. 
Нақл аст, ки чун Ҳофиз ин ғазалро гуфт, подшоҳи он аср Ҳофизро талабиду гуфт, ки:
- Ту гуфта
ӣ «ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро».
Гуфт:
- Бале.
Гуфт:
- Ман Самарқанду Бухороро ба чандин зару з
ӯр ва лашкаркашиву ҷонфишонӣ фатҳ кардаам. Ту ба як холи ҳинду мебахшӣ.
Гуфт:
- Ман Самарқанду Бухороро, ки ту молики он ҳаст
ӣ, намебахшам. Ман он Самарқанду Бухороро, ки молики онам, мебахшам. Ва он кавнайн ва дилу ҷону дину имон аст.
Маън
ӣ он аст, ки агар он маҳбуби ҳақиқӣ, ки маҳбуби ман аст, дилдорӣ намояд ва таҷаллии зотии худро ба мо ато намояд, ҷиҳати адои шукри инчунин неъмате аз кавнайн эъроз намоям ва аз дилу ҷону дину имон даргузарам ва дар ӯ фонӣ шавам. Ва чун ҳусули ин неъмати узмо ба ғайр аз муҳаббати Илоҳӣ ҳусул напайвандад ва он мавқуф ба иршоди муршид аст, бинобар он гӯяд:
Бидеҳ соқӣ, майи боқӣ, ки дар ҷаннат нахоҳӣ ёфт,
Канори оби Рукнободу гулгашти Мусаллоро.
Соқӣ – киноя аз муршид, ки нӯшонандаи шароби муҳаббат аст.
Майи боқ
ӣ – муҳаббати ҳақиқӣ ва шуғлу риёзат, ки мӯҷиби фанои солик ва бақои ӯст.
Рукнобод – чашмаест дар Шероз.
Гулгашт – ба маънои сайр.
Мусалло – идгоҳест дар Шероз ва ин ҳар ду, яъне, Рукнободу Мусалло риёзатгоҳи мардон аст, ки аксари бузургони он навоҳ
ӣ дар он ҷо омада ба ибодат машғул мешуданд. Ва мурод аз инҳо дунё, ки ҷойи меҳнат асту мӯҷиби ҳусули муҳаббат.
Маън
ӣ он аст, ки эй соқӣ, майи муҳаббат ва шуғли ашғол, ки мояи ҳусули маърифат ва сармояи вусули қурбат аст, ба мо ато намо, ки чун аз ин дунё реҳлат кардем ва ин мақоми Рукнободу Мусалло, ки ҷойи риёзат ва ҳусули муҳаббат аст, дар ҷаннат нахоҳӣ ёфт. Зеро ки ҷойи иршоди муршидон ва ҳусули муҳаббати соликон ҳамин аст ва уқбо дорулхайр аст. Чандон ки дар ин ҷо ҳусули маърифат бувад, мувофиқи он дар он ҷо дидор хоҳад шуд. Ва ҳар кӣ дар ин ҷо баҳраи маърифат ба даст наовард, дар уқбо аз баҳраи дидор бебаҳра аст. Чун ба юмни иршоди муршид ба сулук даромад ва таҷаллиёти Илоҳӣ бар ӯ нозил шудан гирифт ва солик машғули он гардид ва машғулӣ бад-он садди роҳ аст ва гузаштан аз он бе дастгирии муршид натавон, бинобар он гӯяд:
Фиғон, к-ин лӯлиёни шӯхи ширинкору шаҳрошӯб,
Чунон бурданд сабр аз дил, ки туркон хони яғморо.
Фиғон – фарёд.
Л
ӯлиёни шӯх – маҳбубони маҷоз ва мурод аз таҷаллиёти суварӣ, ки дар мазоҳири ҳасана пеши солик барои таъниси вай ворид мешавад.
Маън
ӣ он аст, ки эй муршид, фиғон аз дасти ин таҷаллиёт, ки дар дилрабоии ошиқ бебоканд ва хушҳаракоту парешонкунандаи оламанд, ки ҳар дам ба ранге дигар пеш меоянду ситамгарӣ пеша месозанд. Сабр аз дили мо чунон рабудаанд, ки туркон хони яғморо, яъне ба навъе волаву фирефтаи худ гардонидаанд, ки эъроз аз эшон мумкин нест, магар ба таваҷҷуҳи ту. Ба фарёди мо рас. Ва чун мушоҳидаи ҷамоли маҳбуб ошиқро дар пардаи исмат намегузорад, бинобар он мегӯяд:
Ман аз он ҳусни рӯзафзун, ки Юсуф дошт, донистам,
Ки ишқ аз пардаи исмат бурун орад Зулайхоро.
Юсуф – номи пайғамбаре мурсал , ки маҳбуби Зулайхо буд. Дар ин ҷо киноя аз маҳбуби ҳақиқӣ аст. 
Зулайхо – номи аврате, ки ошиқи Юсуф буд.
Маън
ӣ он аст, ки ман аз он ҳусни рӯзафзуни он маҳбуби ҳақиқӣ ва ё аз шуҳуди таҷаллиёт, ки бар мо ворид шуда, тафаҳҳум намудам, ки ишқи ин охири кори моёнро аз доираи исмат берун хоҳад овард ва расвои олам хоҳад сохт. Ва низ мутаҳаммил аст аз ҳусну ҷамоле, ки Юсуф дошт ва охири кор ӯ Зулайхоро аз доираи исмат берун овард, тафҳими мо шуд, ки ҳар ҷо, ки ҳусн аст, тақозои ӯ ҳамин аст, ки ошиқонро расво мекунад, пас расвоии мо ҳам ба сабаби ишқ аст. Ва низ эҳтимол дорад, ки дар олами адам ва ҳамагӣ қидам ҷилваи ҷамолро ба ихтилофи анвор ва авсоф тамошо кардам ва ба яқин донистам, ки камини «юҳиббуҳум ва юҳиббунаҳу» моро аз доираи исмат хоҳад овард ва дар ин ибтилоҳо маҳбус хоҳад кард, лоҷарам ба зуҳур омад. 
Акнун бидон, ки дар абёти мотақаддам аз забони нозим суханон ворид шуда, ки ба 
ӯ намешоист. Чунончи ду савол дар байти дуввум: яке он, ки пешталабе ба ҷаноби муршид кард, ки шоёни он набуд. Дуввум он, ки аз байти сонӣ мутаваҳҳум мешавад бар ин ки висолу маърифати Илоҳӣ мавқуф ба риёзат ва ин қавли мухталтиф аст. Сеюм он, ки дар байти чорум изҳори ишқ кард, ки китмони он воҷиб аст ба солик. Акнун ба ҷавоби онҳо гӯш дор. Аввал он, ки чун толиби содиқ аз рӯйи шефтагӣ пешталаберо кор фармуд, ки «бидеҳ соқӣ, майи боқӣ» эҳтимол аст, ки муршид аз он рӯй, ки ба ҳоли ӯ доно асту бино, шояд ки баддил шуда, аз рӯйи насиҳат дурушт гуфта бошад, ба ҷавобаш гӯяд:
Бадам гуфтиву хурсандам, афокаллоҳ, накӯ гуфтӣ,Ҷавоби талх мезебад лаби лаъли шакархоро.
Афокаллоҳ – афв кунад туро Худои таоло.
Маън
ӣ он аст, ки ман аз роҳи нодонӣ пешталаберо кор фармудам ва ту аз роҳи пешбиниву насиҳат маро сухани дурушт гуфтӣ, бо ин ҳама хурсандам. Афв кунад туро Худои таоло. Ин дурушт гуфтан чӣ, агарчи ин бад гуфтани ту дар мизоҷ мӯҷиби баддилист, аммо филҳақиқат, некӯ гуфтӣ ва сухани талх, ки панду насиҳат аст, ба лаъли шакархои ту бас зебост. 
Ва яҳтамил, ки ин хитоб ба маъшуқ аст ва афокаллоҳ хитоб ба нафс аст. Яъне, эй маҳбуби ман, туро аз р
ӯйи истиғнои зотӣ, ки дорӣ, ба мо бад гуфтӣ ва мо ба бад гуфтани ту хурсандем. Эй нафси ман, афв кунад туро Худои таоло аз он, ки накӯ гуфтӣ. Чун гуфтӣ, бадам гуфтию хурсандам, ки убудиятро маръӣ доштӣ.
Бидон, ки саволи дуввум, ки дар байти сон
ӣ мутаваҳҳум аст, ки маърифати Илоҳӣ мавқуф ба аъмол аст. Уламои зоҳирӣ гӯянд, ки: «Банда, ки ба маърифати Илоҳӣ дар дунё мерасад ва ба рӯзи қиёмат, ки ба неъмати дидор мушарраф хоҳад шуд, ба сабаби аъмоли нек». Ва сӯфия мегӯянд, ки: «Аъмол ба ҷо овардан маҳз итоат мурод аст в-агарна ҳусули маърифат дар дунё ва дидор дар уқбо маҳз лутфу фазли ӯст, ки «намедарорад касе аз шуморо амалаш дар ҷаннат ва дур намекунад аз оташи дӯзах, магар раҳмати Худои таоло». Ва чун аъмолро мавқуф алайҳи маърифат донистанд, албатта ва биляқин назари ӯ бар аъмол мутамаккин гардад ва он мӯҷиби ғуруру аноният мешавад ва ин садди роҳи солик асту куфри тариқат. Бинобар он, ки чун Мӯсоро назар бар муколама афтод, фармон шуд, ки «Ан алқи асока» . Мурод аз асо назар афтодан ба муколама. Ва нозим низ ҷое дигар гуфта:
Такя бар тақвову дониш дар тариқат кофарист,
Роҳрав гар сад ҳунар дорад, таваккул боядаш.
Бинобар он ба аҷзу ифтиқор мегарояд ва мегӯяд:
Зи ишқи нотамоми мо ҷамоли ёр мустағнист,
Ба обу рангу холу хат ч
ӣ ҳоҷат рӯйи зеборо.
Ишқ – мурод риёзат ва муҷоҳида аз ҷиҳати зикри малзум ва иродаи лозим.
Нотамом – ноқис.
Ҷамол – мурод лутфу фазл. Агарчи дар маҷоз ҷамол хубиро гӯянд, аммо филҳақиқат, ҷамол лутфи сират аст. Аз ин ҷо, ки: «Ба дурустӣ, ки Худованд зебост ва зебоиро дӯст медорад». 
Маън
ӣ он аст, ки лутфи беғояти ӯ мавқуф алайҳ ба риёзати мо нест ва ҷаноби ӯро аз ишқи мо парвое на, чун ҷамоли рӯйи зебо, ки мавқуф алайҳ ба холу хату обу ранг нест. Пас, ҳар киро менавозад, маҳз лутфи ӯст ва илло на, тоати нуҳ лак соли иблис куҷо?! Пас, аз мазмуни ин байт маълум шуд, ки чун ҳусули маърифати Илоҳӣ маҳз бар лутфи ӯст, пас риёзат кардан чӣ нафъ дорад? Назар бар лутфи ӯ чаро набояд дошт? Бидон, ки хос назар бар лутфи ӯ гумоштан ва даст аз тоати ӯ боздоштан низ гумроҳист ва мазҳаби занодиқа аст. Ва чун инкишофи ин маънӣ, ки сирре аз асрори Илоҳист, мустаҳил аст ва дар ин қавлҳои мухталиф аст. Чунончи нозим худ гуфта:
Қавме ба ҷидду ҷаҳд ниҳоданд васли дӯст,Ҷамъе дигар ҳавола ба тақдир мекунанд.
Ва мазҳаби сӯфия он аст, ки ба қадри вусъат аз фароизу навофил ба ҷо орад ва тақсире наварзад ва назар бар аъмол наяндозад ва бар он такя накунад. Ва чун иштиғол кардан дар ин қолу қил соликро аз талаб бозмедорад, бинобар ин, таарруз мекунад ва мегӯяд:
Ҳадис аз мутрибу май гӯву рози даҳр камтар ҷӯ,
Ки кас накшуду накшояд ба ҳикмат ин муамморо.
Аз мутрибу май – мурод ишқ аз зикри лозим ва иродаи малзуми рози кунҳи асрор.
Аз даҳр – аз аҳли даҳр.
Маън
ӣ он аст, ки аз ин қилу қол боз ой ва суханони ишқу муҳаббатро бипурс ва инкишофи асрори Илоҳӣ аз аҳли замона маҷӯй, ки ин асрори Илоҳӣ муаммоест, ки ҳеч кас накшуду нахоҳад кушуд. Ва чун воқиф шудан бар асрори Илоҳӣ ба ҳикмати ақливу фикрӣ наметавонад шуд, бинобар он гӯяд:
Насиҳат гӯш кун, ҷоно, ки аз ҷон дӯсттар доранд,Ҷавонони саодатманд панди пири доноро.
Ин байт хитоб аст аз муршид ба мустаршид .Ҷоно – хитоб ба мустаршид аз рӯйи лутфу марҳамат.
Маънӣ он астки эй толиби содиқин насиҳатҳои моро гӯш кун ва бад-он амал намоки ҷавонони саодатманд панди пиронро аз ҷон амал намоянд ва бад-он панд гиранд. Ва чун ин ғазал мамлӯ аз лаолии суханҳост ва сазовори таҳсин аст, бинобар он гуфта ё аз ҷониби муршид амр шуда:
Ғазал гуфтиву дур суфтӣ, биёву хуш бихон, Ҳофиз,
Ки бар назми ту афшонад фалак иқди Сурайёро.
Сурайё – ҳафт ситораанд ва қила шаш ва онро ба назм ташбеҳ кунанд.
Маън
ӣ он аст, ки эй Ҳофиз, ғазал гуфтӣ ё дур суфтӣ, биёву ба аҳсани ваҷҳ бархон, ки сухани ту ба манзиле расидааст ва шоёни он гардида, ки фалак иқди Сурайёро нисори он созад.


Аз китоби «Бадру-ш-шурӯҳ»
таълифи Мавлоно Ҳофиз Бадруддини Акбаробод
ӣ.

Комментарии

  1. The Borgata Hotel Casino & Spa in New Jersey - JTM Hub
    the Borgata Hotel baoji titanium Casino & Spa in New Jersey. 1 고양 출장마사지 Borgata 서귀포 출장샵 Way. Atlantic City, NJ 08401. 1-800-GAMBLER. (609) 충청북도 출장안마 866-8492. Showtimes: Daily 통영 출장샵

    ОтветитьУдалить

Отправить комментарий

Популярные сообщения из этого блога

Тарзи хондани намозҳо (пурра)

Фарзи Ъайни Точики (хар як мусулмон бояд донад!)

Мирзо Турсунзода